SFG1317 v2 НАЌШАИ МУХТАСАРИ АМАЛ ВОБАСТА БА КЎЧОНИДАН (НМАК) дар доираи марњилаи чоруми Гранти Фонди Глобалии тањсилот (ГФГ-4) Лоиња: «Сохтмони бинои таълимї дорои 10 синфхона дар назди МТМУ №56 дењаи Конститутсияи љамоати Сарикиштии ноњияи Рўдакї» 1. Муќаддима Маќсади умумии рушди Грант – ин сањмгузорї дар бењтар гардонидани фарогирї ва сифатнокии тањсилоти томактабї ва маълумоти асосї мебошад. Грант бањри кўмак барои пур кардани норасогињои иљрои Стратегияи Миллии рушди Маориф (СМРМ) тайёр гардида, аз љумла бо маќсади бењтар гардонидани инфрасохтор, аспектњои маводї ва техникии системаи маориф, бењтар гардонидани идоракунї ва кори системаи маориф вобаста бо пешнињоди хизматрасонии босифати таълим ва таъмини хизматрасонии босифати таълим равона шудааст. Вазорати маориф ва илми (ВМИ) Љумњурии Тољикистон бо дастгирии мушовирони мањаллї Грантро идора ва татбик менамояд. Компонентњои лоиња ГФГ-4 аз чор компоненти дар поён тасвир гардида иборат мебошад. Њар як компонент бањри рушди муносибати дўстона доштаи кўдакон Тољикистон бар мактаб, хусусан аз њисоби гурўњњои осебпазир – духтарњо, шумораи ками этникї, ки дар дењот зиндагї мекунанд, кўдакони имконияти љисмонияшон мањдуд- бо маќсади мувафаќ гардидан дар рушди маориф равона шудааст. Концепсияи «мактабњои муносибати дўстона бо кўдакон» – ин чорчубањоест, ки дар онњо аспектњои мухталифи системањои маълумотдињїба тарзе њал шудаанд, ки барои њар як кўдак њуќуќи асосии маълумотгириро таъмин намояд. Дар ин чорчубањо таъмини бехатарї ва сохторњои мувофиќ; наќшаи таълимии мувофиќ ва нигоњдорї; муносибати омўзгорї, ки ба кўдак равона гардидааст; ва захирањои зарурї. Компонент Номгўй Арзиш (млн. доллари ИМА) 1 Имконияти бештар ба барномањои босифати тарбия 2,55 ва омўзиши кўдакони барваќт (хурдсолон) 2 Бењтаргардони маълумоти умумї 3,25 3 Бењтар намудани шароити таълим 8,00 4 Мустањкам намудани потенсиали низоми тањсилот 2,40 Њамагї: 16,20 Компоненти 1: Баланд бардоштани барномањои сифатноки омўзиши барваќтии кўдакон (эквивалент 2,55 млн долл. ИМА; 15.7% аз арзиши умумии лоиња) Маќсади компоненти мазкур таъмини бештари ба барномањои имконпазир ва сифатноки омўзиши барваќтии кўдакон мебошад. Бинобар ин, компоненти мазкур маблаѓгузорї мекунад: 1) тањлили бахши маълумоти томактабї, 2) устувор намудани боѓчањои бачагонаи давлатї ва марказњои рушди барваќтии кўдакон ва 3) вобаста ба имкониятњо татбиќи васеи бандњои болої. Раёсати Маълумоти Томактабї ва Миёнаи Умумї (РМТМУ) масъулияти татбиќи компоненти мазкурро дорад. РМТМУ дар њамбастагї бо Академияи тањсилот ва ДЉТИБКСМ фаъолият менамояд. Лоиња кўмаки техникиро барои расонидани кўмак ба РМТМУ бањри татбиќи фаъолият маблаѓгузорї менамояд. Компоненти2: Такмили барномањои маълумоти умумї ва усулњои амалї (3,25 млн доллари ИМА; 20.1% аз буљаи умумии