E4351 V1 Лоиҳаи CASA-1000: Ҳисобот оиди Арзёбии таъсири иҷтимоии Лоиҳа Августи соли 2013 1 МУНДАРИҶА Рӯйхати ихтисорот 5 Мазмуни мухтасар 6 1. МУҚАДДИМА 12 1.1 Шарҳи лоиҳаи CASA-1000 12 1.2 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа 12 2. ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН 15 2.1 Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ 15 2.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар 2.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа 2.2 Таъсири лоиҳа 24 2.2.1 Методология 2.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири хати интиқоли нерӯи барқ 2.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа 2.3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ 29 2.3.1 Тадбирҳои кам намудани таъсири оқибатҳои татбиқи лоиҳа 2.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ 2.3.3 Огоҳӣ ва фикру андешаҳои истиқоматкунандагони ҷамоатҳои дар минтақаи таъсири лоиҳа қарордошта 2.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 2.3.5 Тадбирҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 3. ТОҶИКИСТОН 36 3.1 Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ 36 3.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар 3.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа 3.2 Таъсири лоиҳа 45 3.2.1 Методология 3.2.2 Арзёбии таъсири иҷтимоӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти саҳроӣ 3.2.3 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири хати интиқоли нерӯи барқ 3.2.4 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа 3.3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ 49 3.3.1 Тадбирҳои кам намудани таъсири оқибатҳои татбиқи лоиҳа 3.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ 3.3.3 Огоҳӣ ва фикру андешаҳои истиқоматкунандагони ҷамоатҳои дар минтақаи таъсири лоиҳа қарордошта 3.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 3.3.5 Тадбирҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 2 4. АФҒОНИСТОН 56 4.1 Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ 56 4.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар 4.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа 4.2 Таъсири лоиҳа 65 4.2.1 Методология 4.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири хати интиқоли нерӯи барқ 4.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа 4.3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ 69 4.3.1 Тадбирҳои кам намудани таъсири оқибатҳои татбиқи лоиҳа 4.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ 4.3.3 Огоҳӣ ва фикру андешаҳои истиқоматкунандагони ҷамоатҳои дар минтақаи таъсири лоиҳа қарордошта 4.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 4.3.5 Тадбирҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 5. ПОКИСТОН 77 5.1 Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ 77 5.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар 5.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа 5.2 Таъсири лоиҳа 89 5.2.1 Методология 5.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири хати интиқоли нерӯи барқ 5.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа 5.3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ 92 5.3.1 Тадбирҳои кам намудани таъсири оқибатҳои татбиқи лоиҳа 5.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ 5.3.3 Огоҳӣ ва фикру андешаҳои истиқоматкунандагони ҷамоатҳои дар минтақаи таъсири лоиҳа қарордошта 5.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 5.3.5 Тадбирҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа ЗАМИМАҲО 98 Замимаи 1: Мазмуни мухтасари нақшаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ), ки аз ҷониби ширкати «IEL» омода шудааст Замимаи 2: Ҳадаф ва мазмуни мухтасари барномаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ (ББЗКА), ки аз ҷониби ширкати «IEL» омода шудааст 3 Рӯйхати ҷадвалҳо Ҷадвали 1: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон, тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Ҷадвали 2: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии трассаи ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Ҷадвали 3: Хусусияти демографии аҳолии қад-қади долони ХИБ дарозиаш 4 км истиқоматкунанда дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар Афғонистон Ҷадвали 4: Дараҷаи электрификатсияи ҷамоатҳои қад-қади долони ХИБ-и лоиҳаи CASA- 1000 ҷойгиршуда Ҷадвали 5: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Ҷумҳурии Афӯонистон, тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Ҷадвали 6: Рӯйхати мухтасари талаботи асосии истиқоматкунандагони ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Афғонистон Ҷадвали 7: Рӯйхати ниҳоии лоиҳаҳои таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳаҳои аз рӯи натиҷаи МГ (муҳокимаҳои гурӯҳӣ) интихобшуда Ҷадвали 8: Тақсимоти ҷузъии аҳолии деҳоти таҳқиқот гузаронидашуда аз рӯи ҷинс ва ҳаҷми хонавода Ҷадвали 9: Мавҷудияти таъминоти барқ, об ва ҳоҷатхонаҳои обдор дар деҳоти аз таҳқиқ гузашта Ҷадвали 10: Ҳиссаи сарчашмаҳои асосии даромади хонаводаҳо бо фоиз аз рӯи гурӯҳҳои деҳоти аз таҳқиқ гузашта Ҷадвали 11: Гурӯҳбандии хонаводаҳо аз рӯи сатҳи камбизоатӣ Ҷадвали 12: Хусусияти таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Покистон, тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Ҷадвали 13: Гурӯҳбандии афзалиятҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Рӯйхати расмҳо Расми 1: Ҳаҷми миёнаи хонавода аз рӯи гурӯҳҳои деҳоти аз таҳқиқ гузашта Расми 2: Фоизи аҳолии маълумотнок аз рӯи ҷинс ва гурӯҳҳои деҳоти аз таҳқиқ гузашта Расми 3: Сатҳи маълумотнокии аҳолии соҳибмаълумот Блоки 1: Методологияи гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии имкониятҳои таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа 4 Рӯйхати ихтисорот ОҶК Озод Ҷамму ва Кашмир БМСНБОМҶ Бозори минтақавии савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ШРҶ Шӯрои рушди ҷамоатҳо ДТЛ Долони таъсиррасонии (лоиҳа) ШЭ «DABS» Ширкати энергетикии «De Afghan Breshna Shirakat» (Афғонистон) АТЭИ Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ НЧҲМЗТИ Нақшаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ МҚФН Минтақаи қабилавии дар сатҳи федералӣ назоратшаванда МГГ Муҳокимаҳои дар гурӯҳҳо гузаронидашуда (муҳокимаҳои гурӯҳӣ) Г-Б Гилгит-Балтистан ММД Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ МДМ Маҷмӯи даромади миллӣ ГРИ Гузориш оид ба рушди инсон (СММ) ҶТ БШ Ҷараёни тағйирёбандаи баландшиддат ҶД БШ Ҷараёни доимии баландшиддат ШДММ «IEL» Ширкати дорои масъулияти маҳдуд «Integrated Environments Ltd». КП Музофоти Кхибер Пакхтункхва НБЗКА Нақшаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ ҲРҲ Ҳадафҳои рушди ҳазорсола МНБО Микро НБО ВБРД Вазорати барқарорсозӣ ва рушди деҳот (Афғонистон) МВт Мегаватт ИваХТ Истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ ШТТ Шӯъбаи техникии тандурустӣ ҲГ Ҳаққи гузаштан (тавассути ҳудуди бегона) ё қитъаи замини барои ХИБ ҷудошуда БИПКТИБШ Бюрои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди кӯмак дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва бунёди барномаҳои шабакавии кӯмаки иҷтимоӣ АТИ Арзёбии таъсири иҷтимоӣ ХИБ Хати интиқоли барқ 5 Мазмуни мухасар Лоиҳаи CASA-1000: Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали барномаи бозори минтақавии савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (БМСНБОМҶ) омодасозии лоиҳаи CASA-1000 оид ба сохтмони хати интиқоли барқ, ки имконияти содироти нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро фароҳам меоварад, идома дорад. Лоиҳаи CASA-1000 аз ду қисмат иборат аст: а) сохтмони хати барқ бо дарозии умумии 477 км ҷиҳати интиқоли ҷараёни тағйирёбандаи баландшиддат (ҶТ БШ), ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон (425 км) ва Тоҷикистон (25 км) мегузарад ва хати 500 кВ аз Регар то Сангтуда, барои таҳкими шабакаи барқи Тоҷикистон ва интиқоли нерӯ; ва б) сохтмони хати барқ бо дарозии умумии 750 км ҷиҳати интиқоли ҷараёни доимии баландшиддат (ҶД БШ) аз Тоҷикистон (117 км) ба Афғонистон (562 км) ва Покистон (71 км). Бунёди зеристгоҳҳои тағийрдиҳии ҶД БШ дар Сангтӯда (1,300 МВт), дар Кобул (300 МВт) ва Пешовар (1,300 МВт) пешниҳод мегардад. Арзиши тахминии лоиҳа 970 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Арзёбии таъсири иҷтимоӣ: Гузаронидани арзёбии таъсири иҷтимоӣ (АТИ) шарти муҳим барои муайян намудани омилҳои эҳтимолии таъсири иҷтимоии лоиҳа (дар марҳилаи тарҳрезӣ, пеш аз сохтмон ва дар рафти сохтмон ва барои ояндаи дарозмуддат) ва кор карда баромадани тавсияҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои кам намудани таъсири оқибатҳои эҳтимолии манфӣ ва бурдани назорат, ба ҳисоб меравад. Маълумоти алоқаманд бо ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар якчанд ҳисобот, ки пештар омода гаштаанд, оварда шудааст, бахусус: дар ҳисобот оид ба Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои тадқиқоти дар ҳар чор кишвари иштирокчии лоиҳа гузаронидашуда оид ба арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа. Дар ин ҳисобот оид ба Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа маълумоти мазкур дар як ҳуҷҷат оварда шуда камбудиҳои ҷойдоштаро то ҳадди имкон, бо истифода аз сарчашмаҳои дуюмдараҷаи маълумот бартараф карда шуданд, зеро тадқиқотҳои иловагии муқаддамотӣ гузаронида нашудаанд. Ҷумҳурии Қирғизистон: Хати интиқоли ҶТ БШ бо дарозии умумии 452 км аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути се вилоят мегузарад: Ҷалолобод, Ош ва Бодканд. Масири хати интиқоли барқи (ХИБ) пешниҳодшуда камаҳолӣ буда дар наздикии камтар аз 24 деҳот/шаҳрак мегузарад. Таҳқиқоти дар 25 шаҳраки қад-қади масири хат ҷойгиршуда муайян намуд, ки сарчашмаҳои асосии даромади аҳолии маҳаллӣ соҳаи кишоварзӣ ва интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд . Дастрасӣ ба бархе аз хизматрасониҳо, махсусан ба оби ошомиданӣ ва ирригатсионӣ хеле маҳдуд мебошад, таъминоти мунтазами нерӯи барқ бошад мушкилоти ҷиддӣ, бахусус дар фасли зимистон, ба ҳисоб меравад. Объекти асосии таъсири дарозмуддати лоиҳаи CASA-1000 заминҳои корам маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, дар марҳилаи сохтмон лоиҳа метавонад ба зиндании аҳолии маҳаллӣ халал расонад, масалан, бо мушкил гардонидани иҷрои корҳои кишоварзӣ тавассути маҳдуд намудани дастрасӣ ба роҳҳо ва ғ. Дар доираи лоиҳа кӯчонидани теъдоди хурди аҳолии маҳаллӣ ва ба даст овардани заминҳо барои муддати дароз пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа аниқтараш ночиз ва 6 муваққатӣ хоҳад буд ва ин мушкилотро метавон тавассути андешидани чораҳои зерин ҷиҳати кам намудани чунин таъсир ҳал намуд: а) дар марҳилаи тарҳрезӣ – ҳаммарказонии масир бо мақсади пешгирии расонидани зарар ба ҷамоатҳо, инфрасохтори ҷамъиятӣ, дарахтҳо ва зироатҳои кишоварзӣ; б) дар марҳилаи пеш аз сохтмон, – пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамаи сокиноне, ки дар робита бо татбиқи лоиҳа то ишғол намудани замин, ҷойивазкунӣ ё вайронкунии иморат, кӯчонида мешаванд ё агар дар натиҷаи фаъолияти лоиҳа ба зироатҳои кишоварзӣ зарар расонида шавад; в) дар марҳилаи сохтмон – вобаста намудани кормандон/ташкилотҳои пудратчии лоиҳа ба қитъаҳои ҳудудгузошташуда, бо таъмин намудани риояи меъёрҳои рафтор ва урфу одатҳои маҳаллӣ, махсусан хилвати занон, аз он ҷумла бурдани назорат аз болои сатҳи садои баланд ва чанг. Бо вуҷуди ин, иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа (нигаред ба асосноккунии дар поён овардашуда) шарти муҳим ба ҳисоб меравад . Машваратҳои бо сокинони маҳалҳо гузаронидашуда муайян намуданд, ки аҳолии маҳаллӣ дар бораи лоиҳаи CASA-1000 қариб ки ҳеҷ чиз намедонанд, аммо замоне ки аз ҳадафу вазифаҳои лоиҳа воқиф шуданд талаботи худро дақиқ баён намуданд . Аз талаботҳои баёншуда таъминоти боэътимод ва мунтазами нерӯи барқ аз ҳама асосӣ арзёбӣ гардид; аз рӯи дараҷаи аҳамият ҳамчун дуюм талабот сохтмон/барқарорсозии системаи таъминоти об ва обёрӣ, инчунин таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ номида шуд; дигар талаботи қайдшуда беҳтар намудани ҳолати роҳҳои иловагӣ ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳа мебошанд. Сокинони ҷамоатҳо омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушд, масалан тавассути таъмини қувваи корӣ баён намуданд. Зарурати бунёди низоми муайяни ҳуқуқӣ ба миён омадааст. Он барои амалӣ намудани чораҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳаҳо замина хоҳад буд; ҷамоатҳои маҳаллӣ бояд ҳам дар раванди қабули қарор ва ҳам дар рафти татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ иштирок намоянд, механизмҳои таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳаҳо бояд ба стратегияҳои миллӣ илова карда шаванд. Тоҷикистон: Тоҷикистон кишвари хурдтарин ва нодортарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил мешуданд, ба ҳисоб меравад. Хати интиқоли ҶТ БШ бо дарозии 25 км, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 пешбинӣ шудааст аз марзи Ҷумҳурии Қирғизистон то Хуҷанд ва баъд аз он то Сангтӯда тавассути шабакаҳои дохилии хати барқ тӯл мекашад; қисми боқимондаи хати интиқоли ҶД БШ бо дарозии 115 км аз Сангтӯда то Афғонистон тӯл мекашад . Масири ХИБ аз минтақаҳои камаҳолии ду вилоят – Суғд ва Хатлонро мегузарад. Таҳқиқоти дар 13 шаҳраки қад-қади масир ҷойгиршуда нишон дод, ки бо вуҷуди сатҳи баланди маълумотнокӣ (мероси давраи Шӯравӣ), сифати хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад, бахусус дар робита ба дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ. Норасоии нерӯи барқ дар моҳҳои зимистон аҳолиро водор месозад то аз сарчашмаҳои алтернативии нерӯ, масалан, ҳезум истифода баранд. Сокинони ҷамоатҳо дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, аммо даромад аз ин фаъолият бино ба хароҷоти зиёд барои ниёзҳои хоҷагиҳои хонагӣ, инчунин рушди сусти бахши кишоварзӣ хеле маҳдуд мебошанд; ҳамаи замин дар Тоҷикистон ба давлат мансуб аст, ҳоло он ки 90 фоизи ҳудуди кишваррро кӯҳҳо ишғол мекунанд. Интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ сарчашмаи асосии даромад барои сокинони ҷамоатҳо ба ҳисоб меравад, аммо сатҳи бекорӣ ҳанӯз хеле баланд боқӣ мемонад. 7 Бо дарназардошти он ки аҳолии қад-қади масири ХИБ сукунатдошта парокандаанд, танҳои майдони хурди заминҳои кишоварзӣ (боғот ва заминҳои пахта) бевосита дар зери хати интиқоли барқ қарор хоҳанд дошт, ҳоло он ки инфрасохтори ҷамъиятӣ/иншооти коммуналӣ ба долони таъсири лоиҳа меафтанд (ДТЛ). Аз ин рӯ, таъсири иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 хеле ночиз хоҳад буд ва дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфӣ (чӣ тавре ки дар боло барои Ҷумҳурии Қирғизистон қайд шудааст) ба осонӣ кам карда мешавад. Иштироки аҳолии ҷамоатҳои қад-қади масири ХИБ дар Тоҷикистон қарордошта дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳаи CASA-1000 низ аз аҳамият дур нест. Дар рафти машваратҳо бо аҳолии маҳаллии минтақаи лоиҳа талаботҳои зерини афзалиятнок муайян карда шуданд: беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон; паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути ташкили ҷойҳои нави корӣ; беҳтар намудани системаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва ирригатсионӣ ; ва беҳтар намудани дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои асосӣ (махсусан дар соҳаи тандурустӣ ва маориф). Чорабиниҳои пешниҳодшудае, ки бо таъмини иштироки сокинони ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа алоқаманданд бо онҳое, ки дар боло барои Ҷумҳурии Қирғизистон тасвир шуданд , монанд мебошанд. Афғонистон: Ҷанги ба якчанд даҳсолаҳо тӯлкашида ба сустшавии назарраси рушдӣ иқтисодиёт дар Афғонистон оварда расонид; дар кишвар сулҳ ва субот ҳанӯз барпо нашудааст. ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли ҶД БШ бо дарозии умумии 562 км, аз ҳудуди Афғонистон тавассути 616 ҷамоатҳои воқеъ дар 23 ноҳия ва шаш музофот мегузарад. Таҳқиқоти ҷамоатҳо нишон дод, ки дастрасӣ ба нерӯи барқ дар ноҳияҳои қад-қади масири ХИБ ҷойгиршуда аз 0 то 100 тафовут дорад, дар ҳоле ки нишондоди миёнаи пайвастшавӣ ба шабакаи барқ 31 фоизро ташкил дод. Минтақаҳое, ки бо фаъолияти лоиҳа фаро гирифта мешаванд дорои ҷамоатҳои қабилавӣ буда дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва соҳаи маориф дар онҳо хеле маҳдуд буда маълумотнокӣ мутаносибан дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Қисмати зиёди минтақаи дар долони таъсири лоиҳа (ДТЛ) қарордошта ноҳамвор ва кӯҳӣ буда дорои шумораи ками растанӣ мебошад ва ин заминҳо қариб ки истифода бурда намешаванд . Сарчашмаи аз ҳама маъмули даромади аҳолии маҳаллӣ соҳаи кишоварзӣ, мардикорӣ бо пардохти рӯзбайъ, ҳамлу нақл ва соҳибкории хурд ба ҳисоб мераванд . Занон дар вазъияти хеле душвор қарор доранд ва дастрасии онҳо ба таҳсил ва дигар имконот хеле маҳдуд мебошад. Ахиран, минаҳои заминӣ ки дар заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳои Афғонистон гузошта шуда буданд хатари ҷиддиест барои фаъолияти мардум. Масири дар доираи лоиҳаи CASA-1000 пешниҳодшудаи ХИБ аз ҳудуди якчанд шаҳрак/деҳот ва дар баъзе ноҳияҳо аз замини корам, рӯдҳо ва инфрасохтори ҷамоавӣ мегузарад. Ҳамин тавр, таъсири пешбинишудаи иҷтимоии лоиҳа бузург нахоҳад буд, аммо онро наметавон ночиз арзёбӣ намуд. Сар задании ҳолатҳои низоъ дар робита бо истифодаи захираҳои об аз имкон берун нест, азбаски қисми зиёди ҷамоатҳо бо мушкилоти норасоии ҷиддии об ҷиҳати қонеъ намудани талаботи хоҷагӣ ва кишоварзӣ дучор мешаванд. Ба даст овардани қитъаҳои замин асосан хусусияти муваққатӣ хоҳад дошт. Бо дарназардошти асосҳои консервативии ҷамъияти афғон эҳтиром ба хилвати занон бояд гузошта шавад. Мушкилоти мазкурро метавон тавассути андешидани чораҳои маъмулӣ оид ба кам намудани таъсир, ки дар боло барои дигар кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 зикр шудаанд, ба осонӣ бартараф намуд. Коргароне, ки дар татбиқи лоиҳа ҷалб шудаанд бо хатари мавҷудияти минаҳои заминӣ дар 8 минтақаи лоиҳавӣ дучор мешаванд, аз ин рӯ андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати ҳаллӣ ин мушкилӣ зарур аст. Дар рафти машваратҳо маълум шуд, ки нигаронии асосии аҳолии ҷамоатҳо дар ҳамаи ноҳияҳои минтақаи лоиҳавӣ бевосита пайваст набудани онҳо ба системаи энергетикӣ бо вуҷуди он ки ХИБ аз ҳудуд ё дар наздикии ҷои истиқомати онҳо мегузарад, мебошад. Ғайр аз ин, аҳолии маҳаллӣ нигаронии худро дар робита бо эҳтимолияти овардани зарар ба заминҳои (кишоварзии) худ ва хонаҳо изҳор намуданд . Бо вуҷуди ин ҳама, аҳолии маҳаллӣ инчунин дарк мекунанд, ки сохтмони хати интиқоли барқ дар ноҳияҳои онҳо аз манфиатҳои иқтисодӣ ва имконияти дарёфти ҷои кор холӣ нест . Барои муайян намудани лоиҳаҳои афзалиятнок оид ба таъмин намудани иштироки сокинони ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳаи CASA-1000 якчанд омил ба ҳисоб гирифта шуд, аз ҷумла: имконияти ҷории фарогирӣ бо системаи барқтаъминкунӣ ва нақшаҳои мавҷудаи электрификатсия; имконияти мусоидати лоиҳа ба тағйирдиҳии устувори муносибат ва реҷаи истифодаи хати интиқоли барқ ба нафъи сокинони тамоми ҷамоат ва на хоҷагиҳои хонагӣ дар алоҳидагӣ; зарфияти ҷамоатҳо ҷиҳати банақшагирии самаранок ва идоракунии мустақили лоиҳаҳо; имкониятҳо барои таъмини рушди босубот ва ба даст овардани натиҷаҳои зиёд ва бениҳоят самаранок. Дар асоси таҳлили натиҷаҳои муҳокимаҳои гурӯҳии (МГГ) дар 57 ҷамоатҳои мухталиф гузаронидашуда (10 фоизи ҷамоатҳои қитъаи ДТЛ дарозиаш 4 км), ки дар 32 ноҳияи шаш музофот ҷойгир шудаанд, 58 лоиҳаи маҳаллии дорои аҳамияти аввалиндараҷа интихоб шуданд, аз ин шумора: (а) 18 лоҳа (7 микро НБО ва 11 дастгоҳи барқии офтобӣ) имконияти таъмини нерӯи барқ бе пайвастшавӣ ба системаи энергетикӣ фароҳам меоваранд ва (б) 40 лоиҳаи бунёди инфрасохтори ҷамоатӣ. Арзиши умумии татбиқи ин лоиҳаҳо 4,51 миллион доллари ИМА ва арзиши татбиқи лоиҳаҳо дар ҳамаи 616 ҷамоат дар ҳудуди ДТЛ бошад 47,86 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Дар ноҳияҳои фаъолияти лоиҳа якчанд ташкилоти ҷамъияти мавҷуданд, масаланд Шӯрои рушди ҷамоат, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ирригатсионӣ, ки метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда нақши муҳимро иҷро намоянд. Покистон: Охирин қитъаи лоиҳаи CASA-1000 хати интиқоли ҶД БШ бо дарозии умумии 71 км, ки аз Торхам дар марзи Афғонистон убур намуда пас аз он дар ҳудуди Покистон то зеристгоҳи Шайх Муҳаммадӣ, ки дар канори шаҳри Пешовар ҷойгир аст, меравад. Масири пешниҳодшудаи хати интиқоли барқ тавассути Кхибер, ки дар Минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федералӣ назоратшаванда (МҚФН) ҷойгиршуда ва аз минтақаи берун аз шаҳри Пешовар, ки тобеи маъмурияти ноҳиявии Пешовар аст, мегузарад. Дар рафти таҳиқоти арзёбии имконияти иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа масири хати интиқоли барқ ба се қитъа бо мақсади гузаронидани таҳлил, ҷудо карда шуд: ноҳияҳое, ки дар атрофии шаҳри Пешовар ҷойгир шудаанд, минтақаҳои деҳот, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошанд. Дар байни ин се қитъа фарқиятҳои авлодӣ ва ғайра вуҷуд доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки сатҳи умумии маълумотнокӣ дар тамоми минтақа 37 фоизро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки миёни мардҳо сатҳи маълумотноки нисбат ба занон бамаротиб баландтар аст. Аммо, зиёда аз 93 фоизи ин теъдод танҳо дар соҳаи муайян маълумот доранд; сатҳи маълумотнокии онҳое, ки худро босавод мешуморад хеле паст ва маҳдуд аст. Урфу одатҳои кӯҳна дар раво надидани таҳсил бахусус барои занон нақши асосиро бозидааст. Истифодабарии замин барои шуғли кишоварзӣ аз сабаби камҳосил будани хок ва ноҳамвор будани он дар ҷойҳо хеле маҳдуд аст: фоизи хоҷагиҳои хонагие, ки 9 барояшон кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб мераванд аз сифр то 16 фоиз дар ҳамаи се қитъаҳо буд. Таҳқиқот нишон дод, ки ҳамаи хоҷагиҳои хонагӣ соҳиби замине, ки дар он истиқомат мекарданд, буданд ва аксари онҳо ҳамчун низоми ягонаи мураккаб ташкил шуда буданд. Қоидаҳои алоқаманд бо зарурати хилвати занон ва пӯшонидани рӯй бо ҳиҷоб ба таври қатъи риоя мешуданд. Нишондоди миёнаи мавҷудияти таъминоти оби ошомиданӣ дар хонаҳои деҳоти ДТЛ 57 фоизро ташкил дод ва танҳо 24 фоизи хонаводаҳо иттилоъ доданд, ки дар дохили хона аз ҳоҷатхонаҳои дорои об истифода мебаранд. Бо вуҷуди он ки ҳамаи деҳот «электриконидашуда» ё ба шабакаи миллии барқ пайваст эълон шуданд, ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ хеле зуд ба амал меомаданд. Ғайр аз ин, мушкилоти иловагӣ интиқоли ҷараёни паст арзёбӣ мегардад. Ҳузури фаъоли Толибон ва амалиётҳои ҳарбии дар наздикии баъзе аз қитъаҳои масир идомаёбанда, бахусус дар минтақаи Кхибер, ба сифати таъмини нерӯи барқ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ таъсири ҷиддӣ расониданд. Сарчашмаҳои асосии даромад меҳнати кироя бо пардохти ҳаррӯза ва соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд ; имкониятҳои қонунии таъмини воситаҳои зиндагӣ хеле кам ба назар мерасанд . Тавре ки дар мисоли дигар кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 қайд шудааст, таъсири иҷтимоии лоиҳа аниқтараш хеле ночиз хоҳад буд: лоиҳа ба даст овардани заминро барои муддати тӯлонӣ пешбинӣ намекунад, зеро он танҳо барои муддати муайян ба даст оварда мешавад, масалан барои бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ барои пудратчиён; зарар ба зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтҳо хеле кам хоҳад буд, дар баробари ин лоиҳа имкониятҳои муайянро барои таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кор ва ба даст овардани даромад, фароҳам меоварад. Бархе аз оқибатҳои таъсири манфии иҷтимоии лоиҳаро метавон ба осонӣ тавассути андешидани чораҳои кам намудани таъсири онҳо, бартараф намуд. Он тадбирҳо дар боло барои дигар кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 тасвир шудаанд. Урфу одатҳои авлодии аҳолии маҳаллӣ, инчунин истифодаи қувва ва амалиётҳои ҳарбии ҷорӣ дар дохил ва атрофи ноҳияҳое, ки бо фаъолияти лоиҳавӣ фаро гирифта мешаванд, эҳтимолан мушкилоти ҷиддӣ хоҳад буд. Ҳар ду омил боз ҳам ба аҳамияти ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ тавассути таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа таъкид мекунанд. Тибқи натиҷаҳои машваратҳои гузаронидашуда маълум шуд, ки афзалиятҳои асосии ҷамоатҳои воқеъ дар ДТЛ дастрасӣ ба таъминоти нерӯи барқ, имконияти дарёфти ҷои кор, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва сохтмони мактабҳои ибтидоӣ барои духтарон ба ҳисоб мераванд. Мутобиқи талаботи сиёсати мақомоти ҳокимияти давлатии Кхибер Пакхтункхва, департаменти санитарию техникӣ (ДСТ) сохтмони системаҳои таъминоти обро амалӣ мегардонад, дар баробари ин масъулият барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техники онҳо ба зиммаи ҷамоатҳои баҳрабаранда вогузор мешавад ; 7 деҳа барои татбиқи лоиҳаҳои алоқаманд бо бунёди системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 1,62 миллион доллари ИМА, интихоб шуданд. Мактабҳои ибтидоӣ барои духтарон бо кӯшишҳои дастаҷамъона намояндагони ҷамоатҳо ва бахши хусусӣ сохта мешаванд. Аъзоёни ҷамоатҳо инчунин варианти алтернативии масири хати интиқоли барқро, яъне истифодаи муштараки ХИБ-и мавҷудаи 132 кВ Пешовар– Торхамро пешниҳод намуданд. Он аз минтақаи беҳосил, ноҳамвор ва аксаран беодам мегузарад; дар ин масир 7 шаҳрак ба долони таъсири лоиҳа меафтанд. Асосноккунии иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа: Тавре ки дар ҳисобот дида мешавад, таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа дар ҳамаи кишварҳо ва дар ҷамъ ночиз буда ба осонӣ тавассути андешидани чораҳои мушаххас оид ба кам намудани таъсир, идора карда мешавад. Бо вуҷуди ин, истифодаи 10 усули бештар универсалӣ ва ҳаматарафа дар ҳаллӣ масоили иҷтимоӣ бо якчанд сабаб хеле муҳим мебошад. Якум, хати интиқоли барқ баландшиддат хоҳад буд ва аз ин рӯ ҷамоатҳои қад-қади масир ҷойгиршуда наметавонанд аз нерӯи барқи ин ХИБ истифода баранд. Дастрасӣ ба нерӯи барқ қариб дар тамоми ноҳияҳои масири хати интиқоли барқ мушкилии назаррас ба ҳисоб меравад. Масъалаи адолат байни онҳое, ки бевосита дар ҳудуди заминҳои барои ХИБ ҷудошуда истиқомат мекунанд ва аз сохтмони ХИБ фоидаи мустақим ба даст оварда наметавонанд ва қисми бештари ҷамъият ки аз сохтмони ХИБ баҳра хоҳанд бурд, метавонад ба мавзӯи баҳс табдил гардад . Агар чораҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти алоқаманд бо таъмини баробарӣ ва адолат андешида нашаванд, он метавонад боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ шардад, ки дар навбати худ метавонад ба татбиқи лоиҳа ва кори ХИБ дар оянда таъсир расонад . Ғайр аз ин, бо мақсади кам намудани хавфҳои алоқаманд бо ангезаҳои пинҳонии худ қарор додани лоиҳа аз тарафи шахсони сеюм таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи мазкур хеле муҳим аст. Бо дарназардошти ҳамаи ин далелҳо, ба татбиқи лоиҳаҳое, ки имконияти иштироки ҷамоатҳоро дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа таъмин менамоянд, аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод. 11 1. МУҚАДДИМА 1.1 ШАРҲИ ЛОИҲАИ CASA-1000 Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон фаъолияти муштаракро оид ба омода намудани механизмҳои савдои нерӯи барқ ва бунёди бозори минтақавии савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (БМСНБОМҶ) идома дода истодаанд. Аз оғози соли 2005, ин чор кишвар ҳамкориро бо ҳамдигар ва як қатор Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ (МБМ), аз он ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии рушд вусъат ва таҳким бахшиданд. Ҳадафи асосии ташаббуси БМСНБОМҶ муттаҳид намудани системаҳои энергетикӣ, ки имконияти пайваст намудани ҳар чор кишвар ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба самти ҷануб – ба Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, арзёбӣ мегардад. Марҳилаи авали татбиқи БМСНБОМҶ бунёди инфрасохтори зарурӣ барои интиқол ва фурӯши нерӯи барқ, аз он ҷумла системаҳое, ки имконияти таъмин намудани содироти 1,300 МВт нерӯи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ фароҳам меоварад ва дар маҷмӯъ лоиҳаи «CASA-1000» номида шудааст, дар бар мегирад. Интизор меравад, ки ҳаҷми зиёди нерӯи содиротшаванда аз тарафи Покистон (1,000 МВт) истифода мешавад, дар ҳоле ки Афғонистон ҳаҷми боқимондаи нерӯи барқро (то 300 МВт) ворид мекунад. Лоиҳаи CASA 1000 аз қисмати сохтмони хати барқ барои интиқоли ҶТ БШ ва ҶД БШ иборат аст:  ХИБ барои интиқоли ҶТ БШ дорои иқтидори 500 кВ ва дарозии 477 км байни Ҷумҳурии Қирғизистон (452 км) ва Тоҷикистон (25 км) ва хати 500 кВ аз Регар то Сангтуда, барои таҳкими шабакаи барқи Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути Тоҷикистон. Дар доираи лоиҳа масири ХИБ то ҳадди имкон аз нуқтаҳои аҳолинишин, ба монанди анклавҳои Узбекистон ва Тоҷикистон, к ибо Ҷумҳурии Қирғизистон иҳота шудаанд, дуртар мегузарад.  ХИБ барои интиқоли ҶД БШ дорои иқтидори 500 кВ ва дарозии 750 км, ки аз Тоҷикистон (117 км) тавассути Афғонистон (562 км) ба Покистон (71 км) кашида мешавад. Нуқтаҳои асосии аҳолинишини қад-қади масири ХИБ ҷойгиршуда инҳо мебошанд: Кобул, аз он ҷумла шаҳрҳои Қундуз, Бағлон, Пули Хумрӣ, Ракӣ, Меҳтар Лам ва Ҷалолобод. То ҳадди имкон ХИБ берун аз нуқтаҳои аҳолинишин мегузарад. Дар доираи лоиҳа бунёди зеристгоҳҳои ҶТ БШ дар Сангтӯда (1,300 МВт), Кобул (300 МВт) ва Пешовар (1,300 МВт) пешбинӣ мешавад. Арзиши тахминии лоиҳа 970 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 1.2 АРЗЁБИИИ ТАЪСИРИ ИҶТИМОӢ 1.2.1 Маълумоти ибтидоӣ 12 Омодазосии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи CASA-1000 дар ибтидо аз ҷониби Бонки Осиёгии рушд маблағгузорӣ шуда аз тарафи Ширкати канадагӣ «SNC Lavalin» амалӣ гардида буд. Таҳқиқотҳо дар ду марҳила гузаронида шуда буданд: Марҳилаи 1 гузаронидани арзёбии муқаддамотии асосноккунии техникӣ ва иқтисодии муттаҳид намудани системаҳои энергетикӣ пешбинӣ мекард, Марҳилаи 2 бошад омодасозии таҳлили муфассали қобили иҷро будани лоиҳаро дар бар мегирифт . Ҳисобот оиди татбиқи Марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2007 омода гардид, ҳисоботи дуввум оиди татбиқи Марҳилаи 2 бошад моҳи январи соли 2009. Варианти таҷдидшудаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ моҳи феврали соли 2011 пешниҳод гардид. Пас аз он, Бонки Осиёгии рушд аз иштирок даст кашид ва дар нимаи соли 2009 ҳукуматҳои чор кишвари БМСНБОМҶ ба Бонки ҷаҳонӣ дар робита бо пешниҳоди кӯмаки доимӣ дар гузаронидани таҳлили техникӣ ва иқтисодии имконпазирии татбиқи лоиҳа муроҷиат намуданд. Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ширкати «SNC Lavalin» омодасозии асосноккунии техники-иқтисодии лоиҳаро идома медиҳад. Арзёбиҳои таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа ҷузъи ҷудонашавандаи омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии муқаддамотӣ, ки бояд ба маблағгузорони эҳтимолии лоиҳа барои омӯзиш пешниҳод гарданд, ба ҳисоб мераванд. Иттилоот дар бораи чораҳои таъмин намудани бехатарии иҷтимоию экологӣ, аз он ҷумла чораҳои лозимӣ оид ба кам намудани таъсири оқибатҳои эҳтимолии манфии лоиҳа барои арзёбии арзиши умумии лоиҳа ва риояи талаботи стандартҳои Бонки ҷаҳонӣ дар таъмини бехатарӣ хеле муҳиманд. Бо вуҷуди он, ки арзёбиҳои алоҳидаи таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 аз ҷониби ширкати «SNC Lavalin» гузаронида шуда буданд, тибқи тартиботи Бонки ҷаҳонӣ, машваратчӣ оид ба масоили муҳандисӣ - техникии лоиҳа, ки аз ҷониби бонк маблағгузорӣ мегардад наметавонад таҳқиқоти экологӣ ва иҷтимоиро низ гузаронад. Баръакс, чунин таҳқиқот бояд аз ҷониби машваратчии алоҳида, ки бо ширкати масъули тарҳрезии лоиҳа ҳамкории зич дорад, гузаронида шаванд. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2010 Бонки ҷаҳонӣ ширкати канадагии «Integrated Environments (2006) Ltd.» (IEL) бо мақсади гузаронидани Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ) ва омодасозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист (НЧҲМЗ) барои лоиҳаи CASA-1000 ҷалб намуд. Ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа ширкати «IEL» ба натиҷаҳои таҳқиқоти саҳроии аз ҷониби ширкати «SNC Lavalin» гузаронидашуда такя намуда ба онҳо тасвирҳои тамоми масири хати интиқоли барқ, ки ба қарибӣ тавассути моҳвора гирифта шуданд (дараҷаи дақиқии акс – 6 м), илова кард; ин аксҳо барои тартиб додани харитаҳои махсус бо нишон додани ҷойгиршавии аниқи иншооти иҷтимоӣ ва масири ХИБ бо мақсади таъмини максималии ҳаммарказонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ширкати «IEL» Нақшаи фарогири чорабиниҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ) омода намуда заминаро барои ҳалли масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоии алоқаманд бо татбиқи лоиҳаи CASA-1000, бахусус дар марҳилаи сохтмон, ки дар он мушкилоти бештар метавонанд пайдо шаванд, фароҳам овард . Мақсади НЧҲМЗТИ таъмин намудани иҷрои самараноки чораҳо оид ба кам намудани таъсири эҳтимолии татбиқи лоиҳа дар алоқамандӣ бо АТЭИ, ки барои бартараф намудани камбудиҳо дар маълумот ва ҳамроҳ намудани муқаррароти алоқаманд бо ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар ҳамагуна созишномаҳои қарзӣ имконият медиҳад . Ширкати «IEL» ҳисоботи худро оид ба АТЭИ ва НЧҲМЗТИ лоиҳаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ 13 оид ба интиқоли нерӯи барқ (CASA 1000): Марҳилаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар соли 2011 пешниҳод намуд. Дар давоми солҳои 2011-2012 таҳқиқот оид ба имконияти иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа дар ҳар як кишвари ба лоиҳа ҷалбгардида гузаронида шуданд. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳқиқот аз ҷониби Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ, дар Афғонистон аз тарафи ташкилоти UN- Habitat ва дар Покистон аз ҷониби Бюрои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди кӯмак дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва таҳияи барномаҳои шабакавии кӯмаки иҷтимоӣ (БШКИ) гузаронида шуд. Ҳисоботҳо оид ба гузаронидани ин таҳқиқот моҳи октябри соли 2012 (Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ) ва моҳи декабри соли 2012 (UN-Habitat, Афғонистон ва БШКИ) омода шуданд. 1.2.2 Ҳадафҳо ва методология Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа шарти муҳим барои муайян намудани омилҳои эҳтимолии таъсири иҷтимоии лоиҳа, бахусус дар марҳилаи сохтмон, ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии кам намудани таъсири манфии эҳтимолӣ ва бурдани назорат ба ҳисоб меравад. Тамоми ҳисоботҳои дар боло зикргардида – Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва НЧҲМЗТИ аз ҷониби ширкати «IEL» омодашуда, се ҳисобот оид ба арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа дорои маълумот дар бораи ҷанбаҳои иҷтимоии татбиқи лоиҳа мебошанд. Дар ҳисоботи мазкур маълумоти алоқаманд бо таъсири иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 ва чораҳои кам кардани таъсир ҷамъ оварда шудааст. Аслан он қариб ки ба пуррагӣ ба маълумоти дар ҳисоботҳои қаблии лоиҳа, ки дар боло зикр шудаанд такя мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маълумот/дараҷаи муфассалии маълумот дар бораи чор кишвар ё ҳатто дар бораи ҷанбаҳои мухталифи иҷтимоӣ (масалан, вазъи занон дар минтақаи лоиҳа, сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ) хеле фарқ мекунад. Маъмулан, маълумот дар бораи Афғонистон ва Покистон нисбат ба Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар буд. Ин тафовутҳо дар маълумоти дорои дараҷаи мухталифи муфассалӣ дар бораи кишварҳо дар қисмҳои дахлдори ҳисоботи мазкур инъикос ёфтааст. Камбудиҳои ҷойдошта то ҳадди имкон, бо истифода аз сарчашмаҳои дуюмдараҷаи маълумот бартараф карда шуданд, аммо таҳқиқотҳои иловагии муқаддамотӣ барои омодасозии ҳисоботи мазкур гузаронида нашуданд. Ҳисоботи мазкур ба чор фасли асосӣ, ки ба ҳар як кишвари иштирокчии лоиҳи CASA- 1000 бахшида шудаанд, ҷудо мешавад: Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон. Ҳар як фасл се зерфаслро дар бар мегирад: дар фасли аввал маълумоти кӯтоҳ дар бораи кишвар бо тасвири ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ дар ноҳияҳои лоиҳа оварда мешавад; дар дуввум фасл оқибатҳои эҳимолии татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дида баромада мешаванд; дар фасли сеюм бошад чораҳо оид ба кам намудани таъсири иҷтимоии лоиҳа, аз он ҷумла вариантҳои имконпазири иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа пешниҳод мегарданд. 14 2. ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН 2.1 ТАВСИФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ 2.1.1 Шарҳи вазъият дар кишвар Ҷумҳурии Қирғизистон кишвари кӯҳиест дар Осиёи Марказӣ, ки баромад ба баҳр надорад: аз шимол бо Қазоқистон, дар шарқ бо Ӯзбекистон, дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон ва дар шарқ бо Хитой ҳамсарҳад аст. Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз қисматҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буда, моҳи декабри соли 1991 истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Мутобиқи омори соли 2011, шумораи аҳолии он 5,5 миллион нафарро ташкил мекард. Ҷумҳурии Қирғизистон кишваре аст, ки даромади паст дорад ва вобаста аз соҳаи кишоварзӣ буда, дорои сатҳи баланди камбизоатӣ ва нишондодҳои пасти рушди инсон мебошад. а) Низоми сиёсӣ Кишвар дорои сохтори федералӣ ва парлумони якпалатагии иборат аз ҳокимияти қонунгузор мебошад. Мутобиқи принсипи маъмуриву ҳудудӣ кишвар ба вилоятҳо тақсим шудааст; кишвар аз ҳашт вилоят иборат аст, аз он ҷумла шаҳрҳои асосӣ Бишкек (пойтахт) ва Ош, ки дорои мақоми вилоят низ мебошанд. Ҳар як вилоят аз якчанд ноҳия иборат аст. Аз давраи ба даст овардани истиқлолият дар охири соли 1992, кишвар батакрор дучори нооромиҳои сиёсӣ ва зӯроварӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ шудааст. Исёни соли 2005 бардошта Президенти ҳамонвақтаро маҷбур намуд ба истеъфо равад ва дар ташаккулёбии ҳукумати нав бо сардории Президент Боқиев мусоидат намуд. Баъди панҷ сол, бетартибиҳои ҷамъиятии аз нав авҷгирифта ва норозигӣ аз коррупсияи фарогир ба суқути ҳукумати Боқиев оварда расонид. Дар натиҷаи даргириҳо, аз он ҷумла байни қирғизҳо (қисми зиёди аҳолии кишвар) ва узбекҳо (қисми хурдтарини аҳолии кишвар) чандсад нафар кушта шуда зиёда аз 300,000 нафар маҷбур шудан хонаҳои худро тарк намоянд. Интихоботи Президенти кишвар ноябри соли 2011 гузаронида шуданд. Коррупсия ҳанӯз мушкилоти маъмулӣ боқӣ мемонад: тибқи пурсиши соли 2008 бо мақсади арзёбии сатҳи коррупсия ва баровардани нишондоди дарки паҳншавии коррупсия кишвар аз рӯи шкалаи аз 0 (сатҳи баландтарини коррупсия) то 10 (сатҳи пасттарини коррупсия) 1.8 хол соҳиб шуд . б) Иқтисодиёт Иқтисодиёти кишвар ва бахши хизматрасонӣ дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, қатъ гардидани кӯмаки молиявӣ аз Маскав ва аз байн рафтани бозорӣ Шӯравӣ зарари зиёд дид. Баъди соли 1992 барномаи васеи интиқоли ҳуқуқи моликият ба фабрикаҳо, корхонаҳо, биноҳо, замин ва ғайра ба шахсони воқеӣ/корхонаҳо оғоз гардид. Захираҳои табиӣ, ба монанди кӯҳҳо ва ҷангал, инчунин иншооти аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дошта ҳамчун моликияти давлатӣ боқӣ монданд. Раванди гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ хеле мушкил мегузашт : баста шудани корхонаҳои саноатӣ ва барҳамхӯрии хоҷагиҳои коллективӣ ба афзоиши сатҳи бекорӣ мусоидат намуд. Ислоҳоти иқтисодие, ки мутобиқи талаботи бозор дар солҳои 1990-ум гузаронида шуда буд, дар ниҳоят имконият дод, ки истеҳсолот то сатҳи пеш аз ба даст овардани истиқлолият бардошта шавад. Аммо соҳаи хизматрасонӣ аз сабаби норасоии сармоягузории давлатӣ талафоти зиёд дид. Суръати афзоиши ММД дар соли 2011 5,9 фоизро ташкил дод, аммо дар давоми даҳсолаи охир ин нишондиҳанда дучори 15 тағйирёбии назаррас шуд (масалан, 0.0 фоиз дар соли 2002, 8,2 фоиз дар соли 2007 ва 2,3 фоиз дар соли 2009). Ғайр аз ин, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии ба қарибӣ ба амал омада ва нооромии сиёсии соли 2010 низ ба суръати афзиши иқтисодӣ таъсири манфӣ расониданд. Соли 2011 маҷмӯи даромади миллӣ (МДМ) ба ҳар сари аҳолӣ 920 доллари ИМА-ро ташкил дод. Иқтисодиёти кишвар аз интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ асосан аз Федератсияи Россия вобастагии сахт дорад. Соли 2009 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тақрибан 40 фоизи ММД-ро ташкил медиҳанд. Тақрибан 1 миллион шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федератсияи Россия кор мекунанд.1 Ба дигар бахшҳои асосии иқтисодиёт кишоварзӣ, саноати кӯҳканӣ ва энергетика дохил мешаванд. Бахши кишоварзӣ тақрибан чоряки ҳаҷми умумии ММД-и кишварро ва тақрибан сеяки ҳаҷми умумии шуғлро ташкил медиҳад. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хоҷагиҳои фермерӣ давлатӣ буданд, аммо чӣ тавре ки қайд шуда буд бо мақсади хусусигардонии хоҷагиҳои фермерӣ дар кишвар ислоҳоти замин гузаронида шуд. Дар марҳилаи аввал он ба коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ инчунин мушкилиҳо барои аҳолии маҳаллӣ оварда расонид. Ҳукумат бонки деҳот ва хадамоти машваратиро барои корхонаҳои кишоварзӣ/фермерон, инчунин ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва кумитаҳои идоракунии чарогоҳҳоро таъсис дод. Ҷумҳурии Қирғизистон дорои захираҳои ғании маъдан, аз он ҷумла ангишт, тилло, уран, сурма ва навъҳои мухталифи метал мебошад. Ҳиссаи бахши истихроҷи маъдан тақрибан 26 фоизи ҳаҷми умумии даромади давлатиро аз ҷамъоварии андоз (тахминан 10 фоизи ҳаҷми ММД) ва 50 фоизи ҳаҷми умумии даромад аз содирот ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, кишвар имконияти истифодаи тамоми иқтидори худро дар истихроҷи маъдан надорад, зеро қисми зиёди конҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои кӯҳии душворгузар қарор доранд, иктишофу истихроҷи онҳо бошад сармоягузориҳои азимро талаб мекунад. Дигар сабаби он нокомиҳои қаблӣ дар самти банақшагирии стратегӣ ва бунёдӣ инфрасохтори зарурӣ ва технологияҳо арзёбӣ мегардад. Айни замон Ҷумҳурии Қирғизистон аз норасоии маблағ барои сармоягузории зарурӣ ҷиҳати манфиатбардорӣ аз захираҳои бои маъданӣ танқисӣ мекашад. Ҳиссаи бахши энергетика тақрибан 3,9 фоизро дар ҳаҷми умумии ММД ва 16 фоизро дар ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатӣ ташкил медиҳад. Қисми бузурги иқтидори тавлидотӣ дар кишвар ба гидроэнергетика рост меояд ва ҳиссаи он 2,948 МВт (82 процента) дар ҳаҷми умумии иқтидори муайяншудаи 3,586 МВт ташкил медиҳад. Мушкилоти асосии бахш талафоти бузурги тиҷоратӣ ва тарифҳои паст, ки ба норасоии захираҳои молиявӣ ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасонни техникӣ ва сармоягузорӣ, норасоии барқ дар фасли зимистон ва мушкилот дар самти идоракунӣ оварда мерасонад, ба ҳисоб мераванд. Ин омилҳо, инчунин ҳамкории заифи минтақавӣ ва набудани механизми дақиқ дар бозори асосии содироти нерӯи барқ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон (инчунин Тоҷикистон) имконияти истифодаи тамоми зарфияти иқтисодии бахши гидроэнергетикаро надорад. Аз оғози асри равон қатъи берун аз нақшаи таъминоти барқ барои Қирғизистон ва Тоҷикистон падидаи маъмулӣ гашт. Натиҷаҳои пурсиши хонаводаҳо оид ба арзёбии сатҳи таъминоти барқ, ки соли 2002 гузаронида шуда буд нишон доданд, ки дар баъзе 1 Таҳқиқот оид ба арзёбии имкониятҳо барои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон ва ва Ҷумҳурии Қирғизистон (Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ, октябри соли 2012). 16 ноҳияҳо муддати қатъи барқ дар ҳудуди 6-8 соатро дар як рӯз ташкил медод.2 Дигар мушкилоте, ки дар рафти пурсиш муайян гашт бо шиддати паст алоқаманд буд, масалан, бино ба шиддати паст аҳолӣ наметавонист аз яхдон истифода барад; бархе аз посухдиҳандагон қайд намуданд, ки аз шамъ истифода мебурданд, азбаски он аз лампаҳои электрикӣ, ки бо шиддати паст истифода мешаванд, хубтар равшанӣ медод. Мавҷуд набудани барқ, бахусус дар моҳҳои зимистон мушкилоти асосиест, ки монеи хизматрасонии босифат мегардад (масалан мактабҳо гарм карда намешаванд), афзоиши истеҳсоли саноатӣ ва инкишофи соҳибкориро бозмедорад, ба захираҳои табиӣ зарари худро мерасонад (вақте ки аҳолӣ дарахтҳоро бурида ҳамчун ҳезум истифода мебарад) ва фишори иловагӣ барои буҷети миллӣ мегардад, зеро давлат маҷбур мешавад барои воридоти сӯзишворӣ маблағи калонро масраф намояд. Рушд ва истифодаи тамоми иқтидори мавҷудаи гидроэнергетикии кишвар имконияти бамаротиб сабук намудани бӯҳрони энергетикие, ки дар фасли зимистон дучор мегардад, фароҳам меоварад. в) Омори демографӣ ва нишондиҳандаҳои рушд Соли 2011 шумораи умумии аҳолии кишвар 5,5 миллион нафарро ташкил дода буд . Қисми бузурги аҳолӣ (аз се ду ҳисса) ҳамчунин қисми зиёди аҳолии камбизоати кишвар дар минтақаҳои деҳот истиқомат мекунанд. Аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон ҷавон мебошад: соли 2007 35 фоизи аҳолии кишварро нафарони синну солашон поёнтар аз 15 сол ва танҳо 6,2 фоиз нафарони синну солашон аз 65 сола боло ташкил дода буд. Сохтори этникии аҳолӣ мухталиф мебошад, гарчанд ки аксарияти (70 фоиз дар соли 2007) аҳолӣ аз қирғизҳо иборат аст баъд аз он узбекон ва русҳои этникӣ, ва гурӯҳҳои хурдтари этникӣ ба монанди тоҷикон ва қазоқҳо меистанд . Солҳои охир сохтори этникии аҳолӣ дар робита бо рӯйдодҳои сиёсӣ дучори тағйирот шуд. Масалан, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ теъдоди зиёди олмониҳои этникӣ муҳоҷират намуданд; ҳамин тариқ бетартибиҳо ва низоъ, ки соли 2010 рух доданд боиси кишварро тарк намудани аққалиятҳои алоҳидаи миллӣ ба монанди русҳо гашт. Ҷумҳурии Қирғизистон паи ҳам мақоми худро аз рӯи нишондиҳандаҳои рушди инсон аз даст медиҳад: тибқи раддабандӣ дар самти рушди инсон кишвар аз ҷои 102 соли 2002 ба 125 дар соли 2012 гузашт. Сатҳи камбизоатӣ аз 52 фоиз дар соли 2000 то 31,7 фоиз дар соли 2008 поён фаромад, аммо бесарусомониҳои сиёсӣ, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар соли 2011 ва 2012 самти интихобкардаи рушдро ба ақиб гардонид. Сатҳи фақри абсолютӣ аз 33,7 фоиз (аз он ҷумла 5,3 фоиз, ки дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд) дар соли 2010 то 36,8 фоиз дар соли 2011 афзоиш ёфт. Қариб аз чор се ҳиссаи аҳолии камбизоат дар минтақаҳои деҳот зиндагӣ мекунад. г) Вазъияти занон Тибқи қонун занон ва мардон дар ҷамъият аз мақоми ва ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор мебошанд. Аммо дар Осиёи Марказӣ одатан занон аз мардон вобаста буда ба маълумот, захираҳои иқтисодӣ ва ҳокимияти сиёсӣ дастрасии камтар доранд . Ин ҳолат ба дараҷае дар ҳар як гурӯҳи этникӣ ва ҷамоатҳо фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин занон одатан нисбат ба мардон бештар кор мекунанд; дар деҳот онҳо масъули корхои хона буда об мекашонанд ва машғули корҳои кишоварзӣ мебошанд. 2 Самаранокии ислоҳоти бахши электроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон: Таҳлили таъсири лоиҳа оид ба ислоҳоти бахши электроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон (Бонки ҷаҳонӣ, соли 2002). 17 Фоизи занҳои дар сиёсат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи марказӣ баланд нест. «Иштирок накардани занон дар ҳаёти сиёсӣ ба пайдо шудани одатҳои дискриминатсионӣ ва таҷрибаҳо мусоидат мекунад ....... Вақте ки занон дар идоракунӣ иштирок намекунанд, мушкилоти гендерӣ одатан дар рӯйхати афзалиятҳои давлатӣ ҷои охиринро касб мекунанд. Ин ба вазъияти беилоҷ табдил ёфта ба он мерасонад ки ҳангоми таҳияи қонунҳо ва сиёсат масъалаҳои гендерӣ ба инобат гирифта намешаванд, ки дар навбати худ ҳуқуқҳои занон гарчанде ошкоро набошад ҳам, поймол ва кам карда мешаванд». 3 Бо вуҷуди ин, пешравиҳои муайян ба назар мерасанд: то имрӯз квотаи 30-фоизаи гендерӣ барои занон дар рӯйхатҳои номзадҳо аз ҳизбҳо ҷиҳати иштирок дар интихобод ҷорӣ карда шудааст, ки он ба шумораи зиёди занони аъзои мақоми қонунгузор (25 аз 120 аъзои Парлумони кишвар дар соли 2011) ва мутаносибан ба пешниҳод ва муҳокимаи теъдоди бештари лоиҳаи қонунҳои алоқаманд ба мушкилоти занон оварда расид. Шумораи андаки занон вазифаҳои баланди роҳбарикунандаро дар ҳукумат ишғол намудаанд, бахусус собиқ Президенти кишвар хонум Роза Отунбоева; аммо ба ҳолати октябри соли 2011 занон танҳо 19 фоизро аз 675 вазифаи роҳбарикунанда дар ҳукумат ишғол менамуданд.4 Таҷрибаи зӯроварӣ нисбати занон, махсусан зӯроварӣ дар оила хеле паҳн шудааст. Урфу одат аксари вақт намегузоранд, ки занон дар бораи чунин ҳодисаҳои истифодаи зӯрӣ иттилоъ диҳанд, ки инчунин аз муқовимати ночиз аз ҷониби полис ё мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад. Таҷрибаи «рабудани арӯс», вақте ки мард ба зӯрӣ занро барои издивоҷ медуздад ва аксари вақт бо зӯроварӣ дар оила ва таҳқир алоқаманд аст, аз ҷониби шахсони алоҳида дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун «анъана» қабул шудааст . Аз рӯи ҳисоби тахминӣ дар кишвар ҳамасола тақрибан 11,800 ҳодисаи дуздидани арӯсҳо ба амал меояд, ки 35 фоизи шумораи умумии ақдҳои никоҳ, ки дар кишвар баста мешавад ташкил медиҳад. Танҳо дар як аз 1,500 ҳодиса шахси гунаҳкор бо тартиби сӯди ҷазо дода мешавад.5 Бо вуҷуди ин моҳи декабри соли 2012 бо мақсади сахттар кардани ҷазо барои ба зӯрӣ рабудани арӯсҳо ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд. 2.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа Лоиҳаи CASA-1000 аз хати интиқоли барқ (ХИБ) 500 кВ дарозии умумиаш 477 км, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти ҷануб ба Тоҷикистон кашида мешавад, иборат аст . Аз дарозии умумии хат 452 км аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад . Масири ХИБ умуман аз минтақаҳои камаҳолӣ ва ҳудуди се вилоятҳои ҷанубӣ – Ҷалолобод, Ош ва Бодканд мегузарад. Арзёбии дар поён овардашуда дар маълумоти дар рафти таҳқиқот оид ба арзёбии имкониятҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа ҷамъовардашуда асос ёфтааст. Арзёбии мазкур аз тарафи Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрванди соли 2012 гузаронида 3 Дастгирии занони деҳот ҷиҳати ба даст овардани ҳаққи истифодаи замин : таҷрибаи татбиқи барномаи СММ оид ба корҳои занон дар Қирғизистон ва Тоҷикистон (Барномаи СММ оид ба корҳои занон, июни соли 2012, саҳ. 2). http://www.unwomen.org/wp-content/uploads/2012/07/EP-Promoting-rural- women%E2%80%99s-rights-to-land-UN-Women-programme-experience-in-Kyrgyzstan-and-Tajikistan.pdf. 4 Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳисоботи Бюро оид ба ҳуқуқи инсон, соли 2012 (Бюрои Амрико оид ба масоили демократия, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва меҳнат). http: //www.state.gov/documents/organization /204614.pdf . 5 http://www.unwomen.org/2013/02/new-law-in-kyrgyzstan-toughens-penalties-for-bride-kidnapping/. 18 шудааст. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар се нуқтаи аҳолинишин дар Ҷалолобод, 11 дар вилояти Ош ва 11 дар Бодканд таҳқиқот гузаронида шуд. Дар ин нуқтаҳои аҳолинишин 7,543 хонавода буда 8,454 оила ва дар маҷмӯъ 42,685 нафар истиқомат мекунад. Маълумот дар бораи шумораи умумии аҳолии дар минтақаҳои таъсири лоиҳа дар Ҷумҳурии Қирғизистон сукунатдошта мавҷуд нест. а) Аҳолӣ Дар 25 нуқтаи аҳолинишин/ҷамоатҳое, ки дар се вилоят таҳқиқот гузаронида шуд, шумораи умумии аҳолӣ 42,685 нафарро ташкил медиҳад. Дар деҳоти вилояти Ош ва Бодканд аксарияти аҳолӣ аз қирғизҳо (мутаносибан 90 ва 96 фоиз) иборат буд, аммо дар Ҷалолобод аксарияти аҳоли (66,7 фоиз) узбекон буданд, шумораи қирғизҳо бошад танҳо 26,7 фоиз буд. Таносуби мард ва зан қариб баробар буд: 51 фоиз занон, 49 фоиз мардон – фарқияти ночиз аз муҳоҷирати меҳнатии шумораи зиёди мардон шаҳодат медиҳад. Дар байни аҳолии аз таҳқиқ гузашта ҳаҷми миёнаи оилаҳо одатан бузург буд: 35.3 фоизи оилаҳо аз 5-6 нафар, 28.2 фоиз аз 6-7 нафар ва 13.9 фоизи оилаҳо аз 8 ё нафари бештар иборат буданд. Қисми зиёди хонаводаҳо аз як оила иборат буд, дар шумораи хурди хонаводаҳо бошад ду ё се оила зиндагӣ мекарданд. Сатҳи маълумоти аҳолии аз таҳқиқ гузашта аз миёна болотар набуд : танҳо 11.5 фоизи посухдиҳандагон дорои маълумоти олии пурра буда 68.3 фоизи аҳолӣ дорои маълумоти миёнаи умумӣ буданд. Стратификатсияи посухдиҳандагон аз рӯи ҷинс нишон дод, ки фоизи калони занон (76.1 фоиз) дар қиёс бо мардон (64.0 фоиз) дорои маълумоти умумии миёна буданд, аммо шумораи бештари мардон нисбат ба занон маълумоти олӣ доштанд (мутаносибан 14.0 фоиз ва 6.8 фоиз).6 б) Истифодаи замин ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ Деҳоти аз таҳқиқ гузашта дар масофаи мухталиф аз марказҳои маъмурии ноҳиявӣ ё вилоятӣ ҷойгир шуда буданд, аммо дорои роҳҳо барои алоқа бо марказҳои дахлдор мебошанд. Ҳаҷми миёнаи қитъаи замини хонавода танҳо 1.53 акр ташкил медод. Аз ин қисми зиёдро замини корам (ба ҳисоби миёна 0.78 акр) ва боғҳо (0.60 акр) ташкил медод.7 Дар даврони шӯравӣ тамоми хизматрасониҳо аз ҷониби давлат пешниҳод мешуданд – мактабҳо, марказиҳои тиббӣ, ҳатто сартарошхонаҳо, иншооти варзиш ва ҷойҳои истироҳат ва фароғат. Аммо баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ соҳаи хизматрасонӣ аз системаи давлатӣ ба хусусӣ гузашт, ки дар он нақши давлат бештар ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ҷиҳати таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ маҳдуд шудааст. Гарчанде ки вазъияти алоқаманд бо дастрасӣ ба хизматрасониҳо дар ноҳияҳои минтақаи таъсири лоиҳа то ба даст овардани истиқлолият (яъне дар даврони шӯравӣ) маълум нест, натиҷаҳои таҳқиқоти ҷамоатҳо, ки соли 2012 гузаронида шуда буд нишон доданд, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳо хеле маҳдуд аст. Аз ҳамаи ҷамоатҳои дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз таҳқиқ гузашта се ҷамоат дар вилояти Ҷалолобод иттилоъ доданд, ки дастрасии маҳдуд ба оби тозаи ошомиданӣ ва ирригатсионӣ доранд, 9 аз 11 ҷамоат дар вилояти Ош дастрасии маҳдуд ё тамоман дастрасӣ надоштанд ва 4 аз 11 ҷамоат дар вилояти Бодканд иттилоъ доданд, ки дастрасии маҳдуд доштанд. Мавҷуд набудани системаҳои обёрӣ монеи фаъолият дар 6 Ҷадвали 7, Таҳқиқот оид ба арзёбии имкониятҳо барои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқӣ лоиҳа, иқтибос. 7 Ҷадвали 14, ҳамон ҷо. 19 соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ мегардад. Дар вилояти Ош 7 аз 11 ҷамоат хабар доданд, ки ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ дастрасӣ надоранд; ҳамаи ҷамоатҳо дар Ош ва Бодканд аз таъмини нерӯи барқи номунтазам, бахусус дар фасли зимистон бархӯрдор буданд. Дар Бодканд 8 аз 11 ҷамоат иттилоъ доданд, ки роҳҳои иловагӣ (ё ки қитъаҳои алоҳидаи онҳо) дар ҳолати бад қарор доранд; баъзеи ҷамоатҳо дар бораи зарурати таъмир намудани мактабҳо низ қайд намуданд. Таҳқиқот нишон дод, ки баъзе аз мактабҳои деҳот бо кӯшиши дастаҷамъонаи сокинони ҷамоат (бо усули ҳашар) бунёд гаштаанд. Барои сохтмон одатан гил истифода шудааст, зеро он яке аз маводҳои бештар дастраси сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Маълум гашт, ки дар чунин мактабҳо, фарш ё шифти ҳақиқӣ вуҷуд надорад , ҳоҷатхонаҳо дар ҳолати бади санитарӣ қарор доранд; аксарияти духтарон маҷбуранд ҳангоми танаффус ба хона раванд. Ғайр аз ин, таҳқиқот муайян намуд, ки дар аксарияти мактабҳои деҳот оби равон мавҷуд нест; мактаббачагон оби нӯшокиро аз хона оварда ё обро аз сарчашмаҳои хатарнок, ба монанди каналҳои ирригатсионӣ истифода мебаранд . Дар мактабҳои деҳот таҷҳизоти гимнастикӣ ё варзишӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ қариб ки дида намешуд: дарсҳо ҳатто ҳангоми борон ва барф дар кӯча гузаронида мешуданд, ки боиси бемор шудани аксарияти кӯдакон мегардид. Норасоии нерӯи барқ, ки одатан дар фасли зимистон ба миён меояд, мактабҳоро маҷбур месозад ки аз ҳезум, ангишт ё поруи хушк барои гармкунӣ истифода баранд; ин дар навбати худ ба саломатии кӯдакон таъсири худро мегузорад. Кӯдакон аз бемориҳое (дарди сар, бемориҳои роҳи нафас), ки мавҷудияти дуд дар дохили ҳуҷра боиси сар задани онҳо мегардад, азият мекашиданд. Дар ҳисоботи таҳқиқот, ки бо мақсади арзёбии имконияҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа гузаронида шуд, гуфта мешавад, ки танҳо 45 фоизи аҳолии деҳот дар муқоиса бо 95 фоизи аҳолии минтақаҳои шаҳрнишин ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Дар ҳисобот қайд мегардад, ки аксарияти сокинони минтақаҳои деҳот аз оби каналҳои ирригатсионӣ ва дарё, ки метавонад боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад, истифода мебаранд. Ҳар сол, бахусус дар моҳҳои тобистон, эпидемияҳои бемориҳое тавассути об гузаранда дар минтақаҳои мухталифи кишвар сар мезананд ва боиси пайдошавии шумораи зиёди беморон ва ҳатто фавти одамон мегарданд. Зиёда аз 50 фоизи беморҳои статсионарӣ аз дарунравӣ, ки микроорганизмҳои патогенӣ тавассути об гузаранда боиси ин беморӣ мегарданд, азият мекашанд. Дар робита бо шароитҳои санитарию техникӣ натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки намуди маъмултарини ҳоҷатхонаҳое, ки сокинони деҳот истифода мебаранд чуқурии партов ё чуқурӣ (сӯрохӣ) бо фарши чӯбин мебошад; замоне, ки чуқурӣ пур мешавад онро пӯшонида чуқурии навро мекананд. Чунин ҳоҷатхонаҳо, одатан дар қисмати ақиби ҳавлӣ ҷойгир карда мешаванд. Дар деҳоти аз таҳқиқ гузашта системаи марказонидашудаи ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахт вуҷуд надорад ; таҷрибаи аз ҳама бештар маъмул, ки мушоҳида мешавад кандани чуқурӣ барои ҷамъоварӣ ва гӯронидани партов мебошад. Дар ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта 62,2 фоизи хонаводаҳо иттилоъ доданд, ки чуқуриҳои махсусро барои партов дар дохили ҳавлии худ истифода мебаранд, 10 фоиз қайд намуданд ки партовҳои худро месӯзонанд ва 16 фоиз хабар доданд, ки дар деҳаи худ партовгоҳи ҷамъиятӣ доранд, ки дар он ҷо партовҳои худро холӣ мекунанд. Дар охир, дар байни ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузаштаи Ҷумҳурии 20 Қирғизистон, 80 фоиз масҷид, 16 фоиз – ҳаммомҳои ҷамъиятӣ ва 17 фоиз – чойхона доранд.8 в) Дастрасӣ ба таъминоти нерӯи барқ Дар даврони иқтисоди нақшавии шӯравӣ ва идоракунии марказонидашуда захираҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ энергетикиро дар якҷоягӣ истифода мебурданд: нерӯи барқи зиёдатии истеҳсолшуда дар ҷумҳуриҳое, ки имрӯз ҳамчун Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон маълуманд, барои қонеъ гардонидани талаботи энергетикии ҷумҳуриҳои ҳамсоя (Қазоқистон ва Узбекистон) дар фасли тобистон истифода мешуд. Дар навбати худ, нерӯи барқи аз ҳисоби истифодаи газ ва сӯзишвории нафт дар он ҷумҳуриҳо истеҳсолшуда барои қонеъ намудани талабот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар фасли зимистон истифода мешуд . Барҳамхӯрии низоми тақсимоти нерӯи барқ ба норасоии шадиди нерӯ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар фасли зимистон, ки сатҳи истеҳсоли барқ бамаротиб коҳиш меёбад, оварда расонид. Таҳқиқот дар ҷамоатҳо нишон дод, ки зиёда аз нисфи ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта (53,2 фоиз) бар он ақидаанд, ки вазъи алоқаманд бо таъминоти нерӯи барқ нисбатан хуб аст, аммо 18,3 фоиз онро қисман бад ва 8,7 фоиз хеле бад мешуморанд. Аз рӯи маълумоти аҳолии пурсидашуда дар фасли зимистон сарчашмаҳои алтернативии нерӯи барқ, махсусан ангишт, чӯб, керосин ва сӯзишвории дизел истифода мешаванд . Нерӯи барқ асосан бо мақсадҳои маишӣ, яъне равшанкӯнӣ, гармкунӣ ва пухтупаз истифода мешуд, дар ҳоле ки танҳо 7 фоиз қайд намуданд, ки барқро барои кор истифода мебаранд. Ин аз аграрӣ будани иқтисоди маҳаллӣ шаҳодат медиҳад. г) Сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ Сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки тавассути онҳо масири хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000 мегузарад, дар маҷмӯъ хеле паст арзёбӣ мегардад. Минтақаи мазкур дорои захираҳои бои канданиҳои фоиданок буда бо релефи мушкил ва набудани захираҳо ҷиҳати маблағгузории таҳқиқ ва истихроҷ тавсиф меёбад, ки аз истифода нашудани конҳо шаҳодат медиҳад. Таҳқиқоти ҷамоатҳо нишон дод, ки аҳолии маҳаллӣ асосан дар соҳаи кишоварзӣ машғули парвариши зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои корам, помидор, бодиринг, пиёз, картошка ва ғ. дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва парвариши чорво машғуланд . Сарчашмаи асосии иловагии даромад интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Сатҳи баланди бекорӣ (40,1 фоиз) дар байни аҳолии аз таҳқиқ гузашта сабаби он шуд, ки 13-15 фоизи аҳолӣ дар хориҷа, асосан дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Дар байни муҳоҷирон тақрибан 80 фоизро мардон ташкил намуда дар баробари ин афзоиши устувори шумораи занони ба хориҷа бо мақсади кор рафта мушоҳида мешавад. Муҳоҷирати меҳнатӣ асосан хусусияти мавсимӣ ва такроршаванда дорад, зеро робитаҳои оилавӣ дар минтақа хеле мустаҳкам мебошанд. Аммо, дар давоми 3-4 соли охир зиёдшавии давомнокии муҳоҷират мушоҳида мешавад. Коргарони алоҳида ба хориҷи кишвар барои якчанд сол мераванд, баъзеашон ҳатто шаҳрвандии Россияро қабул мекунанд. Се сарчашмаи асосии даромади хонаводаҳо дар ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта фаъолияти соҳибкорӣ (ба ҳисоби миёна 261$ дар як моҳ), кишоварзӣ (255$ дар як моҳ) 8 Ҷадвали 15, ҳамон ҷо. 21 ва интиқоли маблағҳои пулӣ (251$ дар як моҳ) мебошанд.9 Даромад дар шакли маош, меҳнати кироя ва нафақа/кӯмакпулиҳо ба ҳисоби миёна мутаносибан 146$, 117$ ва 115$ дар як моҳ ташкил медиҳад. Мутобиқи натиҷаҳои таҳқиқот, ҷамоатҳо дар масоили таъминоти озуқаворӣ бештар мустақил мебошанд. Маҳсулоти кишоварзӣ ба монанди картошка, помидор, пиёз, гандум ва мева барои истифодаи дохилии хонавода, инчунин барои фурӯш бо мақсади ба даст овардани даромад истифода мешаванд. Парвариши чорвои хонагӣ (бахусус чорвои калони шохдор ва буз) ва паррандагони хонагӣ низ дар таъмин намудани амнияти озуқавории хонаводаҳо мусоидат намуданд. Аммо, хароҷот барои ғизо 119$ аз ҳаҷми хароҷоти миёнаи хонаводаҳоро ташкил медиҳад, ки худ қисми бузургтарини хароҷот ба ҳисоб меравад. Дигар қисмҳои асосии хароҷот ин хароҷоти таҳсил (86$) ва либос (81$) мебошанд. д) Вазъияти занон Дар рафти гузаронидани таҳқиқот дар ҷамоатҳо маълумоти хеле маҳдуд дар бораи занон ҷамъ оварда шуд. Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои таҳқиқот оварда шудааст, ки дар байни хонаводаҳои пурсидашуда аксарияти хурдро занон (51 фоиз) ташкил додааст ва он занон нисбат ба мардон ба хизматрасониҳои асосӣ ба монанди маълумот, дастрасии камтар доштанд. Ғайр аз ин, занон одатан зиёдтар ва аз рӯи вақт бештар кор мекунанд - дар хона, дар саҳро ва нигоҳубини кӯдакон. Аз нуқтаи назари посухдиҳандагон занон нисбат ба мардон дар ҷамъият аз мақоми пасттар бархӯрдоранд. Хонаводаҳои бо модарони танҳо (яъне дар он хонаводаҳое, ки зан баъди ҷудо шудан/марги шавҳар сардори оила мешаванд) аз сабаби мушкилоти иқтисодӣ дучори фишори махсус мегарданд. Ғайр аз ин маълум гашт, ки барои дарёфти ҷои кор занон имкониятҳои маҳдуд доранд: 46,6 фоизи занон хонашин, 20,5 фоиз нафақахӯр ва 19,3 фоизи занон ҳамчун бекор қайд шудаанд.10 е) Гурӯҳҳои осебпазир Гузаронидани таҳқиқот дар ҷамоатҳо имконияти муайян кардани гурӯҳҳои асосии осебпазир дар байни ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта фароҳам овард : оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд; оилаҳои дорои як сардори оила, бахусус оилаҳое, ки занон сардори оилаанд; оилаҳои деҳот, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул нестанд ; калонсолон ва маъюбоне, ки бо оилаҳо зиндагӣ мекунанд; оилаҳое, ки асосан машғули чарронидани мол мебошанд; аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ё коллективӣ, ки машғули парвариши пахтаанд; ва хонаводаҳое, ки дар он якчанд оила зиндагӣ мекунад. Аммо, маълумоти таҳқиқот имконият дод танҳо арзёбии гурӯҳи аввали осебпазир – оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд – тақрибан 14 фоиз аз шумораи умумии хонаводаҳо, гузаронида шавад. Маълумот оид ба дигар категорияҳо пешниҳод нашуд, гарчанд дар байни аъзоёни 50 фоизи хонаводаҳои зикршуда ашхоси аз лиҳози моддӣ вобаста, маъюбон ва беморон вуҷуд доранд.11 i) Оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд – Таҳқиқоти ҷамоатҳо нишон дод, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ оилаҳои калон дар вазъияти мушкилтар қарор доштанд, азбаски модар дар чунин оила одатан дар ягон ҷо кор намекунад, падар бошад имконияти қонеъ намудани тамоми талаботи оиларо надорад. Дар натиҷаи таҳқиқот инчунин маълум 9 Ҷадвали 19, ҳамон ҷо. 10 Ҷадвали 10, ҳамон ҷо. 11 Ҷадвали 9, ҳамон ҷо. 22 гашт, ки дар хонаводаҳои калон сатҳи фаъолияти иқтисодӣ пасттар аст, сатҳи бекорӣ бошад нисбат ба дигар хонаводаҳо ду баробар баланд мебошад. Дараҷаи баланди осебпазирии оилаҳои калон дар бозори меҳнат метавонад бо сатҳи нисбатан пасти маълумотнокии онҳо ва набудани малакаҳои тахассусӣ маънидод гардад. Тасдиқи он - фоизи баланди коргарон аз чунин оилаҳо, ки машғули мардикорӣ буда маоши ночиз мегиранд, мебошад. Чунин оилаҳо аз фаъолияти мустақил, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ метавонистанд фоидаи калон ба даст оваранд. ii) Оилаҳои дорои як сардори оила, бахусус оилаҳое, ки дар онҳо занон садори оилаанд – Бӯҳрони иқтисодӣ ва сатҳи баланди муҳоҷират ба вазъияти аксарияти оилаҳо таъсири ҷиддӣ расонид. Оилаҳои дорои як сардори оила – мард – хеле кам вомехӯрданд, зеро одатан мардон боз издивоҷ мекунанд. Дар аксари оилаҳо аз сабаби муҳоҷират (шавҳар дар хориҷа кор мекунад) ва дар натиҷаи ҷудо шудан ё марги шавҳар сардори оила зан буд. Дар воқеъ гурӯҳи аввалро метавон ҳамчун осебпазир ҳисоб накард, азбаски чунин оилаҳо аз аъзоёни оила (мардон), ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, маблағи пулӣ мегирифтанд. Гурӯҳи охирини оилаҳои зикршуда хеле осебпазир боқӣ мондааст . Сатҳи баланди бекорӣ дар байни занон ва дастрасии маҳдуд ба муассисаҳои асосӣ, ки метавонистанд дар пайдо намудани кор (маълумот, тайёрии тахассусӣ, рушди малакаҳо) мусоидат намоянд дар якҷоягӣ бо масъулияти тарбияи фарзандон бори вазнин бар дӯши занон буд. [Бояд қайд намуд, ки духтаронро дар ноҳияҳои деҳот аз писарбаччагон дида камтар ба мактаб барои таҳсил мефиристанд ва теъдоди хеле ками онҳо соҳиби маълумоти пурраи миёна мешавад]. Чунин оилаҳо бо модарони танҳо чунин стратегияҳои зиндамониро ба монанди парвариши сабзавот дар замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати ба даст овардани даромад касб кардаанд ва аз кӯмаки дигарон истифода мебаранд. Таҳқиқот имконияти мушоҳидаи чунин тамоюлро дод: занони сардори оилаҳои камбизоат майли маҳдуд намудани хароҷоти худро доранд ва чизе ки хоси занон аст, қобилияти «бо андак қаноат кардан» (масалан хӯрок, либос, муносибатҳои иҷтимоӣ), яъне қурбонӣ кардани худ ба хотири фарзандон, арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои таҳқиқон инчунин нишон доданд, ки модарони танҳо, ки саробони ягонаи оила мебошанд аз тарафи хешу табор ва дӯстон хеле кам дастгирӣ мешуданд. Бо вуҷуди ин, онҳо аз дастгирии давлат бархӯрдор буданд, масалан тавассути пешниҳоди маблағ ва манзили истиқомат, имтиёз ва кӯмакпулиҳо . iii) Оилаҳое, ки машғули кишоварзӣ нестанд – Таҳқиқот нишон дод, ки чунин оилаҳо аз сабаби паст будани маош, мардикорӣ ва таҷрибаи васеи шуғли нопурра осебпазир мебошанд. iv) Калонсолон ва маъюбон – Натиҷаҳои таҳқиқот дар ҷамоатҳо муқаррар намуданд, ки калонсолон ва маъюбон дучори як қатор мушкилот мегарданд : набудани хизматрасониҳои тахассусӣ дар деҳот, масалан аз тарафи духтурон, равоншиносон, мавҷудияти шумораи маҳдуди сарчашмаҳои кӯмаки давлатӣ ва хусусӣ ; имкониятҳои ниҳоят маҳдуди дарёфти ҷои кор, ки боиси вобастагии моддӣ/мушкилот мегарданд ; мавҷуд набудани кӯмаки тиббию санитарии дахлдор ва норасоии ғизо. v) Оилаҳое, ки асосан машғули чарронидани чорво мебошанд – Чунин оилаҳо осебпазир эътироф шуданд, зеро онҳо аксари вақт аз нуқтаҳои аҳолинишин дур зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ ба хизматрасониҳои асосӣ ба монанди тандурустӣ ва маълумот дастрасии маҳдуд доранд. Ин дар навбати худ ба дуршавии иҷтимоӣ, маҳдудияти имкониятҳо ва бекорӣ/шуғли нопурра оварда мерасонад. Маоши паст ва шароитҳои бади зиндагӣ низ боиси нигаронӣ мебошад. 23 vi) Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ/коллективӣ, ки ба парвариши пахта машғуланд – Ин одамон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешавад, зеро даромади онҳо ба пуррагӣ аз истеҳсоли пахта вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, онҳо дучори хавфи алоқаманд бо тағйирёбии (пастравии) нархи пахта мегарданд. Дар сурати тағйир ёфтани нархи пахта, баъзе аз онҳо муфлис, бекор ва ҳатто бехона мешаванд. vii) Хонаводаҳое, ки дар онҳо якчанд оила зиндагӣ мекунанд – Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки хонаводаҳои иборат аз якчанд оила одатан аз намояндагони якчанд насл буданд, ки аз рӯи урфу одат, ё бо сабаҳои иқтисодӣ (набудани имконият барои харидани хонаи алоҳида) якҷоя дар оилаи калон зиндагӣ мекунанд. Ин гурӯҳи аҳолӣ осебпазир эътироф шудааст, зеро дар аксари ҳолатҳо онҳо бо сатҳи пасти маълумот зиндагонии патриархалӣ ва ақибмонда дошта синфи камбизоати иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Ғайр аз ин онҳо аз норасоии замин, об ва дигар захираҳо танқисӣ мекашанд. 2.2 ТАЪСИРИ ЛОИҲА 2.2.1 Методология Чӣ тавре ки дар боло зикр шудааст лоиҳаи CASA-1000 аз ХИБ 500 кВ бо дарозии умумии 477 км иборат аст, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти ҷануб ба Тоҷикистон кашида мешавад. Аз дарозии умумии хати интиқоли барқ 452 км аз Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад. Умуман масири ХИБ минтақаҳои камаҳолиро убур намуда тавассути се вилояти ҷанубӣ Ҷалолобод, Ош ва Бодканд мегузарад. Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 ба ноҳияҳои минтақаи лоиҳа дар Қирғизистон асосан дар АТЭИ ва НЧҲМЗТИ лоиҳаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии интиқоли нерӯи барқ (CASA 1000): Ҳисобот оид ба омодасозии асосноккунии техникӣ –иқтисодии, аз ҷониби ширкати «Integrated Environments Ltd» пешниҳодшуда асос меёбад. АТЭИ зарурати омодасозии харитаҳои махсус бо истифода аз аксҳои нав, ки бо кӯмаки моҳвора ба даст оварданд ба миён овард. Он аксҳо барои инъикос намудани масоили мушаххаси экологӣ ва иҷтимоӣ, ки боиси нигаронӣ шудаанд ва ҳалли худро талаб мекунанд, инчунин чораҳои кам намудани таъсири манфии лоиҳа, ки бояд дар тамоми масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 амалӣ гарданд, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ҳамаи дигар кишварҳои ба лоиҳа ҷалбшуда тадқиқоти саҳроӣ гузаронида шуданд, аммо дар Ҷумҳурии Қирғизистон тадқиқоти фарогири саҳроии банақшагирифташуда ба анҷом расонида нашуд, моҳи октябри соли 2008 бошад танҳо тадқиқоти муқаддамотии саҳроӣ гузаронида шуд. Ҳамин тавр, АТЭИ қариб ки ба пуррагӣ аз мавҷуд будани харитаҳо бо қайди иншооти экологӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати ҳаммарказонии масири ХИБ вобаста хоҳад буд. Бо вуҷуди он ки аз як тараф ин ба даст овардани натиҷаи беҳтаринро кафолат намедиҳад, аз тарафи дигар аҳолии парокандаи қад-қади масири хати интиқоли барқ имкон медиҳад тахмин карда шавад, ки натиҷаҳои АТЭИ бештар дақиқ хоҳанд буд. 2.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири ХИБ Дар Ҷадвали 1 тасвири муфассали хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир дар тӯли хати пешниҳодшудани интиқоли барқ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад, оварда шудааст. 24 Ҷадвали 1: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Харитаи Тасвири хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа ҳаммарка зонии масир (AS) AS-003 Таъсир намерасонад AS-004 Масири пешниҳодшудаи ХИБ Сирдарёро убур намуда аз ҳудуди ҷамоатҳои кишоварзӣ мегузарад. Масири ХИБ чанд маротиба дарёчаҳои хурдро дар ин маҳал убур менамояд. Ғайр аз ин, дар наздикии масири хат заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори ҷамъиятӣ, ки воқеъ дар долони таъсири лоиҳа (ДТЛ) мебошанд, ҷойгиранд. ДТЛ аз роҳҳои иловагӣ ва шабакаи асосии роҳи оҳан мегузарад. AS-005 Таъсир намерасонад AS-006 Таъсир намерасонад AS-007 Масири пешниҳодшудаи ХИБ Сирдарёро дар наздикии нуқтаи аҳолинишини Коргон убур менамояд. Коргон ин деҳаест, ки дар вилояти Ҷалолобод ҷойгир шудааст. Тақрибан дар масофаи 15 км дар қисмати шимолу шарқии Коргон кони санг мавҷуд аст. ДТЛ рӯдҳо, инфрасохтори ҷамъиятӣ, роҳҳо ва минтақаҳои сабзпӯшро фаро мегирад. AS-008 Масири пешниҳодшудаи ХИБ минтақаи наздикӯҳӣ ва майдонҳои замини корамро убур мекунад. Ба самти ғарб аз Сирдарё нуқтаҳои хурди аҳолинишин ҷойгир шудаанд. AS-009 Шаҳри Шодимир (вилояти Бодканд) дар масофаи 2 км дар қисмати шимолии аз масири пешниҳодшудаи ХИБ ҷойгир шудааст; пас аз он масири ХИБ аз заминҳои кишт ва шаҳри Раят мегузарад. AS-010 Дар баробари ДТЛ дарёи калон ва роҳи мошингард мегузарад. AS-011 Дар баробари ДТЛ дарёи калон мегузарад. AS-012 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз заминҳои кишоварзӣ мегузарад: дар ин минтақа аҳолӣ асосан бо рӯёнидани биринҷ машғул аст. AS-013 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз заминҳои давлатӣ мегузарад ва ба намуди истифодаи замин халал намерасонад. Шаҳри Булакбаши (вилояти Бодканд) дар қисмати ҷанубии ДТЛ дар масофаи 1,5 км ҷойгир шудааст. Дар масофаи 600 м дар қисмати шимолии ДТЛ шаҳри Субаш ҷойгир аст. AS-014 Таъсир намерасонад AS-015 Таъсир намерасонад AS-016 Ба намудҳои истифодаи замин заминҳои азхудкарданашуда ва киштшаванда дохил мешаванд, зеро замин аз ҷониби давлат ва ҷамоатҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ истифода мешавад. AS-017 Ба намуди замин дар масири пешниҳодшудаи ХИБ заминҳои азхудкарданашуда, роҳҳо ва заминҳои киштшаванда дохил мешавад; дар ин ҷо инфрасохтори ҷамъиятӣ низ ҷойгир шудааст. Масири ХИБ аз ҳудуди шаҳри Газ мегузарад. AS-018 Таъсир намерасонад AS-019 Таъсир намерасонад AS-020 Шаҳри Ҳайдаркан дар масофаи 2 км дар қисмати шимолии ДТЛ ҷойгир шудааст. Аз сабаби доштани фурӯдгоҳ ва массивҳои истиқомати худи шаҳр ба шаҳрак монанд аст. AS-021 Таъсир намерасонад AS-022 Таъсир намерасонад 25 AS-023 Таъсир намерасонад AS-024 Масири пешниҳодшудаи ХИБ ҳудуди ҷамоати Қизил Булоқ дорои аҳолии 2,932 нафар (ноҳияи Ноокат, вилояти Ош) мегузарад; ҷамоат дар наздикии системаи асосии дарёӣ ҷойгир шудааст. AS-025 Ҷамоатҳо дар масофаи 0,5 км дар қисмати ҷанубии ДТЛ ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо чор намуди замин мавҷуд аст: заминҳои азхудкарданашуда, заминҳои киштшаванда, роҳ ва инфрасохтори ҷамъиятӣ. AS-026 Масири пешниҳодшудаи ХИБ дар наздикии заминҳои кишоварзӣ мегузарад. Қад-қади ДТЛ нуқтаи гузаштани рӯдҳо ва иншооти хурди инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷойгир шудаанд. AS-027 Ба намудҳои замин заминҳои азхудкарданашуда, заминҳои киштшаванда, роҳ ва инфрасохтори алоқаманди ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Шаҳри Уч-қӯрғон (вилояти Бодканд) дар масофаи 8 км ҷанубу–ғарбии ДТЛ ҷойгир шудааст; он дар минтақаи хушманзара дар соҳили дарёи Исфайран ҷойгир шудааст; шумораи аҳолӣ зиёда аз 11,000 нафар мебошад, аз ин лиҳоз калонтарин нуқтаи аҳолинишини вилоят ба шумор меравад. Дарёи Исфайран деҳоти ҳамсояро бо об таъмин мекунад, ки барои обёрӣ истифода мешавад. Деҳаи Чаувай дар масофаи 1,5 км ҷанубу –шарқии ДТЛ ҷойгир шудааст. Дар он шабакаи хуби роҳҳои иловагӣ ҷойгир аст ва яке аз роҳҳои автомобилгард аз ДТЛ мегузарад. AS-028 Шаҳри Авлиё дар масофаи 1,3 км аз ДТЛ ҷойгир аст. Дар ин ҷо се намуди замин мавҷуд аст: заминҳои азхудкарданашуда, заминҳои киштшаванда ва инфрасохтори ҷамъиятӣ. Рӯди калон аз шаҳри Аулие ва масири пешниҳодшудаи ХИБ мегузарад. AS-029 Масири пешниҳодшудаи ХИБ майдони калони заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори алоқаманди ҷамъиятиро убур менамояд. ДТЛ аз деҳаи Абшир Сай ва дарёи Абшир Сай дар вилояти Ош мегузарад. Заминҳои киштшаванда намуди асосии истифодаи замин ба ҳисоб меравад. AS-030 Масири пешниҳодшудаи ХИБ роҳи автомобилгарди ҷанубии Қирғизро (Ош) дар наздикии деҳаи Бел, ки дар ноҳияи Ноокати Қирғизистон ҷойгир аст, мегузарад. Дар наздикии он қабристон ҷойгир шудааст. Инфрасохтори ҷамъиятӣ дар ҳар ду тарафи долони таъсири лоиҳа, ки бо роҳи автомобилгарди Ҷанубии Қирғиз ҷудо шудааст, ҷойгир мебошад. AS-031 Заминҳои киштшаванда ва инфрасохтори алоқаманд дар наздикии ДТЛ ҷойгиранд. Шаҳри Ноокат дар масофаи 3 км ҷанубу –шарқии масири пешниҳодшудаи ХИБ ҷойгир шудаанд. Ноокат – яке аз ҷавонтарин шаҳрҳоест, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Қирғизистон ҷойгир шуда дорои инфрасохтори рушдёфта, марказҳои савдо, муассисаҳои тиббӣ ва давлатӣ мебошад. AS-032 Дар ин ноҳия ҷамоатҳо ва рӯдҳо ҷойгир шудаанд. ДТЛ майдони калони заминҳои кишоварзӣ ва системаи бузурги дарёиро убур мекунад. Шаҳри Учбай дар масофаи 1,2 км ҷануби ДТЛ дар вилояти Ош ҷойгир шудааст. Роҳи Ош аз шаҳри Учбай ва ДТЛ мегузарад. AS-033 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз водии Акбур убур мекунад. Шаҳри Ош дар масофаи 4 км дар шимолу ғарби водии Акбур ҷойгир шудааст. Ош дуввумин шаҳри калонтарин дар Қирғизистон, ки аксари вақт «пойтахти ҷанубӣ» хонда мешавад, ба ҳисоб меравад. AS-034 Таъсир намерасонад AS-035 Таъсир намерасонад AS-036 Масири пешниҳодшудаи ХИБ роҳи автомобилгарди M41 ва дарёи Каратайро убур менамояд, шаҳри Каратай бошад дар наздикӣ ҷойгир шудааст. Дар наздикии дарё ҷамоатҳои хурд ҷойгир шудаанд. AS-037 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз ҳудуди ҷамоати Кайнар мегузарад, он заминҳои киштшаванда ва инфрасохтори алоқаманди ҷамъиятӣ, ки дар ин маҳал ҷойгир шудаанд, убур мекунад. 