лоиња) Маќсади компоненти мазкур бењтар гардонидани сифати таълим дар барномањои маълумоти умумї мебошад. Се зеркомпонент мављуданд, ки ба компонпонентњои Ташаббуси Рушди Босурат (ТРБ-3) асоснок гардидаанд ва ба маќсау талаботњои СМРМ 2020 дар бењтар гардонидани сифати таълими ибтидої ва миёна мувофиќанд. Идораи тањсилоти томактабї ва маълумоти умумии миёна (ИТМУМ) барои татбиќи компонентњо масъул мебошад. ИТМУМ дар њамкорї бо AOE ва RIITT фаъолият менамояд. Интизори меравад, ки бо роњи бењтар гардонидани натиљањои таълим сифати таълим низ бењтар мегарданд. Зеркомпоненти 2.1: модерникунонии наќшаи таълимии маълумоти ибтидої ва омўзгорї(2.15 млн доллариИМА; 13.3% аз арзиши умумии лоиња) Зеркомпоненти 2.2: Такмили барномањои маълумоти умумї ва омўзгорї(0.35 млн доллариИМА; 2.2% аз арзиши умумии лоиња) Зеркомпоненти 2.3. Пешбурди маълумоти фарогир(омехта) (0.75 млн доллари ИМА; 4,6% аз арзиши умумии лоиња) Компоненти 3: Муњити бењтаркардашудаи таълим барои кўдакон (8 млн доллари ИМА; 49.4% аз арзиши умумии буља) Маќсади компоненти мазкур баланд бардоштани имконият ба муњити омўзиши кўдаки ѓамхор дар муасиссисањои таълимии умумва миёна тавассути таъмини мактабњои бехатар ва боэътимод мебошад. Интизор меравад, ки ин воситае барои бењтар гардидани натиљањои хатмкунии таълими мактаббачањо, њавасмандгардонии омўзгорон ва омўзиш сањмгузор мешавад. Њамин тавр, компоненти номбурда чорабинї оиди бењтар ва васеъ намудани муњити таълимии кўдаки ѓамхорро таќрибан дар 30 мактаб, ки барои 7900 хонанда тавассути сохтмон, таъмири бино ва таъмини мебел (љињоз) фоида меорад, мабалаѓгузорї мекунад. Зеркомпоненти 3.1: Таъмини бештари кўдакони ѓамхор ба муассисањои таълимї (7.00 млн доллари ИМА; 43.2% аз арзиши умумии лоиња). Зеркомпонент 3.2:Таъмини кўдакони ѓамхор бо захирањо барои рушди муассисањои таълимї (1,00 млн доллари ИМА; 6.2 % аз арзиши умумии лоиња) Компоненти 4: Устувор намудани ќудратнокї (потенсиал)-и системаи таълимї (2.4 млн доллариИМА; 14.8% аз арзиши умумии буљаи лоиња) Маќсади ин компонент дар мустањкам намудани ќудратнокї дар сатњи марказї ва мањаллї мебошад, то ки системаи маориф идора шавад. Зеркомпоненти 4.1: Устувор намудани ќудратнокии идоракунї (0.12 млн доллари ИМА; 0.7% аз арзиши умумии буљаи лоиња). Зеркомпоненти 4.2: Омўзиши директорони мактабњо (0.80 млндоллари ИМА; 4.9% аз буљаи умумии лоиња). Зеркомпоненти 4.3:Маблаѓгузории сарикасї (0.19 млн доллари ИМА;1.2% аз буљаи умумии лоња). Зеркомпоненти 4.4: Системаи информатсионии идоракунии маориф (0.09 млн доллари ИМА; 0.6% аз арзиши умумии лоиња). Зеркомпоненти 4.5: Идоракунии лоиња, Мониторинг ва Бањодињї(0.85 млндоллари ИМА; 7.4% аз арзиши умумии лоиња). 2. Асоси њуќуќї Масъалаи љуброни зарар, ки дар доираи наќшаи амал муайян шудааст, аз рўи ќонунњо ва санадњои меъёрии зерин танзим мешавад: 1. КонститутсияиЉумњурии Тољикистон, ки соњибмулкии воќеии давлат ба заминро муќаррар намудааст; 2. Кодекси замини Љумњурии Тољикистон – маљмўи системакунонидашудаи бењтари љамъоваришудаи њуќуќњо, ки танзимкунандаи маљмўи муносибатњои њуќуќїдар натиљаи истифодабарии замин ва соњибияти он ба вуљуд меоянд, мебошад. 3. Дар Кодекси гражданииЉумњурии Тољикистон, ки низоми њуќуќии иштирокчиёни муомилоти гражданї, асосњои ба вуљуд омадан ва тартиби амалї гардидани њуќуќњо, ўњдадорињои шартномавї, муносибатњои молї ва ѓайримолї муайян гардидаанд; 4. Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2001 «Оиди бањодињии замин», ки асосоњои ќонунии бањодињии заминро муайян мекунад; 5. Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 14 майи соли 2004 «Дар бораи органњои њокимияти давлатї», ки асосњои меъёрї (нормативї)-и људо кардан ва аз нав таќсимкунии заминро муайян мекунад; 6. Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 05 январи соли 2008 «Дар бораи заминсозї», ки танзимкунандаи муносибатњо вобаста ба асосњои њуќуќии фаъолият дар соњаи заминсозї мебошад; 7. Кадастри Давлатии Замин њамчун системаи маълумот ва њуљљатњо оиди ќоидањои табиї, хољагидорї ва њуќуќии замин, категорияи онњо, сифатнокї ва арзиши иќтисодї; 8. Низом оиди тартиби пардохти зарари заминистифодабарандагон ва коњиши истењсолоти кишоварзї, ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2000 тањти № 515 дар бораитартиби љуброни зарари заминистифодабарандагон тасдиќ шудааст; 9. Кодекси мурофиавии граждании Чумњурии Тољикистон, ки тартиб, ќоидањо ва мўњлати њимояи судироњангоми ба вуљуд омадани бањсњои судї оиди масъалаи кўчонидани иљборї муќаррар менамояд. 10. Барои татбиќи Барномаи Сиёсати Кўчонидан инчунин низомномаи Сиёсати Бонки Љањони оиди кўчонидани иљборї истифода бурда мешавад. 3. Таъсири кўчонидан аз фаъолияти Лоиња ва љуброн Дар бораи заминњои фермерї Мактаби миёнаи тањсилоти умумии №56 дар дењаи Конститутсияи љамоати Сарикиштии ноњияи Рўдакї љойгир аст. Бинои кўњна бевосита дар ќаламрави дења љойгир мебошад. Барои сохтмони мактаби нав ќитъаи замин дар ќисмати ѓарбии дења људо карда шудааст ва он дар ќаламрави дења дохил намешавад. Дар асоси мурољиати хаттии ВМИ аз 03.06.2014 с. оиди људо намудани ќитъаи замин барои сохтмони бинои таълимї дорои 10 синфхона барои мактаби миёнаи №56 ноњияи Рўдакї бо Ќарори Раиси ноњияи Рўдакї тањти №511 аз 01.08.2014 с. 1,5га ќитъаи замин аз хољагии дењќонии «Вайсиддин», ки дар ќисмати ѓарбии дењаи Конститутсияи љамоати Сарикиштї љойгир мебошад, људо карда шудааст. Њамчунин розигии аъзоёни хољагии дењќонї барои гирифтани (мусодираи) 1,5 га аз масоњати умумии 21 га замини ба хољагии дењќонии «Вайсиддин» таалуќдошта дастрас аст. Ќитъаи замини гирифташудаи (мусодирашудаи) хољагии дењќонии «Вайсиддин» замини корам мебошад. Шахсони зарардида ва љуброн Рўихати шахсони зарардида дар НМАК- и мазкур аз 4 нафар иборат мебошад. Аз тарафи аъзоёни хољагии дењќонии «Вайсиддин» (њамагї 4 нафар) М.