26 AS-038 Шаҳри Ленинский дар дохили ДТЛ ҷойгир шудааст. Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз майдони калони заминҳои киштшаванда ва инфрасохтори алоқаманд мегузарад. AS-039 Масири пешниҳодшудаи ХИБ ба ҳудуди шаҳри Узген медарояд, ки он дар қисмати шимолу шарқии ДТЛ ҷойгир шудааст. Узген маркази ноҳияи Узгени вилояти Ош мебошад. Ин шаҳрест бо ҳаҷми миёна, ки дар он бозорҳо, корхонаҳои хизматрасонӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд, ки ба ноҳияҳои ҳамсояи кишоварзӣ хизмат мерасонанд. Масири пешниҳодшудаи ХИБ дарёи Кар –Дарё ва майдони васеи заминҳои кишоварзиро убур мекунад. Хонаҳои сокинони ҷамоат дар соҳили дарё ҷойгир шудаанд. AS-040 Масири пешниҳодшудаи ХИБ заминҳои киштшаванда ва бори дигар Кар- Дарёро убур мекунад. AS-041 ДТЛ аз ҳудуди шаҳри Ҷалолобод, ки маркази маъмурӣ ва иқтисодии вилояти Ҷалолобод мебошад, мегузарад; теъдоди аҳолии шаҳр 150,000 нафарро ташкил медиҳад. Ҷалолобод дар қисмати шимолу шарқии водии Фарғона қад- қади водии дарёи Кугарт ҷойгир шудааст. Заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои сокинони ҷамоат дар соҳили дарёи Кугарт ҷойгир шудаанд. AS-042 Масири пешниҳодшудаи ХИБ заминҳои киштшаванда ва инфрасохтори алоқаманди ҷамъиятиро дар водии дарёи Кугарт мегузарад. AS-043 Таъсир намерасонад Тавре ки дар Ҷадвали 1 дида мешавад, масири пешниҳодшудаи хати интиқоли барқ асосан тавассути маҳалҳои камаҳолӣ мегузарад. Дар тӯли масири иборат аз 452 км, ХИБ аз паҳлӯи камтар аз 24 шаҳрак/деҳот мегузарад. Объекти асосии таъсири дарозмуддати лоиҳаи CASA-1000 заминҳои киштшаванда хоҳанд буд. Дар баробари ин, дар марҳилаи сохтмон лоиҳа метавонад ба зиндагии сокинони нуқтаҳои аҳолинишин халал расонад, масалан бо эҷоди мушкилӣ дар амалӣ намудани корҳои кишоварзӣ бо маҳдудкунии дастрасӣ ба роҳҳо ва ғ. Аммо, аз нуқтаи назари зарурати кӯчонидани аҳолӣ ё ҳатто ба даст овардани заминҳо таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа ночиз хоҳад буд. 2.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоӣ Интизор меравад, ки таъсири лоиҳаи CASA-1000 ба аҳолӣ ва ҷамоатҳои дар долони таъсири лоиҳа (ТДЛ) дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгиршуда минималӣ хоҳад буд. Таъсири умумии лоиҳа чунин хоҳад буд: а) Ба даст овардани замин Дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур зарурати барои муддати дароз нахоҳад буд ба даст овардани замин, азбаски заминҳои гирду атрофи манораҳои хати интиқоли барқ метавонанд минбаъд барои шуғли кишоварзӣ истифода шаванд. Барои бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ барои ташкилотҳои пудратчӣ майдони замини иборат аз 2,500 м2 лозим хоҳад омад. Зарурати ба даст овардани замин, ки барои кӯчонидани хонаҳо ба миён меояд, танҳо баъди муайян намудани хати марказӣ/меҳварии ХИБ, шумораи аниқи хонаҳое, ки дар зери таъсири лоиҳа қарор мегиранд, маълум мегардад. Муваққатан ба даст овардани замин метавонад бо мақсади зерин зарур ояд:  Бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ ва биноҳои зарурӣ барои пудрадчиён, масалан анбор, устохона, ҷой барои нигоҳ доштан ва шустушӯи техника ва ғ.;  Сохтмони роҳҳои иловагӣ барои ҳамлу нақли бор ва ғ. (истифодаи муваққатии замин метавонад ба маҳсулнокии замин дар оянда осеб расонад); 27  Бунёди лагерҳои хаймагӣ. Интизор меравад, ки дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои кам намудани таъсири эҳтимолии манфии лоиҳа, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ) ва Нақшаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ (НБЗКА) (нигаред ба Замимаҳо) пешниҳод мегарданд, таъсири муваққатан ба даст овардани замин ночиз хоҳад буд. б) Инфрасохтори ҷамъиятӣ Марҳилаи сохтмони лоиҳаи пешниҳодшуда метавонад ба инфрасохтори дар заминҳои барои ХИБ ҷудошуда осеб расонад. Оқибатҳои эҳтимолии таъсири лоиҳа ба инфрасохтори мавҷуда инҳо мебошанд:  Чорраҳаҳо: ҳангоми кашидани хат метавонанд маҳдудиятҳои муваққатӣ барои ҳаракати нақлиёӣ эҷод гарданд. Аммо, дар ҳолати риояи мувофиқи меъёр ва қоидаҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва танзими ҳаракат дар кӯча, ягон таъсири назаррас ба роҳҳои мавҷуда ё ҳаракат дар марҳилаи сохтмони лоиҳаи мазкур пешбинӣ намешавад; ва  Хати интиқоли барқ: долони таъсири лоиҳа убури ХИБ-и мавҷудбударо пешбинӣ намекунад. Усулҳои дахлдори сохтмон ва чораҳои кам намудани таъсири манфӣ, ки дар поён оварда шудаанд имкон медиҳанд эҳтимолияти ҳамагуна таъсири назаррас дар рафти сохтмон аз байн бурда шавад . Дар рафти татбиқи ин марҳилаи лоиҳа ягон таъсири назаррас ба хатҳои мавҷудаи интиқоли барқ пешбинӣ намегардад. Бо вуҷуди ин, ки баъзе аз иншооти инфрасохтори ҷамъиятӣ ба монанди симчӯбҳои барқ метавонанд дар рафти сохтмони ХИБ-и пешниҳодшуда ба дигар ҷо кӯчонида шаванд ва ин дар ҳолатҳои истисноӣ ва хеле кам ба амал меояд. Қарори ниҳоӣ оид ба зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти инфрасохтор танҳо баъди аниқ намудани макони ҷойгирҳавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ дар марҳилаи охирини тарҳрезии лоиҳа қабул мегардад. в) Зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтҳо Дар марҳилаи сохтмони пойдевори симчӯбҳои хати интиқоли барқ ва таранг кашидаи симҳо ба зироатҳои кишоварзӣ метавонад осеб расонида шавад. Аммо ҳаҷми зарар аз макони ҷойгиршавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ ва инчунин аз фасли сол, ки дар давоми он корҳои мазкур иҷро мегарданд, вобаста хоҳад буд. г) Саломатӣ ва амният Партовҳои сохтмонӣ метавонанд боиси пайдошавии мушкилоти ночиз ва ҷиддии алоқаманд бо саломатии сохтмончиён хоҳад гашт. Дар сурати амалӣ намудани чораҳои кам намудани таъсири эҳтимолӣ ва тадбирҳои таъмини амният дар рафти сохтмон ягон осеби ҷиддӣ ба саломатии мардум нахоҳад расид. д) Аҳолии минтақаи лоиҳа 28 Зиччии аҳолӣ дар долони таъсири лоиҳа (ДТЛ) кам мебошад, аз ин рӯ алоқа байни қувваи кории лоиҳа ва аҳолии маҳаллӣ хеле кам хоҳад буд. Аҳолии таҳҷоӣ дар ДТЛ истиқомат намекунад ва дар рафти ҳаммарказонии масир ва васли манораҳои ХИБ таъсир ба макони зисти аҳолии маҳаллӣ расонида намешавад. Масъалаҳои алоқаманд бо робитаҳои аҳолии маҳаллӣ бо қувваи корӣ бояд ба осонӣ ҳалли худро ёбанд. Дараҷаи робита ва аҳамияти оқибатҳои таъсири эҳтимолии лоиҳа ба ҷамоатҳои маҳаллӣ ва қувваи корӣ дар давоми сохтмон метавонанд танҳо баъди муайян намудани макони ҷойгиршавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ, усулҳои сохтмон ва қувваи корие, ки барои иҷрои ин кор ҷалб мегардад, арзёбӣ хоҳанд шуд. е) Сарчашмаҳои даромад Ба аҳолии маҳаллӣ имконияти кор бо пудратчӣ пешниҳод мегардад ; то ҳадди имкон дар доираи лоиҳа молу хизматрасониҳои маҳаллӣ истифода бурда мешаванд, аз ин рӯ интизор меравад, ки лоиҳа ба сатҳи шуғл ва даромади аҳолии маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонад. 2.3 НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ 2.3.1 Чораҳо ҷиҳати кам намудани таъсири татбиқи лоиҳа Тавре ки дар боло қайд шуда буд, таъсири иҷтимоии худи лоиҳа аз рӯи тахминҳо ночиз хоҳад буд: зарурати ба даст овардани замин барои муддати дароз нахоҳад буд ё дар ҳаҷми хурд лозим хоҳад омад; замин муваққатан ба даст оварда мешавад; дар реҷаи истифодабарии инфрасохтор (масалан роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ) эҳтимол аст, ки халал расонида шавад; иҷрои корҳои сохтмонӣ ба баъзе зироатҳои кишоварзӣ мумкин осеб расонад. Таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа ночиз ва асосан муваққатӣ хоҳад буд . Дар ин робита чораҳои зерин оид ба кам кардани таъсири лоиҳа метавонанд андешида шаванд: а) Марҳилаи тарҳрезӣ  Ҳаммарказонии масири хати интиқоли барқро метавон бо осонӣ тавре амалӣ намуд, ки ба нуқтаҳои аҳолинишини дар қарибии долони таъсири лоиҳа дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгиршуда таъсир расонида нашавад;  Таъмини хилват масъалаи муҳим барои аҳолии минтақаи лоиҳа мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми интихоби варианти ниҳоии ҳаммарказонии масири ХИБ бояд фаъолияти иқтисодӣ ва урфу одатҳои аҳолии маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад;  Лоиҳа меавонад бо осонӣ масири ХИБ-ро тавре кашад, ки ба шумораи камтарини дарахтҳо, ки дар зиндагии аҳолии ин минтақа аҳамияти калон доранд, осеб расонад;  Масири хати интиқоли барқро метавон ба осонӣ аз паҳлӯи мактабҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин гузаронид;  Барои пешгирӣ намудани кӯчонидани аҳолӣ/иншоот ва ба қадри имкон зиёд намудани масофа байни хати интиқоли барқ ва иншоотҳои мавҷудаи асосӣ талош намудан зарур аст. 29 б) Марҳилаи омодасозии корҳои сохтмонӣ  То ишғол намудани замин аз тарафи пудрадчӣ ба аҳолии маҳаллии дахлдор ҷубронпулӣ бояд дода шавад;  Дар ҳолати зарурати кӯчонидан ё вайрон кардани иншоот, то оғози сохтмон ҷубронпулиҳои дахлдор бояд муҳокима ва пардохт карда шавад;  Дар робита бо зироатҳои кишоварзӣ ва замини сермаҳсул тартиби ягона бояд мавриди истифода қарор дода шавад. в) Марҳилаи сохтмон  Ҷиҳати пешгирии низоъ/баҳс бо аҳолии маҳаллӣ, кормандони лоиҳа ва пудратчиҳо, инчунин фаъолияти онҳо бояд дар ҳудуди майдони аниқ муайяншудаи сохтмон қарор дошта бошанд/амалӣ гардад;  Пудратчӣ истифодаи маводҳоро дар ҳудуди минтақаҳои аниқ муайяншуда бояд таъмин намояд;  Қоидаҳои рафтор барои коргарон бояд муайян карда шуда риояи онҳо таъмин гардад;  Чораҳо ҷиҳати паст намудани сатҳи садо ва назорати чанг бояд андешида шаванд;  Пудрадчӣ бояд ба меъёрҳои маҳаллии рафтор ва урфу одат эҳтиром гузорад ва риоя кунад;  Пудрадчӣ бояд ба занҳои маҳаллӣ эҳтиром гузорад ва ба хилвати онҳо халал нарасонад. 2.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ Чораҳои дар боло зикргардида имконияти кам намудани таъсири лоиҳа ба ҷамоатҳои маҳаллӣ, яъне таъсири иҷтимоӣ дар натиҷаи тарҳрезӣ ва сохтмон фароҳам меоварад. Бо вуҷуди ин, дар рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ бояд равиши васеътар мавриди истифода қарор дода шавад. Ин бо сабабҳои зерин дорои аҳамияти калон мебошад: Якум, ҷамоатҳои маҳаллӣ наметавонанд новобаста аз он ки хати барқ аз паҳлӯи онҳо мегузарад нерӯи барқро бевосита аз хати интиқоли барқ гиранд, зеро хати барқ баландшиддат хоҳад буд. Тавре ки дар боло зикр гардид, мавҷуд набудани таъминоти устувори барқ, бахусус дар фасли зимистон, мушкилии ҷиддии минтақа эътироф шудааст. Набудани имконияти гирифтани нерӯи барқ аз хати баландшиддат метавонад боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ гардад. Дуввум, новобаста аз он ки то кадом дараҷа хурд аст, ҷамоатҳои қад -қади масири ХИБ ҷойгиршуда таъсири манфии лоиҳаро эҳсос мекунанд. Дар баробари ин, аз татбиқи лоиҳа аҳолие манфиат мебардорад, ки макони зисташон дуртар аст (дар Афғонистон ва Покистон) ва дар натиҷаи кашидани хати интиқоли барқ ба зиндагии онҳо ягон халал ё ташвиш расонида намешавад. Дар ин ҳолат масъалаи таъмини адолат/баробарӣ байни онҳое, ки бевосита дар минтақаи сохтмон истиқомат мекунанд, аммо наметавонанд манфиати бевосита аз сохтмони ин ХИБ бардоранд (дар баробари ин музоҳим мегарданд) ва қисми зиёди ҷамоат, ки ба он сохтмони ХИБ фоидаи зиёдеро меоварад, ба миён меояд. Агар барои ҳалли мушкилоти алоқаманд бо таъмини баробарӣ ва адолат чораҳо андешида нашаванд, он боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ мегардад, ки дар навбати худ метавонад ба татбиқи лоиҳа ва билохир ба кори ХИБ дар оянда асар гузорад. 30 Сеюм, бо мақсади кам намудани хавфҳои алоқаманд бо ҳадафи худ қарор додани лоиҳа аз тарафи шахсони сеюм, таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи мазкур хеле муҳим аст. Бо дарназардошти ҳамаи ин далелҳо, ба он ки чӣ гуна метавон аҳолии маҳаллиро воқеан ҳавасманд гардонид, аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод. Ҷамоатҳои маҳаллӣ бояд дар татбиқи лоиҳа ба «шарикони калидӣ» табдил дода шаванд ва ба муваффақият ҳавасманд бошанд. 2.3.3 Фикру андешаҳои ҷамоатҳои зери таъсири лоиҳа қарордошта Дар рафти таҳқиқоти ҷамоатҳо машваратҳо (дар гурӯҳҳо) бо сокинони ҷамоатҳои маҳаллии се вилояти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки лоиҳа таъсири худро мерасонад, гузаронида шуданд. Дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ мардон ва занони аъзои ҷамоат иштирок доштанд. Машваратҳои бо сокинони маҳалҳо гузаронидашуда муайян намуданд, ки аҳолии маҳаллӣ дар бораи лоиҳаи CASA-1000 қариб ки ҳеҷ чиз намедонанд, аммо замоне ки аз ҳадафу вазифаҳои лоиҳа воқиф шуданд нигарониҳо ва интизориҳои худро дақиқ баён намуданд. Мушкилоти аз ҳама ҷиддии аз тарафи ҷамоатҳо баёншуда таъминоти беэътимоди нерӯи барқ дар фасли зимистон буд: аҳолӣ мехоҳад, ки таъминоти боэътимод ва мунтазами нерӯи барқ дошта бошад. Дигар мушкилоти муҳим набудани оби тозаи ошомиданӣ ва системаҳои ирригатсионӣ буд. Дар байни дигар нигарониҳои аз ҷониби сокинони маҳалҳо қайдшуда таъмир ва барқарорсозии роҳҳо дар деҳот, фароҳам овардани имконияти шуғл ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо, аз он ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва маориф буданд. Дар охир аҳолии маҳаллӣ зарурати истифодаи коргарони маҳаллиро дар татбиқи лоиҳа қайд намуданд. Ғайр аз ин, аъзоёни ҷамоатро дар бораи омодагии онҳо дар саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳа пурсиданд. Ҳамаи онҳо омодагии худро дар саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳа изҳор намуданд, ки он дар шакли меҳнат ё мавод хоҳад буд. Онҳо усули анъанавии ҳашарро қайд намуданд. Ҳангоми ҳашар тамоми аҳолии деҳа дар барқарорсозӣ, сохтмон ё иҷрои ягон кор дастаҷамъона иштирок мекунад. 2.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Ҳадафи асосии консепсияи иштирок дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи CASA-1000, ки он дар навбати худ хавфҳои дар рафти сохтмон ва истифодаи лоиҳа дар оянда ба амал омадаро кам мекунад. Ин ба ҷамоатҳо имконият медиҳад то дар манфиате, ки лоиҳа меоварад ҳиссаи худро дошта бошанд. Тавре ки дар боло зикр гардид, сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ имконияти гирифтани барқро бевосита аз хати интиқоли барқ нахоҳанд дошт, зеро он хати баландшиддат хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, лоиҳа метавонад чорабиниҳои алоҳидаро дар самти рушд, ки аз онҳо аҳолии маҳаллӣ манфиат мебаранд, амалӣ намояд. Тибқи натиҷаҳои машваратҳо бо аҳолии маҳаллии дар минтақаи таъсири лоиҳа сукунатдошта, талаботҳои афзалиятноки зерин муайян карда шуданд:  Беҳтар намудани таъминоти барқ, бахусус дар фасли зимистон;  Паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути ташкили ҷойҳои нави корӣ ; 31  Беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ;  Вусъатдиҳии дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо (бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва маориф). Баромад аз доираи таъминоти нерӯи барқ ҷиҳати ҳалли дигар мушкилот/қонеъ намудани талаботи ҷамоатҳои маҳаллӣ бо дарназардошти алоқамандии зиччи норасоии нерӯи барқ, озуқаворӣ ва об низ муҳим аст. Ҳалли танҳо мушкилоти таъмини барқ дигар мушкилоти ҷиддии алоқаманд бо таъминоти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки монеи рушд мегарданд, бартараф нахоҳанд шуд . Аз ин рӯ, истифодаи равиши фарогир дар ҳалли ҳамаи масоили калидӣ дар соҳаи рушд зарур мебошад. Таҳқиқотҳои дар ҷамоатҳо гузаронида имконият доданд то якчанд варианти ҳалли ҳар як мушкилии дар боло қайдшуда муайян карда шавад. Ҳамаи онҳо мухтасар дар поён баён шудаанд (маълумоти пурра дар ҳисобот оид ба таҳқиқоти ҷамоатҳо ҷиҳати арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа оварда шудааст). а) Тадбирҳои таъмини устувори нерӯи барқ Яке аз вариантҳои таъминоти устувори нерӯи барқ барои ҷамоатҳои маҳаллӣ пешниҳоди генераторҳои дизелӣ метавонад буд. Азбаски нуқтаҳои аҳолинишин дар минтақаи таъсири лоиҳа парокандаанд, ин вариант нисбат ба кӯшиши пайваст намудани ин нуқтаҳои аҳолинишин ба системаи ягонаи барқ метавонист бештар қобили қабул бошад. Аммо, бо дарназардошти ҳамаи хароҷотҳои сармоягузорӣ, арзиши назарраси истифодабарӣ маълум мегардад, ки таъмини генераторҳо варианти муносиб намебошад. Дар баробари шабакаи умумии барқ истифодаи нерӯи офтоб тавассути насби дастгоҳҳои офтобии барқӣ (дар асоси панелҳои фотоэлектрикӣ) метавонад варианти боэътимоди таъмини барқ гардад. Дар муқоиса ба нархҳои афзоишёбандаи сӯзишворӣ, ки барои генераторҳо зарур аст, нархи дастгоҳҳои офтобии барқӣ дар баробари паҳншавӣ ва такмилёбии технологияи мазкур, мунтазам коҳиш ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, хароҷоти алоқаманд бо таъминоти ҳамаи хонаводаҳои минтақаи таъсири лоиҳа дар Ҷумҳурии Қирғизистон хеле назаррас боқӣ мемонанд. Варианти алтернативӣ дастрас намудани ин дастгоҳҳо ба хонаводаҳои бештар осебпазир ё танҳо дар деҳоти алоҳида метавонад бошад: аммо ҳар ду вариант наметавонанд ҳавасманд гардонидани аҳолии маҳаллиро ба лоиҳаи CASA-1000 таъмин намоянд. Варианти сеюм таъмини дастгоҳҳои офтобии барқиро ба муассисаҳои муҳимми ҷамъиятӣ, ба монанди мактабҳо ва дармонгоҳҳои деҳот пешбинӣ мекунад. Чунин муносибат имконият медиҳад то ҳамаи ҷамоатҳо аз лоиҳа (бевосита ё бавосита) баҳра баранд ва ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳа таъмин гардад. Таъмини дастгоҳҳои офтобии гармидиҳӣ, ки нерӯи офтобро барои гарм кардани об ва системаи гармидиҳӣ истифода мебаранд, метавонад чораи дигар бошад. Теъдоди таҷҳизоти барои чунин дастгоҳҳо зарурӣ (масалан, коллекторҳои офтобӣ, қубурҳо, зарфҳои бузург барои нигоҳдорӣ) метавонад зиёд бошад, ғайр аз ин барои насби дурусти таҷҳизот таҷрибаи калон ва тахассуси дахлдор зарур аст. Ба монанди нерӯи офтоб, таъмини дастгоҳҳои офтобӣ барои гарм кардани об/гармидиҳӣ танҳо барои муассисаҳои ҷамъиятӣ, ба монанди мактаб ва дармонгоҳҳо варианти қобили қабул метавонад бошад. Дигар бартарияти он ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии 32 маҳаллӣ ва истифодаи маводу хизматрасониҳои маҳаллӣ, ки ба афзоиши даромади сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли нерӯи барқ бо истофодаи бод, захираҳои геотермалӣ ва биомасса имкониятҳои хубро дар худ доранд, аммо бо дарназардошти шароитҳои кунунӣ ва сатҳи рушди технологияҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон он варианти муносиб намебошад. Варианти муносиб ва аз ҳама бештар қобили қабули «нерӯи алтернативӣ» бунёди системаҳои таъмини нерӯи барқ дар асоси микро нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва деҳот арзёбӣ мегардад. Аммо, ҳатто ин вариант маҳдудиятҳои худро дорад: ҳаҷми ҷараёни об дар дарёҳо асосан аз фасли сол вобаста аст ва дар моҳҳои зимистон, ки талабот ба нерӯи барқ бамаротиб меафзояд сатҳи он минималӣ мебошад. Бо мақсади муайян намудани усули беҳтарин оид ба истифодаи микро нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ дар ноҳияҳои таъсири лоиҳа гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ зарур мебошад. б) Чораҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Тавре ки дар қисми хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои таъсири лоиҳа қайд шуда буд, дар кишвар сатҳи рушд хеле паст ва сатҳи камбизоатӣ хеле баланд боқӣ мемонад, сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ бошад хеле маҳдуданд, ки аксарияти одамонро маҷбур месозад ба Федератсияи Россия бо мақсади дарёфти кор ба муҳоҷират раванд. Махсусан занҳо дар вазъияти ногувор қарор доранд, зеро бо дарназардошти имкониятҳои бе ин ҳам маҳдуди пулкоркунӣ, аксари вақт онҳо барои истифодаи он имкониятҳо донишу малакаи зарурӣ надоранд. Чораҳое, ки барои ҳалли ин масъалаҳо дар ҳисобот оид ба таҳқиқи хонаводаҳо пешниҳод мегарданд бунёдӣ марказҳои омӯзиши касбӣ барои занонро пешбинӣ мекунанд; дар он марказҳо занон на танҳо ҳисоби бухгалтерӣ, малакаҳои кор дар компютер, идоракунии соҳибкории хурд ва ғ. меомӯзанд, балки ба онҳо дар ёфтани ҷои кор кӯмак расонида мешавад. Ғайр аз ин, марказҳои мазкур занҳои нодортаринро бо фондҳои асосии истеҳсолӣ ҷиҳати ба даст овардани даромад таъмин хоҳанд намуд . Инчунин марказҳо метавонанд сатҳи умумии огоҳии занонро дар бораи ҳуқуқҳои худ баланд бардоранд. Ташаббуси ба ин монанд барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод мегардад . Дар марказҳои омӯзиши касбӣ барои муҳоҷирон омӯзиши таҷрибавӣ дар чунин соҳаҳо ташкил мегардад: хиштмонӣ, корҳои андовакунӣ, корҳои рангзанӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ. Чунин омӯзиш ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар пайдо намудани корҳои музднок кӯмак мерасонад. Ғайр аз ин, марказҳо метавонанд барои дарки беҳтари қонунгузории алоқаманд бо муҳоҷирати меҳнатӣ ва шиносоӣ ба ҳуқуқҳои худ масалан оид кӯмаки тиббӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ, ба муҳоҷирони меҳнати мусоидат намоянд. Пешниҳоди сеюм, ки бештар дар хусусияти аграрии зиндагӣ дар ҷамоатҳои минтақаҳои таъсири лоиҳа асос ёфтааст, бо рушди саноати хӯрока бо истифода аз маҳсулоти кишоварзӣ алоқаманд аст, масалан, тавассути ташкили комбинат ва сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ. Амалӣ намудани ин ташаббусҳо ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ҷиҳати афзоишдиҳии даромад аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди гӯшт, сабзавот, пахта ва шир, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ имконият фароҳам меоварад ва дар рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. 33 в) Лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ Норасоии оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун мушкилоти асосӣ барои саломатии аҳолии ҷамоатҳои минтақаи таъсирӣ лоиҳа эътироф шудааст, дар баробари ин норасоии оби ирригатсионӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ монеагӣ мекунад. Мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ метавонад тавассути амалӣ намудани барномаи ҷомеавии бунёди чоҳҳои қубурӣ ҳалли худро ёбад. Чунин лоиҳаҳо аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолии деҳот дар Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ гаштаанд. г) Дастрасии боэътимод ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ Дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, инчунин сифати онҳо дар минтақаҳои таъсири лоиҳа хеле маҳдуд арзёбӣ мегардад . Яке аз вариантҳои беҳсозии шароит, ки дар боло пешниҳод шуда буд, таъмини дастгоҳҳои офтобии барқӣ ва дастгоҳҳои офтобӣ барои гарм кардани об/системаҳои гармидиҳӣ дар муассисаҳои ҷамъиятӣ метавонад бошад. Дигар варианти нисбатан содда ва камарзиш, ки ба беҳтар шудани шароит мусоидат мекунад рӯйпуш намудани деворҳои бинои дармонгоҳҳо ва мактабҳо дар деҳот барои нигоҳ доштани гармӣ ба ҳисоб меравад. Ин намуди лоиҳаҳо аз ҷониби ТҒД (UNISON дар Ҷумҳурии Қирғизистон) бо муваффақият амалӣ гаштанд. Дар ҳисоботи таҳқиқоти ҷамоатҳо низ якчанд тавсия оид ба беҳтар намудани низоми идоракунӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимотӣ оварда шудаанд. Масалан, аз нав дида баромадани системаи омӯзонидани муаллимон бо мақсади мусоидат дар истифода бурдани усулҳои инноватсионӣ, муфид ва осон дар таълимӣ кӯдакон; алоқаманд намудани системаи омӯзиши касбӣ бо талабот дар бозори меҳнат. 2.3.5 Чораҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои дар боло тасвиршуда як қатор пешниҳодҳое мебошанд, ки ҳанӯз то ба охир такмил дода нашудаанд. Ин кор баъди муайян намудани ҷои гузаштани масири ХИБ ва гузаронидани машваратҳои иловагӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати муҳокимаи вариантҳои иштироки имконпазири ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа иҷро хоҳад шуд. Дар баробари ин, таҳияи чораҳои институтсионалӣ ҷиҳати амалӣ намудани пешниҳодҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа аҳамияти калон дорад. Ба он тадбирҳо инҳо дохил мешаванд:  Таъмини кафолати дақиқи ҳуқуқӣ/таҳияи базаи ҳуқуқӣ бо мақсади гузоштани замина барои татбиқи нақшаҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа;  Таъмини ягонагии каналҳо дар сатҳи миллӣ ва механизмҳои институтсионалӣ ҷиҳати коҳиш додани хароҷотҳои амалиётӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ;  Гузаронидани машварат бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таъмини механизми дахлдори институтсионалӣ;  Ҷорӣ намудани механизми самараноки муҳофизат аз идоракунии бесамари маблағҳои пулӣ ё тасарруфи ғайриқонунии онҳо;  Дастгирии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар рушди иқтидори зарурӣ дар самти банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳо; 34  Амалӣ намудани мониторинг аз ҷониби тарафи сеюм ҷиҳати таъмини шаффофият ва идоракунии самаранок;  Истифодаи самараноки таҷрибаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ТҒД ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи рушди иқтидор бо истифода аз дониши маҳаллӣ, ташкил ва табодули иттилоот, ки истифодаи механизмҳои таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа метавонанд мусоидат кунанд;  Ҳамоҳангсозии механизмҳое, ки ба иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак мусоидат мекунанд бахусус бо стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки на танҳо дастгирии сиёсиро таъмин мекунад, балки дар вусъатдиҳии миқёси татбиқи ин чорабиниҳо мусоидат хоҳад намуд. Дар ҳисоботи пурра оид ба таҳқиқоти хонаводаҳо ҳамаи чораҳои институтсионалӣ ба тарзи муфассал тасвир карда шудаанд. Ду чизро бояд махсусан қайд намуд: якум, зарурати таъмини иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ ҳам дар раванди қабули қарорҳо ва ҳам дар раванди татбиқи лоиҳаҳо тавассути намояндагони онҳо ё бевосита тавассути худи аъзоёни ҷамоатҳо; ва дуюм, аҳамияти ошкор намудани маълумот дар бораи лоиҳа ва махсусан дар бораи чорабиниҳое, ки ба ҷамоатҳо имкон медиҳанд дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа иштирок варзанд. 35 3. ТОҶИКИСТОН 3.1 ТАВСИФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ 3.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар Тоҷикистон дар шимол бо Қирғизистон, дар ғарб бо Ўзбекистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Хитой ҳамсарҳад буда, онро аз минтақаҳои Хайбар- Пахтунхва ва Гилгит-Балтистони Покистон долони танги Вахон ҷудо менамояд. Кишвар баромад ба баҳр надошта, қисми зиёди ҳудудаш аз кӯҳҳо иборат аст, инчунин кишвари хурдтарин ва бенавотарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. 7,3 миллион аҳолие, ки дар қаламрави кишвар умр ба сар мебаранд, асосан тоҷикон мебошанд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият аз Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991, Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандие, ки 5 сол идома ёфт, ба таври ҷиддӣ зарар дид. Пас аз хотимаи он, суботи сиёсӣ ва кӯмаки хориҷӣ барои рушди босуръати иқтисодии кишвар мусоидат намуданд. a) Низоми сиёсӣ Тоҷикистон расман ҷумҳурӣ бо сарварии перзидент (ки сарвазир ва Шӯрои вазиронро таъин мекунад) аз мақомоти қонунгузори аз ду палата (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) иборат мебошад. Кишвар аз якчанд вилояти маъмурӣ иборат аст: вилоятҳои Суғд, Хатлон, НТҶ (собиқ вилояти Қаротегин), Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе. Ҳар як вилоят ба ноҳияҳо тақсим мешавад, дар навбати худ ноҳияҳо ба мақомоти худидоракунӣ (ҷамоатҳо) ва нуқтаҳои аҳолинишин (деҳот) тақсим мешаванд. Аз рӯи маълумоти соли 2006, дар Тоҷикистон 58 ноҳия ва 367 ҷамоат арзи вуҷуд дошт. Тоҷикистон истиқлолиятро соли 1991 баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард. Пас аз он кишварро ҷанги шаҳрвандии байни гурӯҳҳои мухталиф, ки аз рӯи баъзе сарчашмаҳо аз ҷониби Россия ва Эрон дастгирӣ мешуданд, фаро гирифт. Аз шумораи умумии 400,000 русҳои этникӣ дар кишвар 25,000 нафар боқӣ монд; тақрибан100,000 нафар дар рафти амалиёти ҳарбӣ ҷони худро аз даст доданд ва 1,2 миллион нафар хонаҳои худро тарк намуданд. Оташбас танҳо соли 1995 ба даст омад ва соли 1997 Созишнома оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Тоҷикистон расман давлати демократӣ буда аз ҷониби як ҳизб – Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон, ки онро Президент Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад, идора карда мешавад; ӯ дар ин мансаб аз соли 1994 инҷониб ифои вазифа мекунад . Солҳои охир, ҳуҷуми гурӯҳҳои экстремистӣ ва болоравии милитаризми исломӣ дар қисмати шарқии кишвар боиси нигаронӣ шудааст. б) Иқтисодиёт Имрӯз Тоҷикистон кишвари бенавотарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ (аз ҳамаи собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ) ба ҳисоб меравад; дар ин кишвар сатҳи пасттарини ММД ба ҳар сари аҳолӣ мушоҳида мешавад. Аксарияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дучори мушкилоти иқтисодии алоқаманд бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва давраи гузариш шуда буданд, аммо дар Тоҷикистон ин мушкилот дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии панҷсолаи баъди истиқлолият дучанд шуда буданд . Суботи сиёсӣ ба натиҷаҳои иқтисодӣ таъсири худро расонид: афзоиши солонаи ММД аз соли 2000 то 2008, ки асосан аз ҳисоби содироти пахта ва алюминий, инчунин интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони тоҷик таъмин мешуд, 9 фоизро ташкил дода буд. 36 Аммо, аз ҳамон вақт дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати макроиқтисодии Тоҷикистон ба таври назаррас бадтар шуд ва бо дарназардошти афзоиши сусти ММД, сатҳи баланди таваррум ва ноустувории афзоишёбандаи энергетикӣ ва обӣ, бетағйир боқӣ мемонанд. Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008-ро ба пуррагӣ ҳис намуд, ки он боиси коҳишёбии даромади содиротӣ, камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ гардид. Дигар омилҳое, ки монеи афзоиши иқтисодӣ мегарданд мавҷуд набудани дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, асосан аз минтақаҳои кӯҳӣ иборат будани кишвар, татбиқи номунтазами ислоҳоти сохторӣ, идоракунии заиф, коррупсия ва бори гарони қарзи беруна ба ҳисоб мераванд . Афзоиши ММД аз соли 2010 инҷониб 6,5 фоизро ташкил дод. Кишоварзӣ яке аз бахшҳои бузуртарини иқтисодиёт мебошад, зеро аз чор се ҳиссаи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад. Аммо танҳо 7 фоизи замин дар қаламрави кишвар барои кишту кор мувофиқ аст. Зироати муҳимтарини кишоварзӣ пахта ба ҳисоб меравад; истеҳсоли он пайваста назорат карда мешавад ва дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби ҳукумат. Эътироф гардидани пешниҳоди ғайриқонунии қарз ба сармоягузорон дар бахши пахтакорӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2007 СБА-ро маҷбур сохт барномаҳои худро дар Тоҷикистон бандад. Айни замон ислоҳоте омода шуда истодааст, ки тибқи он қарзи фермерон, ки зиёда аз ним миллиард долларро ташкил медиҳад бахшида мешавад ва СБА фаъолияти худро дар пешниҳоди кӯмак идома медиҳад. Умуман, бо дарназардошти норасоии майдонҳои замин, мавҷуд набудани инфрасохтор (аз он ҷумла системаҳои обёрӣ) ва сатҳи пасти маҳсулнокии хоҷагиҳои тухмипарвар ва чорводории давлатӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи паст боқӣ мемонад . Дар натиҷа, Тоҷикистон наметавонад ҳамаи озуқавории ба он заруриро истеҳсол намояд ва бештар ба воридоти маҳсулоти озуқаворӣ такя мекунад. Аз ин сабаб, баъзе аз гурӯҳҳои аҳолӣ, бахусус гурӯҳҳои осебпазир озуқавории заруриро ба даст оварда наметавонанд. Соли 2011 нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва сӯзишворӣ ба баландтарин сатҳи худ аз соли 2002 ҷониб баромад; баланд бардоштани тариф барои интиқоли молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан ва қаламрави Узбекистон то дараҷаи боиси болоравии нарх гардид. Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи маҳсулоти озуқавории худро аз хориҷа ворид мекунад ва 90 фоизи он озуқаворӣ тавассути роҳи оҳан ба кишвар ворид карда мешавад. Дар охири соли 2011, Узбекистон яке аз шохаҳои роҳи оҳанро ба самти Тоҷикистон баст, ки худ монеи гузаштани маҳсулот ба қисмати ҷанубии кишвар ва баровардани он гардид.12 Бахши саноати Тоҷикистон бо ҳамон сабабҳо заиф боқӣ мемонад. Саноати кишвар асосан аз корхонаи бузурги алюминий, иншооти гидроэнергетикӣ ва фабрикаҳои хурди фарсудашуда, ки ба саноати сабук ва хӯрока тааллуқ доранд, иборат аст . Ба захираҳои табии ҷумҳурӣ нуқра, тилло, уран ва волфрам дохил мешаванд. Ба монанди Қирғизистон (ҳатто зиёдтар) иқтисодиёти Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирон вобастагии сахт дорад. Аз сабаби набудани ҷои кор дар Тоҷикистон, зиёда аз миллион нафар тоҷикон дар хориҷи кишвар кор мекунанд – қариб ки ҳамаи онҳо дар Россия қарор доранд. Соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ 2.96 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он баробар бо 45 ММД буд. Муҳоҷирати меҳнатӣ асосан хусусияти мавсимӣ ва муваққатӣ дорад, зеро робитаҳои оилавӣ дар Тоҷикистон хеле қавӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, истиқомат дар хориҷи кишвар рӯз аз рӯз хусусияти давомдорро касб карда истодааст. 12 https://www.cia.gov/library/publications/the-world-factbook/geos/kg.html 37 Махсусан дар фасли зимистон ба Тоҷикистон бӯҳрони энергетикӣ таҳдид мекунад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, зиёда аз 1 миллион нафар асосан дар минтақаҳои деҳот ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд ё дастрасии маҳдуд доранд. Дар моҳҳои зимистон, бо дарназардошти вобастагии Тоҷикистон аз воридоти ноустувори нерӯи барқ ноҳияҳои деҳот дар як рӯз аз 4 то 8 соат бо барқ таъмин мегарданд. Таъминоти номунтазами барқ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ монеъ шуда боиси оқибатҳои вазнини экологӣ мегардад (масалан, нобудкунии ҷангал, вайроншавии хамин, дастрасӣ ба об ва адами амнияти озуқаворӣ), зеро аксарияти сокинони маҳалҳои деҳот биомасса ва сӯзишвории органикиро барои қонеъ намудани талаботи худ дар энергия месӯзонанд . Тоҷикистон дорои захираҳои бои ангишт ва гази табиӣ, инчунин иқтидори назарраси гидроэнергетикӣ мебошад, аммо азхудкунии он сармоягузориҳоеро, ки дар кишвар мавҷуд нест, тақозо мекунад. Дигар мушкилоти бахши энергетикӣ тарифҳои паст ва технологияҳои кӯҳнашуда ба ҳисоб мераванд. в) Омори демографӣ ва нишондиҳандаҳои рушд Шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон аз 7.3 миллион нафар зиёд мебошад. Қисми зиёди аҳолӣ (тақрибан 80 фоиз) тоҷикон мебошанд, узбекҳо 15 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Русҳои этникӣ соли 1989 тақрибан 8 фоизи аҳолиро ташкил медоданд, аммо баъди ба даст овардани истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ аксарияти онҳо кишварро тарк намуданд ва айни замон ҳиссаи аҳолии рус танҳо 1 фоизро ташкил медиҳад. Аксарияти аҳолӣ пайрави мазҳаби ҳанафии ислом мебошанд, гарчанде ки гурӯҳи калони исмоилия дар кишвар вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии ҷавон бузург мебошад: сеяки аҳолӣ аз кӯдакони то 15 сола буда, нисфи аҳоли бошад то 24 сола мебошанд. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоати баланд аст, гарчанде ки дар давоми даҳ соли охир он бамаротиб коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди камбизоатӣ, ба туфайли низоми маълумоти ройгони даврони шӯравӣ маълумотнокӣ дар сатҳи баланд боқӣ мемонад (99,5 фоиз). Дар ҳоле ки 64 фоизи аҳолӣ ба сарчашмаҳои беҳтар кардашудаи оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад, байни манотиқи шаҳрӣ ва деҳот тафовути назаррас мушоҳида мешавад: 92 фоизи аҳолии шаҳрҳо дар муқоиса бо 54 фоизи аҳолии деҳот ба системаҳои беҳтаркардашудаи оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд13. Дастрасӣ ба иншооти беҳтаркардаи санитарӣ ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот қаноатбахш мебошад. Системаи тандурустии Тоҷикистон дар давраи пасошӯравӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, таназзули иқтисодӣ ва коҳишёбии назарраси маблағгузории соҳаи тиб зарари ҷиддӣ дид. Буҷети соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо 1,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад ва ин маблағ танҳо барои пӯшидани хароҷоти соҳаи тиб кифоягӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, соли 2012 аз рӯи Индекси рушди инсон Тоҷикистон дар байни 186 кишвари ҷаҳон ҷои 125 ишғол намуд. г) Вазъияти занон14 Таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки занҳо дар Осиёи Марказӣ умуман тобеи мардон буда ба таҳсил, захираҳои иқтисодӣ ва ҳокимияти сиёсӣ дастрасии камтар доранд . Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон кишвари хоси минтақа мебошад. Фаъолияти иқтисодӣ дар байни занон нисбат ба мардон асосан аз сабаби омилҳои иҷтимоию демографӣ дар сатҳи 13 Ҳамон ҷо 14 Сарчашмаи асосии ин маълумот - http://www.untj.org/country-context/situation-analysis). 38 пасттар боқӣ мемонад. Занҳо аз дастрасӣ ва идоракунии нобаробари захираҳо (масъалан, молу мулк, замин, қарзҳо) бархӯрдоранд; нисбат ба мардҳо фоизи бузургтари занон машғули меҳнати беихтисос мебошанд. Масалан, бо вуҷуди он ки занон тақрибан 70 фоизи тамоми қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳанд, онҳо соҳиби танҳо 1 фоизи заминҳои хусусигардонидашуда мебошанд . Дар соҳибкории кишоварзӣ бошад занон дастрасии баробар ба таъминоти захиравӣ (масъалан, омӯзиши касбӣ, қарздиҳии хурд, хизматрасониҳои машваратӣ) надоранд . Фаъолияти сиёсии занон баъди ба даст овардани истиқлолият ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳамагӣ 11 зан (18 фоиз аз шумораи умумӣ) ба Маҷлиси миллӣ ва ҳамагӣ 12 зан ба Маҷлиси намояндагони вакилон интихоб гардиданд. Фоизи занҳои дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда камтар аст: 4 фоиз, 7 фоиз ва 11 фоиз мутаносибан дар сатҳи вилоят, ноҳия ва шаҳр. 3.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа Лоиҳаи CASA-1000 хати ҶТ БШ [HVAC] дарозиаш 452 км, ки аз ҷануби Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон кашида мешавад, дар бар мегирад. Аз он 25 км ба Тоҷикистон то Хуҷанд меравад. Шабакаи энергетикӣ аз Регар то Сангтӯда пурқувват карда мешавад ва пас аз он ҶД БШ аз Сангтӯда то Афғонистон дар масофаи 115 км кашида мешавад. Масири ХИБ аз ду вилоят мегузарад – Суғд ва Хатлон. Тавсифи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои лоиҳа дар ду таҳқиқот асос ёфтааст : таҳқиқоти истифодаи ҷамъиятии даромад ва таҳқиқоти таъсири экологӣ ва иҷтимоии қабл аз ин гузаронида. Натиҷаҳои ҳар ду таҳқиқоти дар поён ба таври муфассал тасвиршуда умуман мувофиқ меоянд. Тавсифи иҷтимоию иқтисодии таҳқиқоти манфиатҳои ҷамъиятӣ Арзёбии дар поён овардашуда дар натиҷаҳои таҳқиқоти манфиатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки соли 2012 аз ҷониби Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ гузаронида шуда буд, асос ёфтааст. Дар Тоҷикистон таҳқиқот 5 нуқтаи аҳолинишин дар вилояти Суғд ва 8 дар вилояти Хатлон дар бар мегирад . Шумораи умумии хонаводаҳо дар ин нуқтаҳои аҳолинишин 5,363 ташкил дода буд: 10,873 оила ё 35 089 нафар. Маълумот оид ба шумораи аҳолии ноҳияҳои лоиҳа дар Тоҷикистон мавҷуд нест. a) Аҳолӣ Шумораи умумии аҳолӣ дар 13 нуқтаи аҳолинишин/ҷамоатҳо дар ду вилоят 35 089 нафарро ташкил дод. Аҳолии деҳоти аз таҳқиқ гузашта дар вилояти Суғд асосан аз узбекҳо (96,7 фоиз), теъдоди хурди тоҷикон (2 фоиз) ва намояндагони дигар гурӯҳҳои этникӣ иборат буд. Дар Хатлон тоҷикон аксариятро ташкил дода буданд (60, 9 фоиз); боқимонда (39.1 фоиз) узбекон буданд. Таносуби мардон ва занон 49:51 ташкил дода буд; ин тафовути ночизро метавон ба шумораи зиёди мардоне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, рабт дод. Ҳаҷми оилаҳои аҳолии аз таҳқиқ гузашта умуман калон буд: 30,3 фоизи оилаҳо аз 5-6 аъзо, 27,3 фоиз аз 6-7 аъзо, ва 29,5 фоиз аз 8 ва бештар аъзо иборат буд. Бархе аз хонаводаҳо аз ду ё се оила иборат буд. Сатҳи маълумотнокии аҳолии аз таҳқиқ гузашта баланд буд: 48 фоиз дорои маълумоти миёнаи пурра ва 23,2 фоиз бошад дорои маълумоти олӣ буданд. Тақсимот аз рӯи ҷинс нишон дод, ки теъдоди зиёди занҳо дорои маълумоти миёна пурра (76, 1 фоиз дар 39 муқоиса бо 64 фоиз дар байни мардон) буданд, аммо таносуби маълумоти олӣ дар байни занҳо пасттар буд (6,8 фоиз дар муқоиса бо 14 фоиз дар байни мардҳо).15 б) Истифодаи замин ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ Нуқтаҳои аҳолинишини аз таҳқиқ гузашта дар масофаи гуногун аз маркази маъмурии ноҳиявӣ ё вилоятӣ ҷойгир шудаанд, аммо ҳамаи онҳо ба роҳе, ки ба марказҳои дахлдор мебарад, дастрасӣ доранд. Маълумот оид ба шумораи миёнаи заминҳои дар истифодаи хонаводаҳо буда мавҷуд нест, зеро дар Тоҷикистон ҳамаи замин ҳанӯз ба давлат тааллуқ дорад. Дар солҳои ҳукумати шӯравӣ ҳамаи хизматрасониҳо аз тарафи давлат пешниҳод мешуданд – мактабҳо, беморхонаҳо, ҳатто сартарошхонаҳо, муассисаҳои варзишӣ ва табобатӣ. Аммо, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ хизматрасониҳо аз давлат ба бозор гузаштанд. Акнун нақши давлат асосан ба расонидани кӯмак ба гурӯҳҳои бештар осебпазир, ки ба хизматрасониҳои асосӣ эҳтиёҷ доранд, маҳдуд аст. Гарчанде ки вазъи дастрасӣ ба хизматрасониҳо дар ноҳияҳои лоиҳа то ба даст овардани истиқлолият (яъне дар даврони шӯравӣ) маълум нест, дар натиҷаи таҳқиқоти истифодаи ҷамъиятии даромад, ки соли 2012 гузаронида шуда буд маълум шуд, ки сатҳи дастрасӣ ба хизматрасонӣ хеле паст мебошад. Аз шумораи ҷамоатҳои дар Тоҷикистон таҳқиқшуда ҳамаи 5 дар вилояти Суғд дастрасии маҳдуд/мавҷуд набудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ирригатсионӣ, инчунин таъминоти барқи ноустувор, бахусус дар фасли зимистонро қайд намуданд . Дар вилояти Хатлон, 6 аз 8 ҷамоат низ дастрасии маҳдуд/мавҷуд набудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ирригатсиониро қайд намуданд ва ҳамаи онҳо дар бораи таъминоти ноустувори барқ махсусан дар фасли зимистон сухан гуфтанд . Дар Суғд 2 аз 5 ҷамоат набудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббиро қайд намуданд; дар Хатлон 4 аз 8 ҷамоат инро қайд намуданд. Як ҷамоат дар вилояти Суғд ва 2 дар Хатлон қайд намуданд, ки роҳҳои иловагӣ ба таъмир эҳтиёҷ доранд; 2 ҷамоат дар Хатлон қайд намуданд, ки мактабҳо ба таъмир эҳтиёҷ доранд. Таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо нишон дод, ки баъзе аз мактабҳои деҳот бо усули ҳашар (меҳнати ҷамъиятӣ) сохта шуда буданд. Дар сохтмон асосан гил истифода мешуд, ки аз ҳама масолеҳи дастрас буд. Чунин мактабҳо одатан фарш ва шифти муқаррарӣ надошта ҳоҷатхонаҳо дар ҳолати бад қарор доранд ; аксари духтарон маҷбуранд ҳангоми танаффус ба хона раванд. Дар аксарияти мактабҳои деҳот оби равон мавҷуд нест; мактаббачагон оби нӯшокиро аз хона оварда ё обро аз сарчашмаҳои хатарнок, ба монанди каналҳои ирригатсионӣ истифода мебаранд. Дар мактабҳои деҳот таҷҳизоти гимнастӣ ё варзишӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ қариб ки нест: дарсҳо ҳатто ҳангоми борон ва барф дар кӯча гузаронида мешаванд, ки боиси бемор шудани аксарияти кӯдакон мегардад. Норасоии нерӯи барқ, ки одатан дар фасли зимистон ба амал меояд, мактабҳоро маҷбур месозад ки аз ҳезум, ангишт ё поруи хушк барои гармкунӣ истифода баранд; ин дар навбати худ ба саломатии кӯдакон таъсири худро мегузорад (дарди сар, бемориҳои роҳи нафас). Аз рӯи ҳисоби миёна хароҷоти хонавода барои оби ошомиданӣ дар як моҳ дар ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузаштаи Тоҷикистон 38 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аксарияти сокинони минтақаҳои деҳот аз оби каналҳои ирригатсионӣ ва дарё, ки метавонад боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад, истифода мебаранд. Ҳар сол, 15 Ҷадвали 6, Таҳқиқоти истифодаи ҷамъиятии даромад. 40 бахусус дар моҳҳои тобистон, эпидемияҳои бемориҳое тавассути об гузаранда дар минтақаҳои мухталифи кишвар сар мезананд ва боиси пайдошавии шумораи зиёди беморон ва ҳатто фавти одамон мегарданд. Зиёда аз 50 фоизи беморҳои статсионарӣ аз дарунравӣ, ки микроорганизмҳои патогенӣ тавассути об гузаранда боиси ин беморӣ мегарданд, азият мекашанд. Дар робита бо шароитҳои санитарию техникӣ натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки намуди маъмултарини ҳоҷатхонаҳо, ки сокинони деҳот истифода мебаранд чуқурии партов ё чуқурӣ (сӯрохӣ) бо фарши чӯбин мебошад; замоне, ки чуқурӣ пур мешавад онро пӯшонида чуқурии навро мекананд. Чунин ҳоҷатхонаҳо, одатан дар қисми ақиби ҳавлӣ ҷойгир карда мешаванд. Дар деҳоти аз таҳқиқ гузашта системаи марказонидашудаи ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахт вуҷуд надорад ; таҷрибаи аз ҳама бештар маъмул, ки мушоҳида мешавад кандани чуқурӣ барои ҷамъоварӣ ва гӯронидани партов мебошад. Дар ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта 62,2 фоизи хонаводаҳо иттилоъ доданд, ки чуқуриҳои махсусро барои партов дар дохили ҳавлии худ истифода мебурданд, 10 фоиз қайд намуданд ки партовҳои худро месӯзонанд ва 16 фоиз хабар доданд, ки дар деҳаи худ партовгоҳи ҷамъияти доранд, ки дар он ҷо партовҳои худро холӣ мекунанд. Дар охир, дар байни ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 66,3 фоиз масҷид ва 53 фоиз чойхона доранд.16 в) Дастрасӣ ба таъминоти нерӯи барқ Дар даврони иқтисоди нақшавии шӯравӣ ва идоракунии марказонидашуда ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ захираҳои энергетикро дар якҷоягӣ истифода мебурданд: нерӯи барқи зиёдатии истеҳсолшуда дар ҷумҳуриҳое, ки имрӯз ҳамчун Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон маълуманд, барои қонеъ гардонидани талаботи энергетикии ҷумҳуриҳои ҳамсоя (Қазоқистон ва Узбекистон) дар фасли тобистон истифода мешуд. Дар навбати худ, нерӯи барқи аз ҳисоби истифодаи газ ва сӯзишвории нафт дар он ҷумҳуриҳо истеҳсолшуда барои қонеъ намудани талабот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар фасли зимистон истифода мешуд. Барҳамхӯрии низоми тақсимоти нерӯи барқ ба норасоии шадиди нерӯ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар фасли зимистон, ки ҳаҷми истеҳсоли барқ бамаротиб коҳиш меёбад, оварда расонид. Таҳқиқот баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо нишон дод, ки зиёда аз сеяки ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта (35 фоиз) бар он ақидаанд, ки вазъи алоқаманд бо таъминоти нерӯи барқ нисбатан хуб аст, дар баробари ин 49,3 фоиз онро қисман бад ва 10,3 фоиз хеле бад мешуморанд. Дар фасли зимистон сарчашмаҳои алтернативии нерӯи барқ, махсусан ангишт, чӯб, керосин ва сӯзишвории дизел истифода мешаванд. Нерӯи барқ асосан бо мақсадҳои маишӣ, яъне равшанкӯнӣ, гармкунӣ ва пухту паз истифода мешавад; танҳо 0,5 фоиз қайд намуданд, ки барқро барои кор истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон танҳо 13,3 фоизи хонаводаҳо қайд намуданд, ки нерӯи барқро барои гармкунӣ истифода мебаранд, илова бар ин онҳо қайд намуданд ки барои ин мақсад дигар манбаъҳои нерӯро ба монанди ҳезум, керосин ва сӯзишвории дизелӣ истифода мебаранд. 16 Ҷадвали 15, ҳамон ҷо. 41 г) Сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ Ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта асосан дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебаранд : чорводорӣ, парвариши пахта дар заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ (помидор, бодиринг, пиёз, картошка, гандум ва ғ. парвариш мекунанд). Аммо бар хилофи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар он ҷамоатҳо қисми маҳсулоти худро барои фоида ба фурӯш мегузоранд, дар Тоҷикистон қариб ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолшуда аз тарафи худи аҳолӣ истеъмол мешавад. Норасоии заминҳои корам ва ҳатто чарогоҳҳо монеаи асосии зироаткорӣ ва чорводорӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад: зиёда аз 90 фоизи қаламрави кишвар аз кӯҳҳо иборат аст. Дар натиҷа, аксарияти посухдиҳандагон чорвои хурд (бузу гӯсфанд) ва паррандагонро (мурғ, мурғи марҷон) парвариш мекунад. Дар баробари дарахтҳои мевадиҳанда, теъдоди зиёди хонаводаҳо дарахт мешинонанд ва чӯби онро дар сохтмони хонаҳо истифода мебаранд. Дигар сарчашмаи муҳимми даромад интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Сатҳи муҳоҷират дар панҷ ҷамоати вилояти Суғд аз 3 то 13 фоиз тафовут дошт; дар вилояти Хатлон тафовут аз 4 то 10 фоизро ташкил медод. Сатҳи бекорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо баланд буд: 60 фоиз дар яке ҷамоатҳои вилояти Суғд ва байни 23 ва 50 фоиз дар Хатлон. Аксарияти муҳоҷирон дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Дар байни муҳоҷирон тақрибан 90 фоизро мардон ташкил намуда дар баробари ин афзоиши устувори шумораи занони ба хориҷа бо мақсади кор рафта мушоҳида мегардад. Муҳоҷирати меҳнатӣ асосан хусусияти мавсимӣ ва такроршаванда дорад, зеро робитаҳои оилавӣ хеле мустаҳкам мебошанд. Аммо, дар давоми якчанд соли охир зиёдшавии давомнокии муҳоҷират мушоҳида мешавад. Се сарчашмаи асосии даромади хонаводаҳо дар ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта интиқоли маблағҳои пулӣ (ба ҳисоби миёна 369 доллари ИМА дар як моҳ), фаъолияти соҳибкорӣ (247 доллари ИМА дар як моҳ) ва кишоварзӣ (180 доллари ИМА дар як моҳ) мебошанд.17 Даромад дар шакли маош, мардикорӣ ва нафақа/кӯмакпулиҳо ба ҳисоби миёна мутаносибан 90, 90 ва 39 доллари ИМА-ро дар як моҳ ташкил медиҳад. Хароҷоти хонавода барои озуқаворӣ ба ҳисоби миёна 155 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки худ калонтарин қисми хароҷот ба ҳисоб меравад. Дигар қисми муҳимми хароҷот хариди таҷҳизоти кишоварзӣ (125 доллари ИМА), либос (53 доллари ИМА), таъмири хона (40 доллари ИМА) ва об (38 доллари ИМА) ба ҳисоб меравад. д) Вазъи занон Дар рафти гузаронидани таҳқиқот дар ҷамоатҳо маълумоти хеле маҳдуд дар бораи занон ҷамъ оварда шуд. Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои таҳқиқот оварда шудааст, ки дар байни хонаводаҳои пурсидашуда аксариятро занон (51 фоиз) ташкил додааст ва он занон нисбат ба мардон ба хизматрасониҳои асосӣ ба монанди маълумот, дастрасии камтар доштанд. Ғайр аз ин, занон одатан зиёдтар ва аз рӯи вақт бештар кор мекунанд - дар хона, дар саҳро ва нигоҳубини кӯдакон. Аз нуқтаи назари посухдиҳандагон занон нисбат ба мардон дар ҷамъият аз мақоми пасттар бархӯрдор мебошад. Хонаводаҳои бо модарони танҳо (яъне дар он хонаводаҳое, ки зан баъди ҷудо шудан/марги шавҳар сардори оила мешаванд) дучори мушкилоти иқтисодӣ мешаванд. Аммо, 40,8 фоизи 17 Ҷадвали 19, ҳамон ҷо. 42 занҳо ҳамчун муаллим кор мекарданд, 35,9 фоиз хонашин, 9,7 бошад нафақахӯр буданд; сатҳи бекорӣ дар байни занон ҳамчун сифр қайд карда шуд. 18 е) Гурӯҳҳои осебпазир Гузаронидани таҳқиқот дар ҷамоатҳо имконияти муайян кардани гурӯҳҳои асосии осебпазир дар байни ҷамоатҳои аз таҳқиқ гузашта фароҳам овард : оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд; оилаҳои дорои як сардори оила, бахусус оилаҳое, ки занон сардори оилаанд; оилаҳои деҳот, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул нестанд ; калонсолон ва маъюбоне, ки бо оилаҳо зиндагӣ мекунанд; оилаҳое, ки асосан машғули чарронидани мол мебошанд; аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ё коллективӣ, ки машғули парвариши пахтаанд; ва хонаводаҳое, ки дар он якчанд оила зиндагӣ мекунад. Аммо, маълумоти таҳқиқот имконият дод танҳо арзёбии гурӯҳи аввали осебпазир – оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд – тақрибан 30 фоиз аз шумораи умумии хонаводаҳо, гузаронида шавад. Маълумот оид ба дигар категорияҳо пешниҳод нашуд, гарчанд дар байни аъзоёни 89 фоизи хонаводаҳои зикршуда ашхоси аз лиҳози моддӣ вобаста, маъюбон ва беморон вуҷуд доранд.19 i) Оилаҳои дорои зиёда аз 5 фарзанд – Таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо нишон дод, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ оилаҳои калон дар вазъияти мушкилтар қарор доштанд, азбаски модар дар чунин оила одатан дар ягон ҷо кор намекунад, падар бошад имконияти қонеъ намудани тамоми талаботи оиларо надорад. Дар натиҷаи таҳқиқот инчунин маълум гашт, ки дар хонаводаҳои калон сатҳи фаъолияти иқтисодӣ пасттар буда сатҳи бекорӣ бошад нисбат ба дигар хонаводаҳо ду баробар баланд мебошад. Дараҷаи баланди осебпазирии оилаҳои калон дар бозори меҳнат метавонад бо сатҳи нисбатан пасти маълумотнокии онҳо ва набудани малакаҳои тахассусӣ маънидод гардад. Тасдиқи он - фоизи баланди коргарон аз чунин оилаҳо, ки машғули мардикорӣ буда маоши ночиз мегиранд, мебошад. Чунин оилаҳо аз фаъолияти мустақил, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ метавонистанд фоидаи калон ба даст оваранд. ii) Оилаҳои дорои як сардори оила, бахусус оилаҳое, ки дар онҳо занон садори оилаанд – Бӯҳрони иқтисодӣ ва сатҳи баланди муҳоҷират ба вазъияти аксарияти оилаҳо таъсири ҷиддӣ расонид. Оилаҳои дорои як сардори оила – мард хеле кам вомехӯрданд, зеро одатан мардон дубора издивоҷ мекунанд. Оилаҳое, аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ, дар натиҷаи ҷудо шудан ё марги шавҳар ва муҳоҷират (шавҳар дар хориҷа кор мекард) занон дар онҳо сардори оила буданд, бештар вомехӯрданд. Гурӯҳи охиринро наметавон ҳамчун осебпазир шуморид, азбаски чунин оилаҳо аз аъзоёни оила (мардон), ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, маблағи пулӣ мегирифтанд. Гурӯҳи аввалин воқеан хеле осебпазир мебошад. Сатҳи баланди бекорӣ дар байни занон ва дастрасии маҳдуд ба муассисаҳои асосӣ, ки метавонистанд дар пайдо намудани кор (маълумот, тайёрии тахассусӣ, рушди малакаҳо) мусоидат намоянд дар якҷоягӣ бо масъулияти тарбияи фарзандон бори вазнин бар дӯши занон буд. [Бояд қайд намуд, ки духтаронро дар ноҳияҳои деҳот аз писарбаччагон дида камтар ба мактаб барои таҳсил мефиристанд ва теъдоди хеле ками онҳо соҳиби маълумоти пурраи миёна мешавад ]. Чунин оилаҳо бо «модарони танҳо» аз чунин стратегияҳои зиндамонӣ ба монанди истифодаи замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати ба даст овардани даромадро касб намудаанд ва аз кӯмаки дигарон истифода мебаранд. Таҳқиқот имконияти мушоҳидаи чунин тамоюлро дод: занони сардори оилаҳои камбизоат майли маҳдуд намудани хароҷоти 18 Ҷадвали 10, ҳамон ҷо 19 Ҷадвали 9, ҳамон ҷо. 43 худро доранд ва чизе ки хоси занон аст, қобилияти «бо андак қаноат кардан» (масалан хӯрок, либос, муносибатҳои иҷтимоӣ), яъне қурбонӣ кардани худ ба хотири фарзандон, арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои таҳқиқон инчунин нишон доданд, ки модарони танҳо, ки саробони ягонаи оила мебошанд аз тарафи хешу табор ва дӯстон хеле кам дастгирӣ мешуданд. Бо вуҷуди ин, онҳо аз тарафи давлат дастгирӣ мешуданд, масалан тавассути пешниҳоди маблағ ва манзили истиқомат, имтиёз ва кӯмакпулиҳо. iii) Оилаҳое, ки машғули кишоварзӣ нестанд – Таҳқиқот нишон дод, ки чунин оилаҳо аз сабаби паст будани маош, сифати пасти кор ва бекорӣ осебпазир мебошанд. iv) Калонсолон ва маъюбон – Натиҷаҳои таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо маълум намуданд, ки калонсолон ва маъюбон дучори як қатор мушкилот мегарданд: набудани хизматрасониҳои тахассусӣ дар деҳот, масалан, духтурон, равоншиносон, мавҷудияти шумораи маҳдуди сарчашмаҳои кӯмаки давлатӣ ва хусусӣ ; имкониятҳои ниҳоят маҳдуди дарёфти ҷои кор, ки боиси вобастагии моддӣ/мушкилот мегарданд; мавҷуд набудани кӯмаки тиббию санитарии дахлдор ва норасоии ғизо. v) Оилаҳое, ки асосан машғули чарронидани чорво мебошанд – Чунин оилаҳо осебпазир эътироф шуданд, зеро онҳо аксари вақт аз нуқтаҳои аҳолинишин дур зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ ба хизматрасониҳои асосӣ ба монанди тандурустӣ ва маълумот дастрасии маҳдуд доранд. Ин дар навбати худ ба дуршавии иҷтимоӣ, маҳдудияти имкониятҳо ва бекорӣ/шуғли нопурра оварда мерасонад. Маоши паст ва шароитҳои бади зиндагӣ низ боиси нигаронӣ мебошад. vi) Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ/коллективӣ, ки ба парвариши пахта машғуланд – Ин одамон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешавад, зеро даромади онҳо ба пуррагӣ аз истеҳсоли пахта вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, онҳо дучори хавфи алоқаманд бо тағйирёбии (пастравии) нархи пахта мегарданд. Дар сурати тағйир ёфтани нархи пахта, баъзе аз онҳомуфлис, бекор ва ҳатто бехона мешаванд. vii) Хонаводаҳое, ки дар онҳо якчанд оила зиндагӣ мекунанд – Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки хонаводаҳои иборат аз якчанд оила одатан аз намояндагони якчанд насл иборат буданд, ки аз рӯи урфу одат, ё бо сабаҳои иқтисодӣ (набудани имконият барои харидани хонаи алоҳида) якҷоя дар оилаи калон зиндагӣ мекунанд. Ин гурӯҳи аҳолӣ осебпазир эътироф шудааст, зеро дар аксари ҳолат онҳо синфи камбизоати иҷтимоӣ бо сатҳи пасти маълумот, ки зиндагонии патриархалӣ ва ақибмонда доранд, ба шумор мераванд. Ғайр аз ин онҳо аз норасоии замин, об ва дигар захираҳо танқисӣ мекашанд. Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси «Арзёбии таъсири иҷтимоӣ» -и аз ҷониби ширкати IEL гузаронида Дар чорчӯбаи арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии аз ҷониби ширкати “Integrated Environments Ltd” гузаронида, моҳҳои октябр ва декабри соли 2008 дар ҳудуди ДТ (долони таъсир) дорои васегии 25км х 2км, ки дар байни ш. Хуҷанд ва марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, таҳқиқоти муфассали саҳроии экологию иҷтимоӣ гузаронида шуд. Маълумоти ибтидоӣ оид ба 115 км хати ҶДБШ 500 кВ моҳи ноябри соли 2007 ва марти соли 2008 ҷамъ оварда шуда буд. Натиҷаи таҳқиқоти ширкати IEL, ки ба тавсифи иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои лоиҳаи CASA-1000 тааллуқ доранд, аз маълумоти зерин иборат аст: 44 a) Масири 25-километраи хати интиқоли барқ ҶТБШ Аҳолии болиғи ҳарду ҷинс қариб сад фоиз соҳибмаълумот мебошад, ки худ мероси даврони шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти асосии иқтисодӣ аз зироаткорӣ ва савдои хурд, ба хусус дар он ҷойҳое, ки барномаи қарздиҳии хурд пиёда мегардад, иборат аст. Сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар ДТ рӯдҳои Аксу ва Карасу ва каналҳои обёрӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар аксарияти деҳот оби тозаи ошомиданӣ дида намешавад. Замин моликияти давлат мебошад. Фаъолияти асосии иқтисодии минтақа кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ба намудҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ пахта, ғалладонагӣ, тухми растаниҳои равғанӣ, картошка, сабзӣ, пиёз, бодиринг, карам, харбуза, ангур, шир, пашм, асал ва тухм дохил мешаванд. Пахта зироати даромаднок, аммо дар баробари ин мураккаб ба ҳисоб меравад, зеро парвариши он ҳаҷми зиёди об ва дорувориро талаб мекунад ва даромади деҳқонони маҳаллӣ он қадар зиёд нест. Талу пуштаҳои гирду атроф барои парвариш намудани бузу гӯсфанд ва чорвои калони шохдор имконият медиҳад. б) Масири 115-километраи хати интиқоли барқи ҶДБШ Аҳолии вилояти Хатлон тақрибан 2 500 000 нафарро (январи соли 2008) ташкил медиҳад; зиччии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 99,3 нафарро дар як километри квадратӣ ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳамаи замин моликияти давлат ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми хонаводаҳо аз 1 то 3 оила тафовут дорад; ҳаҷми миёнаи оила – 6,2 нафар. Мардон 47,5 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд; занон – 52,5 фоиз. Сатҳи маълумотнокии аҳолии деҳот 90 фоизро ташкил медиҳад; дар байни занҳои ҷавон сатҳи маълумотнокӣ 75-80 фоизро ташкил медиҳад. Занҳо машғули фаъолияти кишоварзӣ ва кор дар хона мебошанд ва аксари вақт маҷбуранд обро аз ҷойҳои дур кашонанд. Ҳамагӣ 30-46 фоизи аҳолии ДТ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Маҳдудияти таъминоти барқ ҳамарӯза 2-4 соатро ташкил медиҳад. Фаъолияти асосии иқтисодӣ кишоварзӣ мебошад, аммо ҳолати ғайриқаноатбахши системаҳои обёрӣ боиси вайрон шудани канал ва аз даст додани заминҳои корам шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдид ва рушди фаъолияти кишоварзӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои хориҷӣ чораҳо андешида истодааст. 3.2 ТАЪСИРИ ЛОИҲА 3.2.1 Методология Тавре қайд шуда буд, лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон аз хати 25-километраи 500 кВ ҶТБШ аз марзи Ҷумҳурии Қирғизистон то шаҳри Хуҷанд, таҳким бахшидани системаи энергетики Тоҷикистон аз Регар то Сангтӯда ва пас аз он 115 км хати ҶДБШ аз Сангтӯда то Афғонистонро дар бар мегирад. Масири хат аз ду вилоят мегузарад – Суғд ва Хатлон. Нерӯи барқ тавассути хати ҷудошуда аз Датка дар Хуҷанд (маркази маъмурии вилояти Суғд) ва пас аз он ба воситаи шабакаи дохилии «Барҷи Тоҷик» (ширкати давлатӣ) ба Сангтӯда интиқол дода мешавад. Хати 115-километраи интиқоли барқ аз Сангтӯда ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон асосан аз ноҳияҳои камаҳолӣ ба самти шарқ аз 45 марказҳои асосии аҳолинишини минтақа (Қӯрғонтеппа, Вахш, Колхозобод, Дӯстӣ) мегузарад. Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 ба ноҳияҳои минтақаи лоиҳа дар Тоҷикистон асосан дар АТЭИ ва НЧҲМЗТИ лоиҳаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии интиқоли нерӯи барқ (CASA 1000): Ҳисобот оид ба омодасозии асосноккунии техникӣ –иқтисодии, аз ҷониби ширкати «Integrated Environments Ltd» пешниҳодшуда асос меёбад. АТЭИ ширкати IEL омодасозии харитаҳои махсусро бо истифода аз аксҳои нав, ки бо кӯмаки моҳвора ба даст оварда шуданд, фаро мегирад. Он аксҳо барои инъикос намудани масоили мушаххаси экологӣ ва иҷтимоӣ , инчунин чораҳои кам намудани таъсири манфии лоиҳа дар тамоми масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ғайр аз ин, моҳи ноябри соли 2007 ва декабри соли 2008 дар ноҳияҳои минтақаи лоиҳа таҳқиқоти муфассали саҳроӣ гузаронида шуданд. 3.2.2 Таъсири иҷтимоӣ дар асоси таҳқиқоти саҳроӣ a) Масири 25-километраи хати интиқоли барқи ҶТБШ Замин дар ҳудуди ДТ моликияти давлат мебошад. Зиёда аз 70 фоизи майдони долон аз заминҳои бекорхобида, ки танҳо ҳамчун чарогоҳҳои мавсимӣ истифода мебаранд, иборат аст. ХИБ лоиҳаи CASA 1000 аз майдони маҳдуди заминҳои кишоварзӣ (боғҳо ва майдонҳои пахта) мегузарад. Ин заминҳо 15 фоизи долонро ташкил медиҳанд. Ба намудҳои асосии зироат пахта, ғалладонагӣ, сабзавот, мева ва тут дохил мешаванд. Охирин аҳамияти махсусро дорост. Дар наздикии ДТ якчанд деҳа/шаҳр/нуқтаи аҳолинишин ҷойгир шудаанд. Танҳо дутои онҳо дар масофаи нистабан наздик ҷойгиранд; ҳангоми муайян намудани варианти ниҳоии масир ва сохтани манораҳо аз паҳлӯи онҳо метавон гузашт. б) Масири 115-километраи хати интиқоли барқи ҶДБШ ДТ 5 ноҳияи вилояти Хатлони ҷануби Тоҷикистонро фаро мегирад. Дар ин минтақа 12 деҳа/нуқтаҳои аҳолинишин ҷойгир шудаанд, аммо танҳо дутои онҳо дар ҳудуди ДТ қарор доранд. Ғайр аз роҳҳо, хонаҳо ва деҳот, дигар иншооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин ноҳияҳо пайдо карда нашуданд. Дар атрофи ДТ аҳолии маҳаллӣ ё иншооти аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ё бостоншиносӣ дошта мушоҳида намешавад. Дар ҳудуди ДТ ягон иншооти ифрасохтори давлатӣ ва хизматрасонӣ вуҷуд надорад. 3.2.3 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири ХИБ Дар ҷадвали зерин тасвири муфассали хусусиятҳо таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир дар тӯли масири хати пешниҳодшудани интиқоли барқ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, оварда шудааст. Ҷадвали 2: Хусусиятҳои иҷтимоии масири лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон дар асоси маълумоти тавсифи экологӣ ва иҷтимоӣ Харитаи Тасвири хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа ҳаммарка зонии масир (AS) 46 Хати 25-км ҶТБШ AS-001 ХИБ-и пешниҳодшуда аз дарёи Сир убур намуда маҳалли кӯҳӣ ва заминҳои кишоварзиро мегузарад AS-002 Таъсир намерасонад AS-003 Таъсир намерасонад Хати 115-км ҶДБШ AS-44 Дар минтақа панҷ намуди асосии истифодаи замин мушоҳида мегардад. Ба онҳо роҳҳо, чарогоҳҳо, заминҳои киштшаванда, заминҳои азхудкарданашуда ва инфрасохтори ҷамъиятӣ дохил мешавад. Масири пешниҳодшудаи ХИБ шохаи асосии роҳи оҳанро мегузарад. AS-45 Масири ХИБ чарогоҳи зимистона ва чашмаҳои мавсимиро мегузарад. Қад- қади ХИБ-и пешниҳодшуда дар баъзе ҷойҳо растаниҳо ва хонаҳои алоҳида дида мешаванд. AS-46 Заминҳо ба чарогоҳҳо ва заминҳои азхудкарданашуда ҷудо мешаванд. Қад- қади масири пешниҳодшудаи ХИБ маҳалҳои алоҳида, растаниҳо ва чашмаҳои мавсимӣ дида мешаванд. AS-47 Масири пешниҳодшудаи ХИБ чарогоҳ, чашмаҳои мавсимӣ ва рошши омадро мегузарад. AS-48 Масири хат аз ноҳияи Вахш мегузарад. Вахш аз шаҳри Душанбе дар масофаи 100 км ҷойгир шудааст. Ба намудҳои замин чарогоҳҳо, заминҳои азхудкарданашуда, инфрасохтори ҷамъиятӣ, каналҳои обёрӣ, роҳҳо ва заминҳои кишт дохил мешаванд. Дар наздики ш.Вахш ду рӯди калон мегузаранд. AS-49 Таъсир намерасонад AS-50 Дар масири ХИБ-и пешниҳодшуда чашмаҳои мавсимии зиёд ва роҳҳои иловагӣ мавҷуданд. AS-51 Масири ХИБ-и пешниҳодшуда ба ш.Болшевик даромада аз болои заминҳои кишт, каналҳои обёрӣ, рӯдҳо, роҳи оҳан, роҳҳо ва заминҳои азхудкарданашуда мегузарад. AS-52 Дар наздикии ҷои убури заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва чашмаҳои мавсимӣ деҳоти Первомайск ва Замини нав ҷойгир шудаанд. Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз болои чарогоҳҳо ва заминҳои кишт мегузарад. Майдони калони заминҳои кишт қад-қади марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир шудааст. AS-53 Тақрибан дар 13 кми аз ДТ дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мамнӯъгоҳи Бешаи палангон ҷойгир шудааст. Интизор меравад, ки ба мамнӯъгоҳ лоиҳаи CASA 1000 таъсир намерасонад. Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз болои заминҳои кишт гузашта баъдан Амударёро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон убур мекунад. Тибқи Ҷадвали 2, хати пешниҳодшудаи интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон асосан аз минтақаҳои камаҳолӣ мегузарад ва аз ин рӯ таъсири иҷтимоии он хеле ночиз хоҳад буд. 3.2.4 Арзёбии таъсири иҷтимоӣ Интизор меравад ки лоиҳаи CASA 1000 ба аҳолӣ ва ҷамоатҳои ҳудуди ДТ дар Тоҷикистон таъсири кам мерасонад. Таъсири умумии лоиҳа чунин хоҳад буд: a) Ба даст овардани замин Дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур зарурати барои муддати дароз ба даст овардани замин нахоҳад буд, азбаски заминҳои гирду атрофи манораҳои хати интиқоли барқ 47 метавонанд минбаъд барои шуғли кишоварзӣ истифода шаванд. Барои бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ барои ташкилотҳои пудратчӣ майдони замини иборат аз 2,500 м2 лозим хоҳад омад. Зарурати замин барои кӯчонидани хонаҳо ба миён хоҳад омад , аммо танҳо баъди муайян намудани хати марказӣ/меҳварии ХИБ, шумораи аниқи хонаҳое, ки дар зери таъсири лоиҳа қарор мегиранд, маълум мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба даст овардани заминро ба тасвиб расонид. Мутобиқи қонун дар бораи молу мулк замин моликияти давлат ба ҳисоб меравад ва ба истифодаи доимӣ ба деҳқонон дода мешавад. Агар замин барои лоиҳаи рушд зарур ояд, мақомоти маҳаллии ҳокимият дигар қитъаи заминро, ки дар ҳамон ҳудуди маъмурӣ ҷойгир аст , пешниҳод мекунанд. Муваққатан ба даст овардани замин бо мақсади зерин метавонад зарур ояд:  Бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ ва биноҳои зарурӣ барои пудрадчиён, масалан анбор, устохона, ҷой барои нигоҳ доштан ва шустушӯи техника ва ғ.;  Сохтмони роҳҳои иловагӣ барои ҳамлу нақли бор ва ғ.; истифодаи муваққатии замин метавонад ба маҳсулнокии замин дар оянда осеб расонад;  Истифодаи муваққатии замин барои бунёди лагерҳои хаймагӣ. Интизор меравад, ки дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои кам намудани таъсири эҳтимолии манфии лоиҳа, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ) ва Нақшаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ (НБЗКА) (нигаред ба Замимаҳо) пешниҳод мегарданд, таъсири муваққатан ба даст овардани замин ночиз хоҳад буд. б) Инфрасохтори ҷамъиятӣ Марҳилаи сохтмони лоиҳаи пешниҳодшуда метавонад ба инфрасохтори дар заминҳои барои ХИБ ҷудошуда осеб расонад. Оқибатҳои эҳтимолии таъсири лоиҳа ба инфрасохтори мавҷуда инҳо мебошанд:  Чорраҳаҳо: ҳангоми кашидани хат метавонанд маҳдудиятҳои муваққатӣ барои ҳаракати нақлиётӣ эҷод гарданд. Аммо, дар ҳолати риояи мувофиқи меъёр ва қоидаҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва танзими ҳаракат дар кӯча, ягон таъсири назаррас ба роҳҳои мавҷуда ё ҳаракат дар марҳилаи сохтмони лоиҳаи мазкур пешбинӣ намешавад; ва  Хати интиқоли барқ: долони таъсири лоиҳа убури ХИБ-и мавҷудбударо пешбинӣ намекунад. Усулҳои дахлдори сохтмон ва чораҳои кам намудани таъсири манфӣ, ки дар поён оварда шудаанд имкон медиҳанд эҳтимолияти ҳамагуна таъсири назаррас дар рафти сохтмон аз байн бурда шавад . Дар рафти татбиқи ин марҳилаи лоиҳа ягон таъсири назаррас ба хатҳои мавҷудаи интиқоли барқ пешбинӣ намегардад. Бо вуҷуди ин, ки баъзе аз иншооти инфрасохтори ҷамъиятӣ ба монанди симчӯбҳои барқ метавонанд дар рафти сохтмони ХИБ-и пешниҳодшуда ба дигар ҷо кӯчонида шаванд ва ин дар ҳолатҳои истисноӣ ва хеле кам ба амал меояд. Қарори ниҳоӣ оид ба зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти инфрасохтор танҳо баъди аниқ намудани макони ҷойгирҳавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ дар марҳилаи охирини тарҳрезии лоиҳа қабул мегардад. 48 в) Зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтҳо Дар марҳилаи сохтмони пойдевори симчӯбҳои хати интиқоли барқ ва таранг кашидаи симҳо ба зироатҳои кишоварзӣ метавонад осеб расонида шавад. Аммо миқёси зарар аз макони ҷойгиршавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ ва инчунин аз фасли сол, ки дар давоми он корҳои мазкур иҷро мегарданд, вобаста хоҳанд буд. г) Саломатӣ ва амният Партовҳои сохтмонӣ метавонанд боиси пайдошавии мушкилоти хурд ва ҷиддии алоқаманд бо саломатии сохтмончиён хоҳад гашт. Дар сурати амалӣ намудани чораҳои кам намудани таъсири эҳтимолӣ ва тадбирҳои таъмини амният дар рафти сохтмон ягон осеби ҷиддӣ ба саломатии мардум нахоҳад расид. д) Аҳолии минтақаи лоиҳа Зиччии аҳолӣ дар долони таъсири лоиҳа (ДТЛ) кам мебошад, аз ин рӯ алоқа байни қувваи кории лоиҳа ва аҳолии маҳаллӣ хеле кам хоҳад буд. Аҳолии таҳҷоӣ дар ДТЛ истиқомат намекунад ва дар рафти ҳаммарказонии масир ва васли манораҳои ХИБ таъсир ба макони зисти аҳолии маҳаллӣ расонида намешавад. Масъалаҳои алоқаманд бо робитаи аҳолии маҳаллӣ бо қувваи корӣ бояд ба осонӣ ҳалли худро ёбанд. Дараҷаи робита ва аҳамияти оқибатҳои таъсири эҳтимолии лоиҳа ба ҷамоатҳои маҳаллӣ ва қувваи корӣ дар давоми сохтмон метавонанд танҳо баъди муайян намудани макони ҷойгиршавии хати марказӣ/меҳварии хати барқ ва симчӯбҳои ХИБ, усулҳои сохтмон ва қувваи корие, ки барои иҷрои ин кор ҷалб мегардад, арзёбӣ хоҳанд шуд. е) Сарчашмаҳои даромад Ба аҳолии маҳаллӣ имконияти кор бо пудратчӣ пешниҳод мегардад ; то ҳадди имкон дар доираи лоиҳа молу хизматрасониҳои маҳаллӣ истифода бурда мешаванд, аз ин рӯ интизор меравад, ки лоиҳа ба сатҳи шуғл ва даромади аҳолии маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонад. 3.3 НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ 3.3.1 Чораҳо ҷиҳати кам намудани таъсири татбиқи лоиҳа Тавре ки дар боло қайд шуда буд, таъсири иҷтимоии худи лоиҳа аз рӯи тахминҳо ночиз хоҳад буд: зарурати барои муддати дароз ба даст овардани замин нахоҳад буд ё дар ҳаҷми хурд лозим хоҳад омад; замин муваққатан ба даст оварда мешавад; дар реҷаи истифодабарии инфрасохтор (масалан роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ) эҳтимол аст, ки халал расонида шавад; иҷрои корҳои сохтмонӣ ба баъзе зироатҳои кишоварзӣ мумкин осеб расонад. Таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа ночиз ва асосан муваққатӣ хоҳад буд . Дар ин робита чораҳои зерин оид ба кам кардани таъсири лоиҳа метавонанд андешида шаванд: а) Марҳилаи тарҳрезӣ  Ҳаммарказонии масири хати интиқоли барқро метавон бо осонӣ тавре амалӣ намуд, ки ба нуқтаҳои аҳолинишини дар қарибии долони таъсири лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда таъсир расонида нашавад;  Таъмин намудани хилват масъалаи муҳим барои аҳолии минтақаи лоиҳа мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми интихоби варианти ниҳоии ҳаммарказонии масири 49 ХИБ бояд фаъолияти иқтисодӣ ва урфу одатҳои аҳолии маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад;  Лоиҳа меавонад бо осонӣ масири ХИБ-ро тавре кашад, ки ба шумораи ками дарахтҳо, ки дар зиндагии аҳолии ин минтақа аҳамияти калон доранд, осеб расонад;  Масири хати интиқоли барқро метавон ба осонӣ аз паҳлӯи мактабҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин гузаронид;  Барои пешгирӣ намудани кӯчонидани аҳолӣ/иншоот ва ба қадри имкон зиёд намудани масофа байни хати интиқоли барқ ва иншоотҳои мавҷудаи асосӣ талош намудан зарур аст. б) Марҳилаи омодасозии корҳои сохтмонӣ  То ишғол намудани замин аз тарафи пудрадчӣ ба аҳолии маҳаллии дахлдор ҷубронпулӣ бояд дода шавад;  Дар ҳолати зарурати кӯчонидан ё вайрон кардани иншоот, то оғози сохтмон ҷубронпулиҳои дахлдор бояд муҳокима ва пардохт карда шавад;  Дар робита бо зироатҳои кишоварзӣ ва замини сермаҳсул тартиби ягона бояд мавриди истифода қарор дода шавад. в) Марҳилаи сохтмон  Ҷиҳати пешгирии низоъ/баҳс бо аҳолии маҳаллӣ, кормандони лоиҳа ва пудратчиҳо, инчунин фаъолияти онҳо бояд дар ҳудуди майдони аниқ муайяншудаи сохтмон қарор дошта бошанд/амалӣ гардад;  Пудратчӣ истифодаи маводҳоро дар ҳудуди минтақаҳои аниқ муайяншуда бояд таъмин намояд;  Қоидаҳои рафтор барои коргарон бояд муайян карда шуда риояи онҳо таъмин гардад;  Чораҳо ҷиҳати паст намудани сатҳи садо ва назорати чанг бояд андешида шаванд;  Пудрадчӣ бояд ба меъёрҳои маҳаллии рафтор ва урфу одат эҳтиром гузорад ва риоя кунад;  Пудрадчӣ бояд ба занҳои маҳаллӣ эҳтиром гузорад ва ба хилвати онҳо халал нарасонад. 3.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ Чораҳои дар боло зикргардида имконияти кам намудани таъсири лоиҳа ба ҷамоатҳои маҳаллӣ, яъне таъсири иҷтимоӣ дар натиҷаи тарҳрезӣ ва сохтмон фароҳам меоварад . Бо вуҷуди ин, дар рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ бояд равиши васеътар мавриди истифода қарор дода шавад. Ин бо сабабҳои зерин дорои аҳамияти калон мебошад: Якум, ҷамоатҳои маҳаллӣ наметавонанд новобаста аз он ки хати барқ аз паҳлӯи онҳо мегузарад нерӯи барқро бевосита аз хати интиқоли барқ гиранд, зеро хати барқ баландшиддат хоҳад буд. Тавре ки дар боло зикр гардид, мавҷуд набудани таъминоти устувори барқ, бахусус дар фасли зимистон, мушкилии ҷиддии минтақа эътироф шудааст. Набудани имконияти гирифтани нерӯи барқ аз хати баландшиддат метавонад боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ гардад. 50 Дуввум, новобаста аз он ки то кадом дараҷа хурд аст, ҷамоатҳои қад-қади масири ХИБ ҷойгиршуда таъсири манфии лоиҳаро эҳсос мекунанд. Дар баробари ин, аз татбиқи лоиҳа аҳолие манфиат мебардорад, ки макони зисташон дуртар аст (дар Афғонистон ва Покистон) ва дар натиҷаи кашидани хати интиқоли барқ ба зиндагии онҳо ягон халал ё ташвиш расонида намешавад. Дар ин ҳолат масъалаи таъмини адолат/баробарӣ байни онҳое, ки бевосита дар минтақаи сохтмон истиқомат мекунанд, аммо наметавонанд манфиати бевосита аз сохтмони ин ХИБ бардоранд (дар баробари ин музоҳим мегарданд) ва қисми зиёди ҷамоат, ки ба он сохтмони ХИБ фоидаи зиёдеро меоварад, ба миён меояд. Агар барои ҳалли мушкилоти алоқаманд бо таъмини баробарӣ ва адолат чораҳо андешида нашаванд, он боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ мегардад, ки дар навбати худ метавонад ба татбиқи лоиҳа ва билохир ба кори ХИБ дар оянда асар гузорад. Бо дарназардошти ҳамаи ин далелҳо, ба он ки чӣ гуна метавон аҳолии маҳаллиро воқеан ҳавасманд гардонид, аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод. Ҷамоатҳои маҳаллӣ бояд дар татбиқи лоиҳа ба «шарикони калидӣ» табдил дода шаванд ва ба муваффақият ҳавасманд бошанд. 3.3.3 Фикру андешаҳои ҷамоатҳои зери таъсири лоиҳа қарордошта Дар рафти таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо машваратҳо (дар гурӯҳҳо) бо сокинони ҷамоатҳои маҳаллии се вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳа таъсири худро мерасонад, гузаронида шуданд. Дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ мардон ва занони аъзои ҷамоат иштирок доштанд. Машваратҳои бо сокинони маҳалҳо гузаронидашуда муайян намуданд, ки аҳолии маҳаллӣ дар бораи лоиҳаи CASA-1000 қариб ки ҳеҷ чиз намедонанд, аммо замоне ки аз ҳадафу вазифаҳои лоиҳа воқиф шуданд нигарониҳо ва интизориҳои худро дақиқ баён намуданд. Мушкилоти аз ҳама ҷиддии аз тарафи ҷамоатҳо баёншуда таъминоти беэътимоди нерӯи барқ дар фасли зимистон буд: аҳолӣ мехоҳад, ки таъминоти боэътимод ва мунтазами нерӯи барқ дошта бошад. Дигар мушкилоти муҳим набудани оби тозаи ошомиданӣ ва системаҳои ирригатсионӣ буд. Дар байни дигар нигарониҳои аз ҷониби сокинони маҳалҳо қайдшуда таъмир ва барқарорсозии роҳҳо дар деҳот, фароҳам овардани имконияти шуғл ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо, аз он ҷумлу дар соҳаи тандурустӣ ва маориф буданд. Дар охир аҳолии маҳаллӣ зарурати истифодаи коргарони маҳаллиро дар татбиқи лоиҳа қайд намуданд. Ғайр аз ин, аъзоёни ҷамоатро дар бораи омодагии онҳо дар саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳа пурсиданд. Ҳамаи онҳо омодагии худро дар саҳмгузорӣ ба татбиқи лоиҳа изҳор намуданд, ки он дар шакли меҳнат ё мавод хоҳад буд. Онҳо усули анъанавии ҳашарро қайд намуданд. Ҳангоми ҳашар тамоми аҳолии деҳа дар барқарорсозӣ, сохтмон ё иҷрои ягон кор дастаҷамъона иштирок мекунад. 3.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Ҳадафи асосии консепсияи иштирок дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи CASA-1000, ки он дар навбати худ хавфҳои дар рафти сохтмон ва истифодаи лоиҳа дар оянда ба амал омадаро кам мекунад. Ин ба ҷамоатҳо имконият медиҳад то дар манфиате, ки лоиҳа меоварад ҳиссаи худро дошта бошанд. Тавре ки дар боло зикр гардид, сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ имконияти гирифтани барқро бевосита аз хати интиқоли барқ 51 нахоҳанд дошт, зеро он хати баландшиддат хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, лоиҳа метавонад чорабиниҳои алоҳидаро дар самти рушд, ки аз онҳо аҳолии маҳаллӣ манфиат мебаранд, амалӣ намояд. Тибқи натиҷаҳои машваратҳо бо аҳолии маҳаллии дар минтақаи таъсири лоиҳа сукунатдошта, талаботҳои афзалиятноки зерин муайян карда шуданд.  Беҳтар намудани таъминоти барқ, бахусус дар фасли зимистон;  Паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути ташкили ҷойҳои нави корӣ ;  Беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ;  Вусъатдиҳии дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо (бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва маориф). Баромад аз доираи таъминоти нерӯи барқ ҷиҳати ҳалли дигар мушкилот/қонеъ намудани талаботи ҷамоатҳои маҳаллӣ бо дарназардошти алоқамандии зиччи норасоии нерӯи барқ, озуқаворӣ ва об низ муҳим аст. Ҳалли танҳо мушкилоти таъмини барқ дигар мушкилоти ҷиддии алоқаманд бо таъминоти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки монеи рушд мегарданд, бартараф нахоҳанд шуд . Аз ин рӯ, истифодаи равиши фарогир дар ҳалли ҳамаи масоили калидӣ дар соҳаи рушд зарур мебошад. Таҳқиқотҳои дар ҷамоатҳо гузаронида имконият доданд то якчанд варианти ҳалли ҳар як мушкилии дар боло қайдшуда муайян карда шавад. Ҳамаи онҳо мухтасар дар поён баён шудаанд (маълумоти пурра дар ҳисобот оид ба таҳқиқоти ҷамоатҳо ҷиҳати арзёбии имкониятҳои иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа оварда шудааст). a) Тадбирҳои таъмини устувори нерӯи барқ Яке аз вариантҳои таъминоти устувори нерӯи барқ барои ҷамоатҳои маҳаллӣ пешниҳоди генераторҳои дизелӣ метавонад буд. Азбаски нуқтаҳои аҳолинишин дар минтақаи таъсири лоиҳа парокандаанд, ин вариант нисбат ба кӯшиши пайваст намудани ин нуқтаҳои аҳолинишин ба системаи ягонаи барқ метавонист бештар қобили қабул бошад. Аммо, бо дарназардошти ҳамаи хароҷотҳои сармоягузорӣ, арзиши назарраси истифодабарӣ маълум мегардад, ки таъмини генераторҳо варианти муносиб намебошад. Дар баробари шабакаи умумии барқ истифодаи нерӯи офтоб тавассути насби дастгоҳҳои офтобии барқӣ (дар асоси панелҳои фотоэлектрикӣ) метавонад варианти боэътимоди таъмини барқ гардад. Дар муқоиса ба нархҳои афзоишёбандаи сӯзишворӣ, ки барои генераторҳо зарур аст, нархи дастгоҳҳои офтобии барқӣ дар баробари паҳншавӣ ва такмилёбии технологияи мазкур, мунтазам коҳиш ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, хароҷоти алоқаманд бо таъминоти ҳамаи хонаводаҳои минтақаи таъсири лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас боқӣ мемонанд. Варианти алтернативӣ дастрас намудани ин дастгоҳҳо ба хонаводаҳои бештар осебпазир ё танҳо дар деҳоти алоҳида метавонад бошад: аммо ҳар ду вариант наметавонанд ҳавасманд гардонидани аҳолии маҳаллиро ба лоиҳаи CASA-1000 таъмин намоянд. Варианти сеюм таъмини дастгоҳҳои офтобии барқиро ба муассисаҳои муҳимми ҷамъиятӣ, ба монанди мактабҳо ва дармонгоҳҳои деҳот пешбинӣ мекунад. Чунин муносибат имконият медиҳад то ҳамаи ҷамоатҳо аз лоиҳа (бевосита ё бавосита) баҳра баранд ва ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳа таъмин гардад. 52 Таъмини дастгоҳҳои офтобии гармидиҳӣ, ки нерӯи офтобро барои гарм кардани об ва системаи гармидиҳӣ истифода мебаранд, метавонад чораи дигар бошад. Теъдоди таҷҳизоти барои чунин дастгоҳҳо зарурӣ (масалан, коллекторҳои офтобӣ, қубурҳо, зарфҳои бузург барои нигоҳдорӣ) метавонад зиёд бошад, ғайр аз ин барои насби дурусти таҷҳизот таҷрибаи калон ва тахассуси дахлдор зарур аст . Ба монанди нерӯи офтоб, таъмини дастгоҳҳои офтобӣ барои гарм кардани об/гармидиҳӣ танҳо барои муассисаҳои ҷамъиятӣ, ба монанди мактаб ва дармонгоҳҳо варианти қобили қабул метавонад бошад. Дигар бартарияти ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ ва истифодаи маводу хизматрасониҳои маҳаллӣ, ки ба афзоиши даромади сокинони ҷамоатҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли нерӯи барқ бо истофодаи бод, захираҳои геотермалӣ ва биомасса имкониятҳои хубро дар худ доранд, аммо бо дарназардошти шароитҳои кунунӣ ва сатҳи рушди технологияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он варианти муносиб намебошад. Варианти муносиб ва аз ҳама бештар қобили қабули «нерӯи алтернативӣ» бунёди системаҳои таъмини нерӯи барқ дар асоси микро нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва деҳот арзёбӣ мегардад. Аммо, ҳатто ин вариант маҳдудиятҳои худро дорад: ҳаҷми ҷараёни об дар дарёҳо асосан аз фасли сол вобаста аст ва дар моҳҳои зимистон, ки талабот ба нерӯи барқ бамаротиб меафзояд сатҳи он минималӣ мебошад . Бо мақсади муайян намудани усули беҳтарин оид ба истифодаи микро нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ дар ноҳияҳои таъсири лоиҳа гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ зарур мебошад. б) Чораҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Тавре ки дар қисми хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои таъсири лоиҳа қайд шуда буд, дар кишвар сатҳи рушд хеле паст ва сатҳи камбизоатӣ хеле баланд боқӣ мемонад, сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ бошад хеле маҳдуданд, ки аксарияти одамонро маҷбур месозад ба Федератсияи Россия бо мақсади дарёфти кор ба муҳоҷират раванд. Махсусан занҳо дар вазъияти ногувор қарор доранд, зеро бо дарназардошти имкониятҳои бе ин ҳам маҳдуди пулкоркунӣ, аксари вақт онҳо барои истифодаи он имкониятҳо донишу малакаи зарурӣ надоранд. Чораҳое, ки барои ҳалли ин масъалаҳо дар ҳисобот оид ба таҳқиқи хонаводаҳо пешниҳод мегарданд бунёдӣ марказҳои омӯзиши касбӣ барои занонро пешбинӣ мекунанд; дар он марказҳо занон на танҳо ҳисоби бухгалтерӣ, малакаҳои кор дар компютер, идоракунии соҳибкории хурд ва ғ. меомӯзанд, балки ба онҳо дар ёфтани ҷои кор кӯмак расонида мешавад. Ғайр аз ин, марказҳои мазкур занҳои нодортаринро бо фондҳои асосии истеҳсолӣ ҷиҳати ба даст овардани даромад таъмин хоҳанд намуд . Инчунин марказҳо метавонанд сатҳи умумии огоҳии занонро дар бораи ҳуқуқҳои худ баланд бардоранд. Ташаббуси ба ин монанд барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод мегардад . Дар марказҳои омӯзиши касбӣ барои муҳоҷирон омӯзиши таҷрибавӣ дар чунин соҳаҳо ташкил мегардад: хиштмонӣ, корҳои андовакунӣ, корҳои рангзанӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ. Чунин омӯзиш ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар пайдо намудани корҳои музднок кӯмак мерасонад. Ғайр аз ин, марказҳо метавонанд барои дарки беҳтари қонунгузории алоқаманд бо муҳоҷирати меҳнатӣ ва шиносои ба ҳуқуқҳои худ масалан оид кӯмаки тиббӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ, ба муҳоҷирони меҳнати мусоидат намоянд. 53 Пешниҳоди сеюм, ки бештар дар хусусияти аграрии зиндагӣ дар ҷамоатҳои минтақаҳои таъсири лоиҳа асос ёфтааст, бо рушди саноати хӯрока бо истифода аз маҳсулоти кишоварзӣ алоқаманд аст, масалан, тавассути ташкили комбинат ва сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ. Амалӣ намудани ин ташаббусҳо ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ҷиҳати афзоишдиҳии даромад аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди гӯшт, сабзавот, пахта ва шир, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ имконият фароҳам меоварад ва дар рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. в) Лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ Норасоии оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун мушкилоти асосӣ барои саломатии аҳолии ҷамоатҳои минтақаи таъсирӣ лоиҳа эътироф шудааст, дар баробари ин норасоии оби ирригатсионӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ монеагӣ мекунад. Мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ метавонад тавассути амалӣ намудани барномаи ҷомеавии бунёди чоҳҳои қубурӣ ҳалли худро ёбад. Чунин лоиҳаҳо аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолии деҳот дар Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ гаштаанд.Барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ (истеҳсоли пахта ва чорводорӣ) системаҳои таъминоти об метавонанд барқарор сохта ё такмил дода шаванд. г) Дастрасии боэътимод ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ Дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, инчунин сифати онҳо дар минтақаҳои таъсири лоиҳа хеле маҳдуд арзёбӣ мегардад . Яке аз вариантҳои беҳсозии шароит, ки дар боло пешниҳод шуда буд, таъмини дастгоҳҳои офтобии барқӣ ва дастгоҳҳои офтобӣ барои гарм кардани об/системаҳои гармидиҳӣ дар муассисаҳои ҷамъиятӣ метавонад бошад. Дигар варианти нисбатан содда ва камарзиш, ки ба беҳтар шудани шароит мусоидат мекунад рӯйпуш намудани деворҳои бинои дармонгоҳҳо ва мактабҳо дар деҳот барои нигоҳ доштани гармӣ ба ҳисоб меравад. Ин намуди лоиҳаҳо аз ҷониби ТҒД («Замини хурд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) аллакай бо муваффақият амалӣ шуда истодаанд. Дар ҳисоботи таҳқиқоти ҷамоатҳо низ якчанд тавсия оид ба беҳтар намудани низоми идоракунӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимотӣ оварда шудаанд. Масалан, аз нав дида баромадани системаи омӯзонидани муаллимон бо мақсади мусоидат дар истифода бурдани усулҳои инноватсионӣ, муфид ва осон дар таълимӣ кӯдакон ; алоқаманд намудани системаи омӯзиши касбӣ бо талабот дар бозори меҳнат. 3.3.5 Чораҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои дар боло тасвиршуда як қатор пешниҳодҳое мебошанд, ки ҳанӯз то ба охир такмил дода нашудаанд. Ин кор баъди муайян намудани ҷои гузаштани масири ХИБ ва гузаронидани машваратҳои иловагӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати муҳокимаи вариантҳои иштироки имконпазири ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа иҷро хоҳад шуд. Дар баробари ин, таҳия намудани чораҳои самарабахши институтсионалӣ ҷиҳати амалӣ намудани пешниҳодҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа аҳамияти калон дорад. Ба он тадбирҳо инҳо дохил мешаванд: 54  Таъмини кафолати дақиқи ҳуқуқӣ/таҳияи базаи ҳуқуқӣ бо мақсади гузоштани замина барои татбиқи нақшаҳои алоқаманд бо иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа;  Таъмини ягонагии каналҳо дар сатҳи миллӣ ва механизмҳои институтсионалӣ ҷиҳати коҳиш додани хароҷотҳои амалиётӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ;  Гузаронидани машварат бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таъмини механизми дахлдори институтсионалӣ;  Ҷорӣ намудани механизми самараноки муҳофизат аз идоракунии бесамари маблағҳои пулӣ ё тасарруфи ғайриқонунии онҳо;  Дастгирии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар рушди иқтидори зарурӣ дар самти банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳо;  Амалӣ намудани мониторинг аз ҷониби тарафи сеюм ҷиҳати таъмини шаффофият ва идоракунии самаранок;  Истифодаи самараноки таҷрибаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ТҒД ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи рушди иқтидор бо истифода аз дониши маҳаллӣ, ташкил ва табодули иттилоот, ки истифодаи механизмҳои таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа метавонанд мусоидат кунанд;  Ҳамоҳангсозии механизмҳое, ки ба иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак мусоидат мекунанд бахусус бо стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки на танҳо дастгирии сиёсиро таъмин мекунад, балки дар вусъатдиҳии миқёси татбиқи ин чорабиниҳо мусоидат хоҳад намуд. Дар ҳисоботи пурра оид ба таҳқиқоти хонаводаҳо ҳамаи чораҳои институтсионалӣ ба тарзи муфассал тасвир карда шудаанд. Ду чизро бояд махсусан қайд намуд: якум, зарурати таъмини иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ ҳам дар раванди қабули қарорҳо ва ҳам дар раванди татбиқи лоиҳаҳо тавассути намояндагони онҳо ё бевосита тавассути худи аъзоёни ҷамоатҳо; ва дуюм, аҳамияти ошкор намудани маълумот дар бораи лоиҳа ва махсусан дар бораи чорабиниҳое, ки ба ҷамоатҳо имкон медиҳанд дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа иштирок варзанд. 55 4. AФҒОНИСТОН 4.1 ТАВСИФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ 4.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар Афғонистон ҷузъи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (то дараҷае Осиёи Ғарбӣ) буда баромад ба баҳр надорад. Дар шимол кишвар бо Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Бо Эрон дар ғарб, бо Покистон дар ҷануб ва шарқ ва дар қисмати шарқии кишвар бо Хитой ҳамсарҳад мебошад. Аҳолии кишвар тақрибан аз 30 миллион нафар иборат аст, аммо баъд аз даҳсолаҳо аз ҷанг иқтисодиёти кишвар хеле суст рушд ёфта яке аз кишварҳои бенавотарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. a) Низоми сиёсӣ Афғонистон ҷумҳуриест, ки дар он ҳокимияти қонунгузор аз ду палата иборат аст : палатаи болоии кӯҳансолон ва платаи поёни намояндагони мардумӣ . Ҳокимияти иҷроияро президент сарварӣ мекунад: Ҳомид Карзаи ин вазифаро аз соли 2002 ишғол менамояд. Аввал ӯ аз ҷониби Лойя Ҷирға ҳамчун Президенти фосилавӣ ва аз соли 2004 ҳамчун Президент интихоб гардид. Занҳо дар палатаи поён 25 фоизи ва тақрибан 17 фоизи ҷойҳоро дар Палатаи боло ишғол менамоянд. Дар баъзе ҳолатҳо Ҳукумат барои қабули қарор оид ба масоили алоқаманд бо истиқлолияти миллӣ ва якпорчагии кишвар метавонад Лойя Ҷирғаро даъват кунад. Ба ҳайати Афғонистон 34 вилоят, ки ҳар кадом аз он марказ ва маъмурияти худро дорост, дохил мешавад. Вилоятҳо, дар навбати худ, ба 398 ноҳия, ки ҳар яки он одатан аз шаҳр/шаҳрак ва як қатор деҳот иборат аст, тақсим мешаванд. Ҳар як ноҳия дорои ҳокими (губернатор) худ мебошад. Дар қисматҳои зиёди кишвар сохторҳои қабилавӣ ҳанӯз аҳамият холӣ нестанд . Дар давоми якчанд даҳсолаи охир Афғонистон аз низои доимӣ/ҷанги шаҳрвандӣ азият мекашад ва ҳанӯз аз сулҳи пойдор фарсахҳо дур аст. Мушкилоти ҷиддии алоқаманд бо суботи сиёсӣ ва масоили идоракунӣ бояд ҳаллӣ худро ёбанд. Тибқи раддабандии ташкилоти Transparency International аз соли 2010 Афғонистон ҷои сеюмро ҳамчун кишварӣ аз ҳама фасодзада дар ҷаҳон ишғол мекунад. б) Иқтисодиёт Баъди даҳсолаҳои ҷанги мусаллаҳ иқтисодиёти Афғонистон тадриҷан барқарор шуда истодааст. Аз лаҳзаи сукути ҳукумати толибон дар соли 2001 аз ҳисоби маблағҳои пулӣ дар шакли кӯмаки байналмилалӣ, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ ва рушди бахши хизматрасонӣ вазъи иқтисодӣ ба таври назаррас беҳтар шуд . Дар давоми солҳои 2003 ва 2012 афзоиши воқеии ММД ба ҳисоби миёна 9,2 фоизро ташкил дод (бо вуҷуди дараҷаи баланди ноустуворӣ). Дар солҳои 2012/13 ба туфайли боду ҳавои муносиб ва ҳосили фавқулодда афзоиши ММД тақрибан ба 11,8 фоиз расид. Сатҳи таваррум то 6,4 фоиз дар солҳои 2012/13 дар муқоиса бо 10,2 фоизи соли гузашта коҳиш ёфт. Ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аз ҳаҷми истеҳсоли солона аз чор як ҳиссаи ММД рост меояд. Аз дигар тараф, саноати истихроҷ ботадриҷ ба сарчашмаи рушд табдил ёфта истодааст. Ҳиссаи истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ММД дар гузашта қисми хурдро ташкил медод, зеро он танҳо ба 0,6 фоиз дар солҳои 2010/11 мерасид. Дар соли 56 2012 якумин лоиҳаи хеле бузурги истихроҷи конҳои нафти Амударё оғоз гардид ва интизор меравад, ки дар солҳои наздик ҳиссаи истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳаҷми умумии истеҳсол афзоиш хоҳад ёфт. Истеҳсоли афюн дар Афғонистон то сатҳи рекордии соли 2007 расид – тибқи маълумот тақрибан 3 миллион нафар дар ин кор ҷалб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, дар солҳои минбаъд баъди аз тарафи Ҳукумат шурӯъ намудани татбиқи барномаҳои мусоидат дар кам намудани миқёси парвариши кӯкнор ҳаҷми истеҳсоли он бамаротиб коҳиш ёфт. То соли 2010 маълум гашт, ки аз 34 музофоти кишвар дар 24-тои он кӯкнор дигар парвариш намешавад. Бо вуҷуди пешравиҳои дар давоми як чанд соли охир ба дастомада Афғонистон ҳанӯз кишварӣ хеле бенаво боқӣ мемонад, ки баромад ба баҳр надошта аз кӯмаки хориҷӣ хеле вобаста мебошад. Қисми зиёди аҳолӣ ҳанӯз аз норасоии манзил, оби тоза, нерӯи барқ, хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷои кор танқисӣ мекашад. Мавҷуд набудани амният, идоракунии заиф, инфрасохтор ва мушкилоти ҳукумати Афғонистон, ки бо волоияти қонун дар ҳамаи қисматҳои кишвар алоқаманданд ба афзоишёбии сатҳи ҷиноят, ки ба рушди иқтисодӣ дар оянда монеагӣ мекунад, оварда расонид. Соли 2012 қурби асъор ба 8 фоиз коҳиш ёфт, ки сабаби он афзоиши номуайянӣ дар робита бо амният ва фазои соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Фоизи аҳолии дорои дастрасӣ ба нерӯи барқ дар Афғонистон аз ҳама пасттарин дар ҷаҳон мебошад. Аз рӯи ҳисобҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об тақрибан 30 фоизи афғонҳо ба нерӯи барқ аз ҳисоби системаи энергетикӣ, микро НБО ё панелҳои офтобӣ дастрасӣ доранд. Минтақаи деҳот, ки дар он зиёда аз 77 фоизи аҳолии афғон истиқомат мекунад ба системаи энергетикӣ ё ба дигар воситаҳои таъмини барқи доимӣ пайвастношуда боқӣ мемонад. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо, дар манотиқи деҳот дастрасӣ ба нерӯи барқ танҳо 9 фоизи шумораи умумии аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳад . Вазъият дар шаҳрҳои калони қад-қади долони шимолу шарқӣ байни шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобул дар натиҷаи воридоти нерӯи барқ аз Узбекистон ва барқарорсозии се нерӯгоҳи барқи обӣ (корҳо дар НБО Маҳипар ва Саробӣ ба анҷом расидаанд, дар Наглу бошад идома доранд) ба таври назаррас беҳтар шудааст. Бори аввал дар даҳсолаҳои охир аксарияти марказҳои шаҳри ба монанди Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф ва Пули Хумрӣ акнун аз нерӯи барқи 24 соата бархӯрдор мебошанд. Ҷомеаи байналмилалӣ ва донорҳо тарафдори рушди Афғонистон мебошанд. Онҳо дар давраи байни солҳои 2003 ва 2010 дар конфронси нӯҳ донорон пешниҳод намудани 67 миллиард доллари ИМА-ро бар ӯҳда гирифтанд. Соли 2012, дар конфронси Токио донорҳо ҷудо намудани 16 миллиард доллари ИМА иловагиро ҷиҳати дастгирӣ намудани аҳолӣ то соли 2015 бар ӯҳда гирифтанд. Бо вуҷуди ин кӯмак, Ҳукумати Афғонистон бояд як қатор масъалаҳоро ҳал намояд, аз он ҷумла ҳалли мушкилии алоқаманд бо сатҳи пасти даромад, ташкили ҷойҳои нави кор, сатҳи баланди коррупсия, иқтидори заифи ҳукумат, ва рушди сусти инфрасохтори ҷамъиятӣ . в) Демография ва нишондиҳандаҳои рушд Шумораи умумии аҳолии Афғонистон тақрибан 30 миллион нафарро ташкил медиҳад. Кишвар аз миллатҳои мухталиф иборат аст ва дар он паштуҳо гурӯҳи калонтарини этникиро ташкил медиҳанд, пас аз он тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо, аймакҳо, туркманҳо, балуҷҳо ва дигарон. Дарӣ (форсии афғонӣ) ва пашту забонҳои асосӣ буда дарӣ ба ҳайси забони гуфтугӯи байни миллатҳо хизмат мекунад. Дар кишвар ду забон зиёд истифода мешаванд. 57 Сатҳи зиндагӣ дар Афғонистон аз ҳама пасттарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад . Танҳо 27 фоизи афғонҳо ба оби тозаи ошомиданӣ ва 5 фоиз ба санитарияи муносиб (Бонки ҷаҳонӣ) дастрасӣ доранд. Аз рӯи маълумоти Таҳқиқоти сатҳи фавт дар Афғонистон аз соли 2010 давомнокии умр аз рӯзи таваллуд 50 солро ташкил медиҳад . Бо вуҷуди ин, дар давоми нӯҳ соли охир кишвар ба пешравии назаррас ноил гашт. Тақрибан 85 фоизи аҳолӣ дар ноҳияҳое истиқомат мекунанд, ки айни замон дар онҳо муассисаҳои хизматрасониҳои тиббии асосӣ фаъолият мебаранд. Тақрибан 57,4 фоизи аҳолӣ дар масофаи як соати пиёдагардӣ аз муассисаҳои давлатии тиббӣ истиқомат мекунанд (NRVA 2007/08). Сатҳи фавти навзодон ва кӯдакон (дар байни кӯдакони то 5 сола) мутаносибан то 77 ва 97 кӯдак ба 1000 зиндатаваллуд дар соли 2010, соли 2008 бошад - то 111 ва 161 ба 1000 зиндатаваллуд коҳиш ёфт. Беҳтаршавии ба ин монанд дар нишондиҳандаҳои соҳаи маориф ба назар мерасад. Соли 2001, баъди суқути ҳукумаи толибон нишондоди қабул ба мактаб тақрибан 43 фоизро барои писарон ва 3 фоиз барои духтарон ташкил дода буд. Ғайр аз ин, ба зиёда аз 5 миллион кӯдакони синни мактаб танҳо 21,000 омӯзгор (ки асосан дорои маълумоти зарурӣ нестанд) рост меояд – ё тақрибан 240 хонанда ба ҳар як омӯзгори камтаҷриба. Аз соли 2002 инҷониб қабул ба мактаб аз 1 млн. то 7,8 млн. кӯдак афзоиш ёфт; қабули духтарон аз 191,000 то зиёда аз 2,8 млн. кӯдак зиёд шуд. Ҳамаи омӯзгорон – 180,000 нафар аз бозомӯзии омӯзгорон гузаштаанд. Шумораи зиёди минаҳо дар заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо, роҳҳо ва нуқтаҳои дастрасӣ ба рӯдҳо/манбаъҳои об ҳанӯз барои аҳолие, ки дар он ҷо истиқомат ва кор мекунанд хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад. Мутобиқи маълумоти як гузориш, соли 2009 ба ҳисоби миёна зиёда аз 40 нафар аз минаҳои замин ва аслиҳаи таркандаи баъди ҷанг боқимонда захмдор мешуданд ё мефавтиданд (писарон - 48 фоиз, мардон - 37 фоиз, духтарон – 8 фоиз, занҳо - 7 фоиз). d) Вазъи занон20 Агар ба таърих назар афканем, аз давраҳои пеш занони афғон ҳамеша аз ҳуқуқҳои худ маҳрум буданд ва ба вазъи тобеъ розӣ мешуданд. Мақоми зан дар оила ва ҷамъият дар асоси омилҳои мухталиф, дар фазое, ки решаҳои фарҳангӣ ва таърихии поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс ҳанӯз мустаҳкаманд, ташаккул меёфт. Афғонистон ҷамъияти гуногунмиллат ва анъанавӣ буда аз рӯи нишонаҳои қабилавӣ идора карда мешавад ва дорои ҳукумати марказии заиф мебошад. Ғайр аз ин, солҳои тӯлонии ҷанг ва зӯроварӣ, ва дар натиҷаи он вазияти ноороми сиёсӣ ва ноустувори иқтисодӣ махсусан ба занон асари бузург гузоштааст. Вақте ки толибон соли 1996 ҳукуматро гирифтанд занҳо қариб ки бе ягон ҳуқуқ монданд. Дар ҳама ҷо поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс дар Афғонистон мушоҳида мешавад. Тафовути ҷинсӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф, дастрасӣ ва идоракунии захираҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳокимият ва овозӣ сиёсӣ баръало эҳсос мешавад. Баъди сарнагун кардани толибон дар соли 2001 вазъияти сиёсӣ ва фарҳангии занони афғон то дараҷае беҳтар гардид. Ҳукумат бо мақсади таъмини некӯаҳволии занон асоси боэтимоди сиёсатро, аз он ҷумла Нақшаи чорабиниҳо ба манфиати занони 20 Ҳаҷлот Каур ва Наҷия Аюбӣ, ‘Вазъи занон дар Афғонистон’ дар Ташаккулёбии давлат, амният ва тағйироти иҷтимоӣ дар Афғонистон: Фикру андешаҳо оид ба таҳқиқоти мардуми афғон (Asia Foundation, 2009); Афғонистон: эҳёи миллӣ ва мубориза бо фақр – Нақши занон дар ояндаи Афғонистон (Бонки ҷаҳонӣ, 2005); нақши занон дар ояндаи Афғонистон – Ҷамъбасти дастовардҳо ва таҳдидҳои боқимонда (Бонки ҷаҳонӣ, июни соли 2013). 58 Афғонистонро (NAPWA) омода намуд. Дар ин робита, сохтори махсуси давлатӣ ташкил карда шуд – Вазорати кор бо занон. Ҳукумати Афғонистон як қатор ӯҳдадориҳои муҳимро дар робита ба занон ба зиммаи худ гирифт, аз он ҷумла таъмини баробарӣ, ки дар Сарқонуни кишвар инъикоси худро ёфт, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ оид ба масоили гендерӣ, ҳамроҳ кардани масъалаҳои гендерӣ дар ҳами ҳуҷҷатҳои стратегияи рушди миллӣ ва пешбурди хизматрасонӣ барои занон дар доираи барномаҳои мухталиф оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои асосӣ. Бо вуҷуди ин, пешрафи дар бахшҳо ба дастомада хеле фарқ мекунад. Нишондиҳандаҳо дар соҳаи тибби Афғонистон, бахусус дар самти солимии кӯдакон ва саломатии репродуктивии занон яке аз пасттарин дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Як қатор омилҳо асари худро дар ин вазъият гузоштаанд; мавҷуд набудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ, синну соли бармаҳали издивоҷ ва маълумоти нокифоя оид ба масоили тандурустӣ, беҳдошт ва ғизохӯрӣ. Бо вуҷуди ин, аз соли 2005 инҷониб, дар кишвар пешрафти намоён ба назар мерасад, аз он ҷумла: таносуби пасттари фавти модар, коҳишёбии сатҳи таваллуд, афзоиши теъдоди занони соҳибихтисос дар соҳаи тандурустӣ, инчунин мавҷудияти шабакаи васеътари муассисаҳои тиббие, ки метавонанд дар самти ҳифзи саломатии репродуктивӣ хизмат расонанд. Пешравии ба ин монанд дар соҳаи маориф низ мушоҳида мешавад. Ба омилҳое, ки одатан ба таҳсили духтарон монеа мегарданд инҳо дохил мешаванд: набудани дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ, набудани амният, камбизоатӣ, синну соли бармаҳали издивоҷ ва муносибати манфии волидайн ба таҳсили духтарон . Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир шумораи духтарони хонанда дар ҳар як зинаи таҳсилот ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, бахусус дар зинаи ибтидоии таҳсилот. Ғайр аз ин, афзоиши камтар дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва касбӣ ба назар мерасад. Вусъатёбии шабакаи мактабҳои давлатӣ бо афзоиши шумораи муаллимони зан қобили қайд мебошад. Ин омил ба давомоти духтарон, бахсус дар синфҳои болоӣ таъсир мерасонад. Нақши анъанавии занон дар Афғонистон барои иштироки баробар дар фаъолияти иқтисодӣ монеа шуда истодааст. Занҳо инчунин дорои баъзе аз малакаҳои тахассусӣ ва умуман сатҳи пасти маълумот буда аз рӯи ҳисобҳо сатҳи маълумотнокӣ дар байни занон 21 фоизро ташкил медиҳад. Занон, одатан машғули кори ғайрирасмӣ мебошанд, ки он аксари вақт дар хона ё дар шакли меҳнати бемузд дар соҳаи кишоварзӣ иҷро мегардад. Ин дар ҳолест, ки занон нақши ниҳоят муҳимро дар ҳамаи ҷанбаҳои истеҳсоли кишоварзӣ бозӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар дигар соҳаҳо, масалан дар бахши хусусӣ ва ба ҳайси хизматчиёни давлатӣ занон хеле кам фаъолият доранд. Шумораи занҳои соҳибихтисос дар соҳаи иҷтимоӣ (ба монанди тандурустӣ ва маориф) зиёд шудааст, аммо теъдоди онҳо ҳанӯз ночиз боқӣ мемонад. Ҳамчун шаҳрвандон, занони афғон аз баробарии конститутсионӣ бархӯрдор мебошанд, аммо бо нобаробарии ҳуқуқӣ низ дучор мегарданд. Ғайр аз ин, байни меъёрҳои ҳуқуқи умумӣ, шаҳрвандӣ ва исломӣ, аз он ҷумла системаи ғайрирасмии адлия, ки ба таъмин намудани занон бо ҳуқуқҳои боз ҳам камтар нигаронида шудааст, тафовут вуҷуд дорад. Солҳои низоъ ва зӯроварӣ вазъияти ҳифзи ҳуқуқҳои (маҳдуди) занонро боз ҳам бадтар карданд. Зӯроварӣ нисбати занон дар худи оила ва берун аз он паҳн шудааст. Дар воситаҳои ахбори омма дар бораи ҷиноятҳо нисбати занон аз сабаби стигматизатсияи иҷтимоӣ, аз он ҷумла ҷиноятҳое, ки тибқи маълумот аксари вақт тавассути механизҳои маҳаллии ғайрирасмии ҳалли баҳс, асосан бо истифода аз меъёрҳои ҳуқуқи умумӣ содир мегарданд, хеле кам иттилоъ дода мешавад . Ба ҷорӣ намудани баъзе аз ислоҳоти расмии ҳуқуқӣ нигоҳ накарда таъмини иҷрои онҳо 59 мунтазам нест. Дар системаи адлия теъдоди ками занон ҳамчун мутахассисон дида мешаванд, ки он ҳам дастрасии занони қурбони ҷиноятро ба адлия боз ҳам мушкилтар мегардонад. Бархе аз беҳбудиҳои намоён дар иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла дар мақомоти қонунгузор ба назар мерасад: дар ҳақиқат, айни замон Афғонистон дорои яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини иштироки занон дар парлумони миллӣ дар минтақа мебошанд. Дастовардҳо дар сатҳи маҳаллӣ, асосан аз сабаби диққати афзоишёбанда дар ҳукумат ва дар байни донорҳо ба расонидани кӯмак бевосита ба ҷамоатҳо, низ мушоҳида мешаванд. Занон, ки дар алоқамандӣ бо масоили ҷамоатҳо бо онҳо одатан машварат карда намешавад айни замон дар ҳамоишҳои алоқаманд бо муайян кардани афзалиятҳои рушди деҳот ва шаҳракҳо, аз он ҷумла оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ба ҳалли мушкилоти онҳо нигаронидашуда, иштирок меварзанд. Аммо натиҷаҳои интихоботи охирин ва дигар таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бино ба таҳдиди зӯроварӣ ва дигар монеаҳо, аз он ҷумла истифодаи нодурусти системаи квотаҳо, муваффақиятҳо дар самти иштироки ҷамъиятӣ маҳдуд мебошанд. Умуман, бо вуҷуди он ки дар давоми даҳ соли охир занон дар Афғонистон ба пешрафти назаррас ноил шудаанд, онҳо ҳанӯз бо мушкилоти ҷиддии алоқаманд бо дастрасӣ ба хизматрасониҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, дастрасӣ ба ҳуқуқ ба замин ва моликият ва ташаккул ба ҳайси аъзоёни ваколатдори ҷамъият рӯ ба рӯ мешаванд. 4.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа Дар чорчӯбаи лоиҳаи CASA-1000, хати интиқоли барқ 500 кВ ҶДБШ бо дарозии умумии 562 км аз ҳудуди Афғонистон мегузарад. Бо ёрии ин хат нерӯи барқ (300 МВт) ба Афғонистон, инчунин ба Покистон интиқол мегардад. Тавсифи иҷтимоию иқтисодии таҳқиқоти манфиатҳои ҷамъиятӣ Соли 2012 ташкилоти ООН-Хабитат дар Афғонистон таҳқиқотрои оид ба «Арзёбии истифодаи муштараки манфиатҳои лоиҳаи CASA-1000 аз ҷониби ҷамоатҳо»-ро гузаронид. Таҳқиқот бештар ба маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани муҳокимаҳо бо ҷамоатҳо дар шакли гурӯҳҳо дар ноҳияҳои таъсири лоиҳа (нигаред ба Ҷадвали 1) ба даст омад, асос ёфта буд. Дар натиҷа, тавсифи иҷтимоию иқтисодии ин ноҳияҳо таҳия гардида арзёбии оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, таҳлили нигарониҳо ва андешаҳои ҷамъият ва муайян намудани вариантҳои истифодаи муштараки манфиатҳои аз ҷониби ҷамоатҳо гузаронида шуд. Дар поён тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар доираи таҳқиқоти муштараки манфиатҳои ҷамоатҳо омода гаштанд, оварда шудааст. Блоки 1: Методологияи таҳқиқоти истифодаи муштараки манфиатҳо аз ҷониби ҷамоатҳо Барои тасвири ҷамоатҳои қад-қади хати интиқоли барқ ҷойгиршуда долони вусъаташ 4 км (2 км аз ҳар як тарафи хати интиқоли барқ) мавриди истифода қарор дода шуд . Муҳокимаҳо дар гурӯҳҳо дар сатҳи ноҳияҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо 10% ҷамоатҳо иштирок доштанд . Ҷамоатҳо дар асоси принсипҳои муайян ба монанди ҷуғрофияи мухталиф, дарозии муайян қад - қади хати интиқоли барқ, гурӯҳҳои осебпазир (занон, мардуми бозгашта, муҳоҷирони иҷборӣ, маъюбон) ҷиҳати ҳалли масоили алоқаманд бо ҳуқуқи баробар ва иштирок, иштироки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва инчунин мавҷудияти муассисаҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва ғ. интихоб гаштаанд. Дар маҷмӯъ, муҳокимаҳои тавассути вохӯриҳо дар гурӯҳҳо дар 57 ҷамоати дар 23 ноҳия ва 6 музофот воқеъ буда гузаронида шуданд . Вохӯриҳо дар гурӯҳҳо ба аъзоёни ҷамоатҳо имконият ва майдон барои ҳамкорӣ, алоқа ва қабули муштараки қарорҳо фароҳам 60 оварданд. Вохӯриҳо дар гурӯҳҳо хеле самаранок гузаштанд, ҳамин тавр тавассути вохуриҳо дар гурӯҳҳо ҷамоатҳо тавонистанд нигарониҳо ва андешаҳои худро оид ба афзалиятҳои умумӣ дар робита бо вариантҳои истифодаи муштараки манфиатҳо аз татбиқи лоиҳаи CASA 1000 баён намоянд. a) Аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир Хати интиқоли барқ аз 616 ҷамоат, 23 ноҳия дар 6 вилояти дорои шумораи умумии 151,947 оила мегузарад. Дар ҷадвали 3 маълумоти муфассал дар бораи вилоятҳо ва ноҳияҳои таъсири лоиҳа оварда шудаанд. Шумораи оилаҳои мутааллиқ ба гурӯҳҳои осебпазири мухталиф ба таври зерин тақсим мешаванд: a) аҳолии баргашта – 16,034 оила (11 фоиз аз шумораи умумӣ); б) муҳоҷирони дохилӣ (МД) – 8,237 оила (6 фоиз); в) маъюбон – 5,786 оила (4 фоиз); ва г) оилаҳое, ки сардор дар онҳо занон мебошанд – 7,426 оила (5 фоиз). Ҷадвали 3: Маълумоти демографии қад-қадӣ долони 4 км хати интиқоли барқ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар Афғонистон Вилоят Ноҳия Шумораи Шумораи % оилаҳои ба категорияҳои зерин ҷамоатҳо дар оилаҳо тааллуқдошта ҳудуди (100 %) Шахсони МД Маъюбон Оилаҳое, долони 4 км баргашт ки сардори а онҳо занон мебошанд Парвон Саланг 20 3,238 16 3 4 3 Ҷобулсароҷ 29 5,969 3 7 4 7 Сайяд Хел 24 5,657 3 2 4 6 Чорикар 25 12,087 9 11 5 7 Бағром 22 8,355 14 9 4 5 Нангархор Беҳсуд 25 7,188 4 4 3 3 Кама 27 6,229 7 14 2 3 Бати Кот 32 8,740 1 2 2 3 Лал Пур 17 4,307 6 3 2 3 Мухман 17 4,798 3 3 3 3 Дара Қундуз Имом Соҳиб 11 3,007 33 0 0 4 Чор Дара 40 12,952 8 0 0 5 Алиобод 49 12,185 9 0 4 5 Бағлон Баглани 34 3,737 9 6 5 4 Ҷадид Пули Хумрӣ 33 8,823 8 2 4 4 Души 74 7,317 9 8 9 7 Хинҷон 25 7,250 6 5 9 7 Кобул Қарабоғ 17 9,910 25 25 4 7 Калакон 6 2,760 22 4 5 8 Деҳи Сабз 11 3,593 15 20 4 2 Ноҳияи 10 2,286 25 18 3 2 Кобул 21 Суроби 21 1,764 18 12 3 6 Лағмон Карғавӣ 47 9,795 19 0.1 5 4 6 23 616 151,947 11 6 4 5 61 б) Дастрасӣ ба нерӯи барқ Дар рафти пурсиш муайян гашт, ки аз шаш вилояте, ки тавассути онҳо 562 км хати интиқоли барқ мегузарад аз 10 то 20 фоизи аҳолӣ дар се вилоят (Қундуз, Бағлон ва Парвон) ба шабакаи барқ пайваст мебошанд, дар ҳоле ки камтар аз 10 фоизи аҳолии вилоятҳои Лағмон ва Нангархор ба шабака пайваст буданд. Нишондиҳандаи пайваст будани аҳолии шаҳри Кобул тақрибан аз 30 то 50 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамоатҳое, ки дар ҳудуди 4 км долони хати интиқоли барқ дар 4 ноҳия ҷойгиранд : дар натиҷаи пурсиш муайян шуд, ки дар Ҷобулсароҷи вилояти Парвон; дар ноҳияи Имом- Соҳиби Қундуз; ноҳияи 21 ва Суроби Кобул қариб ҳама ба шабакаи нерӯи барқ пайваст мебошанд. Дар дигар ноҳияҳо, чӣ тавре ки дар Ҷадвали 4 нишон дода шудааст, тафовути калон байни оилаҳое, ки ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд ва онҳое, ки надоранд мушоҳида мешавад. Он оилаҳое, ки аз нерӯи барқ истифода мебаранд ё ба шабакаи дохилии нерӯи барқ пайвастанд, дорои шабакаи мустақиланд ё аз шабакаи алоҳида истифода мебаранд. Шабакаҳои мустақил асосан аз микро НБО, батареяҳои офтобӣ ва генераторҳои дизелӣ тавассути барномаҳои БҲМ, БММР 21 ва дигар барномаҳои монанд бунёдшуда барқ мегиранд. Ҷадвали 4: Фарогирӣ бо нерӯи барқ дар ҷамоатҳои долони хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000 Вилоят Ноҳия Шумораи Шумораи % оилаҳо % оилаҳои бо ҷамоатҳо дар умумии оилаҳо таъмин бо нерӯи барқ ҳудуди 4км долон (100 %) нерӯи барқ таъмин нашуда Парвон Саланг 20 3,238 41 59 Ҷобулсароҷ 29 5,969 100 0 Сайяд Хел 24 5,657 26 74 Чорикар 25 12,087 14 86 Бағром 22 8,355 25 75 Нангархор Беҳсуд 25 7,188 68 32 Кама 27 6,229 65 35 Бати Кот 32 8,740 19 81 Лал Пур 17 4,307 0 100 Мухман 17 4,798 3 97 Дара Қундуз Имом Соҳиб 11 3,007 93 7 Чор Дара 40 12,952 55 45 Алиобод 49 12,185 0 100 Бағлон Баглани 34 3,737 11 89 Ҷадид Пули Хумрӣ 33 8,823 69 31 Души 74 7,317 3 97 Хинҷон 25 7,250 0 100 Кобул Қарабоғ 17 9,910 4 96 Калакон 6 2,760 30 70 Деҳи Сабз 11 3,593 0 100 Ноҳияи 10 2,286 100 0 Кобул 21 Суроби 21 1,764 100 0 21 Барномаи ҳамрайъии миллӣ, Барномаи миллии минтақавии рушд 62 Лағмон Карғавӣ 47 9,795 12 88 6 23 616 151,947 31.4 68.6 Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси «Арзёбии таъсири иҷтимоӣ»-и аз ҷониби ширкати IEL гузаронида Соли 2011 ширкати «Integrated Environments Ltd» (IEL) ҳисоботро оид ба арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 пешниҳод намуд. Маълумот дар бораи арзёбии таъсири иҷтимоӣ дар Афғонистон аз арзёбиҳои қаблии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ гирифта шуда бо аксҳои моҳворавии 562 км хати интиқоли барқ дар Афғонистон пурра гардонида шудааст. Натиҷаҳои арзёбии аз ҷониби ширкати IEL гузаронида, ки ба тавсифи иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои лоиҳаи CASA-1000 тааллуқ доранд, аз маълумоти зерин иборатанд: a) Аҳолӣ Тақрибан 26 нуқтаи аҳолинишин қад-қади долони лоиҳа ҷойгир шудаанд. Аксарияти аҳолӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини деҳот иборат аз 500 - 9,000 нафар истиқомат мекунанд. Ҳашт нуқтаи аҳолинишин дар ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудаанд, ки дар сурати интихоби оқилонаи масир метавон аз паҳлӯи онҳо гузашт. Нуқтаҳои аҳонишине, ки дар ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудаанд инҳо мебошанд: Омархиел, Бомиён, Табдара, Қарабоғ, Чашмаи Доғ, Қалъаи Муродбег, Моҳипар и Маркобозор. Ҳафт гурӯҳи асосии этникӣ ва шаш қабилаи калон қад-қади ДТЛ сукунат доранд ва ҳар як қабила дорои урфу одати худ мебошад. Дарӣ ва пашту забонҳои муошират дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Ба ҳолати соли 2006, 45 фоизи аҳолии синну солашон то 15 сола, 2 фоиз аз 64 сола боло ва ба ҳисоби миёна як хонавода аз 10 то 18 нафари сукунатдошда иборат аст . Сатҳи маълумотнокӣ дар ҳудуди ДТЛ аз сабаби норасоии маблағ, мавҷуд набудани амният дар мактабҳо ва таърихи тӯлонии ҷанг ва истило танҳо 36 фоизро ташкил медиҳад. Сатҳи маълумотнокӣ дар байни занон аз мардон хеле ақиб мемонад. б) Истифодаи замин ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва нерӯи барқ Қисми зиёди заминҳо дар ДТЛ ноҳамвор ва кӯҳӣ бо растаниҳои кам, ки умуман истифода намешаванд, арзёбӣ мегарданд. Қисматҳои ҳамвори замин дар наздикиҳои рӯдҳо барои фаъолияти кишоварзӣ истифода мешаванд. Ҳосилнокии гандум ба ҳисоби миёна 2721 кг/га ва ҷуворимакка - 1217 кг/га ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, аз сабаби вайроншавии системаҳои обёрӣ ва минаҳо қисми зиёди майдонҳои заминҳои кишоварзӣ аз истифода баромаданд. Ба ҳар як оила ба ҳисоби миёна 1,2 га замини кишоварзӣ рост меояд. Таҳқиқот нишон дод, ки зиёда аз 67 фоизи аҳолӣ дар хонаҳои аз гил сохташуда зиндагӣ мекунад, боқимонда дар хонаҳои бо истифода аз ҳаҷми мухталифи бетон истиқомат мекунад. Ба манбаъҳои об ҷӯйҳо, чашмаҳо ва дарёҳое, ки бо теъдоди зиёди минаҳо ифлос шудаанд, дохил мешаванд. Тақрибан 50 фоизи аҳолӣ ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд, аммо маҳрум аз истифодаи муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва роҳҳои мумфарш мебошанд. 