Б. (раиси хољагї), Т.К., Б.С. и М.С. (аъзоёни хољагї) ќитъаи замини номбурда танњо барои кишти гандум истифода бурда мешуд. Дар рафти суњбат бо аъзоёни хољагии дењќонии «Вайсиддин» (5 майи соли 2015) маълум гардид, ки њамаи аъзоёни хољагии дењќонї манбаъњои дигари даромад надоранд. Новобаста аз он, ки Њукумати ноњияи Рўдакї ба сифати љуброн ба хољагии дењќонии «Вайсиддин» ќитъаи замини нав људо карда буд, вале замини ќаблї гирифта нашуд. Ба љои ин, ба хољагї хамаи шароитњо барои кишти ѓалла (сурат аз 18.12.2014 с.) дар ќитъаи замини ќаблї, ки барои сохтмони мактаб дар охири моњи июн, яъне 15 июни соли љорї баъди љамъоварии њосил холї карда мешавад, таъмин карда шуд. Њамчунин то ибтидои кишти бањорї тибќи ќарори Раиси ноњияи Рўдакї тањти №131 аз 26.01.2015 с. хољагї бо ќитъаи замин таъмин гардида буд (ќитъаи нави замин дар масоњати 1,5 га људо шуд), ки сифатњояш ба замини ќаблї мувофиќ буда, кишт сариваќт гузаронида мешавад, бинобар ин барои активњо таъсир намерасонад. Њамаи аъзоёни хољагии дењќонии «Вайсиддин» бо ќитъаи замини нав 10 январи соли 2015, ки Њукумати ноњия ба сифати љуброн пешнињод намуда буд,шинос карда шуда буданд. Ќитъаи замини дар масоњати 1,5 га аз заминњои корами фонди захиравии ноњияи Рўдакї људокардашуда дар ќаламрави њамон љамоати Сарикиштї љойгир мебошад ва бо сифатњояш ба замини ќаблї мувофиќ аст. 23.09.2014 18.12.2014 Сертификат барои истифодаи замин аз тарафи Кумитаи заминсозї ва геодезия дар асоси Ќарори дар боло нишондодашудаи Раиси ноњияи Рўдакї дар муддати 6 моњ дода мешавад. Њамаи масрафњо вобаста ба њуљљатгузорињои ќитъаи замин, аз љумла масраф барои гирифтани Сертификат аз тарафи Њукумати ноњияи Рўдакї пардохт мешаванд. Дар доираи лоињаи мазкур кўчонидани иљборї ва иќтисодии ягон хонавода дар назар дошта нашудааст. Лоиња њамчунин ба шароити манзилї-маишии соњибхонањо, ки аз мањали зисти ин хољагињо дур мебошанд, таъсир намерасонад. Њамаи намояндагони хољагии дењќонї оиди дараљаи таъсир, андозаи љуброн дар намуди пешнињод намудани ќитъаи замини нави бо ќитъаи замини ќаблї якхела, то ба тасвиб расидани ќарори Раиси ноњияи Рўдакї оиди гирифтани замин барои сохтмони мактаб, яъне то 01 августи соли 2014 хабардор ва шинос карда шуда буданд. Дар вохўрии охирон, ки 26 май баргузор гардид, раиси хољагии дењќонии «Вайсиддин» бори дигар бовар кунонд, ки ќитъаи замини барои сохтмони мактаб људошуда то 15 июни соли љорї баъди љамъоварии њосил холї карда мешавад. Моњи декабри соли 2014 љаноби М.