63 в) Сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ Сарчашмаҳои маъмулии даромади аҳолии маҳаллии ДТЛ соҳаи кишоварзӣ, меҳнати ҳаррӯзаи кироя, ҳамлу нақл тавассути нақлиёт ва соҳибкории хурд ба ҳисоб мераванд . Як хонавода ба ҳисоби миёна зиёда аз 77 фоизи даромади солонаи худро барои қонеъ намудани талаботи асосӣ дар ғизо масраф мекунад. Аҳолӣ аз теъдоди ками воситаҳои қонунии дарёфти даромад барои зиндагӣ бархӯрдор мебошад: истеҳсол ва фурӯши кӯкнор низ ба назар мерасад. г) Вазъияти занон Занон дар ноҳияҳои таъсири лоиҳа бо он мушкилот ва масъалаҳое, ки айни замон занон дар тамоми ҳудуди Афғонистон дучор мегарданд, аз он ҷумла муносибати анъанавӣ, ки рафтуомад ва дастрасии занонро ба хизматрасониҳо ва имкониятҳо маҳдуд месозанд, мавҷуд набудани имконияти таҳсил, истифода аз хизматрасониҳои тиббӣ, мавҷуд набудани амният, иштироки маҳдуд дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва қабули қарорҳо ва имкониятҳои маҳдуд барои кор ва шуғл, рӯ ба рӯ мешаванд. Чӣ тавре ки қайд карда шуд, занон бо мушкилоти дастрасӣ ба ҳуқуқҳои қонунӣ, аз он ҷумла ҳуқуқ ба замин дучор мешаванд. Дар ҳоле, ки қонунҳои шаръӣ ба занон ҳуқуқи мероси молу мулкро таъмин мекунад, дар амал вазъият дар гурӯҳҳои гунонуни этникӣ ва минтақаҳо фарқ мекунад. Масалан, дар байни паштуҳо ва узбекҳо ҳолатҳое, ки занон дорои ҳуқуқ ба молу мулк мебошанд вомехӯранд, дар ҳоле ки дар байни тоҷикон занони соҳиби замин мушоҳида мешаванд. Умуман, дар байни тоҷикон тамоюли таҳвили замини ба меросмонда ба бародарони худ ё ба хешовандони наздик – мардҳо мушоҳида мешавад. Ин ҳамчун амали зарурӣ бо мақсади таъмини дастгирӣ ва муҳофизати онҳо арзёбӣ мегардад. Ҳатто дар он ҳолатҳое, ки занон дорои замин ба номи худ мебошанд, ин аз рӯи қонун моликияти онҳост ва на дар амал: хешованди мард одатан қитъаҳои заминро идора карда оид ба зироати кишт ва фурӯхтани он қарор қабул мекунад. д) Гурӯҳҳои осебпазир Дар Афғонистон тақрибан 161 километри квадратии заминҳои кишоварзӣ минагузорӣ шудаанд. Аксарияти минаҳо дар чарогоҳҳо пайдо мегарданд. Дар натиҷаи минагузорӣ талафоти бузург ба воситаҳои зиндагӣ ва чорвои хонагӣ расонида мешаванд; он дастрасии аҳолиро ба замин маҳдуд карда ваъзи алоқаманд бо амнияти озуқавориро боз ҳам бадтар мегардонад. Тақрибан сеяки аҳолии дар ҳудуди масири пешниҳодшудаи ХИБ сукунат дошта поёнтар аз хати фақр зиндагӣ карда «осебпазир» ба ҳисоб мераванд. Дар Афғонистон норасоии шадиди дастрасии аҳолӣ ба манзили муносиб, оби ошомиданӣ ва санитария ба назар мерасад ва он ба бадшавии вазъи санитарию беҳдошт дар натиҷаи шароитҳои вазнини зиндагӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ мусоидат мекунад. Мавҷуд набудани субот дар доштани моликияти ғайриманқул ва базаи равшану возеҳи ҳуқуқӣ ва асосҳои сиёсат, ки бо замин алоқаманданд боиси сар задани низоъ байни аҳолӣ ва ҷамоатҳо, байни ҷамоатҳо ва давлат мегардад. Чунин вазъият низоъҳои этникӣ ва динии гузашта ва ҳозираро бадтар намуда монеи рушд ва татбиқи барномаҳои барқарорсозӣ мегарданд, ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва бахши хусуси асар мегузароанд ва ба эътимоди ҷамъият нисбат ба иқтидори ҳукумат дар 64 мусоидат ба рушд ва ҳифзи шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои онҳо халал ворид месозад . Мушкилиҳо дар базаи меъёрию ҳуқуқӣ бо дарназардошти иқтидори заифи амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии ҳукумат боз ҳам вазнинтар гардида ба ихтилофоти назаррас дар истифодаи қонунҳои алоқаманд бо замин оварда мерасонад. Низоъ, осебпазирӣ ва баҳсҳои замин бо кӯчбандии дастаҷамъонаи аҳолӣ, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваст мушкилтар шудаанд. Дар сатҳи байналмиллалӣ барқарорсозии ҳуқуқҳои молу мулкӣ ҳамчун омили асосӣ, ки ба МД ва паноҳандагони баргашта имконияти барқарорсозии воситаҳои зиндагии худ медиҳад, эътироф шудааст. 4.2 ТАЪСИРИ ЛОИҲА 4.2.1 Методология Тавре ки дар боло қайд шудааст, лоиҳаи CASA -1000 гузаронидани хати интиқоли барқи 500 кВ, ки дар масофаи 562 км тавассути Афғонистон мегузарад, дар бар мегирад. Арзёбии таъсири лоиҳаи CASA-1000 ба муҳити зисти минтақаҳои таъсир дар Афғонистон бештар ба АТМЗ ва НИМЭИ Лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA 1000): Ҳуҷҷатҳои марҳилаи АТИ, ки соли 2011 аз ҷониби ширкати «Integrated Environments Ltd» пешниҳод гаштаанд, асос ёфтааст. Пас аз таҳия намудани АТМЗ аз тарафи ширкати IEL харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ барои нишон додани мушкилоти мушаххаси экологӣ ва иҷтимоӣ ва чораҳои пешниҳодшуда барои кам кардани таъсир дар тӯли тамоми масири хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000, омода гардид. Дар мавриди дигар кишварҳо чунин таҳқиқоти саҳроӣ гузаронида шуда буданд, аммо дар Афғонистон арзёбии таъсири иҷтимоӣ қариб ки пурра ба харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ такъя мекунад. 4.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири ХИБ Дар Ҷадвали 5 хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир дар тӯли хати пешниҳодшудаи интиқоли барқ, ки аз қаламрави Афғонистон мегузарад, оварда шудааст. Ҷадвали 5: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Афғонистон тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Харитаи Тасвири хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа ҳаммарказ онии масир (AS) AS-054 ДТЛ аз инфрасохтори ҷамоат дар Шерхон Бандар ва иншооти динӣ мегузарад. ДТЛ убури дарё, инфрасохтори ҷамоат, роҳҳо ва қитъаҳои дорои растаниро дар бар мегирад AS-055 Масири пешниҳодшудаи ХИБ дар баробари роҳ ба ш. Қундуз кашида мешавад AS-056 Тавре ки дар боло оварда шудааст AS-057 Тавре ки дар боло оварда шудааст AS-058 Масири пешниҳодшудаи ХИБ заминҳои кишоварзиро мегузарад; қисми заминҳои кишоварзӣ, инфрасохтори зиччи ҷамоат дар шаҳри Қундуз ва 65 роҳҳои навъи мухталиф. AS-059 Хати интиқоли барқ аз заминҳои кишоварзӣ мегузарад; ДТЛ убури рӯдҳои мухталиф, инфрасохтори ҷамъиятӣ ва қитъаҳои дорои растаниро дар бар мегирад. AS-060 Шаҳраки Алиобод, дар баъзе ҷой боғҳо, пайроҳаҳо ва дарёи Қундузро масири ХИБ мегузарад. AS-061 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз деҳаи Ҷелогир мегузарад. AS-062 Деҳоти Чаҳоршанбе-теппа, Муҳоҷир ва шаҳри Бағлони нав дар ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудаанд. Роҳи асосӣ ба Кобул дар наздикӣ ҷойгир шудааст, аммо масири пешниҳодшудаи ХИБ аз роҳ намегузарад. AS-063 Масири ХИБ тавассути инфрасохтори ҷамъиятии деҳаи Муҳоҷир, шаҳри Бағлон ва деҳаи Куаргата идома меёбад. ДТЛ дарёи Бағлони нав, инчунин заминҳои кишт ва инфрасохтори ҷамъиятиро дар бар мегирад. AS-064 Масири ХИБ аз деҳаи Муҳоҷир, шаҳри Бағлон ва деҳаи Куаргата мегузарад. ДТЛ дарёи калон ва замини корамро дар бар мегирад. AS-065 ХИБ аз минтақаи кӯҳӣ гузашта баъд замини корами ҷамоатҳои наздики деҳаи Куаргата ва Умархайл ва тавассути инфрасохтори ҷамъиятӣ, дарё ва рӯдҳои деҳоти Кокан, Пули Хумрӣ ва Умархайлро убур мекунад. AS-066 Масири Хиб тавассути деҳоти Пули Хумрӣ, Умархайл ва роҳҳо ва инфрасохтори зиччи ҷамоати Коканд идома меёбад. Пас аз он масир аз корхонаи истеҳсоли семент Ҳошимқадам Бриҷем Гори ва дарёи Пули Хумрӣ мегузарад. Роҳи автомобилии A76 дар наздикии ДТЛ ҷойгир шудааст. AS-067 Масири ХИБ аз дарёи Пули Хумрӣ, роҳ ва ҷамоати Пули Хумрӣ убур мекунад. AS-068 Масири пешниҳодшудаи ХИБ ба деҳаи Карака ворид мешавад; ДТЛ дарёи аз заминҳои корам гузарандаро дар бар мегирад. AS-069 Масири пешниҳодшудаи ХИБ ба водии дарёи Дошӣ даромада дарёро убур мекунад. Дар он сӯи дарё заминҳои корам ва инфрасохтори ҷамоатҳо ҷойгир шудаанд. AS-070 Дарёи Дошӣ (инчунин машҳур бо номи дарёи Саланг) дар қарибии масири пешниҳодшудаи ХИБ ҷойгир шудааст; қариб дар нисфи масир дарё бо ДТЛ баробар мешавад. Шаҳраки Дошӣ дар водие, ки дар нишебиҳо дарахтони мевадиҳанда мерӯянд, ҷойгир шудааст. AS-071 Масири пешниҳодшудаи ХИБ дарёи Салангро убур намуда пас аз он каналҳои Куру ва Газанро мегузарад. AS-072 Масири пешниҳодшудаи ХИБ қитъаи сердарахт ва сералаф ва рӯдро мегузарад. AS-073 Инфрасохтори ҷамоат, заминҳои корам, дарёи Саланг (дареи Панҷшер) ва роҳи автомобилгарди A76 дар баъзе ҷо баробари масир шуда дар бисёр ҷойҳо бармехӯранд. AS-074 Дар нишебиҳо арчаҳо ва дигар намудҳои дарахт мерӯянд (метавон ҷубронпулиро талаб намуд). AS-075 Дар нишебиҳо арчаҳо ва дигар намудҳои дарахт мерӯянд (метавон ҷубронпулиро талаб намуд). AS-076 Роҳи автомобилгарди A76 ва дарёи Саланг аз ДТЛ мегузаранд. AS-077 Масири ХИБ баробари роҳ ба самти вилояти Парвони Афғонистон рафта дарёи Салангро убур мекунад ва роҳи худро баробари роҳи автомобилгард идома медиҳад ва аз деҳаи Биландӣ ва Бобо Мардон, Буғс-Лола, пули Кнгар ва пули пиёдагард мегузарад. AS-078 Масири пешниҳодшудаи ХИБ дарёи Саланг ва ифрасохтори зиччи ҷамоати Ҷабал ос Серайро мегузарад. Пас аз он заминҳои корам ҷойгир шудаанд. AS-079 Масири пешниҳодшудаи ХИБ инфрасохтори зиччи ҷамоатро мегузарад. Аз Ҷабал ос Серай то Чатикор асосан заминҳои кишоварзӣ ва корам вомехӯранд. AS-080 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз инфрасохтори зиччи ҷамоат ва заминҳои 66 корами шаҳри Қарабоғ мегузарад; пас аз он масир аз рӯд мегузарад. AS-081 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз деҳаи Қалъаи Гулбаз ва дарёи Кобул мегузарад. AS-082 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз деҳаи Пуличархӣ ва рӯдро убур намуда ба деҳаи Деҳиҳия ворид мешавад. Пас аз он масири ХИБ инфрасохтори зиччи ҷамоат ва заминҳои корамро мегузарад. AS-083 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз дезаи Деҳиҳия гузашта то иншооти “Salt Pit” (нуқтаи пурсуҷӯ аз тарафи кормандони РМТ), оромгоҳ ва маркази таълимии ҳарбӣ рӯдро убур мекунад. Ғайр аз ин, кӯпруки Пули Чархӣ, роҳи зиндони Пуличархӣ ва ХИБ Соробӣ дар ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудаанд. AS-084 Масири пешниҳодшудаи ХИБ хати интиқоли барқи Соробӣ, рӯд, иншооти фарҳангӣ (радиои Афғонистон, Кобул) ва минтақаҳои ҳарбӣ/низоъро (зиндони Пули Чархӣ, маркази таълимии ҳарбӣ ва полки ҳавоии десантӣ) мегузарад. AS-085 Иншооти ҳарбӣ мавҷуд аст ва масири пешниҳодшудаи ХИБ аз рӯд мегузарад. AS-086 Масири пешниҳодшудаи ХИБ рӯди калонро мегузарад. AS-087 Масири пешниҳодшудаи ХИБ рӯд, роҳ ва инфрасохтори ҷамъиятро мегузарад. AS-088 Мавҷуд нест AS-089 Масири пешниҳодшудаи ХИБ якчанд рӯдро мегузарад. AS-090 Масири пешниҳодшудаи ХИБ якчанд рӯди хурдро мегузарад. AS-091 Масири пешниҳодшудаи ХИБ дар наздикии роҳи мошингард ҷойгир шудааст. AS-092 Ҷамоати Хайров Хел шимолтар аз дарёи Кобул, берун аз ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудааст, аммо қарибии ҷамоат боиси нигаронӣ (хусусияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта) мегардад. AS-093 ДТЛ дарёи Дарунта ва инфрасохтори ҷамоати Дарунтаро мегузарад. AS-094 Аз инфрасохтори зиччи ҷамоат ва заминҳои корам мегузарад AS-095 Аз инфрасохтори зиччи ҷамоат ва заминҳои корам иборат аст. AS-096 Замин асосан барои кишоварзӣ истифода мешавад. AS-097 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз ҷамоати Батавул, ки дар атрофи он заминҳои кишоварзӣ ва обанбор ҷойгир аст, мегузарад. Канали обёрӣ дар ҳудуди ДТЛ ҷойгир шудааст. AS-098 Ба ҷамоатҳои қад-қади масири пешниҳодшудаи ХИБ Моҳманд Дара ва Хазар Нав, ки дар ҷануби дарёи Ҷалолобод ҷойгир шудаанд (инчунин машҳур бо нови Кобул) дохил мешаванд. Дар ДТЛ дар ҳудуди инфрасохтори зиччи ҷамоат рӯде ёфта шудааст. AS-099 Масири пешниҳодшудаи ХИБ аз ҷамоати Хазар Нав мегузарад. Тавре ки дар Ҷадвали 5 дида мешавад, масири пешниҳодшудаи ХИБ аз як қатор нуқтаҳои аҳолинишин/деҳот ва дар баъзе ноҳияҳо аз мазраа, обанборҳо ва инфрасохтори ҷамъиятӣ мегузарад. Аз ин рӯ, эҳтимол аст, ки таъсири иҷтимоии лоиҳа назаррас, аммо дар баробари ин, ночиз ҳам нахоҳад буд. 4.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа Таъсири эҳтимолии иҷтимоии сохтмон ва истифодабарии хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000 тавассути Афғонистон чунин хоҳад буд: a) Захираҳои об Таъминоти об дар сатҳи маҳаллӣ барои сохтмони ХИБ ва шаҳраки сохтмонӣ зарур аст. Ҷамоатҳои маҳаллӣ метавонанд норасоии обро дар қонеъ намудани талаботи дохилии худ ва фаъолияти кишоварзӣ эҳсос намоянд. Дар ин сурат пудратчиён бояд сарчашмаҳои обро дар ҳамоҳангсозӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ, ки одатан дар амал мушоҳида мешавад, муайян намоянд. 67 б) Ба даст овардани замин Дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур зарурати ба даст овардани замин барои муддати дароз нахоҳад буд, азбаски замини гирду атрофи манораҳои хати интиқоли барқ метавонанд минбаъд барои шуғли кишоварзӣ истифода шаванд. Кӯчонидани хонаводаҳоро метавон пешгирӣ ё ба ҳадди ақал кам намуд. Барои бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ/қитъаҳои кори пудратчиҳо, конҳои умумии рег ва роҳҳои иловагӣ зарурати муваққатан ба даст овардани замин ба миён хоҳад омад. Як шаҳраки сохтмонӣ майдони замини иборат аз 2,500 м2 ишғол мекунад. Таъсири ба даст овардани доимии замин бо дарназардошти пардохти ҷубронпулӣ ва амалӣ намудани чораҳое, ки дар Нақшаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ оварда шудааст (НБЗКА), набояд назаррас бошад. в) Зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтҳо Ба зироатҳои кишоварзии ба монанди гандум, ҷуворимакка ва хӯроки чорво, ки дар заминҳои серҳосили воқеъ дар наздикиҳои дарёҳо парвариш мешаванд, метавонад зарар расонида шавад. Зеро фаъолияти кишоварзӣ аз сабаби сохтмон муваққатан боздошта мешавад. Азбаски дар ДТЛ теъдоди нисбатан ками дарахт ба назар мерасад ва аз сабаби он ки дарахтҳои дар ҳудуди 25 метр аз хати марказӣ ҷойгиршуда бояд бурида шаванд, ҳангоми сохтмони ХИБ эҳтимолияти буридани шумораи зиёди дарахтҳо хеле кам аст. Навъҳои муҳимми дарахтҳо дар ҳудуди ДТЛ дарахти тут, зардолу ва сафедор мебошанд. Шумораи аниқи дарахтҳое, ки буррида мешаванд танҳо баъди муқаррар намудани ҷойгиршавии хати марказӣ ва манораҳои ХИБ дар марҳилаи ниҳоии тарҳрезии лоиҳа муайян мегардад. г) Воситаҳои зиндагӣ Фермерҳои маҳалллӣ метавонанд бо аз дастдиҳии муваққатии даромад дар робита бо сохтмони манораҳои ХИБ ва/ё роҳҳои иловагӣ дучор гарданд. Арзёбии ҳаҷми талафот танҳо баъди муайян намудани ҷойгиршавии манораҳои ХИБ ва роҳҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми ҷалби аҳолӣ ба кор аз тарафи Пудрадчӣ афзалият ба шахсоне дода мешавад, ки лоиҳа ба онҳо таъсир мерасонад. Аҳолии маҳаллӣ имконияти пайдо намудани кор хоҳанд дошт ва аз рӯи имконият молу хизматрасониҳои маҳаллӣ истифода хоҳад шуд. д) Масъалаҳои гендерӣ Занҳо дар минтақаҳои деҳот вақти зиёдро дар саҳро мегузаронанд ва корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди замин маънои халал дар зиндагии шахсиро хоҳад дошд . Дар шартномаҳои маҳаллӣ одатан барои пудрадчиҳо қоидаҳо оид ба пешгирӣ намудани халал дар зиндагии шахсии нуқтаҳои аҳолинишини ҳамсоя оварда шудааст . Ҳангоми интихоби масир таъсир ба фаъолияти ҳаррӯза бояд то ҳадди имкон кам карда шавад . Аҳолие, ки дар ҳудуди 500 метр аз маҳалли таркишгарӣ истиқомат мекунад бояд 24 соат пеш аз амалӣ намудани таркиш огоҳ карда шавад. Дар ҳудуди 200 м аз қитъаи гузаронидани таркиш аҳолӣ бояд 15 дақиқа пеш аз таркиш бароварда шавад. Пудрадчӣ бояд фаъолияти худро бо пешвоёни маҳаллӣ ва пиронсолон ҷиҳати таъмин намудани пешгирии самаранок ё ҳалли зуди низоъ ҳамоҳанг созад. Молу ашё ва хизматрасониҳои маҳаллӣ ва коргарон аз рӯи имконият истифода хоҳанд шуд . 68 е) Саломатӣ ва бехатарӣ Сохтмончиён метавонанд дучори таъсири садои баланд ва мушкилоти алоқаманд бо саломатӣ ва халал ба зиндагии шахсӣ гарданд. Эҳтимоли мавҷуд будани минаҳои покнашуда қад-қади масири ДТЛ мушкилӣ ба ҳисоб меравад, аммо дар давоми даҳ соли охир тартиботи идоракунии хавфҳои алоқаманд бо минаҳо дар доираи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар Афғонистон маблағгузоришуда риоя шудаанд. 4.3 НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ 4.3.1 Чораҳо ҷиҳати кам намудани таъсири татбиқи лоиҳа Тавре ки дар боло қайд шуда буд, таъсири иҷтимоии худи лоиҳа аз рӯи тахминҳо назаррас, аммо дар баробари ин, ночиз ҳам нахоҳад буд: зарурати ба даст овардани замин барои муддати дароз нахоҳад буд ё дар ҳаҷми хурд лозим хоҳад омад ; замин муваққатан ба даст оварда мешавад; дар реҷаи истифодабарии инфрасохтор (масалан роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ) эҳтимол аст, ки халал расонида шавад ; иҷрои корҳои сохтмонӣ мумкин ба баъзе зироатҳои кишоварзӣ осеб расонад. Таъсири умумии иҷтимоии лоиҳа ночиз ва асосан муваққатӣ хоҳад буд. Дар ин робита чораҳои зерин оид ба кам кардани таъсири лоиҳа метавонанд андешида шаванд: а) Марҳилаи тарҳрезӣ  Ба зиндагии аҳолии маҳаллӣ ва фаъолияти инфрасохтори иҷтимоӣ бояд халал расонида нашавад;  Барои пешгирӣ намудани фалокат майдони замини барои гузаронидани ХИБ ҷудошуда бояд то ҳадди имкон васеъ бошад;  Таъсир ба заминҳои кишоварзӣ бояд то ҳадди имкон кам карда шавад. б) Марҳилаи омодасозии корҳои сохтмонӣ  Ташкили гузаронидани кадастр ва гирифтани иҷозат барои қитъаҳои замин ;  Барӯйхатгирии хонаводаҳо дар байни аҳолие, ки лоиҳа таъсир мерасонад бо муайян намудани замин, иншоот, зироатҳои кишоварзӣ ва дигар молу мулке, ки лоиҳа ба онҳо таъсир мерасонад;  Ҷубронпулӣ барои аз даст додани бино ва дороии ҷамоат бояд дар арзиши барқароркунӣ ва нархи ҷорӣ дар бозор асос ёбад;  Ҷубронпулӣ барои аз даст додани иншооти тиҷоратӣ бояд дар нархи ҷорӣ дар бозор асос ёбад;  Ҷубронпулӣ бояд то оғоз намудани корҳои сохтмонӣ пардохт карда шавад;  Аз рӯи имконият талафоти дарахтҳо бояд пешгирӣ карда шавад. Дар ҳолати зарурати буридани дарахтҳо, масъалаи ҷуброни хисорот бояд бо соҳибони онҳо ҳамоҳанг карда шавад;  Комиссия оид ба пардохти ҷубронпулӣ бояд таъсис дода шавад ва бо мақсади таъмини тақсими дурусти ҷубронпулӣ шахсоне, ки лоиҳа ба онҳо таъсир мерасонад бояд ба ҳайати он дохил карда шаванд. в) Марҳилаи сохтмон  Манораҳои ХИБ бояд дар кунҷ ё канори замини кишоварзӣ насб гарданд;  Сохтмон бояд баъди ҷамъоварии ҳосил оғоз гардад; 69  Бино ба норасоии об Пудрадчӣ бояд таъмини онро тавассути обҳои зеризаминӣ ё рӯизаминӣ ташкил кунад;  Ҳамаи сармоягузориҳои Пудрадчӣ дар рафти сохтмон (чоҳҳои қубурӣ/обкашҳо) бояд баъди анҷоми сохтмон ба аҳолии маҳаллӣ дода шаванд;  Барои нарасонидани осеб ба дарахтҳо корҳои сохтмонӣ бояд бо эҳтиёт гузаронида шаванд;  Пудрадчӣ бояд ба занҳои маҳаллӣ эҳтиром гузорад ва ба хилвати онҳо халал нарасонад.  Аз рӯи имконият аҳолии маҳаллӣ бояд ба кор ҷалб карда шавад;  Афзалият ба шахсоне, ки лоиҳа ба онҳо бевосита таъсир мерасонад бояд дода шавад. 4.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ Чораҳои дар боло зикргардида имконияти кам намудани таъсири лоиҳа ба ҷамоатҳои маҳаллиро фароҳам меоварад, яъне коҳишдиҳии таъсири иҷтимоӣ дар натиҷаи тарҳрезӣ ва сохтмон. Бо вуҷуди ин, дар рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ равиши васеътар бояд мавриди истифода қарор дода шавад. Ин бо сабабҳои зерин дорои аҳамияти калон мебошад: Якум, ҷамоатҳои маҳаллӣ наметавонанд новобаста аз он ки хати барқ аз паҳлӯи онҳо мегузарад нерӯи барқро бевосита аз хати интиқоли барқ гиранд, зеро хати барқ баландшиддат хоҳад буд. Тавре ки дар боло зикр гардид, мавҷуд набудани таъминоти устувори барқ, бахусус дар фасли зимистон, мушкилии ҷиддии минтақа эътироф шудааст. Набудани имконияти гирифтани нерӯи барқ аз хати баландшиддат метавонад боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ гардад. Дуввум, новобаста аз он ки то кадом дараҷа хурд аст, ҷамоатҳои қад-қади масири ХИБ ҷойгиршуда тамоми таъсири манфии лоиҳаро эҳсос мекунанд. Баръакс, аҳолие, ки (дар Афғонистон ва Покистон) дар натиҷаи кашидани хати интиқоли барқ ба онҳо ягон халал расонида намешавад, манфиати дарозмуддат хоҳад бардошт. Дар ин ҳолат масъалаи таъмини адолат/баробарӣ байни онҳое, ки бевосита дар минтақаи сохтмон истиқомат мекунанд, аммо наметавонанд манфиати бевосита аз сохтмони ин ХИБ бардоранд (дар баробари ин музоҳим мегарданд) ва қисми зиёди ҷамоатҳо, ки аз сохтмони ХИБ манфиати зиёдеро мебардоранд, ба миён меояд. Агар барои ҳалли мушкилоти алоқаманд бо таъмини баробарӣ ва адолат чораҳо андешида нашаванд, он боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ мегардад, ки дар навбати худ метавонад ба татбиқи лоиҳа ва билохир ба кори ХИБ дар оянда асар гузорад. Сеюм, бо мақсади кам намудани хавфҳои алоқаманд бо ангезаҳои пинҳонии худ қарор додани лоиҳа аз тарафи шахсони сеюм таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи мазкур хеле муҳим аст. Бо дарназардошти ҳамаи ин далелҳо, ба он ки чӣ гуна метавон аҳолии маҳаллиро воқеан ҳавасманд гардонид, аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод. Ҷамоатҳои маҳаллӣ бояд дар татбиқи лоиҳа ба «шарикони калидӣ» табдил дода шаванд ва ба муваффақият ҳавасманд бошанд. 70 4.3.3 Фикру андешаҳои ҷамоатҳо дар ноҳияҳои зери таъсири лоиҳа қарордошта a) Монеаҳо барои таъмини нерӯи барқи устувор Дар рафти гузаронидани муҳокимаҳо дар гурӯҳҳо (МГ), ба аҳолии ҷамоат пешниҳод кардаш шуд, ки монеаҳои асосиро ба дастрасии нерӯи барқ номбар кунанд. Аз рӯи таҳлили натиҷаҳои муҳокимаҳо ҷамоатҳо ба мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ, нақшаи сармоягузории ҳукумат ҷиҳати қонеъ намудани талабот ба нерӯи барқ, вазъи бади алоқаманд бо амният ва минтақаи ноҳамвор ҳамчун монеаҳои асосӣ барои дастрасӣ ба нерӯи барқ номбар карданд. Дар он ҷойҳое, ки хати интиқоли барқ мавҷуд аст ягон тадбир ҷиҳати вусъатдиҳӣ ва тақсимоти шабака дар байни ҳамаи хонаводаҳо андешида намешавад. Бе таъминоти барқи устувор ҷамоатҳо худро қариб дар ҳар як ҷанбаи зиндагӣ худро маҳдудкардашуда эҳсос мекунанд. Мавҷудияти нерӯи барқ имконияти таҳсилро шабона ва таъмини маълумотро барои фарзандони худ фароҳам меоварад. Он фарқиятро байни хоҷагии натуралӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои афзоиши ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва зиндагии шоиста нишон медиҳад. Он ба аҳолӣ имкон медиҳад ҷиҳати беҳтар намудани алоқаи телефонӣ ва Интернет телефонҳои мобилии худро истифода баранд ва қувва диҳанд22. Баъзе ҷамоатҳо ҳатто қайд намуданд, ки мавҷуд набудани нерӯи барқ яке аз монеаҳои бузургтарин ҷиҳати бартараф намудани камбизоатӣ мебошад ва то он даме, ки онҳо дар торикӣ умр ба сар мебаранд камбизоат боқӣ мемонанд. Бо вуҷуди ин, барои гузаронидани барқ ба ноҳияҳое, ки тамоман аз истифодаи нерӯи барқ маҳруманд норасоии маблағгузорӣ ва диққате, ки он талаб мекунад эҳсос мешавад. б) Фикру андешаҳо оиди лоиҳаи CASA-1000 Нигаронии асосии ҷамоатҳо дар ҳамаи ноҳияҳо набудани имконияти дастрасии бевосита ба шабакаи дохилии энергетикӣ, бо вуҷуди он ки хати интиқоли барқ тавассути ё дар наздикии ҷои истиқомати онҳо мегузарад, арзёбӣ мегардад . Дигар масъалае, ки боиси нигаронии онҳо буд эҳтимолияти таъсири лоиҳа ба заминҳои (кишоварзии) онҳо ва хонаҳо мебошад. Ғайр аз ин дар баъзе мавридҳо ҷамоатҳо нигаронии худро дар робита бо таъсири мавҷҳои электромагнитии ХИБ ҳангоми раъду барқ ба саломатии онҳо, бахусус занон ва кӯдакон изҳор намуданд, ки онро метавонд ба сатҳи дониш ва норасоии он рабт дод. Ҷамоатҳо аз фаҳмидани он, ки тибқи таҳқиқоти арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 ягон таъсири ҷиддии экологӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ намешавад, хеле хушҳол шуданд, зеро онҳо аз эҳтимолияти аз даст додани заминҳо ва хонаҳои худ нигарон буданд . Ҳамаи ҷамоатҳо қайд намуданд, ки ба онҳо имконияти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар наздики ҷои сукунати онҳо ҷиҳати ҷуброн намудани адами манфиатҳои бевосита аз лоиҳаи CASA- 1000, бояд фароҳам оварда шавад. Дар ҷадвали 6 шарҳи нигарониҳои асосии аъзоёни ҷамоатҳо оварда шудааст. Ҷадвал 6: Шарҳи нигарониҳои асосие, ки аҳолии маҳаллӣ дар Афғонистон изҳор намуданд Вилоят Бо дарназардошти мавҷуд набудани манфиати бевосита аз татбиқи лоиҳаи CASA 1000, нигарониҳои асосии худро баён намоед 22 Тибқи маълумот, дараҷаи воридшавии телефонҳои мобилӣ зиёда аз 50% ташкил медиҳад (MoCIT, январи соли 2012) 71 Мардон Занон Парвон Эҳтимолияти таъсир ба заминҳои Онҳо мехоҳанд зиндагии фарзандони худро кишоварзӣ ва хонаҳо дар натиҷаи дар фазои солиму созгор тавассути таъмини сохтмони хати интиқоли барқ. дастрасии доимӣ ба нерӯи барқ бинанд. Инчунин эҳтимоли зарар ба чорвои хонагӣ ва растаниҳо. Нангарҳор Нигаронӣ оиди эҳтимолияти аз Метавонад боиси ба вуҷуд омадани мавҷҳои даст додани замин ва расонидани электромагнитӣ махсусан ҳангоми раъду зарар ба қитъаҳои алоҳидаи барқ гардад, ки барои саломатӣ метавонад замини кишоварзӣ зараровар бошад Қундуз Мавҷҳои электромагнитӣ Хати интиқоли барқ метавонад ба занони метавонанд ба саломатии чорвои ҳомила таъсир расонад. Баъзе аз занон қайд хонагӣ зарар расонанд намуданд, ки ҳатто агар барои онҳо манфиати бевосита набошад ҳам, манфиате метавонад барои ҳукумат бошад Бағлон Нигаронӣ оиди аз даст додани Махсусан оиди саломатии фарзандон аз замин сабаби мавҷудияти мавҷҳои электромагнитӣ хавотиранд Кобул Омӯзиши имконияти таъмини дастрасии бевосита ба зеристгоҳ дар Кобул дар доираи лоиҳаи CASA пешбинишуда, бахусус барои он ноҳияҳое, ки ба шабакаи барқӣ пайваст нестанд. Лағмон Талаботи зиёд барои омӯзиши имконияти истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби обанборҳои Нағлу/Дарунта /дастрасии бевосита ба хатҳои интиқоли барқ Ҷамоатҳо низ метавонанд таъсири иқтисодии сохтмони хати интиқоли барқро дар ноҳияҳои худ эҳсос намоянд. Он метавонад ҷамоатҳоро бо ҷойҳои кор дар рафти сохтмон таъмин намояд, иқтидори маҳаллиро дар робита бо идоракунии чунин лоиҳаҳо дар оянда таҳким бахшад ва дар баробари ин ба иқтисоди маҳаллҳои гирду атроф дар ояндаи дарозмуддат таъсир расонад. 4.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа Мутобиқ намудани лоиҳаҳои баҳрабардории муштарак ба талаботи рушд дар сатҳи маҳаллӣ ва афзалиятҳои ҷамоатҳо аз аҳамият холӣ нест. Дар рафти гузаронидани муҳокимаҳо дар гурӯҳҳо дар ҳамаи ҷамоатҳо вариантҳои татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати баҳрабардории муштарак мавриди муҳокима қарор дода шуданд ва иштирокчиён оиди он лоиҳаҳо ба мувофиқа расиданд. Омилҳои зерин дар интихоби лоиҳаҳои афзалиятнок ба инобат гирифта шуданд:  Таъмин намудани нерӯи барқ аз ҳисоби нақшаи ҷорӣ/лоиҳаҳои фарогирӣ бо нерӯи барқ ва электрификатсия;  Имкониятҳои лоиҳаҳо оид ба саҳмгузорӣ дар тағйирдиҳии муносибат на танҳо дар якчанд хонавода, балки дар тамоми ҷамоат;  Имкониятҳои ҷамоат дар банақшагирии мустақил ва самаранок ва идоракунии лоиҳаҳо дар сурати мавҷуд будани маблағгузорӣ;  Имкониятҳои таъмини устувории лоиҳаҳо;  Имкониятҳои таъмини эффекти мултипликатсия тавассути лоиҳаҳо. Дар асоси таҳлили муҳокимаҳои гурӯҳӣ, ки дар 57 ҷамоатҳои мухталифи 23 ноҳия аз 6 вилоят гузаронида шуда 58 лоиҳаи афзалиятноки аҳамияти маҳаллидошта интихоб шуданд, аз он ҷумла: (а) 18 (7 МНБО ва 11 дастгоҳи офтобӣ) барои манбаъҳои алтернативии нерӯ, ва (б) 40 лоиҳаҳои истеҳсолии инфрасохтори ҷамоат. Дар ҷадвали 7 72 маълумоти умумӣ дар бораи ҷамоатҳое, ки он иншоот хизмат мерасонад, инчунин асосноккунии интихоб оварда шудааст. Ҷадвали 7: Рӯйхати ниҳоии лоиҳаҳои баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо дар асоси маълумоти муҳокимаҳои гурӯҳӣ (МГ) Модел Ноҳияҳо (23) Вилоят Асос Энергетикаи Кама, Батикот, Лар Пор, Нангарҳор Нақшаи тасдиқшуда алтернативӣ Мухманд Дара (Беҳсуд аз мавҷуд нест/лоиҳаи ҳисоби нерӯи офтоб) пайвастшавӣ ба Саланг Парвон шабакаи дохилии Алиобод Қундуз барқӣ Коргоӣ Лағмон Дигар лоиҳаҳои Ҷобулсироҷ Парвон Аллакай аз ҳисоби инфрасохторӣ Имом Соҳиб Қундуз пайвастшавӣ ба Ноҳияи 21 ва Суробӣ Кобул шабакаи дохилии барқ фаро гирифта шудаанд Чор-дара Қундуз Лоиҳаи оҷрии Сайид Хел, Чорикор ва Бағром Парвон пайвастшавӣ ба Бағлони Ҷадид, Пулихумрӣ, Бағлон шабакаи дохилии Дошӣ, Хинҷон барқӣ Қарабоғ, Калакон, Деҳсабз ва Кобул Суробӣ Маълумоти муфассал дар бораи ин лоиҳаҳоро метавон дар Ҳисобот оид ба баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо пайдо намуд, аммо шарҳи кӯтоҳи ҳар яки он дар поён оварда шудааст: a) Шабакаи барқии деҳот дар асоси манбаъҳои алтернативӣ Дар Афғонистон, ки аксарияти манотиқи кишвар ба системаи энергетикии миллӣ дастрасӣ надоранд, сарчашмаҳои барқароршавандаи нерӯ бо истифода аз НБО-и хурд, миёна ва захираҳои офтоб метавон аҳолиро бо нерӯи барқи боэътимод, аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва стандартикунонида таъмин намояд. Гидроэнергетика ва дастгоҳҳои офтобӣ ҳамчун вариантҳои афзалиятноки ҷамоат шинохта шуданд. НБО-и хурд: дар сурати мавҷуд будани сарчашмаи об бо фишори лозимӣ метавон татбиқи лоиҳаҳои хурди гидроэнергетикиро дастгирӣ намуд. НБО-и хурд (дорои иқтидори то 100 кВт) васех истифода бурда мешаванд ва бино ба имкониятҳои васеи онҳо дар кишвар, мавҷудияти ташкилотҳои хизматрасон, истифода ва идоракунии нисбатан осон аз ҷониби NSP, NABDP ва дигар ташкилотҳо пеш бурда мешаванд. Дастурҳои дахлдор барои гузаронидани таҳқиқот, тарҳрезӣ, истифода ва хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини устувории лоиҳаҳои хурди гидроэнергетикӣ аллакай аз ҷониби NSP омода шуданд ва метавон онҳоро бо мақсади банақшагирӣ ва амалигардонӣ истифода бурд. НБО-и миёна: НБО-и миёна нерӯгоҳҳои дорои иқтидорӣ аз 100 кВт то 1000 кВт буда метавон онҳоро дар ҳамоҳангсозӣ бо MEW ва DABS амалӣ намуд. Истифодаи ин гуна НБО бояд ҳаматарафа таҳлил карда баромад, зеро он малакаҳои пешрафта оид ба таҳия ва татбиқ намудани лоиҳа, идоракунӣ ва истифодаи беҳтарро ҷиҳати таъмин намудани устувории лоиҳа талаб мекунад. 73 Технологияҳои офтобии фотоэлектрикӣ: Системаи офтобии фотоэлектрикӣ вариант ва ҳалли муносибро ҷиҳати пешниҳоди дастгоҳи равшанидиҳанда ба хонаводаҳои деҳот, ки имконияти рушди гидроэнергетика ё дигар шаклҳои таъмини нерӯи барқ надоранд, таъмин менамояд. Ин технологияро метавон ба хонаводаҳои алоҳида пешниҳод намуд, ҳадди ақал як лоиҳа бояд ҳамаи талаботи ҷамоати мушаххасро қонеъ намояд . Бо вуҷуди ин, истифодабарандагон/хонаводаҳои алоҳида агар барои пардохт намудани хароҷот омода бошанд бояд интихоби озод дошта бошанд. Ғайр аз ин метавон татбиқи лоиҳаҳои насби дастгоҳҳои офтобиро барои муассисаҳои ҷамъиятӣ (мактабҳо, марказҳои тиббӣ, масҷидҳо ва иморатҳои ҷамъиятӣ) дар минтақаҳои деҳот дастгирӣ намуд. Ингуна дастгирӣ барои таъмин намудани равшании асосӣ ва кори таҷҳизотӣ асосӣ (компютерҳо, принтерҳои хур ва якход барои ваксинаҳо дар бунгоҳҳои тиббӣ) лозим меояд. Ғайр аз ин технологияҳои офтобии фотоэлектрикиро метавон барои обкашӣ тавассути нерӯи барқи дастгоҳҳои офтобӣ ҷиҳати таъмини оби ошомиданӣ ва обёрӣ дар миқёси хурд истифода бурд. б) Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ Ба намудҳои лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи ин категория инҳои дохил мешаванд :  Нақлиёт (роҳҳо, пойдеворҳо, хатҳои қубур);  Иморати мактаб (нав ё таъмири мавҷуда);  Дармонгоҳ (нав ё таъмири мавҷуда);  Обтаъминкунӣ (шабакаи тақсимотӣ, чоҳҳо, иншооти обгир ва ҳавз)  Ирригатсия (канал, пойдеворҳо). Ҳамоҳангсозии банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо вазоратҳои дахлдори соҳавӣ хеле муҳим аст, масалан сохтмони мактабҳо ва дармонгоҳҳо метавонад танҳо мутобиқи нақшаҳои вазорати маориф ва тандурустӣ ҷиҳати пешбинӣ намудани захираҳои муносиби инсон ва дигар ҷузъиёти зарурӣ барои таъмин намудани фаъолият ва устувории иншоот, амалӣ гардад. Инчунин ҳамоҳангсозӣ бо Вазорати барқарорсозии деҳот ва рушд (ВБДР) ҳангоми банақшагирии инфрасохтори деҳот, ба монанди роҳҳо ва таъминоти об аҳамияти калон хоҳад дошт. в) Лоиҳаҳои кам намудани масрафи нерӯ Самаранокии истифодаи нерӯро метавон аз бисёр ҷиҳат баланд бардошт . Истеҳсол, тақсимот ва истифодаи нерӯ - ҳама имкониятҳоро пешниҳод менамоянд. Иморатҳоро метавон беҳтар изолятсия намуд, корхонаҳои истеҳсолӣ метавонанд таҷҳизоти худро таҷдид кунанд, нерӯгоҳҳои дорои самаранокии паст метавонанд барқарор гарданд ё бо нерӯгоҳҳои бештар самаранок иваз карда шаванд. Ин имкониятҳоро метавон дар ҳар як бахши иқтисодиёт истифода бурд. Роҳҳои ҳалли онҳо бояд мисли худи мушкилот мухталиф бошанд ва бояд такмилдиҳии технологияҳо, муқаррар намудани нархи муносиб ва кушодани бозорҳоро дар бар гиранд. Мисолҳои лоиҳаҳои кам намудани масрафи нерӯ, ки метавонанд дар ноҳияҳои таъсири лоиҳаи CASA-1000 дастгирӣ карда шаванд, инҳоро дар бар мегиранд: истифодаи чароғакҳои хурди каммасраф, истифодаи оташдонҳои такмилдодашуда, ки нисбат ба оташдонҳои анъанавӣ бештар самаранок мебошанд ва миқдори камтари дуди барои саломатӣ зарароварро истеҳсол мекунанд; насби дастгоҳҳои биогазӣ (аз пасмондаҳои чорводорӣ) барои гармидиҳӣ ва пухтупаз, ки дар навбати худ истифодаи ҳезумро кам намуда зарарро ба муҳити зист, ифлосшавии ҳавои дохили ҳуҷраҳо коҳиш дода вақт ва меҳнатро ҳангоми ҷамъоварии ҳезум сарфа менамояд; истифодаи технологияҳои 74 офтобии гармдиҳӣ барои пухтани таом ва гармкунӣ; баланд бардоштани қобилияти нигоҳдории гармӣ дар хонаҳо ва иморатҳо; истифодаи системаҳои обкашии ирригатсионнии каммасраф; истифодаи нерӯи бод. Баъзе аз ин вариантҳои технологияҳои каммасраф дар якчанд қисматҳои ноҳияҳои таъсири лоиҳаи CASA-1000 аллакай истифода мешаванд, ки он дар навбати худ заминаро барои истифодаи васеътари ин технологияҳо таъмин менамояд . Дар деҳоте, ки нерӯи барқ мавҷуд аст ҷамоатҳо аллакай чароғакҳои каммасафи хурди люминесентиро ба ҷои чароғакҳои анъанавӣ истифода мебаранд . Дар баъзе аз ҷамоатҳои нисбатан некӯаҳвол тақрибан 10-30 фоизи аъзоёни ин ҷамоатҳо аз бухориҳо истифода мебаранд. Плитаҳои ошпазии такмилдодашуда ва дастгоҳҳои биогазӣ дар шумораи маҳдуд истифода мешаванд, бо вуҷуди ин занон дар аксарияти ноҳияҳои ҳамаи вилоятҳо қайд намуданд, ки мехостанд барои беҳтар кардани шароит дар ошпазхонаҳо ва саломатии худ аз он плитаҳо истифода баранд . Гарчанде ки дар ягон ҷамоат технологияҳои офтобии гармидиҳӣ истифода намешаванд, бархе аз ҷамоатҳо дар вилоятҳои Нангарҳор, Қундуз ва Бағлон ҳавасмандии худро изҳор намуданд. Бо дарназардошти он ки иқтисоди ҷамоатҳои деҳот дар навбати аввал дар соҳаи кишоварзӣ асос ефтааст аҳолӣ дар такмилдиҳии системаҳои обкашӣ барои обёрӣ ва дар истифодаи самараноки захираҳои об, масалан, тавассути обёрии қатрагӣ ҳавасманд мебошанд. г) Вусъатдиҳии системаи дохилии энергетикӣ дар минтақаҳои деҳот Дар минтақаҳои деҳот, ки дар наздикии системаи энергетикии асосӣ ҷойгир шудаанд дар ҳолатҳои истисноӣ метавон вусъатдиҳии системаи энергетикиро низ дастгирӣ намуд. Ғайр аз ин, имкониятҳои вусъатдиҳии системаи энергетикиро метавон омӯхт : иқтидор, пастшавии шиддат дар шабака ва системаи тариф ҷанбаҳои асосие мебошанд, ки бояд ҳангоми банақшагирии тақсимот дида баромада шаванд. Мутобиқи нақшаи тасдиқшуда вусъатдиҳии системаи энергетикӣ дар минтақаҳои деҳот ба вазифаи ширкати DABS дохил мешавад. Дар сурати мавҷудияти талаботи зиёд дар сатҳи маҳал, махсусан дар он соҳаҳое, ки ширкати DABS нақшаи вусъатдиҳиро пешбинӣ намекунад, имконияти вусъатдиҳии системаи энергетикиро метавон омӯхт. Азбаски лоиҳаи CASA-1000 бунёди зеристгоҳро дар шаҳри Кобул пешбинӣ мекунад, пайвастшавии ҷаоматҳоро ба масир метавон дида баромад. 4.3.5 Механизмҳои институтсионалии баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои дар боло зикршуда як қатор пешниҳодҳое мебошанд, ки ҳанӯз то ба охир такмил дода нашудаанд. Ин кор баъди муайян намудани ҷои гузаштани масири хати интиқоли барқ ва гузаронидани машваратҳои иловагӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати муҳокимаи вариантҳои иштироки имконпазири ҷамоатҳо дар баҳрабардории муштарак аз татбиқи лоиҳа иҷро хоҳад шуд. Ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо ҷалб намудани худи ҷамоатҳо дар ин раванд аз аҳамият холӣ нест. Дар сатҳи ҷамоатҳо шаш намуди ниҳодҳо дар шаш музофот муайян шуданд . Ҳамчун муассисаҳои дар сатҳи маҳаллӣ интихобшуда, Шӯроҳои рушди ҷамоатҳо (ШРҶ) фаъолияти худро дар ҳамаи ҷамоатҳое, ки МГ гузаронида шуд, амалӣ менамоянд. Ин ШРҶ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим гашта дар таъмин намудани интихоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои амалигардонӣ нақши муҳимро мебозанд . Дар аксарияти ҷамоатҳои шаш музофот маълум гашт, ки Ассотсиатсияҳои оид ба масоили обёрӣ ва баъзе аз онҳо аз солҳои пеш хеле хуб фаъолият мекунанд. Ба вазифаҳои 75 асосие, ки Ассотсиатсияҳои оид ба масоили обёрӣ иҷро мекунанд истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ, тақсимоти одилонаи захираҳои об ва ҷамъоварии маблағ барои хизматрасонӣ дохил мешаванд. Дар баъзе аз ҷамоатҳо иттиҳодҳои ҷавонон, ки ба духтарон ва писарони афғон имконияти иштирокро дар чорабиниҳои таълимӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ фароҳам меоваранд, фаъолият доранд. Гурӯҳои худёрирасон дар аксарияти ҷамоатҳо маъруфанд; онҳо аъзоёни ҷамоатҳоро бо воситаи муносиби иштирок дар иқтисодиёт, ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ таъмин менамоянд. Кооперативҳои кишоварзӣ дар шумораи маҳдуд дар ҷамоатҳо мавҷуданд; онҳо дар самти пешбурди фаъолияти кишоварзӣ ва тухмипарварӣ машғуланд. Омӯхтани имконияти истифодаи ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва то ҳадди имкон кам кардани таъсиси сохторҳои нави ниҳодӣ ҷиҳати дастгирии ҷорӣ, истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои баҳрабардории муштарак хеле муҳим аст . Инчунин, бунёди механизҳои ҳамкорӣ байни ҷамоатҳои маҳаллии таъсири лоиҳа, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассиаи берунаи иҷрокунанда хеле муҳим аст . Чунин система на танҳо ниҳодҳои маҳаллиро таҳким мебахшад, балки арзиши маблағҳои пулиро ҷиҳати расонидани кӯмак баҳри рушд зиёд мекунад. Дар мавриди лоиҳаҳои дастгирии инфрасохтори маҳаллӣ, ки дар иҷрои онҳо ҷамоатҳо зарфияти калон доранд, онҳо метавонанд мустақилона машғули татбиқи лоиҳаҳо тавассути бастани қарордодҳои ҷамъиятӣ гарданд. Дар мавриди лоиҳаҳои мураккаб, ки аз доираи имкониятҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ берун мебароянд, татбиқи онҳо бо ёрии бахши хусусӣ ё дигар ташкилотҳои муносиб баъди гузаронидани озмун метавонад таъмин гардад. Ин махсусан дар мавриди лоиҳаҳои энергетикӣ, ба монанди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дастгоҳҳои офтобӣ зарур хоҳад буд. 76 5. ПОКИСТОН 5.1 ТАВСИФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ 5.1.1 Шарҳи вазъ дар кишвар Покистон, расман Ҷумҳурии Исломии Покистон ном дорад. Ин кишвар дар ғарб бо Эрон, дар ғарбу шимол бо Афғонистон, дар шимолу шарқ бо Хитой ва дар шарқ бо Ҳиндустон ҳамсарҳад мебошад. Бо аҳолии зиёда аз 180 миллион нафар, Покистон мавқеи шашумро дар байни кишварҳои сернуфузи ҷаҳон ишғол мекунад. Аз ҷиҳати стратегӣ, кишвар дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ воқеъ гардидааст ва инчунин яке аз кишварҳои дорои мишкилиҳои зиёд дар минтақа ба ҳисоб меравад, ки мушкилиҳои ҷиддӣ дар масоили рушд ва амният ба он хос аст. a) Сохтори давлатӣ Покистон дорои сохтори федералӣ буда аз чор музофот иборат аст: (Панҷоб, Ҳайбар- Пахтунхва, Синд ва Балуҷистон), инчунин Озод Ҷамму ва Кашмир (ОҶК), Гилгит- Балтистон (ГБ), Минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федералӣ назоратшаванда (МҚФН) ва ҳудуди пойтахтии Исломобод. Ҳар як музофот инчунин ОҶК ва ГБ дорои мақомоти қонунгузории худ мебошад. Музофотҳо ба 105 ноҳия тақсим шудаанд ва онҳо низ ба техсилс/талукас тақсим мешаванд. Парлумони Покистон мақомоти конунгузории дупалатагӣ буда аз Сенат (Палатаи болоӣ) ва Маҷлиси миллӣ (Палатаи поёнӣ) иборат аст. Парлумон аз 60 ҷои барои занон ва 10 ҷой барои аққалиятҳои динӣ ҷудошуда иборат аст. Президент – роҳбари расмии давлат буда ҳукуматро сарвазир роҳбарӣ мекунад. Вазъияти сиёсӣ дар Покистон дар давоми муддати тӯлонӣ бо давраҳои ҳокимияти ҳарбӣ тавсиф мешуд, аммо дар солҳои охир таҳкимёбии демократия ба назар мерасад. Интихоботе, ки моҳи маи соли 2013 баъди ба итмом расидани фаъолияти ҳукумати кишвар, ки аз ҷониби шаҳрвандон интихоб гардида буд, аввалин бор дар таърихи кишвар баргузор шуданд. Дигар омилҳое, ки дар ташаккулёбии кишвар мусоидат намуданд таърихи тӯлонии муносибатҳои бад бо Ҳиндустон (аз он ҷумла се ҷанг ва низои Каргил) ва рушди минтақавӣ (бахусус дар Афғонистон), ки дар афзоиши ифротгароии динӣ ва ҷангҷӯӣ дар Покистон саҳми худро гузоштанд . Имрӯз ин яке аз таҳдидҳои ҷиддие, ки бо он кишвари дорои яроқи ҳастаӣ мебошад, рӯ ба рӯ шудааст. б) Иқтисодиёт Ҳудуди васеъ ва шумораи зиёди аҳолии Покистон (бо ҳиссаи бузурги аҳолии қобили меҳнат), захираҳои ғании табиӣ ва ҷойгиршавии стратегӣ – ҳамаи ин ба зарфиятҳои бузурги иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Муттаасифона, чунин омилҳо ба монанди нооромии доимии сиёсӣ, муносибатҳои бад бо Ҳиндустон, бадшавии вазъи амният, норасоии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, идоракунии заиф, бӯҳронҳои афзоишёбандаи энергетикӣ ва обӣ ва офатҳои бузурги табиии такроршаванда ба он оварда расониданд, ки кишвар натавонист аз ин имкониятҳо истифода барад. Баъди афзоиши босуръати аввали солҳои 2000-ум рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 3 фоизро аз солҳои 2008 то 2012 ташкил дод. Сатҳи таваррум аз 7,7 фоиз дар соли 2007 то 12 фоиз дар соли 2011 афзуд ва танҳо дар соли 2012 сатҳи таваррум то 10 фоиз поён 77 омад. Дар натиҷаи нооромии сиёсӣ ва иқтисодӣ аз соли 2007 қурби рупияи покистонӣ ба зиёда аз 40 фоиз поён рафт. Моҳи ноябри соли 2008 ҳукумати Покистон ва Сандуқи байналмилалии асъор дар мавриди созишнома дар бораи истифодаи қарз ҷавобан ба бӯҳрони тавозуни пардохт ба мувофиқат расиданд. Гарчанде ки вазъи иқтисодӣ баъди бӯҳрон ба эътидол омад, он натавонист дар сатҳи қаблӣ барқарор шавад. Аз сабаби нигарониҳои сармоягузорон, ки бо идракунӣ, энергетика, амният ва сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар барнагаштанд. Баъди профисити хурди ҳисоби ҷорӣ дар СМ2010/11, ҳисоби ҷории Покистон дар СМ 2011/12 ба каср рӯ ба рӯ шуд, ки баландшавии нархи нафти воридотшаванда ва пастшавии нархи пахтаи содиротшаванда боиси он гардид. Кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 20 фоизи ММД ва аз панҷ ду ҳиссаи шуғли аҳолӣ ба он рост меояд. Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД солҳои охир кам шуда истодааст, бахши хизматрасонӣ бошад вусъат ёфта истодааст. Сармоягузориҳои назарраси хориҷӣ дар солҳои 2002-2007 ба рушд дар бахши бонкӣ ва телекоммуникатсия оварда расонид. Дигар соҳаҳои муҳимми саноат инҳо мебошанд: дӯзандагӣ ва ресандагӣ, хӯрока, истеҳсоли кимиёӣ, металлургӣ . Интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи аҳолии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта, ки ба ҳисоби миёна аз моҳи марти соли 2011 тақрибан 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, доғи равшани Покистон боқӣ мемонад. Дар афзоиш ва истеҳсолоти Покистон бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар беш аз пеш монеагӣ мекунад: байни талабот ва таъмини нерӯи барқ фосилаи бузург ва афзоишёбанда мавҷуд аст. Омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки сабабгори чунин вазъият гаштаанд, аз он ҷумла идоракунии заиф, порча-порча будани бахш, вобастагӣ аз воридоти сӯзишвории қиммат, сохтори заифи тарифҳо ва ҷамоварии маблағ, мавҷуд набудани сармоягузорӣ ва қарзи калон. Ғайр аз ин, Покистон дучори бӯҳрони афзишёбандаи обтаъминкунӣ гаштааст: аҳолӣ аллакай аз норасоии об танқисӣ мекашад ва он ба норасоии шадиди он оварда мерасонад. в) Маълумоти демографии аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои рушд Барӯйхатгирии аҳолӣ, ки дар фосилаи даҳсола гузаронида мешавад, бори охир соли 1998 дар Покистон гузаронида шуд. Аз ин рӯ, маълумоти дақиқ дар бораи шумораи аҳолӣ мавҷуд нест, аммо шумораи умумии аҳолӣ зиёда аз 180 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар Покистон аҳолӣ ҷавон мебошад: зиёда аз нисфи онҳо синни то 22 соларо ташкил медиҳанд. Дар кишвар якчанд гурӯҳи этникӣ мавҷуд аст, ки сернуфузттарин инҳоанд: панҷобиҳо – 45 фоиз, паштуҳо – 15 фоиз, синдҳӣ – 14 фоиз, муҳоҷирҳо/ ки бо забони урду ҳарф мезананд – 8 фоиз ва балуҷҳо – 4 фоиз. Урду – забони расмии кишвар буда (дар баробари забони англисӣ дар байни аҳолии табақаҳои болоӣ/маълумотдор) тадриҷан ба забони гуфтугӯи байни миллатҳо табдил ёфт ; аммо аксарияти аҳолӣ бо забони минтақае, ки дар он сукунат доранд ҳарф мезананд . Нишондиҳандаҳои рушди Покистон дар сатҳи паст қарор доранд. Дар давоми якчанд соли охир, сатҳи пасти рушд ва сатҳи баланди таваррум, ки ба афзоиши якбораи нархҳои озуқаворӣ оварда расонид, боиси афзоиши камбизоатӣ дар кишвар гардид : аз рӯи арзёбии ҳисоботи СММ оид ба рушди инсон аз соли 2011 , тақрибан 50 фоизи аҳолӣ аз мардуми камбизоат иборат аст. Азбаски аҳолии Покистон афзоиш ёфта истодааст, қонеъ гардонидани талаботи рушди онҳо рӯз аз рӯз мушкилтар шуда истодааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои фаъолияти ҷорӣ, расидан ба нишондишандаҳои нақшавии ҲРР то соли 2015 дар Покистон амри муҳол аст. 78 г) Вазъияти занон Вазъияти занон дар Покистон вобаста аз макони сукунат ва мақоми иҷтимоию иқтисодӣ ба куллӣ фарқ мекунад. МҚФН, Балуҷистон ва қисматҳои Ҳайбар-Пахтунхва хеле кӯҳнапараст буда занон асосан ба корҳои хоҷагӣ машғул мебошанд ва дастрасии онҳо ба хизматрасонӣ ё имконияти дарёфти ҷои кор маҳдуд аст. Қисми минтақаҳои деҳоти Панҷоб ва Синд махсусан дар мавриди «шарафу номус» низ тарафдори одатҳои кӯҳна буда дар он ҷо барои ҳифзи шараф ҳолатҳои қатл инсон низ мушоҳида мешавад. Занҳо дар шаҳрҳои Лоҳур, Қарочӣ, бахусус дар Исломобод, одатан аз озодии бештар ва имкониятҳо бархӯрдор мебошанд: занҳои машғули кор дар Покистон падидаи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ бо ҷудо намудани ҷой барои онҳо дар ҳамаи мақомоти қонунгузор таҳким бахшида мешавад. Дар кишвар занҳо ба сифати сарвазир, раиси Маҷлиси миллӣ, вазирон ва сафирон хидмат ба ҷо овардаанд . Дар солҳои охир як қатор санадҳои муҳимми қонунгузорӣ, ки ба занон ҳуқуқ ва имкониятҳоро фароҳам меоваранд, қабул гардидаанд. Ба онҳо қонунҳое, ки занонро аз озор ва азият дар ҷои кор муҳофизат мекунад, таҷрибаи ақди никоҳро тибқи Қуръони Шариф ғайриқонунӣ эълон мекунанд (ки дар музофоти Синд паҳн шудааст, ки барои пешгирӣ намудани ақди никоҳ бо шахсе, ки аз давраи худ нест ва меросбарӣ бо ӯ), ки барои пошидани кислота ҳабси абадиро ҳамчун ҷазо муқаррар мекунад ва дар таъсиси Комиссияи миллии доимӣ оид ба вазъияти занон мусоидат мекунанд, дохил мешаванд. 5.1.2 Минтақаҳои таъсири лоиҳа Қисмати ниҳоии лоиҳаи CASA-1000 аз 71 км ҶДБШ хати интиқоли барқ иборат аст, ки он аз Торхамаи сарҳади Афғонистон омада аз Покистон то зеристгоҳи Шайх Муҳаммадии канори шаҳри Пешовар мегузарад. Масири пешниҳодшудаи хати барқ тавассути округи Ҳайбар дар минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федералӣ назоратшаванда (МҚФН) ва минтақаи берун аз ҳудуди Пешовар, ки ба музофоти Пешовар дохил мешавад, мегузарад. Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси таҳқиқоти манфиатҳои ҷамоатҳо Тавсифи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои таъсири лоиҳа, ки дар поён оварда шудаанд дар таҳқиқоти муштараки манфиати ҷамоатҳо, ки аз ҷониби БИПКТИБШ соли 2012 гузаронида шуда буд, асос ёфтаанд. Ҳадафи таҳқиқот аз таҳия намудани вариантҳо ҷиҳати баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо аз чорабиниҳои дар масири лоиҳаи CASA- 1000 пешбинишуда иборат буд. Дар рафти таҳқиқот 13 деҳаи қад-қади масир ҷойгиршуда (аз шумораи умумии 27 нуқтаи аҳолинишин) пурсида шудаанд : дар ҳар як пурсиши ҷузъии хонаводаҳо (ки ба ҳисоби миёна 31 фоизи хонаводаҳоро фаро мегирад) сӯҳбатҳо ва мусоҳиба дар гурӯҳҳо бо посухдиҳандагони асосӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо масири хати барқ дар Покистон ба се қисмат аз рӯи хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва қабилавӣ тақсим карда шуданд :  Қисмати A – истгоҳи шабакавии Шайх Муҳаммадӣ (дар канораи Пешовар) то бозори Кархано;  Қисмати B – аз Ҷамруд то Ҳоҷи Аюб Кейли (макони сукунати қабилаи Афридӣ);  Қисмати C – аз Шейхвал то Торхам (макони сукунати қабилаи Шинварӣ). 79 a) Аҳолӣ Шумораи умумии аҳолӣ дар минтақаи таҳқиқот (13 деҳа) 0,114 млн. нафар, ки дар 17,315 хонавода истиқомат мекарданд, ташкил дод. Аз шумораи умумии аҳолӣ, 61 фоиз ба қисмати А бо 5 деҳа ва ҳаҷми як хонаводаи ба ҳисоби миёна иборат аз 5,97 нафар, 17,5 фоиз ба қисмати B бо ҳаҷми як хонаводаи ба ҳисоби миёна иборат аз 6,16 нафар, 21,5 фоиз ба қисмати C бошад бо ҳаҷми як хонаводаи ба ҳисоби миёна иборат аз 5,9 нафар рост омад. Низоми паҳншудаи оилаҳои муштарак ҳаҷми хонаводаро то 20-26 нафар дар як хонавода зиёд мекунад. Бо вуҷуди ин, маълумот дар бораи хонаводаҳо дар асоси мафҳуми стандартии оила ҷамъ оварда шудааст.23 Ҳамин тавр, ҳаҷми як хонавода ба ҳисоби миёна 6,6 нафарро ташкил медиҳад (нигаред ба ҷадвали 8 ва расми 1). Таносуби ҷинсии аҳолии пурсидашуда: мардҳо – 51 фоиз ва занҳо – 49 фоиз. Деҳоти қад-қади хати интиқоли барқ дар асоси хусусиятҳои қабилавӣ ҷойгир шудаанд. Се қабилаи асосӣ – момандҳо, афридиҳо ва шинвариҳо дар ҳар як қисмат ҷойгир шуда буданд. Дар деҳот ҳар як қисмат зерқабилаҳо/шохаҳое, ки номи маҳаллии Хел ё Зай доштанд, истиқомат мекарданд. Ҳаҷми деҳот аз 200 то 1000 хонавода иборат буд. Ҷадвали 8: Тақсимоти аҳолӣ аз рӯи ҷинс ва ҳаҷми хонавода Хонаводаҳои интихобшуда Шумораи Хонавод Аҳолӣ Мардҳо Занҳо Ҳаҷми Деҳоти умумии Қисмат аҳои хонавода пурсидашуда хонаводаҳо пурсида ба ҳисоби дар деҳа шуда миёна A-1 Салмон Хел 2,600 862 6,591 3,056 3,535 7.6 A-2 Машу Хел 650 200 1,278 658 620 6.4 A-3 Шейхан Килей 2,550 924 5,398 2,703 2,695 5.8 A-4 Ш.Мухаммадӣ 2,100 683 4,230 2,254 1,976 6.2 A-5 Муштар Зай 1,650 539 4,886 2,518 2,368 9.1 B-1 Сур Камар 500 125 778 386 392 6.2 B-2 Шагай 478 173 921 512 409 5.3 B-3 Шоҳ Кас 1,127 300 1,709 902 807 5.7 B-4 Али Масҷид 975 300 2,128 1,159 969 7.1 C-1 Торхам 895 210 1,210 615 595 5.8 C-2 Гагра 480 152 859 466 393 5.6 C-3 Шейхвал 960 228 1,112 613 499 4.9 C-4 Садо Зай 2,350 774 4,902 2,471 2,431 6.3 Ҳамагӣ 17,315 5,470 36,002 18,313 17,689 6.6 23 Ҳамаи он нафароне, ки зери як бом зиндагӣ мекунанд, ё як ҳуҷраи истиқоматиро банд мекунанд, дорои шароит барои пухтани ғизо мебошанд ва робитаҳои хунӣ ё қонунӣ доранд, хонаро ташкил медиҳанд. 80 Fig. 1: Average Household Size by Village 10 9 9.1 8 7.6 7 7.1 6 6.4 6.2 6.2 6.3 5.8 5.8 Range 5.7 5.6 5 5.2 4.9 4 3 2 1 0 A-1 A-2 A-3 A-4 A-5 B-1 B-2 B-3 B-4 C-1 C-2 C-3 C-4 Survey Villages Сатҳи маълумотнокӣ дар минтақа 37 фоизро ташкил дод, зиёда аз 93 фоизи ин аҳолӣ дорои танҳо маълумоти тахассусии маҳдуд мебошанд. Тафовут дар се қисмати пурсишшудагон маълум гаштанд: таносуби маълумотнокӣ дар деҳоти қисмати C (49 фоиз) дар муқоиса бо деҳаҳои ҳамсояи қисмати А (35 фоиз) баландтар мебошад. Дар он деҳот муассисаҳои таълимии бахши давлатӣ ва хусусӣ дастрас ва фаъол мебошанд . Сатҳи маълумотнокӣ дар деҳоти қисмати В ночиз аст – 33 фоизи аҳолии соҳибмаълумот мебошад. Fig.2: Literacy Ratio by Gender and Village 100 80 Literacy Percentage 60 40 20 0 A-1 A-2 A-3 A-4 A-5 B-1 B-2 B-3 B-4 C-1 C-2 C-3 C-4 Male Female Overall Тафовути калон байни мардон ва занон вуҷуд дорад. Сатҳи умумии маълумотнокии мардон 59 фоизро дар муқоиса бо 14 фоиз дар байни занон ташкил медиҳад. Дар мавриди тафовутҳо аз рӯи қисматҳо, дар расми 2 нишон дода шудааст, ки бо вуҷуди сатҳи пасти маълумотнокӣ, тафовути ҷинсӣ дар қисматии А хурд аст, ҳамин вазъият дар қисмати В ба назар мерасад; аммо дар қисмати C, ки дорои сатҳи баландтарини маълумотнокӣ мебошад таносуби маълумотнокӣ дар байни занон ночиз аст . Сатҳи маълумотнокии шахсони соҳибмаълумот дар ин қисматҳо ночиз ва маҳдуд арзёбӣ мегардад. Аз шумораи умумии нафарони соҳибмаълумот 94 фоиз танҳо маълумоти ибтидоии то синфи 5 доранд, ё дар мадраса дар давоми якчанд сол таҳсил намудаанд, 3 фоиз бошад маълумоти то синфи 8 ба даст овардаанд, 2 фоиз ба сатҳи 81 мактаби миёна расидаанд (high school) ва танҳо 1 фоиз дорои маълумоти синфҳои болоии мактаби миёна (secondary school) мебошанд. Нафарони дорои маълумоти дар коллеҷ ё донишгоҳ ба даст оварда қариб ки ба назар намерасанд. Расми 3: Сатҳи маълумотнокии шахсони соҳибмаълумот Дар рафти муҳокима ва мусоҳиба қариб ҳамаи посухдиҳандагон дар мавриди маълумотнокӣ худро «тарафдори фундаментализм» нишон доданд. Онҳо қайд намуданд, ки системаи расмии маориф мухолифи анъанаҳои онҳо буда таҳсилот дар фаъолияти хоҷагии ҷамъияти қабилавӣ кӯмак намекунад. Дар мавриди маълумот занҳо аз таклифу пешниҳодҳое, ки зидди сиёсати толибон аст худдорӣ мекарданд . Ин омилҳо ба сатҳи пасти маълумотнокии умумӣ ва махсусан тафовути ҷинсӣ дар таносуби маъдумотнокӣ ва сатҳи ба даст овардани маълумот равшанӣ меандозад . Духтарони синни 10 сола маҷбуранд талаботи пӯшидани Пурда*/ниқобро риоя намоянд, ба онҳо дар кӯчаҳои деҳа бозӣ кардан иҷозат дода намешавад. б) Истифодаи замин ва дастрасӣ ба нерӯ Бино ба камҳосил ва ноҳамвор будани минтақа истифодаи замин дар соҳаи кишоварзӣ хеле маҳдуд аст. Аз ин сабаб дар қисмати С аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ машғул нест дар қисмати В бошад хеле кам (тақрибан 5 фоизи оилаҳо иттилоъ доданд, ки соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромад мебошад), дар қисмати А нишондиҳандаи мазкур 16 фоизро ташкил дод. Таҳқиқот нишон дод, ки ҳамаи хонаводаҳо дорои қитъаи замине, ки дар он истиқомат мекунанд, мебошанд. Аксарияти хонаводаҳо дар асоси низоми мураккабе, ки дар доираи он замин моликияти хонавода буда бо девор ҷудо карда шудааст, ташкил шудаанд. Ба он ҷои истиқомат, ҳуҷра (утоқи махсус), майдонча барои чорвои хонагӣ, боғи дарахтони мевадиҳанда ва ҳатто вобаста аз мавҷудияти захираҳои замин ва об, зироатҳои кишоварзии гандум ва ҷуворимакка дохил мешаванд. Маводҳои сохтмонии мухталиф истифода мешуданд: аз kaccha (истифодаи маҳлули гил)– 65 фоиз то хонаҳои омехта (бо истифодаи деворҳои хиштӣ) – 22 фоиз ва pakka (хишт ва бетон ё бомҳои бо истифода аз болорҳои оҳанӣ сохташуда) – 13 фоиз. Маовди сохтмонии истифодашуда вазъи иқтисодии оиларо инъикос мекунад. Тамоми инфрасохтори системаи маориф барои МҚФН пурра вайрону валангор шудааст. Омӯзгорон, хосатан муаллимони синфҳои ибтидоӣ ё ба толибон ҳамроҳ 82 шуданд ё ба Пешовар/дигар ҷой фирор намуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар давоми даҳ соли охир дар минтақа таҳсилоти мактабӣ вуҷуд надорад. Шахси мансабдор аз шӯъбаи маорифи МҚФН вазъиятро дар МҚФН ба таври зерин ҷамъбаст намуд: “Дар МҚФН мушкилоти норасоии мактаб ва муаллимони аз ҷониби давлат маблағгузорӣ шаванда вуҷуд надорад”. 6,000 мактаб ва 33,000 муаллим ба қайд гирифта шудаанд. Тақрибан 3,000-4,000 омӯзгор вазифаҳои худро мунтазам иҷро менамоянд. Бокимонда 90 фоиз аъзоёни оилаи қабилаи маҳаллии Молик (Maliks) мебошанд. Қабилаи Молик ва MNA маоши худро бо зӯрӣ ба даст меоваранд’ 24 . Биноҳои мактаб ва хизматрасониҳои алоқаманд (барқ, об кормандони иловагӣ), танҳо аз тарафи қабилаи молик истифода мешаванд. Қабилаҳои молик ва MNA маоши худро низ бо зӯрӣ мегиранд. Дар рафти гузаронидани таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо ягон маълумот дар бораи дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод нагардид. Таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо нишон дод, ки дастрасии хона ба оби ошомиданӣ дар деҳоти ДТЛ ба ҳисоби миёна 57 фоизро дар ҳудуди аз 0 фоиз дар Гагра то 25 фоиз дар Салмон Хел ва то 100 фоиз дар (ниг. ба ҷадвали 9) ташкил дод. Обҳои зеризаминӣ дар сатҳи амиқи қабатҳои обнигаҳдор дастрасанд, аз ин рӯ кашидани об маблағ ва талошро талаб мекунад. Насби системаи обтаъминкунӣ бо воситаи муҳаррик дар хона хеле қиммат аст. Танҳо 24 фоизи пурсидашудагон иттилоъ доданд, ки дар хонаҳояшон ҳоҷатхонаҳои обдор мавҷуд аст; занон ва кӯдакон ҳоҷатхонаҳои чуқуридор мардон бошад дашти кушодро истифода мебаранд. Сатҳи истифодабарии ҳоҷатхонаҳои обдор дар нуқтаҳои аҳолинишини қисмати А аз ҳама балан буда дар деҳоти қисмати С аз ҳама паст аст. Байни воситаҳои санитарию техникӣ ва мавҷудияти об, инчунин вазъи иқтисодӣ алоқамандии бевосита буд – ҳоҷатхонаи обдор маблағро талаб мекунад. Вазъият дар мавриди дастрасӣ ба нерӯ чунин аст, ки ҳамаи деҳот расман «бо барқ таъминшуда» ё ба системаи энергетикии миллӣ пайвастшуда эълон шудаанд . Аммо, дар сатҳи хонаводаҳо, ҳар як хонавода барои бақайдгирӣ, пардохти маблағ барои пайвастшавӣ ва дигар маблағҳои пулӣ барои пайвастшавии расмӣ ӯҳдадоранд . Баъзе аз одамон инро иҷро мекунанд, дар ҳоле ки дигарон тавассути ҳамсоягон ғайриқонунӣ пайваст мешаванд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот электрификатсияи умумӣ ба ҳисоби миёна бо тафовути хурд дар ҳамаи се қисматҳо 76 фоизро ташкил медиҳад . Бо вуҷуди ин, электрификатсия маънои таъмини мунтазами барқро дар назар надорад. Таҳқиқот нишон дод, ки номунтазамии таъмини нерӯи барқ дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дастрасии нерӯи барқ дар деҳоти бо лоиҳа фарогирифташуда ба ҳисоби миёна чунин аст: Қисмати A: 3-4 соат дар як шабонарӯз. Қисмати B: 1-2 соат дар як шабонарӯз. Қисмати C: танҳо 1 соат дар як шабонарӯз. Боз як мушкилии дигар дар шиддати пасти барқ дида мешавад. Тибқи ахборот, шиддати пас дар соатҳои авҷи истифодаи барқ (5-10 бегоҳ) – яке аз мушкилоти асосӣ мебошад, зеро дар вақт хонаводаҳо ба нерӯи барқ барои рӯшноӣ, пухтани таом, гармкунии хона дар фасли зимистон ва шамолдиҳакҳои барқӣ дар шабҳои тобистон эҳтиёҷ доранд. Азбаски тамоми минтақа дар теппаҳои беҳосил ҷойгир шудааст, 24 Мусоҳиба бо DG МҚФН, ки дар рафти таҳқиқоти баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо 29 апрели соли 2012 гузаронида шуд (БИПКТИБШ), с. 44 83 норасоии ҳезум эҳсос мешавад, аксарияти занон барои пухтани таом аз гармкунакҳои барқӣ истифода мебаранд ё нонро бо истифода аз поруи хушк мепазанд . Аммо, норасоии барқ/шиддати пасти нерӯи барқ дар соатҳои авҷи истифодаи он дар сатҳи хоҷагӣ боиси мушкилоти зиёд мегардад. Ҳузури фаъолонаи толибон ва идома ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ тақсимоти нерӯи барқ ва низоми ҷамъоварии ҳаққи хизматро дар округи Хайбер ва ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Пешовар ба пуррагӣ карахт намуд. Гарчанде ки шабакаи интиқоли барқ то андозае нигоҳубин мешавад, нерӯи барқ бошад аз ҷониби ширкати тақсимоти барқ PESCO тибқи нақшаи идоракунии сарборӣ таъмин мегардад, низоми ҷамъоварии ҳаққи хизмат пурра ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳамаи посухдишандагони МГ иттилоъ доданд, ки дар давоми ҳадди ақал даҳ соли охир барои истифодаи нерӯи барқ маблағ пардохт накардаанд. Ҷадвали 9: Дастрасии барқ, оби ошомиданӣ ва ҳоҷатхонаҳои обдор дар деҳоти аз таҳқиқ гузашта №Қ Деҳа Барқ Оби Ҳоҷатхонаи обдор ошомиданӣ A-1 Салмон Хел 92% 25% 11% A-2 Машу Хел 97% 97% 57% A-3 Шейхан Килей 26% 39% 27% A-4 Шайх Муҳаммадӣ 82% 77% 48% A-5 Муштар Зай 100% 90% 30% B-1 Сур Камар 90% 60% 48% B-2 Шагай 29% 16% 30% B-3 Шоҳ Кас 84% 47% 10% B-4 Али Масҷид 100% 87% 18% C-1 Торхам 43% 57% 19% C-2 Гагра 100% 0 0 C-3 Шейхвал 98% 100% 0 C-4 Садо Зай 51% 49% 13% Миёна 76% 57% 24% г) Сарчашмаҳои воситаи зиндагӣ Аҳолии қобили меҳнат (саробони оилаҳо) дар минтақаҳои таъсири лоиҳа пурра аз аъзоёни мардинаи оила иборат аст: дар ҷамъияти қабилавӣ нақши занон бо кори хона ва фаъолияти хурди истеҳсолии сатҳи хоҷагии хонагӣ маҳдуд аст . Тавре ки қайд шуда буд, беҳосил (бо норасоии шадиди об) ва ноҳамвор будани маҳал аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо ҳиссаи хурди хоҷагиҳои хонагӣ машғули кишоварзӣ мебошанд. Дар қисмати А ба ҳисоби миёна 16 фоизи хонаводаҳо иттилоъ доданд, ки кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад, дар ҳоле ки дар қисмати B ин нишондод танҳо 5 фоиз ва сифр дар қисмати C (ниг. ба ҷадвалӣ 10) ташкил дод. Ба категорияи "Бизнес ва соҳибкори инфиродӣ " дӯкондорон, соҳибони моликияти ғайриманқул, идоракунандагони моликияти ғайриманқул, минёнаравҳо, ҳамлу нақлкунандагон, фурӯшандагони гандум, фурӯшандагони яклухт, пудратчиён, истеҳсолкунандагони хурд ва ашхоси хизматрасон дохил мешаванд. Дар маҷмӯъ 27 фоизи хонаводаи пурсидашуда иттилоъ доданд, ки бизнес ва соҳибкории инфиродӣ барои онҳо сарчашмаи асосии даромад мебошад: ҳиссаи хурдтарин дар қисмати А (камтар аз 10 фоиз), ҳиссаи калонтарин дар қисмати C (62 фоиз) ба назар мерасад. Дар 84 ин қисмат ҳиссаи калонтарин ба деҳоти наздимарзӣ (масалан, Шейхвал – 72 фоиз ва Гагра – 70 фоиз) рост меояд. Ин бо қарибӣ бо марказӣ соҳибкорӣ ва савдои молу ашёи хориҷӣ ва минтақаи беандоз, ки Корхона Бозор ном дорад, алоқаманд аст. Ҷадвали 10: Ҳиссаи фоизи сарчашмаҳои асосии даромади хонаводаҳо дар деҳот Деҳа Сарчашмаҳои даромад (бо фоиз) Бизнес/ Бахши Бахши Меҳнати Бе Киш соҳибкори давлат хусусӣ кироя / Дигар сарчашма Ҳамаг овар инфиродӣ ӣ маоши ӣ зӣ якрӯза A-1 29 6 6 16 24 16 3 100 A-2 17 6 20 10 31 7 9 100 A-3 12 15 22 5 24 21 1 100 A-4 14 5 8 10 57 5 1 100 A-5 7 17 17 17 30 11 1 100 B-1 6 17 5 17 42 11 2 100 B-2 3 5 21 24 12 31 4 100 B-3 1 21 8 12 36 20 2 100 B-4 2 20 15 2 38 21 2 100 C-1 0 52 6 11 23 6 2 100 C-2 0 70 5 3 17 2 3 100 C-3 0 72 6 1 12 7 2 100 C-4 0 45 2 12 35 4 2 100 Миёна 7 27 11 11 29 12 3 100 Манбаъ: Таҳқиқоти хонаводаҳои 13 деҳа Ҷойҳои корӣ дар бахши давлатӣ асосан дур аз деҳот дастрасанд, аз ин рӯ барои дарёфти онҳо саробони оиларо лозим меояд аз деҳа баромада аз хона дур бошад. Аз сабаби паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва малакаҳои тахассусии дар ин деҳот дастрас, аъзоёни ҷамоати маҳаллӣ танҳо ба ҳайси нигаҳбонон, кормандони хизматрасон, коргарон, ронандагон ё афсарони қисмҳои ҳарби истифода шаванд . Дар ҷамъ 11 фоизи хонаводаҳо иттилоъ доданд, ки шуғл дар бахши давлатӣ сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад. Ҳиссаи бузургтарин ба хонаводаҳои қисмати А (ба ҳисоби миёна 15 фоиз) ва камтарин дар қисмати С (5 фоиз) рост меояд. Бо сабабҳои монанд, имконияти шуғл дар бахши хусусӣ бо кори нигаҳбон, корманди хизматрасон, коргар, ронанда ё боркаш маҳдуд аст. Ин имкониятҳо асосан дар Пешовар фароҳам оварда шудаанд. Дар ҷамъ 11 фоизи хонаводаҳо дар бораи шуғл дар бахши хусусӣ ҳамчун сарчашмаи асосии даромад иттилоъ доданд . Меҳнати бетахассус ё кироя бо пардохти ҳаррӯзаи музд сарчашмаи калонтарини даромад ба ҳисоб меравад: 29 фоизи шумораи умумии хонаводаҳо. Ин шахсон асосан машғули фаъолияти соҳибкорӣ ё кори сохтмонӣ мебошанд. Дар байни қисматҳо тафовути хурд ба назар мерасад: дар қисмати А ва В сеяки коргарон кироя бо музди ҳаррӯза буда дар қисмати С бошад ин нишондод 22 фоизро ташкил медиҳад. Таҳқиқот нишон дод, ки теъдоди зиёди аҳолӣ дар деҳоти аз таҳқиқ гузашта сарчашмаҳои даромади худро нишон намедиҳад ва онро дар категорияи «дигар сарчашмаҳо» қайд мекунад. Он тақрибан 12 фоиз аз шумораи умумии хонаводаҳоро бо ҳиссаи бузургтарин дар қисмати В (20 фоиз) ва хурдтарин дар қисмати С (2 фоиз) ташкил дод. 85 д) Вазъияти занон Вазъияти занон дар минтақаи таъсири лоиҳаи CASA-1000 ба занони тамоми ҳудуди МҚФН хос аст. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар қиёс бо қисми боқимондаи Покистон он иштирок накардани занҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳатто дар бозорҳои маҳаллӣ ё ноҳиявӣ мебошад. Пӯшидани рurdah ҳатмӣ мебошад. Сохтори мураккаби хонаводаҳо, ки дар минтақа паҳн шудааст ба занон имкон медиҳад, ки ба корҳои хоҷагӣ дар ҳудуди хонаи худ расидагӣ кунанд – корҳои хона, нигоҳубини фарзандон, чорвои хонагӣ, истеҳсолоти хурд. Барои иҷрои баъзе вазифаҳо занон бояд аз хона бароянд, масалан, овардани об, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво,25 аммо барои ин онҳо ба худ ниқоб андохта ин амалро одатан дар ҳудуди аниқ муайяншуда иҷро мекунанд; мардони дигар хонаводаҳо бояд донанд, ки гирду атроф тарафи занон истифода мешаванд ва дар он ҷойҳо намегарданд. Дар баъзе ҳолатҳо занҳо маҷбуранд аз деҳаҳои худ бароянд, масалан, барои ташриф ба маркази саломатӣ, ки пӯшидани purdah-ро (фаранҷӣ) талаб мекунад. Ҷои тааҷуб нест, ки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳувияти худро надоранд: онҳоро духтари фалонӣ ё зани фалонӣ меноманд – исми зан ҳаркиз берун аз хона гирифта намешавад. е) Гурӯҳҳои осебпазир Ҳангоми омӯзиши имкониятҳои баҳрабардории муштараки ҷамоатҳо раванди интерактивии раддабандӣ аз рӯи некӯаҳволӣ бо мақсади муайян намудани оилаҳои камбизоат истифода шуд: ин ҷобаҷогузории аъзоёни ҷамоатро дар робита бо вазъи иқтисодии ҳамсоягони худ ва хулосаҳои дар МГ санҷида мешуданд, дар бар гирифт. Дар натиҷа, маълум шуд, ки 62 фоизи аҳолии пурсидашуда ба категорияи дорои даромади паст (49 фоиз) ё хеле камбизоат (13 фоиз) дохил мешавад. Ҷадвали 11: Раддабандии хонаводаҳо аз рӯи камбизоатӣ # Деҳа Даромади Даромади Даромади Ниҳоят баланж миёна паст камбизоат (камбизоат) A-1 Салмон Хел 5% 28% 55% 12% A-2 Машу Хел 4% 49% 34% 13% A-3 Шейхан Килей 9% 42% 38% 11% A-4 Шайх Мухаммадӣ 9% 19% 56% 16% A-5 Муштар Зай 9% 40% 45% 6% B-1 Сур Камар 2% 24% 71% 3% B-2 Шагай 5% 55% 35% 5% 25 Дар аксарияти ҷамоатҳои Осиё ва Африка ва Америкаи Лотинӣ, вақт ва нерӯи ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ва кашонидани об аз тарафи занон сарфшуда онҳоро аз истифодаи беҳтари вақти худ барои ба даст овардани маълумот ё фаъолияти даромаднок бозмедорад. Онҳо инчунин вақти худро барои пухтупаз бо истифодаи сӯзишворие, ки тоза нест ё дар оташдоне, ки каммасраф нест сарф менамоянд. Мушкилиҳои алоқаманд бо саломатӣ дар натиҷаи нафас кашидани дуд аз ҳисоби аз меъёр зиёд истифода бурдани намудҳои анъанавии сӯзишворӣ ва суст тоза шудани ҳавои хона ба миён меоянд. Ғайр аз ин, занон дучори хавфҳои гуногуни табиӣ дар рафти ҷустуҷӯи сӯзишворӣ мегарданд. Бархе аз дарсҳои дар саросари ҷаҳон дар бораи гендер ва нерӯ аз фаъолияти лоиҳавӣ омӯхта инҳо мебошанд: i) занҳоеро, ки дорои дониши муҳим дар бораи захираҳои маҳаллӣ ва шароит мебошанд дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати қонеъ намудани талаботи онҳо ба нерӯ ҷалб намудан муҳим аст ; ii) чорабиниҳои алоқаманд бо баррасии талаботи энергетикӣ бояд бо дигар талошҳои алоқаманд бо саломатӣ, маълумот ва кишоварзӣ амалӣ гарданд; iii) дастрасии васеътар ба гази моеъ (ГМ) ва дигар намудҳои сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад бо алтернативаҳои дастрасӣ пухтупаз дар асоси биомасса ва сӯзишворӣ барои гармидиҳӣ таъмин намояд ; iv) бино ба ӯҳдадоришои анъанавии худ оид ба ҷамъоварии ҳезум ва кашонидани об, занон ва духтарон аз дастрасии беҳтар ба хизматрасониҳои энергетикӣ манфиати максималӣ ба даст меоранд. Гендер ва нерӯ барои рушди устувор: як қатор воситаҳо ва маълумотнома, БРСММ, соли 2004. . 86 B-3 Шоҳ Кас 0.5% 37.5% 59% 3% B-4 Али Масҷид 7% 30% 59% 4% C-1 Торхам 25% 31% 35% 9% C-2 Гагра 4% 14% 60% 22% C-3 Шейхвал 8% 48% 38% 10% C-4 Садо Зай 5% 17% 58% 20% Миёна 7% 31% 49% 13% Манбаъ: Таҳқиқоти хонаводаҳо дар 13 деҳа Аз хонаводаҳои ниҳоят камбизоат 2 фоизро хонаводаҳои осебпазир, яъне онҳое, ки аз воситаҳои зиндагӣ маҳруманд ва аз дигарон вобастаанд, ташкил медиҳад. Ҳиссаи ашхоси осебпазир дар қисмати А (ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр) дар қиес бо қисматҳои В ва С (2,5 фоиз) каме болотар аст (3 фоиз). Аъзоёни ҷамоати маҳаллие, ки дорои воситаҳои зиндагонӣ мебошанд Закот медиҳанд (тибқи Ислом хайроти ҳатмӣ, ки дар шакли пулӣ ё бо молу ашё дар ҳаҷми 2,5 фоизи пасандозҳо пардохт карда мешавад) – андоз барои дастгирии ашхоси аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзнашуда. Боқимонда 11 фоиз дар категорияи ниҳоят камбизоат дорои воситаҳои зиндагӣ буда низ осебпазир мебошанд, зеро онҳо наметавонанд талаботи худро дар гирифтани маълумот ва дарёфти ғизо қонеъ намоянд, аз он ҷумла талабот ба ҳифзи саломатӣ, аз ин рӯ, онҳо наметавонанд ба категорияи онҳое, ки аз сарчашмаи даромад маҳруманд ба осонӣ гузаранд. Тавсифи иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси «Арзёбии таъсири иҷтимоӣ»-и аз ҷониби ширкати IEL гузаронида Дар доираи арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ширкати «Integrated Environments Ltd» (IEL) омода гардид, таҳқиқотҳои муҳандисӣ геологии нисбатан муфассал дар қитъаи ДТЛ дароизаш 71 км х бараш 100 м байни Торхам дар марзи Афғонистон ва Пешовар гузаронида шуд. Маълумоти ибтидоии экологӣ ва иҷтимоӣ дар давоми моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли 2007 ҷамъ оварда шуд. Маълумотро аксҳои моҳворавӣ барои қитъаи дарозиаш 71 км - қисми ҶДБШ 500 лоиҳаи фаромарзии ХИБ дар Покистон пурра гардонид. Раванди хоси машваратӣ (20 фоизи интихоб) бо аҳолии зери таъсири лоиҳа қарордодашуда (АТЛҚ), намояндагони маоқомоти давлатӣ ва ташкилотҳои маҳаллии ғайридавлатӣ (ТҒД) гузаронида шуд . Муҳокимаҳо банақшагирии лоиҳа, муайян намудани масир, сохтмон ва оқибатҳои ба он алоқамандро дар бар мегирифт. Мушкилот ва саволҳои ҳамаи иштирокчиён ба қайд гирифта шуданд. Натиҷаҳои арзёбии аз ҷониби ширкати IEL гузаронида, ки ба тавсифи иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои лоиҳаи CASA-1000 тааллуқ доранд, аз маълумоти зерин иборатанд. a) Низоми маъмурӣ Қитъаҳои замини воҷеъ дар ДТЛ ба ду муассисаи мухталиф тааллуқ доранд . Аз марзи Торхам то Бара замин моликияти қабилаҳо (ки ба округи Хайбер дар МҚФН дохил мешаванд) ба ҳисоб меравад ва аз Бара то охири ДТЛ замин таҳти назорати ҳукумати Покистон (ҲП) қарор дорад. Мардуми қабилаҳо дорои мухторият буда корҳои худро дар асоси ақида, урфу одат ва анъанаҳои худ пеш мебаранд. Қад-қади ДТЛ замин ба қабилаҳо ва авлодҳои маҳаллӣ тааллуқ дорад. Замини ҷамоатӣ тавассути қонунҳои урфӣ идора карда шуда дараҷаи адолат ва тақсимоти баробарро таъмин мекунад. Механизмҳои дастгирии иҷтимоӣ дар ин манотиқ хеле хуб татбиқ мегарданд, зеро вақте сухан дар бораи талаботи ҷамоат меравад, лоиҳаҳои ҷамъиятӣ ва 87 тарҳҳо дастаҷамъона амалӣ мегарданд, масалан: маросимҳои дафн ва тӯӣ; ҷамъоварӣ ва хирманкӯбии зироатҳои кишоварзӣ; сохтмони иморатҳои ҷамъиятӣ (ҳуҷра) – масҷидҳо; сохтмон ва тоза кардани каналҳои ирригатсионӣ; муҳофизат аз обхезӣ; нигоҳубинӣ пайрораҳо; бурридани дарахт ва алафдаравӣ. Ҳар як ташкилоти қабилавӣ аз ҷониби агенти сиёсӣ, ки ба он якчанд ёварони агенти сиёсӣ кӯмак мерасонанд, таҳсилдорҳо (раиси маъмурият таҳсил) ва ноиби таҳсилдорҳо идора карда мешавад, инчунин намояндагони полиси маҳаллӣ (хосадорон) ва қувваҳои амният. Дар доираи вазифаҳои маъмурии худ агенти сиёсӣ назорат аз болои фаъолияти идораҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои хизматрасон мебарад . Агенти сиёсӣ барои баррасии баҳсҳои байниқабилавӣ оид ба марз ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин танзими савдои захираҳои табиӣ бо дигар ташкилотҳо ё нуқтаҳои аҳолинишин масъул мебошад. Агенти сиёсӣ нақши асосиро дар таҳия намудани лоиҳаҳо иҷро намуда зеркумитаи рушдро сарварӣ мекунад. Ба он зеркумита мансабдорони мухталифи давлатӣ дохил мешаванд, ки вазифаи он аз тавсия ва тасдиқ намудани лоиҳаҳои рушд иборат аст. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчун ҳамоҳангсози нақшаҳои рушди кишоварзӣ ва ба ҳайси шахси аввал аз нуқтаи назари давлат ва алоқаҳо бо пешвоёни қабилавӣ баромад мекунад. Системаи Ҷирга (шӯрои пиронсолон) ва Малки ниҳодҳои пурқуввати маҳаллӣ барои оштӣ додан ва ҳалли баҳсҳои маҳаллӣ ва ҷазодиҳии онҳое, ки қоидаву урфу одати маҳаллиро вайрон мекунанд, истифода мешаванд. Сатҳи ҷиноят, аз рӯи маълумот, дар МҚФН паст мебошад. Намояндаи Malik дар қабила дорои мақоми баланд мебошад. Агенти сиёси ба Malik маблағи муайянро ҳамчун моҷиб (кӯмаки пулӣ) барои хароҷоти маҳаллии намояндагӣ медиҳад. Аҳолии маҳаллӣ шахсони Malik-ро, ки дорои хислатҳои хуби шахсӣ, яроқ ва мардон барои гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ аз рӯи зарурат ва тасмими худ мебошанд, эҳтиром мекунад. б) Аҳолӣ Тақрибан 27 нуқтаи аҳолинишини воқеъ дар наздикии ДТЛ муайян гаштанд . Аксарияти сокинон дар нуқтаҳои аҳолинишини деҳоти иборат аз 300-4,000 нафар истиқомат мекунанд. Қад-қади ДТЛ чор қабилаи асосӣ сукунат доранд: Афридӣ, Шинварӣ, Муллагорӣ ва Шалманӣ. Дар қабилаҳо зерқабилаҳо/авлодҳо мавҷуданд, ки урфу одатҳои худро доранд. Аксарияти оилаҳо аз рӯи низоми оилаи муштарак/васеи иборат аз 10-30 нафар зиндагӣ мекунанд. Тибқи таҳқиқот сатҳи маълумотнокии аҳолии ДТЛ 37 фоизро барои мардон ва 3 фоизро барои занон ташкил дод. в) Дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва нерӯ Тақрибан 44 фоизи аҳолӣ дар хонаҳои гилӣ, 40 фоиз дар хонаҳои бетонӣ/гилӣ ва 16 фоиз дар хонаҳои бетонӣ истиқомат мекунанд. Тақрибан 60 фоизи аҳолӣ дорои ҳоҷатхонаҳои обдор буда 75 фоиз ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Ба сарчашмаҳои об одатан ҳавзҳо/чашмаҳои қад-қади маҷрои дарё ва насосҳои обкаш дохил мешаванд. Дар ноҳияҳое, ки ҳавзҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин дуртар ҷойгир шудаанд занҳо маҷбуранд ба масофае барои кашонидани об раванд. Зиёда аз 92 фоизи аҳолӣ ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва роҳҳо бо фарши сахт барои 50 фоизи аҳолӣ дастрас мебошанд. 88 г) Сарчашмаҳои воситаҳои зиндагӣ Таҳқиқоти АТЭИ аз ҷониби ширкати IEL гузаронидашуда маълум намуд, ки аз сабаби серхарсанг будани замин, нишебиҳо, мавҷуд набудани қитъаҳои муносиби замин ва норасоии об, фаъолияти кишоварзӣ дар аксарияти МҚФН маҳдуд мебошад. Аз се ду ҳиссаи минтақаи ДТЛ ба фаъолияти хурди кишоварзӣ машғул аст. Дар аксари ҳолатҳо аҳолии қисмати ҷанубӣ байни Ҷамруд ва Пешовар дар шаҳрҳои Шайх Хон, Бара и Шайх Муҳаммадӣ, ки дорои замини нисбатан серҳосил мебошанд, ба фаъолияти кишоварзӣ машғуланд. Қобили қайд аст, ки қабилаи Аюб ва Афридӣ дорои 1,000-2,000 гектар заминҳои кишоварзӣ мебошанд (аз истгоҳи шабакавии Бара то истгоҳи шабакавии Шайх Муҳаммадӣ). Аз рӯи маълумот, истеҳсол ва фурӯши кӯкнор дар Покистон дар наздикии марз дар ағбаи Хайбер амалӣ мегардад. Шуғли маъмулии аҳолии маҳалии ДТЛ: ронандагӣ, боркашонӣ, мардикорӣ, кор дар хориҷи кишвар ва кишоварзӣ. Даромади миёнаи хонавода дар ДТЛ 281,400 рупий, хароҷоти миёна бошад 155,000 рупийро ташкил медиҳад. д) Вазъияти занон Занон дар ҷамъияти қабилавӣ тобеи мардон мебошанд. Тибқи урфу одат сардори хонавода ҳуқуқи қабул намудани қарори ниҳоиро аз номи тамоми оила дорад . Ҳузури толибон дар ин ҷамоатҳо кӯшиши занонро барои ба даст овардани ягон дараҷаи маълумот мушкилтар гардонидааст – азбаски, тибқи қоидаҳои қатъии исломи мазҳаби суннӣ ҷои зан дар хона мебошад. Занҳое, ки дар шаҳрҳо таҳсил мекунанд дучори таҳдид аз ҷониби силоҳбадастони суннимазҳаб мегарданд. Дар манотиқи деҳот ин таҳдидҳо ҷиддитар буда ба зӯроварӣ нисбати занон оварда мерасонад. Занҳо илова бар иҷро намудани дигар вазифаҳои алоқаманд бо кори хона дар фаъолияти кишоварзӣ, тайёр намудани ҳезум ва кашонидани об иштироки фаъол доранд. е) Гурӯҳҳои осебпазир Теъдоди зиёди аҳолии дар ҳудуди масири пешниҳодшудаи ХИБ сукунатдошта поён аз хати фақр зинда мекунанд ва «осебпазир» ба ҳисоб мераванд. Масоили таъминоти об ва санитария боиси нигаронӣ мебошад, зеро дар соли 2011, аз рӯи маълумоти департаменти тандурустӣ, дар байни сесад нафар, аз он ҷумла занон ва кӯдакон (гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ) бемории вабо сар зад. Аксарияти аҳолӣ поёнтар аз хати фақр зиндагӣ мекунанд ва аксарияти аҳолӣ дорои сатҳи пасти маълумотнокӣ (37 фоизи мардон ва 3 фоизи занон) мебошанд. Экологияи минтақа нишон дод, ки ҳудудҳои барои таъмин намудани хӯроки чорво ва ҳезум истифодашуда босуръат кам мешаванд, ки аҳолиро маҷбур месозад ба дигар сарчашмаҳои зиндагонии (қонунӣ ва ғайриқонунӣ) дар ноҳияҳои ҳамсоя мавҷудбуда такя намоянд. 5.2 ТАЪСИРИ ЛОИҲА 5.2.1 Методология Арзёбии таъсири лоиҳаи CASA-1000 ба муҳити зисти минтақаҳои таъсир дар Покистон бештар ба АТМЗ ва НИМЭИ Лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA 1000): Ҳуҷҷатҳои марҳилаи АТИ, ки аз ҷониби ширкати «Integrated Environments Ltd» пешниҳод гардиданд, асос ёфтааст. Пас аз таҳия намудани АТМЗ аз тарафи IEL харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони 89 ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ барои нишон додани мушкилоти мушаххаси экологӣ ва иҷтимоӣ ва чораҳои пешниҳодшуда барои кам кардани таъсир дар тӯли тамоми масири хати интиқоли барқи лоиҳаи CASA-1000, омода гардид. Ғайр аз ин, таҳқиқотҳои ибтидоӣ дар минтақаҳои таъсири лоиҳа аз моҳи октябр то декабри соли 2007 ва раванди хоси машваратӣ бо тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ (ШТЛҚ, мансабдорони ҳукуматӣ, ТҒД маҳаллӣ) гузаронида шуданд. 5.2.2 Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масири ХИБ Дар ҷадвали поён хусусиятҳои таъсири иҷтимоӣ тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир дар тӯли хати пешниҳодшудаи интиқоли барқ тавассути Покистон, оварда шудааст. Ҷадвали 12: Хусусиятҳои таъсири иҷтимоии масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 дар ҳудуди Покистон тибқи харитаҳои ҳаммарказонии масир бо дарназардошти муҳити зист ва макони ҷойгиршавии иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ Харитаи Тасвири хусусиятҳои таъсири иҷтимоии лоиҳа ҳаммарка зонии масир (AS) AS -100 Масири пешниҳодшудаи ХИБ инфрасохтори ҷамоатро гузашта аз дарё убур мекунад. Ағбаи Хайбер тақрибан дар масофаи 1,5 км дар самти ҷанубу шарқи ДТЛ ҷойгир шудааст, роҳи автомобилгарди Торхам-Ҷумрад/роҳи автомобилгарди №5 бошад дар баробари масири пешниҳодшуда мегузарад. AS -101 Дидбонгоҳи ҷамоати Machi тақрибан дар масофаи 1,25 км ба самти шимолу ғарби ДТЛ ҷойгир шудааст. Он ҳамчун иншооти мероси фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Ба шаклҳои заминистифодабарӣ инфрасохтори коммуналӣ, заминҳои корам, роҳи автомобилгард, роҳи оҳан ва заминҳои азхудкарданашуда дохил мешаванд. Ҷамоатҳое мавҷуданд, ки дар наздикии ДТЛ ҷойгир шудаанд. Ҷамоати Ланди Котал дар баробари масири пешниҳодшудаи ХИБ дар масофаи 0,5 км шимолтар аз ДТЛ ҷойгир шудааст. Ланди Котал макони сайёҳӣ буда то онҷо метавон бо нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан расид. AS -102 Масир дар баробари ҷамоати Ланди Котал, ки дар наздики дарё Хайбер ҷойгир шудааст, мегузарад. Қалъаи Али Масҷид, маҳалли динӣ, тақрибан дар масофаи 0,8 км ҷанубтар аз масири пешниҳодшудаи ХИБ ҷойгир шудааст ва ба масир халал намерасонад. AS-103 Шаклҳои асосии заминистифодабарӣ: заминҳои корам, заминҳои азхудкарданашуда ва инфрасохтори коммуналӣ. Масир дарёи Ҷамруд ва шаҳри Ҷамрудро (17 км ба самти ғарб аз Пешовар, дорои роҳи автомобилгард ва оҳан ба Пешовар мебошад) мегузарад. ДТЛ ба шаҳри Пешовар даромада инфрасохтори ҷамоат ва заминҳои кишоварзиро мегузарад. AS -104 ХИБ пешниҳодшуда заминҳои кишоварзӣ, рӯдҳо ва инфрасохтори ҷамъиятро мегузарад. Масири ХИБ роҳи Бара ва дарёи Бара-ро убур мекунад. Масир тавассути заминҳои кишоварзӣ ва дараҳои хурд, ки дар онҳо ҷамоатҳо сукунат доранд, мегузарад. AS -105 Дар ин сегмент заминҳои кишоварзӣ ва ҷамоатҳо бартарӣ доранд. Масири пешниҳодшудаи ХИБ роҳи Пешовар –Ҳаётободро мегузарад. Ҷамоати Машо Хел дар наздикии роҳ ҷойгир шудааст. Заминҳои корами зич ҷойгиршуда ба назар мерасанд. Масири пешниҳодшудаи ХИБ дар зеристгоҳи Шайх Муҳаммадӣ ба итмом мерасад. Зеристгоҳ бо роҳи магистралии №55 (роҳи саноатӣ) ва роҳи Сарбанд пайвас шудааст. 90 5.2.3 Арзёбии таъсири иҷтимоии лоиҳа Интизор меравад, ки лоиҳаи CASA-1000 ба аҳолӣ ва ҷамоатҳои ДТЛ дар Покистон таъсири зерин мерасонад: a) Ба даст овардани замин Дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур зарурати ба даст овардани замин барои муддати дароз нахоҳад буд, азбаски замин, манораҳои хати интиқоли барқ метавонанд минбаъд барои фаъолияти кишоварзӣ истифода шаванд. Эҳтимол аст, ки ба даст овардани замин барои кӯчидан лозим хоҳад омад. Барои бунёди шаҳракҳои сохтмонӣ барои ташкилотҳои пудратчӣ, конҳои рег ва роҳҳои иловагӣ майдони замини иборат аз 2,500 м2 лозим мешавад. Интизор меравад, ки таъсири муваққати аз ҳисоби муваққатан ба даст овардани замин ночиз хоҳад буд. б) Зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтҳо Миқёси зарар аз мавсими сохтмон ва навъи зироатҳои кишоварзии зарардида вобаста хоҳад буд. Ба туфайли интихоби хуби масир, гузаштан аз паҳлӯи заминҳои боарзиш ва андешидани чораҳои кам кардани таъсир, талафоти ҳосилро метавон то ҳаддиқ ақал кам намуд. в) Саломатӣ ва амният Сохтмончиён метавонанд дучори таъсирҳои зерин гарданд: садои баланд, бемориҳои ҷиддӣ ва халал ба зиндагии шахсӣ. Дар марҳилаи истифодабарӣ таъсир ба саломатӣ ва амнияти аҳолӣ ночиз хоҳад буд. г) Воситаҳои зиндагӣ Фермерони маҳаллӣ метавонанд дар натиҷаи сохтмони манораҳо ва/ё роҳи иловагӣ даромади худро аз даст диҳанд. Миқёси зарар баъди муайян намудани ҷойгиршавии манораҳо ва роҳи иловагӣ баҳо дода мешавад. Аз ҳисоби интихоби оқилонаи масир талафоти ҳосил бояд кам карда шавад. Ҷубронпулӣ барои ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ муҳокима шуда тибқи барномаи сиёсати муҳоҷиркунӣ пешниҳод мегардад . Афзалият ба аҳолии маҳаллии зери таъсири лоиҳа қарордошта, ки аз ҷониби пудрадчӣ ба кор қабул шудаанд, дода мешавад. Аҳолии маҳаллӣ имконияти дарёфти корро пайдо намуда молу маҳсулоти маҳаллӣ ва хизматрасониҳо аз рӯи имконият истифода мешаванд. Аз ин рӯ, таъсир ба таъминот бо кор мусбат хоҳад буд. д) Занҳо Тақрибан 43 фоизи аҳолии ДТЛ аз занон иборат аст. Занҳо дар минтақаҳои деҳот вақти зиёдро дар саҳро мегузаронанд. Сохтмон дар ин минтақаҳо метавонад ба зиндагии шахсии онҳо халал расонад. Тамоми талошро бояд ҷиҳати таъмини хилвати занони маҳаллӣ бояд равона намуд. Мушкилоти мушаххас бо пиронсолони қабилаҳо (Малики) муҳокима карда мешаванд. е) Инфрасохтори ҷамъиятӣ Интизор меравад, ки 7 иншооти инфрасохтори ҷамъиятӣ ва як оромгоҳ, инчунин 15 иншооти савдо ва тақрибан 127 хона ба ДТЛ меафтанд. Теъдоди дақиқи шахсони зери таъсири лоиҳа қарордошта ва инфрасохтор то муайян намудани ҷойгиршавии аниқи манораҳо аз эҳтимол берун аст. Дар наздикии ДТЛ шаш қитъае мавҷуд аст, ки дорои 91 аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва археологӣ мебошад. Танҳо як ҷо, дидбонгоҳи Machi дар ҳудуди ДТЛ қарор дорад. Масири хати интиқоли барқ аз паҳлӯи иншооти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ, мактабҳо ё иморатҳои ҷамъиятӣ мегузарад. Гарчанде ки дар амал кӯчонидани манораҳои хати барқ дар гумон аст, зеро чораҳои оид ба кам кардани таъсири сохтмони ХИБ андешида мешаванд. 5.3 НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ 5.3.1 Чораҳо ҷиҳати кам намудани таъсири татбиқи лоиҳа Таъсири эҳтимолии иҷтимоии лоиҳаи CASA-1000 дар Покистон дар боло зикр гардидааст. Дар ин робита чораҳои зерин оид ба кам кардани таъсири лоиҳа метавонанд андешида шаванд: a) Марҳилаи тарҳрезӣ  Ҷойгиршавии хати интиқоли барқро метавон бо осонӣ тавре амалӣ намуд, ки ба нуқтаҳои аҳолинишини дар қарибии долони таъсири лоиҳа дар Покистон ҷойгиршуда таъсир расонида нашавад;  Таъмин намудани хилват масъалаи муҳим барои аҳолии минтақаи лоиҳа мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми интихоби варианти ниҳоии ҳаммарказонии масири ХИБ бояд фаъолияти иқтисодӣ ва урфу одатҳои аҳолии маҳаллӣ ба инобат гирифта шавад;  Лоиҳа метавонад бо осонӣ масири ХИБ-ро тавре кашад, ки ба шумораи камтарини дарахтҳо, ки дар зиндагии аҳолии ин минтақа аҳамияти калон доранд, осеб расонад;  Масири хати интиқоли барқро метавон ба осонӣ аз паҳлӯи мактабҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин гузаронид;  Барои пешгирӣ намудани кӯчонидани аҳолӣ/иншоот ва ба қадри имкон зиёд намудани масофа байни хати интиқоли барқ ва иншооти мавҷудаи асосӣ талош намудан зарур аст. б) Марҳилаи омодасозии корҳои сохтмонӣ  То ишғол намудани замин аз тарафи пудрадчӣ ба аҳолии маҳаллии дахлдор ҷубронпулӣ бояд дода шавад;  Дар ҳолати зарурати кӯчонидан ё вайрон кардани иншоот, то оғози сохтмон ҷубронпулиҳои дахлдор бояд муҳокима ва пардохт карда шавад;  Дар робита бо зироатҳои кишоварзӣ ва замини сермаҳсул тартиби ягона бояд мавриди истифода қарор дода шавад. в) Марҳилаи сохтмон  Ҷиҳати пешгирии низоъ/баҳс бо аҳолии маҳаллӣ, кормандони лоиҳа ва пудратчиҳо, инчунин фаъолияти онҳо бояд дар ҳудуди майдони аниқ муайяншудаи сохтмон қарор дошта бошанд/амалӣ гардад;  Пудратчӣ истифодаи маводҳоро дар ҳудуди минтақаҳои аниқ муайяншуда бояд таъмин намояд;  Қоидаҳои рафтор барои коргарон бояд муайян карда шуда риояи онҳо таъмин гардад; 92  Чораҳо ҷиҳати паст намудани сатҳи садо ва назорати чанг бояд андешида шаванд;  Пудрадчӣ бояд ба меъёрҳои маҳаллии рафтор ва урфу одат эҳтиром гузорад ва риоя кунад;  Пудрадчӣ бояд ба занҳои маҳаллӣ эҳтиром гузорад ва ба хилвати онҳо халал нарасонад. 5.3.2 Аҳамияти нақшаи фарогири чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ Чораҳои дар боло зикргардида имконияти кам намудани таъсири лоиҳаро ба ҷамоатҳои маҳаллӣ, яъне таъсири иҷтимоӣ дар натиҷаи тарҳрезӣ ва сохтмон , фароҳам меоварад. Бо вуҷуди ин, дар рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти таъминоти иҷтимоӣ бояд равиши васеътар мавриди истифода қарор дода шавад. Ин бо сабабҳои зерин дорои аҳамияти калон мебошад: Якум, ҷамоатҳои маҳаллӣ наметавонанд новобаста аз он ки хати барқ аз паҳлӯи онҳо мегузарад нерӯи барқро бевосита аз хати интиқоли барқ гиранд, зеро он хати барқ баландшиддат хоҳад буд. Тавре ки дар боло зикр гардид, мавҷуд набудани таъминоти устувори барқ, бахусус дар фасли зимистон, мушкилии ҷиддии минтақа эътироф шудааст. Набудани имконияти гирифтани нерӯи барқ аз хати баландшиддат метавонад боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ гардад. Дуввум, таъсири манфии лоиҳа, новобаста аз он ки то кадом дараҷа он хурд аст, ба ҷамоатҳои қад-қади масири ХИБ ҷойгиршуда асари худро мегузорад. Дар баробари ин, аз татбиқи лоиҳа аҳолие манфиат мебардорад, ки макони зисташон дуртар аст ва дар натиҷаи кашидани хати интиқоли барқ ба зиндагии онҳо ягон халал ё ташвиш расонида намешавад. Дар ин ҳолат масъалаи таъмини адолат/баробарӣ ба миён меояд, яъне байни онҳое, ки бевосита дар минтақаи сохтмон истиқомат мекунанд, аммо наметавонанд манфиати бевосита аз сохтмони ин ХИБ бардоранд (дар баробари ин музоҳим мегарданд) ва аксарияти ҷамоат, ки сохтмони ХИБ ба онҳо манфиати зиёдеро меоварад. Агар барои ҳалли мушкилоти алоқаманд бо таъмини баробарӣ ва адолат чораҳо андешида нашаванд, он боиси ноумедӣ ва норозигии аҳолии маҳаллӣ мегардад, ки дар навбати худ метавонад ба татбиқи лоиҳа ва билохир ба кори ХИБ дар оянда асар гузорад. Сеюм, бо мақсади кам намудани хавфҳои алоқаманд бо ангезаҳои пинҳонии худ қарор додани лоиҳа аз тарафи шахсони сеюм таъмин намудани ҳавасмандии аҳолии маҳаллӣ ба лоиҳаи мазкур хеле муҳим аст. Чаҳорум, минтақаи МҚФН ниҳоят ноустувор буда аз лиҳози бехатарӣ дорои мушкилоти воқеӣ ва ҷиддӣ мебошад. Кӯшиши амалӣ намудани чунин лоиҳаи энергетикӣ дар чунин шароит бо мақсади боварӣ кунонидани тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ ва таъмин намудани ҳавасмандӣ ба лоиҳа, ҷидду ҷаҳди иловагиро талаб мекунад. Бо дарназардошти ҳамаи ин далелҳо, ба он ки чӣ гуна метавон аҳолии маҳаллиро воқеан ҳавасманд гардонид, аҳамияти аввалиндараҷа бояд дода шавад. Ҷамоатҳои маҳаллӣ бояд дар татбиқи лоиҳа ба «шарикони калидӣ» табдил дода шаванд ва ба муваффақият ҳавасманд бошанд. 5.3.3 Огоҳӣ ва фикру андешаҳои истиқоматкунандагони ҷамоатҳои дар минтақаи таъсири лоиҳа қарордошта 93 Ҳамчун ҷузъи таҳқиқи бюрои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди кӯмак дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва бунёди барномаҳои шабакавии кӯмаки иҷтимоӣ (БИПКТИБШ) бо мақсади муайян намудани вариантҳои нақшаи ҷамоатҳо оид ба истифодаи муштараки манфиатҳо бо ҷамоатҳо машваратҳои фарогир гузаронида шуданд. Маълумоти муфассал оид ба методологияи мазкур дар ҳисоботи БИПКТИБШ пешниҳод гардидааст. Дар ҷадвали 13 раддабандии афзалиятҳои ҷамоат оварда шудааст. Ҷадвали 13: Раддабандии афзалиятҳои ҷамоатҳо аз рӯи нақшаҳои баҳрабардории муштарак Мактаби Маркази Бо кор Сехи Таъмин ибтидоӣ Нерӯи тиббӣ Тар № Деҳа оти об барои барқ таъминку (МТС) тиб дӯзандаги нӣ и занон духтарон A-1 Муштарзай (занҳо) 5 0 3 1 2 4 0 Муштарзай 4 3 1 1 2 0 0 (мардҳо) A-2 Шайх Муҳаммадӣ 0 3 1 0 2 0 4 (занҳо) Шайх Муҳаммадӣ 5 4 2 1 3 0 0 (мардҳо) A-3 Машо Хел (мардҳо) 5 2 1 0 3 4 0 Машо Хел (занҳо) 0 0 2 1 3 0 0 A-4 Шайхан 4 2 1 0 2 0 0 A-5 Сулаймонхел 4 2 1 3 2 0 0 B-1 Сур Камар 1 4 2 2 3 0 0 B-2 Шагай 1 3 1 1 2 0 0 B-3 Шахкас 1 4 2 5 3 6 0 B-4 Али Масҷид 1 2 1 1 3 0 0 C-1 Шайхвал 1 0 1 1 2 4 0 C-2 Садозай 1 3 2 4 5 0 0 C-3 Торхам 1 4 5 3 2 0 0 C-4 Гагра 1 3 5 2 4 0 0 Тибқи натиҷаи тадқиқоти БИПКТИБШ, афзалиятҳои ҷамоатҳое, ки зери таъсири лоиҳаи CASA-1000 дар Покистон қарор доранд, аз таъмини барқ, имкониятҳои таъмин намудан бо ҷои кор, оби тозаи ошомиданӣ ва мактабҳои ибтидоӣ барои духтарон иборатанд. Вариантҳои ҳар кадоми он бо таври муфассал дар поён баён карда шудаанд. Сокинони ҷамоатҳо афзалиятҳои рушди худро номбар карданд. Онҳо дар асоси дониши худ дар ин соҳа масири алтернативиро ба асосноккунии техникӣ ва иқтисодӣ низ пешниҳод карданд; варианти мазкур танҳо 7 нуқтаи аҳолинишинро дар долони таъсиррасонии лоиҳа метавонист дар бар гирад. Масире, ки аз ҷониби ҷамоатҳо пешниҳод гардид як қисми ХИБ 132 кВ Пешовар-Туркхамро тақсим мекунад, ки аз манотиқи ноҳамвор ва аксаран беодам мегузарад. Илова бар он, масири мазкур аз дохили инфрасохтори мавҷудаи ҷамоат намегузарад, ба ҷуз нуқтае, ки он метавонист роҳи Туркхамро аз шимол ба ҷануб, назди дидбонгоҳи Machni бурида гузарад. Масири алтернативӣ метавонист дар баробари роҳе, ки ним километр аз дидбонгоҳи Боҷёрӣ ҷойгир аст, гузарад ва баъдан ба ҷануб ба самти Зиёрат Бисей Бобо рафта ба ҳавзаи дарёи Бара поён равад. Ҳангоми гузаштан аз ҳавзаи дарё дар канори Салмон Хел, масири алтернативӣ метавонист ҳаққи гузаштанро (ҲГ) то Салмон Хел, ки баъдан бояд аз замини корам гузарад, ба даст оварад. Бо қабули варианти Бисей Бобо - Салмон Хел масири алтернативӣ метавонист аз паҳлӯи ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини Корхона 94 Бозор - Хаётобод дар Ҷамруд гузарад. Аз рӯи гуфтаҳои ҷамоатҳо, масири мазкур метавонист ҳама оқибатҳои манфиро пешгирӣ намуда масъалаи пардохти ҷубронпулӣ, аз он ҷумла муайян намудани арзиши хариди заминро аз байн мебурд. Аммо, пешниҳоди мазкур бояд аз нуқтаи назари техникӣ арзёбӣ карда шавад. 5.3.4 Вариантҳои иштироки эҳтимолии ҷамоатҳо дар баҳрабардорӣ аз татбиқи лоиҳа Чуноне, ки қаблан зикр гардида буд, таҳқиқоти БИПКТИБШ чаҳор афзалияти ҷамоатро муайян кард. Маълумоти муфассал оиди он ки чӣ тавр афзалияти якум – таъминоти нерӯи барқ дар ҷамоатҳои маҳаллӣ амалӣ мегардад, дастрас нест. Дигар талаботҳои афзалиятноки ҷамоатҳо дар поён оварда шудаанд: a) Таъмини ҷои кор/ташаккулёбии даромад Вариантҳои таъминот бо ҷои кор/вусъатдиҳии воситаҳои зиндагӣ тавассути лоиҳаи CASA-1000 чунин мебошанд:  Таъмини имтиёзноки ҷои кор дар рафти тарҳрезии лоиҳа, сохтмон ва истифодабарӣ;  Вусъатдиҳии иқтидори истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ;  Бастани шартнома бо аҳолии маҳаллӣ оид ба таъминоти мол ва пешниҳоди хизматрасонӣ; яъне бастани шартномаҳои меҳнатӣ/шартномаҳои хурд бо пудратчиёни маҳаллӣ;  Стипендия барои ҷавонон барои омӯзиши касбӣ; ва  Стипендия барои талабагон барои ба даст овардани маълумоти олӣ. б) Оби тозаи ошомиданӣ Сиёсати давлатӣ дар КП (вилояти Кхибер Пакхтункхва) дар мавриди минтақаҳои камоб тарҳрезӣ ва бунёди системаҳои механикии таъминоти об ва супоридани ин иншоот барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ (ИваХТ) ба кумитаҳои истифодабарандагони об ё муассисаҳои сиёсиро дар бар мегирад. Баъди супоридан ба ИваХТ ҷамоатҳо, нақши ШТТ (шӯъбаи техникии соҳаи тандурустӣ) бо пешниҳоди дастгирии техникӣ маҳдуд мегардад. Чунин равиш дар доираи лоиҳаи CASA-1000 барои татбиқи лоиҳаҳои системаи таъминоти об метавонад истифода бурда шавад (нигаред ба механизмҳои амалаисозӣ, ки дар дар поён оварда шудаанд). Дар асоси маълумот оиди хонаводаҳо ва хулосаҳои МГ 7 деҳа барои гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати таъмини оби тозаи ошомиданӣ, ки ҳамаи ҷамоатҳо, хусусан занон ва табақаи камбизоати аҳолӣ аз онҳо баҳра хоҳанд бурд, муайян карда шуданд. в) Маълумоти ибтидоии духтарон Мактабҳои ибтидоӣ барои духтарон метавонанд тавассути ҳамкории ҷамоат ва бахши хусусӣ бунёд карда шаванд. Мактабҳои бахши хусусӣ ҳадафи гурӯҳҳои силоҳбадаст намебошанд. Тибқи ин созишнома, ҷамоат барои мактаб замин ҷудо мекунад, аммо лоиҳаи CASA-1000, инфрасохтор ва бахши хусусӣ омӯзгоронро барои кор даъват карда фаъолияти онҳоро назорат мекунанд. Арзиши тахминии сохтмони ҳар як мактаби ибтидоӣ барои духтарон 540,000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва арзиши умумии сохтмони 5 мактаби ибтидоӣ барои духтарон 2.7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 95 5.3.5 Тадбирҳои институтсионалӣ оид ба таъмини иштироки ҷамоатҳо дар баҳрабардорӣ аз татбиқи лоиҳа Дар ҳолати идеалӣ, БМСНБОМҶ дар ҷамоат зербахш оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсис медиҳад. Зербахши мазкур ҷиҳати амалисозии бахшҳои сармоягузории ибтидоӣ ба инфрасохтори барномаи баҳрабардории муштарак (ББМ) ба монанди шабакаҳои обтаъминкунӣ ва инфрасохтори мактаб масъул хоҳад буд. Дар доираи ББМ пешниҳодшуда фаъолияти зерин бояд амалӣ гардад:  Харид ва мусоидат дар пешниҳоди хизматрасониҳои омӯзишӣ ва методикӣ бо дастгирии ҳамёрони алоҳида ва ғайритиҷоратӣ дар ҳамкории зич бо ҷамоатҳои дахлдор.  Нигоҳдории робита бо “ҷамоатҳои CASA” дар масир ва ҳамоҳангсозӣ байни раёсати таъмир ва истифодабарии (РТИ) хати интиқоли барқ ва ҷамоатҳо.  Паҳн кардани маълумот оиди имкониятҳои дарёфти ҷои кор, ки барои вазифаҳои маҳаллӣ пайдо мешаванд ё ин ки кори рӯзбайъ дар қитъаҳои мухталифи ҲГ ва ҳамоҳангсозии раванди ҷалби кормандон бо ҷамоатҳо бо мақсади пешгирии муносибати манфӣ (зеро шумораи довталабон аз ҷои кор дида зиёд хоҳад буд).  Ҳалли ҳамагуна масоиле, ки байни ҷамоатҳо ва РТИ метавонанд ба миён оянд.  Нигоҳдории робита бо агенти сиёсӣ, ҳукумати музофот ва ҷамоатҳо оиди ҳама гуна масоили алоқаманд бо бехатарии ХИБ. Бино ба мавҷуд набудани эътимод ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ , аз он ҷумла корпоратсияҳо ба монанди Раёсати азхудкунии фарогири захираҳои обӣ (WAPDA) ё NTDC ба натиҷаҳои раванди машваратдиҳии таҳқиқоти мазкур такя намуда барномаи баҳрабардории муштарак бояд аз ҷониби шӯъбаи ширкати байналмилалии БМСНБОМҶ амалӣ гардад. Ҷамоатҳо таъкид карданд, ки муассисаҳои давлатӣ ба монанди мактабҳо дар ин минтақаҳои ноором ҳамеша дар зери хатар қарор доранд. Аз миёни идораҳои соҳавӣ, шӯъбаи техникии соҳаи тандурустӣ ҳамшарики воқеӣ дар амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ ва супоридани шабакаҳои обтаъминкунӣ ба ҷамоатҳо ба шумор меравад. Сарфи назар аз камбудиҳо, шӯъбаи техникии соҳаи тандурустӣ (PHED) донишу таҷрибаи васеи кориро бо ҷамоатҳо ҷамъ овардааст. Механизмҳои татбиқ барои системаҳои обтаъминкунӣ ва мактабҳои ибтидоӣ барои духтарон аз иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ вобастагии зиёд доранд. Дар мавриди схемаҳои обтаъминкунӣ, ин ҷузъи сиёсати расмии ҳукумати ҶҚ ба ҳисоб меравад: истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ бар дӯши ҷамоатҳои манфиатбаранда вогузор мешавад. Ҳангоми машварат бо тарафҳои манфиатдор маълум буд, ки ҷамоатҳои маҳаллӣ аз он огоҳ буда ҷиҳати иҷрои ин нақш омодагии худро изҳор намуданд. Ҷамоатҳои маҳаллӣ тарафҳои асосии манфиатдори лоиҳа ба шумор мераванд. Дар доираи механизми пешниҳодшуда, онҳо метавонистанд КИО/ТҶМ-ро таъсис диҳанд, ки аз аъзоёни маҳаллаҳои манфиатбаранда (ҳамсоягон) ва деҳот иборат буда ба ташкилоти иҷрокунанда (APHED) ҳангоми интихоби ҷои муносиб барои лоиҳаи мазкур метавонистанд кӯмак расонанд. Ҷамоатҳо метавонистанд ба кормандоне, ки лоиҳаро амалӣ месозанд бехатариро таъмин намоянд. Онҳо барои иштирок дар омодасозии ИваХТ ва барои қабули пардохтҳо аз манфиатбарандагон метавонистанд масъул бошанд. Суратҳисоби муштараки бонкии тарафҳои калидии манфиатдор метавонист кушода шавад ва маблағи он барои таъмир ва дигар корҳои такмилдиҳӣ дар доираи лоиҳа истифода мешуданд. Гарчанде ки КИО/ТҶМ пешниҳодгардида дар 96 доираи раванди муштараки қабули қарор фаъолият мебаранд, дар шароити кунунии иҷтимоӣ ва фарҳагӣ ҷалби бевоситаи занҳо ба КИО аз имкон берун мебошад. Бо вуҷуди ин, аъзоёни ҷамоат инчунин изҳор намуданд, ки иҷрои нақши дар боло зикр гардида аз ҷониби онҳо ба омилҳои зерин вобаста хоҳад буд:  КИО26/ТҶМ, ки дар марҳилаи ташкилдиҳӣ, таҳия ва арзёбии талаботҳо иштирок меварзанд;  Пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар татбиқи лоиҳа ва омодакунии кадрҳо барои ИваХТ, аз он ҷумла ҷамоварии пардохт;  Иштирок наварзидани роҳбарияти сиёсӣ дар ҷараёни ташаккулёбӣ, татбиқ ва идоракунии лоиҳа. Ғайр аз он, идоракунии мактабҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Кумитаи идоракунии мактабҳо амалӣ мегардад, ки соҳиби системаи мактаб, мудири мактаб ва се аъзоро аз шумораи сокинони маҳаллӣ (аз он ҷумла якто аз шумори аҳолии ниҳоят камбизоат, ки аллакай дар рафтипурсиши хонаводаҳо муайян гардидаанд) дар бар мегирад. 26 Кумитаи истифодабарандагони оби (КИО) пешниҳодгардида ё ин ки ташкилотҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ 97 ЗАМИМАҲО Замимаи 1: Мазмуни мухтасари нақшаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ), ки аз ҷониби ширкати «IEL» омода шудааст Нақшаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоӣ (НЧҲМЗТИ) оид ба сохтмони хати интиқоли барқ дар лоиҳаи CASA-1000 шартҳо, муносибат, тартиб ва усулҳое, ки барои назорат ва камкунии оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоии тамоми корҳои сохтмонӣ истифода бурда мешаванд, муайян мекунад. Нақшаи мазкур барои мукаммал гардонидани лоиҳаи пешакӣ оид ба арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ), нақшаи экологии ҷойгиршавӣ, нақшаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ (НБЗКА) ва нақшаи машвардиҳии роҳбарон хизмат мекунад. Натиҷаҳои лоиҳа Мушкилоти асосии экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа бо таъсири хати интиқоли барқ ба ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагон, моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ, сифати ҳаво, ба даст овардани замин, вайроншавии хок, таъсири сохтмони лагер барои коргарон дар марҳилаи сохтмон, таъсири бахшҳои иловагии лоиҳа, аз он ҷумла конҳои хок ва таъсири бевоситаи ба захираҳои табиӣ, заминҳои ботлоқшуда ва гуногунирангии биологӣ алоқамандӣ доранд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи сохтмон ва истифодабрии лоиҳаи CASA ба муҳити атроф таъсири минималӣ расонида мешавад, долони хати интиқоли барқ аз ҳуҳудҳои ҳифзшаванда ё ин ки минтақаҳои дорои аҳамияти гуногунрангии биологӣ ва аҳамияти экологӣ намегузарад. Мушкилоти экологии лоиҳаро тавассути иҷрои чораҳои муносиб, ки дар Нақшаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва таъминоти иҷтимоии мазкур қайд шудаанд, метавон бо таври самаранок идора кард ва кам намуд. Таъсири иҷтимоии лоиҳа низ кам хоҳад буд. Гарчанде ки муҳоҷиркунии аҳолӣ пешбинӣ мешаванд, интизор меравад, ки танҳо ба якчанд хонавода таъсир расонида мешавад. Барномаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ (ББЗКА) дар ҳисоботи мазкур ҳамчун дастурамал барои дар оянда таҳия намудани нақшаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ (НБЗКА) вақте ки масири хат интихоб мегардад, пешниҳод шудааст. Дигар нақшаҳои идоракунӣ, ки дар замимаҳои НЧҲМЗТИ пешниҳод гардидаанд, кам кардани дигар таъсирҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятиро баррасӣ мекунанд. Чӣ тавр сохтори НЧҲМЗТИ ташкил ва ташаккул ёфтааст? НЧҲМЗТИ аз сатҳ ва ӯҳдадориҳои зиёд, ки дар байни Маркази идоракунии лоиҳа (МИЛ), кормандони лоиҳа, ки масъули ҳифзи муҳити зист (ҲМЗ) мебошанд, муҳандис оид ба назорати сохтмон (МНС), пудратчии корҳои сохтмонӣ, мушовири мустақил оид ба мониторинги муҳити зист (ММММЗ) ва мақомоти маҳаллии ҳакимияти давлатӣ тақсим шудаанд, иборат аст. НЧҲМЗТИ асоси равишро барои таҳияи минбаъдаи нақшаҳои дақиқи НЧҲМЗТИ ва зернақшаҳои пудратчии корҳои сохтмонӣ ва дигар ташкилотҳои НЧҲМЗТИ таъмин менамояд. Бахши калидии рафти иҷроиши лоиҳа, ҷанбаҳои мушаххаси НЧҲМЗТИ мазкурро тавре, ки дар замимаҳои НЧҲМЗТИ ва замимаҳои шартномаи пудрати сохтмонӣ оварда шудаанд, бояд дар бар гирад. Хароҷоти ибтидоии ба истифода супурдани НЧҲМЗ 675,000 доллари ИМА-ро ташкил хоҳанд дод. 98 Нақшаҳои НЧҲМЗТИ Нақшаи идоракунии таъсири корҳои сохтмонӣ – чораҳои кам кардани таъсири манфии фаъолияти сохтмонӣ ба ҷамоатҳои маҳаллӣ ва муҳити атроф бо мақсади коҳишдиҳии таъсири шаҳраки сохтмончиён, пешгирии ифлосшавӣ ва таъмини нигоҳдории масолеҳи хатарнок бо таври муносиб ва бехатар барои муҳити зист. Нақшаи идоракунии қувваи корӣ ва майдони корҳои васлкунӣ – чораҳое, ки бунёди шаҳракҳои муваққатии сохтмон ва фаъолияти сохтмончиёнро таъмин менамоянд, ки ба муҳити зист таъсир намерасонанд ва ба нуқтаҳои аҳолинишини ҳамсоя ва аҳолии онҳо халал намерасонанд. Чораҳои дар амал татбиқ намудани кодекси рафтори коргарон ва риояи НЧҲМЗТИ аз тарафи ҳамаи коргаронро дар бар мегирад. Нақшаи идоракунии омодасозии майдони сохтмон ва барқарорсозии он тибқи меъёрҳои экологӣ – чораҳое, ки кам кардани таъсири поксозии алоқаманд ба сохтмон ва дигар халалҳо, инчунин барқарорсозии шароитҳои қаблан мавҷудбударо кафолат медиҳанд. Нақшаи идоракунии партовҳо – чораҳое, ки коркард ва гӯронидани дурусти партовҳои сахт ва моеъ, аз он ҷумла партовҳои санитарии алоқаманд бо лоиҳа бе таъсир ё таъсири кам ба муҳити табии зистро кафолат медиҳанд. Нақшаи пешгирии ифлосшавӣ– чораҳое, ки нарехтани сӯзишворӣ, моддаҳои химиявӣ, масолеҳи хатарнок ва дигар техникаи сохтмонӣ, аз он ҷумла масолеҳи хароҷотиро ҳангоми нигоҳдорӣ ва боиси ифлоскунии муҳити зист нагаштани онҳоро кафолат медиҳанд. Нақшаи идоракунии эстетикӣ ва экологӣ – чораҳое, ки кафолат медиҳанд, ки интихоби ниҳоии масири хат таъсири визуалӣ ва эстетикиро кам мекунанд ва сохтмони лоиҳаи CASA-1000 ба муҳити табии зист, наботот ва ҳайвоноти он, ҳудудҳои ҳифзшаванда ва мамнӯъгоҳо, аз он ҷумла ба дигар иншооти аҳамияти экологӣ дошта зарари дарозмӯҳлат намерасонад. Нақшаи идоракунии бехатарӣ – чораҳое, ки таъмини бехатарии кормандон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, аз он ҷумла ба бехатарӣ дар ҷои корро кафолат медиҳанд. Нақшаи идоракунии захираҳои моддию фарҳангӣ/бозёфтҳои тасодуфӣ – чораҳое, ки муҳофизат ва бе талафот нигоҳ доштани «бозёфтҳои тасодуфӣ» ё кашфи тасодуфии захираҳои фарҳангӣ ва иншооти таърихиро кафолат медиҳанд. Нақшаи идоракунии муносибат бо аҳолии маҳаллӣ ва тандурустӣ – чораҳое, ки муколама бо ҷамоатҳои кад-қади масири ХИБ-и лоиҳаи CASA-1000 сукунатдошта ва татбиқи механизми самараноки ҷуброни талафоти бо лоиҳа алоқамандро кафолат медиҳанд. Назорати экологӣ ва иҷтимоӣ – чораҳои оид ба назорати корҳои сохтмонии лоиҳа бо мақсади таъмин намудани мувофиқати корҳои сохмонии пудратчӣ бо муқаррароти НЧҲМЗ ва талаботи кишварҳои БМСНБОМҶ. Нақшаи мониторинги муҳити зист – чораҳо оид ба идома додани мониторинги ибтидоӣ, арзёбии самаранокии кам кардани таъсири лоиҳа ба муҳити зист ва тафсири нишондодҳои экологӣ ва иҷтимоӣ. 99 Омӯзиш ва вусъатдиҳии иқтидор – чораҳо оид ба арзёбии иқтидор ва нақшаҳои мавҷуда чиҳати вусъатдиҳии иқтидор, таъмин ва идоракунии сифат, баррасӣ ва амалигардонии БМСНБОМҶ дар ҳама марҳилаҳои он. Ҳисоботдиҳӣ – чораҳо оид ба ҳисоботдиҳӣ ва тартиботи таъмини алоқа, ки ба маълумот расонидани муқаррароти БМСНБОМҶ-ро дар ҳама марҳилаҳои лоиҳа, аз он ҷумла ба ҷамоатҳои маҳаллӣ, кафолат медиҳагд. Амалигардонӣ, тафтиши дубора ва таҷдиди маълумот – БМСНБОМҶ ҳуҷҷати назорати буда баъди бақайдгирии ҳодиса ё ин ки такмилдиҳии нақша онро бояд таҷдид кард. Ҷанбаи калидии БМСНБОМҶ идоракунии мутобиқкардашуда мебошад, ки мукаммалгардонии нишондиҳандаҳои экологӣ ва иҷтимоии фаъолияти БМСНБОМҶ дар ҷавоб ба тағйирот ва дарсҳои аз татбиқи лоиҳа омӯхтаро таъмин менамояд. 100 Замимаи 2: Ҳадаф ва мазмуни мухтасари барномаи ба даст овардани заминҳо ва кӯчонидани аҳолӣ (ББЗКА), ки аз ҷониби ширкати «IEL» омода шудааст Меъёр ва принсипҳое, ки айни замон аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ қабул карда шудаанд, дақиқан ба он ишора мекунанд, ки тарҳрезӣ ва истифодабарӣ бояд механизмҳои кафолатҳои иҷтимоӣ ва экологиро дар бар гиранд. Ба даст овардани замин ва барномаи кӯчонидани аҳолӣ (ББЗКА ё барнома) имконият медиҳанд то параметрҳои ба даст овардани замин ва кӯчонидани шахсони муҳоҷиршуда, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаи хати интиқоли барқи CASA-1000 ба онҳо метавонад таъсир расонад, муайян гарданд. Дар ҳоле, ки шумораи одамон ва миқёси таъсири манфӣ кам хоҳад буд, лоиҳа минбаъд бояд дар самти кам намудани шумораи шахсони кӯчонидашаванда ва/ё ин ки таъсири манфии лоиҳаи пешниҳодгардидаи хати интиқоли барқ фаъолият барад. Нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ ҳадафҳоеро, ки барои таҳияи нақшаҳои кории фарогир оид ба кӯчонидан ё ин ки Нақшаии чорабиниҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ (НЧКА) зарур мебошанд, муайян мекунад. Аслан Нақшаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ дастурест, ки барои ҷорӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ дар ҳар як кишвар вобаста ба шароитҳои он хизмат мекунад. Ҳадафи ҳисоботи мазкур аз пешниҳоди тавсияҳо ба лоиҳаи CASA-1000 оиди андешидани чораҳои кам кардани таъсири иҷтимоӣ дар робита бо Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи лоиҳаи CASA-1000 - тарҳрезӣ, сохтмон ва корҳои алоқаманд бо анҷомдиҳии сохтмон, иборат аст. Дарки сабабҳо ва шароити зиндагии мардум дар минтақаи лоиҳаи CASA-1000 яке аз элементҳои муҳим дар таҳияи Барномаи хуби ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ ва нақшаҳои корӣ оид ба кӯчонидани аҳолӣ ба шумор меравад. Ҳадафи дуввуми Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ – расонидани аҳамияти эътибор пайдонамоии барнома ва иҷрои шартҳои мушаххаси нақшаҳои корӣ оид ба кӯчонидани аҳолӣ дар ҳар як кишвари БМСНБОМҶ ба ҳисоб меравад. Чунин оҷилӣ аз шароити иҷтимоӣ ва сиёсии чаҳор кишвари мазкур бармеояд. Дар манотиқи лоиҳаи CASA мардум аллакай бавосита ё бевосита дар бораи кӯчонидани иҷборӣ дар натиҷаи низоъ, офатҳои табиӣ ё ин ки дар доираи дигар барномаҳои рушди аз тарафи ҳукумат таҳмилшуда огоҳӣ доранд. Чунин масъалаҳо метавонанд раванди ба дастовардани замин ва ҷараёни муҳоҷиркунониро ба таъхир андозанд. Бо мақсади пешгирӣ намудани зиёдшавӣ ё пайдошавии мушкилоти иловагии алоқаманд бо бехатарӣ, аз он ҷумла таъхир дар татбиқи лоиҳа, ба тарафдорони лоиҳа тавсия мешавад, ки эътибор пайдо намудани барномаи ба дастовардани замин ва кӯчонидани аҳолиро фавран таъмин намоянд. Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ аз бобҳои зерин иборат аст: Боби 1 даҳ вазифае, ки роҳнамоиро дар омодасозии накшаҳои мушаххаси чорабиниҳоро оид ба кӯчонидани аҳолӣ дар сатҳи давлатӣ таъмин менамояд, шарҳ медиҳад. Боби 2 шарҳи мухтасари Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолиро, ки хоси сиёсати амалиётӣ ва дастуроти Бонки ҷаҳонӣ мебошад, аз он ҷумла номгӯи барномаҳо миллиро дар бар мегирад. Шарҳи дақиқи сиёсати давлатӣ дар қисми Е ҳуҷҷати мазкур оварда шудааст. Тадбирҳои муҳимми Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ низ ҷиҳати кам намудани таъсири оқибатҳо пешбинӣ шудаанд. 101 Боби 3 номгӯи принсипҳои асосиро дар бар мегирад. Боби 4 муҳокимаи норасоии маълумотро дар робита бо иҷро намудани вазифаҳои Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ, ки дар боби 1 баён шудаанд, дар бар мегирад. Боби 5 аз дастурҳо ба арзёбии пардохти ҷубронпулӣ ва арзёбии дороӣ иборат аст. Боби мазкур инчунин дастурот оид ба арзёбии иншоотҳои марказӣ ва таҳияи нақшаҳои барқарорсозии воситаҳои зиндагиро дар бар мегирад. Боби 6 дастурот оид ба машваратдиҳӣ, иштирок ва механизмҳои баррасии шикоятҳои хоси Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолиро дар бар мегирад. Механизмҳои институтсионалӣ оиди татбиқи Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ, ки хос ба ҳар як кишвари БМСНБОМҶ мебошанд, низ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Боби 7 аз дастурот оид ба мониторинги мустақили фаъолияти дохилӣ, берунаи лоиҳа ва нақшаҳои чорабиниҳои Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ иборат аст. Боби 8 дастурот оид ба нишондиҳандаҳри буқети Барномаи ба даст овардани замин ва кӯчонидани аҳолӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ хос барои ҳар як кишварро дар бар мегирад. 102