Б. бо шикоят ба ВМИ мурољиат намуда, арз кард, ки дар асоси Ќарори Раиси Њукумати ноњияи Рўдакї аз 01.08.2014 с. 1,5 га ќитъаи замин аз заминњои хољагии дењќонии «Вайсиддин» барои сохтмони мактаб гирифта шуд, вале то декабр ба сифати љуброн Њукумати ноњия ќитъаи замини нави ваъдагиро пешнињод накардааст. Вобаста ба шикояти мазкури раиси хољагии дењќонии «Вайсиддин» ВМИ дар мурољиати хаттии худ аз Њукумати ноњия хоњиш намуд, ки масъала бо назардошти ба расмият даровардани ќитъаи замини нав њал карда шавад. Дар љавоб ба шикоят дар асоси мурољиати хаттии ВМИ (аз 6.01.2015 с.ва аз22.01.2015 с.) Раиси Њукумати ноњияи Рўдакїбо ќарори худ №131 аз 26.01.2015 с. ба сифати љуброн ба хољагии дењќонии «Вайсиддин» ќитъаи нави замини ќаблан ваъдакардаашро дар масоњати 1,5 га мутобиќ ба ќитъаи замини ќаблї људо намуд. Раиси хољагии дењќонии «Вайсиддин» љаноби М.Б. љубронро дар шакли иваз намудани замин таъминшаванда ва босамар мењисобад, ки мактуби шукрона ба номи вазири ВМИ ЉТ (замима мегардад) аз тарафи аъзоёни хољагї ирсолшуда шањодати он аст. Дар суњбат бо раиси хољагии дењќонии «Вайсиддин» љаноби М.Б. маълум гардид, ки даромади миёнаи хољагї аз њисоби замини гирифташудаи 1,5 га ( барои сохтмони мактаб меафтад) чунин аст: - 7 тонна тухмї; - 4 тонна коњ барои хўроки чорво. Даромад аз њосил таќрибан чунин аст: 1. Ѓалла 7 тонна х 1200 сомонї = 8400 сомонї; 2. Коњ 4 тонна х 200 сомонї = 800 сомонї. Њамагї: 9200 сомонї. № Номгўи хољагї Масоњати Таъсир Дараљаи таъсиррасонї Њолати Њолати Љуброн т.р. замин1 (умумию ќисман, заминдорї2 машѓулия-ти (масоњати минималї) њамаи људошуда, ки Масоњати калонсолон љуброн карда истифодабурда-шуда мешавад) бештар аз 10% -и масоњати умумии замин 1 Хољагии 1,5 га Аз даст додани Минималї Истифода- Аъзоёни Ба сифати љуброн ба хољагии дењќонии замин-1,5 га; бари бе хољагии дењќонии «Вайсиддин» ќитъаи замин «Вайсиддин»: Љуворимакка – мўњлати дењќонї дар масоњати 1,5 га аз њисоби 1,5тн; меросї заминњои корами фонди захиравии Раис - Коњ барои ноњияи Рўдакї дар ќаламрави њамон Маљидов Б. хўроки чорво– љамоати Сарикиштї ва аз рўи Аъзоён - 1,0тн. сифатњояш мувофиќ ба ќитъаи замини Туйчиев К., ќаблї људо карда шуд. Бухориева С., Њосил аз даст дода намешавад, чунки Мирзоев С. барои аз даст надодани њосил тамоми њуќуќњо ва шароитњо таъмин гардидаанд. 1 Ќитъаи замин танњо барои кишти ѓалла истифода бурда шудааст 2 Замин моликияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, ки барои истифодабарии хољагии дењќонї ба мерос дода мешавад 4. Кўмаки пешнињодшуда. Дар њолати мазкур кўчонидани маљбурии оилањо аз як љой ба љои дигар пешбинї нашудааст. 23.09.2014 03.05.2015 Бояд ќайд намуд, ки ќаблан Њукумати ноњия ба сифати љуброни ќитъаи замини бо масоњати 1,5 га аз њисоби фонди захиравии ноњияи Рўдакї, ки дар масофаи 2,5 км аз замини ќаблї дур аст, замин пешнињод кард. Дар он ќитъаи замин тутзори чандинсола мерўид ва алаф барои чорводорї кишт мешуд (сурат аз 23.09.2014 с.). Бо гузашти ваќт Њукумати ноњияи Рўдакї ќарори худро иваз намуд ва ќитъаи замини нав бо масоњати 1,5 га-ро аз заминњои корами фонди захиравии ноњияи Рўдакї дар њамон љамоати Сарикиштї ва бо сифатњояш мувофиќ ба ќитьаи замини ќаблї пешнињод намуд (суратаз 03.05.2015 с.). 5. Маќомоти масъул ВМИ ЉТ маќоми назораткунанда барои амалїгардонидани НМАК мебошад. Њукумати ноњияи Рўдакїбарои сариваќт додани љуброн дар људо намудани ќитъаи замини баробарарзиш, расонидани кўмак барои љамъоварии њосил дар ќитъаи замини ќаблї ва ба расмият даровардану омода намудани китъаи замини нав масъул мебошад. 6. Сарчашмаи буља ва арзиши њисобї Дар њолати мазкур таваккали моддї ва иљтимої вобаста ба аз даст додани сарчашмаи музди мењнат, ташкили инфрасохтори нав ва кўчонидани иљборї, ки дар чунин њолатњо ОР 4.12 пешбинї шудаанд, бањогузорї карда шудааст. Дар њолати муоинаи замини нав муќаррар гардид, ки ќитъаи замини барои хољагии дењќонии «Вайсидин» људогардида дар ќаламрави љамоати Сарикишти буда, бо сифатњояш ба ќитъаи замини ќаблї (замини корам) мувофиќ мебошад. Барои њамин, оиди зарари љиддии модию иљтимої – аз даст додани сарчашмаи музди мењнат, таъсиси инфрасохтори нави истифодабарии ќитъаи љубронгардида ва кўчонидани иљборї (кўчонидани љои истиќомат – хона, ќитъаи наздињавлигї ва ѓайрањо дар наз аст) сухан намеравад. Сухан танњо дар бораи таѓйир додани љои коркарди замин дар ќаламрави њамон мањалли ањолинишин, ки аз таъсири камтарини лоиња ба истфодабарандагони ќаблии замин шањодат медињад, меравад. 7. Рељаи кўчонидан Азбаски ба сифати љуброн ќитъаи замини људокардашуда барои хољагии дењќонии «Вайсиддин» дар ќаламрави боз њамон љамоати Сарикиштї љой гирифтааст ва аз рўи сифатнокї мутаалиќ ба ќитъаи замини ќаблї мебошад (замини корам), пас мавзеи коркарди замин дар њамон минтаќаи ањолинишин таѓйир дода шуд.Зарари љиддии модию иљтимої дар намуди аз даст додани сарчашмаи музди мењнат, таъсиси инфрасохтори нави истифодабарии ќитъаи љубронгардида ва кўчонидани иљбории аъзоёни хољагии дењќонї нест, ки он аз таъсири камтарини лоиња ба истифодабарандагони ќаблии замин шањодат медињад. То саршавии корњои сохтмонї ВМИ љадвали иљрои корњоро пешнињод менамояд. Дар ин љадвал нишон дода мешавад, ки Њукумати ноњия вазифадор аст, ки ба хољагии дењќонї бањри љамъоварии њосил дар минтаќаи ќаблї ва омодагї ва кишти њосил дар минтаќаи нав тамоми шароитњоро ба њар нафар мувофиќи НМАК дастрас намояд Корњои сохтмонї баъди љамъоварии њосил дар охири моњи май ё ибтидои моњи июни 2015 ба наќша гирифта мешавад, ки то ин ваќт хољагии дењќонии «Вайсиддин» метавонад тамоми њосили ѓалладонаашро љамъоварї намояд ва ќитъаи заминро барои сохтмони мактаб холї намояд. То љамъоварии тамоми њосил ва гирифтани имконияти пурраи хољагии љабрдида баќитъаи замини нав ягон корњои сохтмонї сар карда намешаванд. т/р Номгўи чорабинї Мўњлати иљро Иљрочї 1 Љамъоварии њосил ва холї кардани 10-15 июни с. 2015 Хољагии дењќонии ќитъаи замин барои сохтмон «Вайсиддин» 2 Ибтидои сохтмон 30 июни с. 2015 ВМИ ЉТ 3 Гирифтани Сертификати замин Ноябр-декабри Кумитаи заминиЉТ с. 2015 4 Анљоми сохтмон 30 июни с. 2016 ВМИ ЉТ 8. Мониторинг ва Бањодињї/ Иљроиши пайдарпаи чорабинињо ВМИ ва Њукумати ноњияи Рўдакї муассисањои масъул барои иљрои Наќшаи амали мазкур ба њисоб рафта, њамзамон намояндаи Њукумати мањаллї ва Роњбарони хољагињои дењќонї ин НМАК- ро дастгирї менамоянд. Мутахассис оид ба монторинги ВМИ ва намояндаи Њукумати ноњияи Рўдакї тамоми корњоро оиди пешнињоди љуброн (дар шакли ќитъаи замини нав) то иљозати саршавии корњои сохтмонї тафтиш мекунанд. Мутахассис оиди монторинг ва мушовири мустаќил оиди мониторинг њисоботро дар бораи иљроиши наќшаи амали мазкур пешнињод мекунанд. Мониторинги иншоот баъди 6 моњ ва як сол гузаронида мешавад, ваќти муќоиса кардани даромад аз ќитъаи замини нав бо замини ќаблї имконпазир шавад. Ду маротиба дар як сол њисобот оиди пешбурди амали кўчонидан ба БЉ њамчун ќисмати њисоботњои лоињавии даврї пешнињод мегарданд. Дар интињои лоиња ба БЉ њисоботи љамъбастї пешнињод карда мешавад. Мониторинги кўчонидан ва нигоњдории сабтњо аз љониби ВМИ амалї мегарданд. Ѓайр аз ин, ВМИ барои таъмини бањодињии холисонаи барномаи кўчонидан мушовирони холисро љалб менамояд, яъне дар машварат бо њамаи тарафњо (НМАК, муаллифони лоиња ва љомеаи шањрвандї). Мониторинг ва Бањодињї аз ибтидои лоиња то анљоми њамаи амалњои кўчониш љой дорад. Шакли њисобот байни ВМИ ва мушовир баррасї мегардад. Дар охири лоиња мушовири мустаќил њисоботи љамъбастии умумии кушода аз рўи њамаи њаљми лоиња, таъмини љуброн ва њуќуќњои дигар ба монанди таъсир ба воситањои мављудияти НМАК-ро пешнињод менамояд. Харољоти мушовир оиди мониторинг ва бањодињї ва назоратчиёни ВМИ аз њисоби ГПО-4 маблаѓгузорї мешавад: т/р Фаъолият Миќдори Арзиш сафар (сомонї) 1 Мушовир оиди мониторинг ва бањодињї Роњпулї: 4 саф.Х150 сом. 600 сом. Моњона: 4 рўзХ 200 сом. 800 сом. 2 Назоратчиён аз љониби ГПО-4 ва ВМИ 2 саф.Х100 сом. 200 сом. Њамагї: 1600 сом. Ќитъаи замини људокардашуда дар масоњати 1,5 га барои сохтмони мактаб аз њосили зироат холї карда шудааст. 15.06.2015 15.06.2015 Ќитъаи замини нав бо масоњати 1,5 га дар ќаламрави њамон љамоати Сарикиштїљойгир буда, аз рўи сифатнокиаш аз ќитъаи замини ќаблї бењтар мебошад, чунки ќитъаи мазкур њосилхез буда (замини обї) аъзоёни хољагии дењќонї онро коркард карда, љуворимакка коштаанд. Дар ќитъаи замини нав буридани дарахт ва буттазорњо талаб карда намешавад, чунки замин обёришаванда буда сифати хокаш аз замини ќаблї бењтар мебошад. Дар ќитъаи замини нав бо риояи талаботњои агротехникї ду-се њосил дар як сол љамъоварї кардан мумкин аст, ки он ба аъзоёни хољагии дењќонї метавонад имконияти иловагии ѓанигардонии буљаи худро аз њисоби кишти дуюм ва сеюми њосили сабзавот таъмин намояд. Дар ќитъаи замини ќаблї бо сабаби набудани об имконияти аз як маротиба зиёд љамъоварии њосили зироат набуд ва замин беш аз шаш моњ то кишти нав барои соли оянда бекор мехобид. Нусхаи мактуби раиси хољагии дењќонии «Вайсиддин»љаноби Маљидов Б. Ба маълумоти мерасонем, ки њамаи њосили зироат дар ќитъаи замини барои сохтмони мактаби №56- и ноњияи Рўдакї људошуда љамъоварї ва аз кишти зироат то 1.06.2015 озод карда шуд. 9. Тартиби тафтиши шикоятњо Дар њолати шикоят ё эътироз зарардида метавонад мурољиат кунад: 1. Ба роњбари љамоат, маъмурият/заминсози мањаллї ё Њукумати ноњияи Рўдакї бо суроѓаи: 735100, шањраки Сомониён, кўчаи. И. Сомонї, 16. Тел: 8(3137) 2- 24-81, 442-21-04, 442-21-10(ф). 2. Ба шўъбаи њуќуќї ва котиботи ВМИ (Душанбе, Љумњурии Тољикистон, кўчаи Нисормуњаммад, 13а, 221-46-05 факс: 221-70-41; www.edu-maorif.tj, E-mail: mort@maorif.tj). Дар њолати, агар масъалањои бањсталаб байни ВМИ, љамоати Сарикиштї ва шахси аз тарафи лоиња зарардида натавонанд њалли худро ёбанд, ахиран метавонанд ба маќомоти судї ё Раиси Њукумати ноњияи Рўдакї мурољиат кунанд ва њамаи масъалањои бањсталаб мувофиќи ќонунњои амалкунандаи Чумњурии Тољикистон њал мешаванд. Љомеа ва шахсони алоњидае, ки худро аз татбиќи лоиња бо дастгирии Бонки Љањонї (БЉ) љабрдида мењисобанд, метавонанд ба сохторњои дар сатњи лоиња мављудбуда, ки масъулияти баррасии шикоятро доранд ва ё ба Хадамоти БЉ вобаста ба баррасии шикоят (ХБШ) бо шикоят мурољиат намоянд.ХБШ баррасии таъљилии шикоятро бо маќсади њалли масъалањо, ки ба лоиња алоќаманданд, кафолат медињад. Љомеаи аз њисоби лоиња ба изтироб афтода ва шахсони алоњида метавонанд шикояти худро ба Гурўњи нозирони новобастаи БЉ пешнињод намоянд, ки он далелро муайян мекунад ё эњтимолияти зарари расонидашуда дар натиљаи риоя накардани ќоидањо ва тартиб аз тарафи БЉ барќарор намояд. Барои пешнињод намудани эътироз ба БУ сайти БУ пешнињод карда мешавад, ки нишонаи онњо чунин мебошад: http://www.worldbank.org/GRS, www.inspectionpanel.org. 10. Ошкоркунии иттилоот Њуљљати мазкур њуљљати давлатї ба њисоб меравад ва он бо забонњои англисї, русї ва тољикї дар Инфошопи Бонки Љањонї, дар дафтари кории Бонки Љањонї дар Душанбе, дар дафтари кории ВМИ ЉТ(Душанбе, Љумњурии Тољикистон, кўчаи. Нисормуњаммад, 13а, 221-46-05 факс: 221-70-41; www.edu-maorif.tj, E-mail: mort@maorif.tj)ва дар дафтари кории Њукумати мањаллии ноњияи Рўдакї аз рўи суроѓаи:735100, шањракиСомониён, кўчаи. И. Сомонї, 16. Тел: 8(3137) 2-24-81, 442-21-04, 442-21-10(ф).дастрас мебошад. Ба шахсони зарардида њамчунин нусхаи ин њуљљат бо забони барои онњо фањмо дода мешавад.